Перейти к содержимому

Омрико ба дунболи тағйири низом дар Туркия

Ёддошти Абдулборӣ Атвон, сардабири рӯзномаи Раъюл-явм

Замоне, ки Бернорд-Ҳенри Леви (Bernard-Henri Levy) — марде, ки ба мавзеъгириҳояш дар ҳимоят аз ҷангҳо дар Либӣ ва Сурия ва иқдоми Курдистони Ироқ барои ҷудоӣ аз Ироқ маъруф аст — таъкид мекунад, ки: «Туркия табдил ба ҳампаймони ғайриқобили эътимод шудааст» ва ин кишварро муттаҳам ба нашри ифротгароии исломӣ ва доман задан ба хушунат дар Сурия мекунад ва хостори ихроҷаш аз паймони НАТО мешавад, ин яъне Туркия дар феҳристи кишварҳое қарор дорад, ки тавассути Омрико ва «Исроил» ҳадаф қарор гирифтаанд.

Ҳенри Леви ин мавзеъро ахиран дар як мақола, ки дар рӯзномаи Wall Street Journal — рӯзномаи наздик ба ростгароён дар Омрико ва раисиҷумҳураш Дунолд Тромп мунташир шуд, эълом кард. Ин назарияпардоз касе аст, ки қаблан дар канори Туркия дар як хандақ дар ҷанги Сурия истода буд ва бо ҳам аз мухолифони сиёсӣ ва низомии Сурия ҳимоят мекарданд. Ҳоло чӣ иттифоқе афтод ва чаро ин мавзеъи шадид ва ногаҳониро алайҳи Туркия иттихоз кард?

Туркия то ду сол пеш ва то замони наздик шуданаш ба Русия ва Эрон, кишваре буд, ки дӯстони «Исроил», чӣ омрикоӣ бошанд ва чӣ фаронсавӣ ва чӣ ангилисӣ, аз ӯ тамҷид мекарданд. Ва лекин ба бовари мо, замоне, ки раҳбарони Туркия ба ҷунбиши Ҳамос наздик шуданд ва ба самти Русия рӯй оварданд ва эълон карданд, ки равобит бо Эронро густариш медиҳанд ва ба таҳримҳои Омрико алайҳи ин кишвар тан намедиҳанд, дигаргунӣ рух дод.

Акнун Туркия бар асоси он чи дар мақолаи Ҳенри Леви омадааст, табдил ба кишваре шуда, ки силоҳ ба гурӯҳҳои теруристии муртабит бо Алқоъида ва ДОЪИШ медиҳад ва ҳавопаймоҳояш ба курдҳо дар шимоли шарқ ва шимоли ғарби Сурия ҳамла мекунанд.

* * *

Ба хубӣ ба ёд дорам, ки бо Ҳенри Леви, ин назарияпардоз, дар як барномаи телевизиюнӣ дар шабакаи ВВС дар барномаи машҳури News Night ширкат кардам. Дар тӯли барнома, вай ба ин ифтихор мекард, ки нақши бузурге — он ҳам дар ҳамоҳангӣ бо саҳюнизм ва ҳимояташ аз «Исроил» — нақши бузурге дар таҳрики раисиҷумҳури вақти Фаронса барои дахолати низомӣ барои наҷоти мардуми Либӣ дар шаҳри Бенғозӣ аз куштори нерӯҳои  Муаммар Қаззофӣ бозӣ кардааст ва замоне, ки ман ба ӯ гуфтам: кӯдакони навори Ғазза, ки ҳавопаймоҳои исроилӣ онҳоро бомбборон мекунанд, чӣ? Оё сазовори ин нестанд, ки ту бо онҳо андаке ҳамбастагӣ кунӣ? Посух дод, ки «Исроил» аз худ дар баробари ҷунбиши теруристии Ҳамос дифоъ мекунад ва ин яъне кушторҳои «Исроил» машрӯъ аст! Вай дар ин барнома пешбинӣ кард, ки Либӣ витрине барои субот ва шукуфоии иқтисодӣ ва демукросӣ мешавад!

Расонаҳо дар ғарб барои фароҳам кардани замина барои сиёсатҳо ва мавозеъи сиёсӣ ва дахолати низомӣ дар оянда, нақши муҳимме бозӣ мекунанд ва мақолаи Ҳенри Леви дар ҳамин росто мунташир шудааст, ва баъид намедонем, ки дар сояи бӯҳрони рӯзафзун миёни Омрико ва Туркия, ки охирин фасли он тирандозӣ ба самти Сафорати Омрико дар Онкоро буд, заминаҳо ва бистарсозиҳое барои ихроҷи Туркия аз паймони НАТО пас аз 60 соли узвият вуҷуд дошта бошад; ихроҷе, ки чӣ басо тасмими он дар амал иттихоз шуда ва мо акнун дар остонаи иҷроӣ шудани он ҳастем.

Ин ҳамлаи расонаӣ бо ҷанги иқтисодии сахте, ки бо талош барои фурӯпошии лираи Туркия оғоз гардида, ҳамзамон шудааст. Ҳамчунин ин аҷиб нест агар таҳримҳои иқтисодии ҷадиде бар Туркия ба далели мухолифаташ бо озодии Ондре Брунсун (Andrew Brunson), кашиши омрикоӣ эъмол шавад ва гурӯҳҳои курди дохили ин кишвар ва Сурия пас аз таслеҳ ва ҳимояти молиашон фаъол шаванд ва дархости Омрико аз кишварҳои ҳошияи халиҷи Форс барои ирсоли 150 милюн дулор барои ҳимоят аз манотиқи курднишин дар шимоли шарқи Сурия, чизе ҷуз муқаддамоти ин маъмурият дар ин чорчӯб нест.

Бо вуҷуди ин ки бо давлати Туркия ба далели дахолати низомиаш дар Сурия ихтилоф дорем ва нисбат ба хатарҳои вуруди ӯ ба тарҳи Омрико барои нобудии ин кишвар ва таҷзияи он ҳушдор додаем ва ҳамчунин роҷеъ ба бархе аз сиёсатҳои дохилиаш бо ӯ ихтилофи назар дорем, аммо бо ин ҳама, бар ин боварем, ки Туркия чӣ басо бо ҳамон тавтиъае рӯ ба рӯ шавад, ки Сурия тайи ҳафт соли гузашта бо он рӯ ба рӯ шуд ва пас аз он ки нақшаш дар назари омрикоиҳо ба поён бирасад, аз пушт ба ин кишвар ханҷари масмум бизананд.

Барои милюним бор мегӯем, ки Омрико ҳампаймон намехоҳад, балки олати даст мехоҳад, ки дар хидмати тарҳҳояш барои султа бар минтақаи Ховари Миёна ва ҷилавгирӣ аз дастёбии ҳар гуна кишвари арабӣ ё исломӣ ба асбоби қудрат, чӣ низомӣ ва чӣ иқтисодӣ, бошад. Ба ҳамин далел ишғоли Ироқ, нобудии Сурия ва тағйири низом дар Либӣ ва эъмоли таҳримҳо алайҳи Эрон ва андохтани Созмони Озодибахши Фаластин дар чолаи Осло ва дӯшидани пулҳои кишварҳои ҳошияи халиҷи Форс ба шаклҳои мутаъаддид гаравкаширо оғоз кард.

* * *

Як ҳафтаи дигар Теҳрон мизбони нишасти сеҷонибаи сарони Сочи бо ҳузури Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия ва Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон ба унвони мизбон аст ва орзу доштем, ки Башшор Асад, раисиҷумҳури Сурия чаҳорумин раисе бошад, ки дар ин нишаст ширкат мекунад, он ҳам пас аз оштӣ миёни Сурия ва Туркия ва хуруҷи Туркия аз ҳамаи сарзаминҳои Сурия бар асоси пояҳои ҷадиде аз ҳамкорӣ ва баробарӣ ва муқобила бо истикбори Омрико ва «Исроил».

Ардуғон пас аз он ки чеҳраи зишти Омрикоро дид, бояд дар ҳамаи сиёсатҳои кунуниаш бознигарии решаӣ кунад ва ба самти шарқ ва вуруд ба эътилофи русӣ, чинӣ ва исломӣ бо ҳузури Эрон, Покистон, Ироқ, Сурия ва Туркия барои рӯёрӯӣ бо ин султагарии омрикоӣ ва ҳаваси Тромп, раисиҷумҳураш дар таҳмили таҳримҳо ва низ барои бозгардондани тавозуни ақлонӣ ба сақфи ҷаҳон, рӯй биоварад.

Омрикоиҳо аз тариқи ҷанги иқтисодиашон алайҳи Туркия, мехоҳанд ин кишварро ба зону дарбиёваранд ва чӣ басо ба дунболи тағйири низом дар он ба монанди талошашон барои тағйири низом дар Сурия ҳастанд ва умедворем нишасти сарон дар Теҳрон оғозе барои бедории Туркия шавад пеш аз он ки кор аз кор бигузарад… Ҳол, оё Ардуғон ин корро мекунад?

Raialyoum

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: