Инсони комил (36)

Суханрониҳои шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ

Нақду баррасии назарияи мактаби экзистенсиализм (2)

Дар мактаби экзистенсиализм, миёни вобастагӣ ба ғайр, бо вобастагӣ ба худ тафкик нашудааст

Мавҷудеро дар назар бигиред, ки як масири такомулиро тай мекунад. Як гул аз он лаҳзаи аввал, ки аз замин мерӯяд ва рушд мекунад ва гул мешавад ва ба ҳадди ниҳоӣ мерасад, аз куҷо ба куҷо сайр мекунад? Ё он силлуле (ҳуҷайрае)-ро, ки маншаи ба вуҷуд омадани як ҳайвон мешавад, аз он лаҳзаи аввал то ҳангоме, ки ҳайвони комил мешавад — яъне як мавҷуди мутакомил, ки аз заъифтарини ҳолатҳо шурӯъ ба ҳаракат мекунад то ба комилтарини ҳолатҳо мерасад — аз куҷо ба куҷо сайр мекунад?

Оё аз “худ” ба “нохуд” сайр мекунад, ба ин маъно, ки аз худ бегона мешавад? Ё аз “нохуд” ба “худ” сайр мекунад? Ё аз “нохуд” ба “нохуд” сайр мекунад? Ва ё аз “худ” ба “худ” сайр мекунад?

Намешавад гуфт, аз “нохуд” ба “нохуд”, чун фарз ин аст, ки худаш худаш аст ва ҷойи баҳс нест.

Агар бигӯем, аз “худ” ба “нохуд” сайр мекунад, ба ин маънӣ аст, ки то он вақт худаш аст, ки рушду ҳаракат накардааст, вале вақте шурӯъ ба ҳаракат кард, аз худаш бегона ва ҷудо шуд ва дигар худаш худаш нест; камо ин ки баъзе аз фалосифаи хеле қадим гуфтаанд: ҳаракат ғайрият аст, яъне ҳаракат “худғайршудан” аст, ки албатта ҳарфи нодурусте аст.

Матлаб ин аст, ки тухми як гул ва ё нутфаи як инсон аз аввалин лаҳзае, ки шурӯъ ба ҳаракат мекунад, то охирин лаҳзае, ки ба ҳадди камоли худаш мерасад, аз “худ” ба “худ” ҳаракат мекунад. Яъне он “худ” ва воқеияташ як воқеияти мумтадд аст. “Худ”-и ӯ на он лаҳзаи аввал аст, на лаҳзаи васат ва на лаҳзаи охир. “Худ”-и ӯ аз аввал то охир “худ” аст, балки ҳар чи рӯ ба охир меравад, “худ”-тар мешавад, яъне “худ”-аш комилтар мешавад. Аз “худ” ба сӯи “худ” ҳаракат мекунад, вале аз “худ”-и ноқис ба сӯи “худ”-и комил ҳаракат мекунад. Ҳамин гул бидуни ин ки шуъур дошта бошад, ба сӯи камолаш ҳаракат мекунад. Ҳол агар ҳамин гул шоъир (шуъуркунанда) буд ва шуъур медошт, оё ғайр аз ин буд, ки ишқ ба ҳамон камоли ниҳоиашро дошт? Ҳамаи мавҷудот фитратан ошиқи камоли ниҳоии худ ҳастанд. Ҳамон гул ҳам ошиқи камоли ниҳоии худаш аст, ҷамодот ҳам ба қавли баъзе, ошиқи камоли ниҳоии худашон ҳастанд. Ҳар мавҷуде ошиқи камоли худаш аст.

Бинобар ин, таъаллуқи як мавҷуд ба ғоят ва камоли ниҳоии худаш, бар хилофи назари оқои Сортр, “аз худ бегона шудан” нест, бештар дар худ фурӯ рафтан аст. Яъне бештар “худ, худ шудан” аст. Озодӣ агар ба ин марҳила бирасад, ки инсон ҳатто аз ғоят ва камоли худаш озод бошад, яъне ҳатто аз худаш озод бошад, ин навъ озодӣ, азхудбегонагӣ меоварад. Ин навъ озодӣ аст, ки бар зидди камоли инсонӣ аст. Озодӣ агар бихоҳад шомили камоли мавҷуд ҳам бошад — яъне шомили чизе, ки марҳилаи такомулии он мавҷуд аст, ба ин маъно, ки ман ҳатто аз марҳилаи такомулии худам озод ҳастам — мафҳумаш ин аст, ки ман аз “худ”-и комилтарам озодам ва “худ”-и ноқистари ман аз “худ”-и комилтари ман озод аст. Ин озодӣ, бештар инсонро аз худаш дур мекунад, то ин вобастагӣ.

Дар ин мактаб (экзистенсиализм), миёни вобастагӣ ба ғайру бегона, бо вобастагӣ ба худ (яъне вобастагӣ ба чизе, ки марҳилаи камоли худ аст) тафкик нашудааст. Мо ҳам қабул дорем, ки вобастагӣ ба як зоти бегона бо худ, мӯҷиби масхи моҳияти инсон аст. Чаро ин ҳама дар адён вобастагӣ ба моддиёти дунё нафй шудааст? Чун вобастагӣ ба як бегона аст ва вобастагӣ ба он, воқеан мӯҷиби суқути арзиши инсоният аст. Аммо вобастагӣ ба он чи, ки камоли ниҳоии инсон аст, вобастагӣ ба як амри бегона нест, вобастагӣ ба “худ” аст. Вобастагӣ ба “худ” мӯҷиб намешавад, ки инсон аз худаш бехабар ва ноогоҳ шавад ва мусталзими ин нест, ки арзишҳои худро фаромӯш кунад ва ё аз ҷараён бимонад ва сайрураташ табдил ба кайнунат шавад; чун вақте шайъ ба ғояти худаш вобастагӣ дорад, ба сӯи ӯ шитобон аст ва ба тарафи ӯ ҳаракат мекунад.

* * *

Иштибоҳи экзистенсиализм дар мавриди робитаи инсон бо Худо

Оқои Сортр! Худо аз ду роҳ бо инсон бегона нест. Аввалан, таъаллуқи инсон ба Худо, таъаллуқ ба як шайъи муғойир бо зот ва як шайъи мубойин нест, ки инсон бо таъаллуқ ба Худо, худашро фаромӯш кунад… Ин матлаб, ки иллати фоъилӣ ва иллати муҷида (ба вуҷуд оваранда) ва мубдиъи ҳар шайъ, муқаввими зоти он шайъ аст (яъне қивоми ҳар шайъ ба иллати мубдиъ ва эҷодкунандаи он аст) ва аз худи он шайъ ба ӯ наздиктар аст, матлабе аст, ки дар фалсафаи исломӣ бо бурҳони бисёр равшан собит шудааст.

Қуръон мефармояд:

وَنَحْنُ أَقْرَبُ إِلَيْهِ مِنكُمْ

«Мо аз худи шумо ба шумо наздиктарем.» (Сураи Воқеъа, ояти 85). На фақат огоҳии мо ба шумо аз огоҳии шумо ба худатон бештар аст, балки зоти мо аз шумо ба шумо наздиктар аст. Ва ин таъбири Қуръон хеле аҷиб аст. Ҳар чизе худаш ба худаш аз ҳар чизи дигаре наздиктар аст, вале Қуръон мегӯяд, Худо ба ҳар чизе аз худи он чиз наздиктар аст, чун Худо нисбат ба ҳар чизе, аз худаш “худтар” аст. Албатта сатҳи ин матлаб бисёр болост. (1)

Алӣ (а) мефармояд:

داخل في الأشياء لا بالممازجة، وخارج عن الأشياء لا بالمباينة

Яке аз матолибе, ки “Наҳҷул-балоға” бар он такя мекунад ин аст, ки Худо аз ашё берун ва ҷудо нест, вале дар айни ҳол, дохил дар ашё ҳам нест:

ليس في الأشياء بوالج ولا عنها بخارج

(Наҳҷул-балоға, хутбаи 184)

Сониян, Қуръон, ки мегӯяд инсон ба Худо бояд таъаллуқи хотир дошта бошад, ба ин далел аст, ки Худоро камол ва ниҳояти сайри инсон медонад ва масири инсонро ба сӯи Худо медонад. Пас, таваҷҷӯҳи инсон ба Худо, мисли таваҷҷӯҳи он зарра аст ба ниҳояти камоли худаш, мисли таваҷҷӯҳи он дона аст ба ниҳояти камоли худаш. Рафтани инсон ба сӯи Худо, рафтани инсон ба сӯи “худ” аст, рафтани инсон аз “худ”-и ноқистар ба “худ”-и комилтар аст.

Пас, иштибоҳ кардааст он касе, ки Худоро бо ашёи дигар муқоиса карда ва хаёл кардааст, ки Худо ҳам мисли як шайъи бегона аст, ки вақте инсон ба он таваҷҷӯҳ пайдо кард, огоҳиаш аз худаш салб мешавад, ва вақте дар он шайъи бегона ғарқ шуд, арзишҳои худашро фаромӯш мекунад, ва вақте ба он шайъи бегона таваҷҷӯҳ кард, аз ҳаракат меистад, чун ӯ мисли як мехи тавила ва дарахте аст, ки мавҷудеро ба он баста бошанд.

* * *

Худогоҳӣ ва Худоогоҳӣ

Худо ба инсон он чунон наздик ва бо ӯ ягона аст, ки огоҳии инсон ба Худо, айни огоҳии ӯ ба худаш аст, балки инсон фақат вақте метавонад ба худаш огоҳ бошад, ки ба Худо огоҳ бошад ва маҳол аст касе “худогоҳ” бошад, вале “Худоогоҳ” набошад. Қуръон мефармояд:

وَلَا تَكُونُوا كَالَّذِينَ نَسُوا اللَّهَ فَأَنسَاهُمْ أَنفُسَهُمْ أُوْلَئِكَ هُمُ الْفَاسِقُونَ

«Ва чун касоне мабошед, ки Худоро фаромӯш карданд ва ӯ низ ононро дучори худфаромӯшӣ кард; онон ҳамон нофармоёнанд.» (Сураи Ҳашр, ояти 19) Ҳар кас Худоро фаромӯш кунад, худашро фаромӯш кардааст. Инсон он вақт худашро бозмеёбад, ки Худои худашро бозёфта бошад. Агар инсон Худояшро фаромӯш кард, худашро фаромӯш кардааст. Қуръон дар ҷиҳати акси экзистенсиализм мегӯяд. Онҳо мегӯянд: инсон агар таваҷҷӯҳаш ба Худо маътуф шавад, “Худоогоҳ” мешавад ва «нохудогоҳ” . Қуръон мефармояд: инсон фақат он вақт метавонад “худогоҳ” шавад, ки “Худоогоҳ” шавад, ва ин аз он олитарин ва дақиқтарин масоили инсонӣ ва равонии Қуръон аст, ки воқеан ҳайратовар аст.

Қуръон мегӯяд: инсон гоҳе худашро фаромӯш мекунад ва худашро мебозад ва ба таъбири худи Қуръон, бозандаи бузург он нест, ки ҳамаи пулашро бохтааст ва ҳатто он касе нест, ки озодии худро бохта ва навкари дигаре шуда ва ҳатто он касе нест, ки номусашро бохтааст, балки бозандаи бузург касе аст, ки худашро бохтааст. Вақте инсон худашро бибозад, ҳама чизро бохта, ва агар инсон худашро биёбад, ҳама чизро ёфтааст.

Фалсафаи ибодат чист? Фалсафаи ибодат ин аст, ки инсон Худоро биёбад, то худашро биёбад. Фалсафаи ибодат, бозёбии худ ва худогоҳии воқеӣ ба он маъное аст, ки Қуръон мегӯяд ва башар ҳанӯз натавонистааст худашро бирасонад, магар касоне, ки аз мактаби ислом илҳом гирифтаанд. Шумо агар мебинед Муҳйиддини Арабӣ пайдо мешавад ва худогоҳии инсонро тафсир мекунад ва баъд аз ӯ шогирдҳои ӯ аз қабили Мавлавии Румӣ ва амсоли ӯ ба вуҷуд меоянд, инҳо 600 сол баъд аз Қуръон омадаанд ва тавонистаанд аз Қуръон илҳом бигиранд. Албатта агар 600 сол баъд аз Қуръон ҳастанд, ин ифтихорро ҳам доранд, ки 700 сол қабл аз фалосифаи муосир ҳастанд.

Мавлавӣ роҷеъ ба ин ки худогоҳии ирфонӣ ҳеч вақт аз Худоогоҳӣ ҷудо нест — ва фалосифаро рад мекунад, ки онҳо худогоҳиро аз Худоогоҳӣ ҷудо фарз кардаанд — мегӯяд:

Ҷон набошад ҷуз хабар дар озмун,

Ҳар киро афзун хабар, ҷонаш фузун.

* * *

Иқтизои ҷон чу эй дил, огаҳист,

Ҳар кӣ огаҳтар бувад, ҷонаш қавист.

Баъд аз ин ки мегӯяд аслан ҷон яъне огаҳӣ ва ҳар чи ҷон огоҳтар бошад қавитар аст ва инсон ба ин далел ҷонаш аз ҷони ҳайвон қавитар аст, ки огоҳтар аст, кам-кам матлаб рақиқу рақиқтар мешавад, то ин ки мегӯяд: инсон он вақт аз худаш огоҳ мешавад, ки аз Худои худаш огоҳ шавад.

Бинобар ин, дар бораи ин ки инҳо (экзистенсиалистҳо) дар боби озодӣ хаёл кардаанд, ки ҳар таъаллуқе бар зидди озодӣ аст, бояд гуфт: бале, ҳар таъаллуқе бар зидди озодӣ аст, магар таъаллуқ ба Худо, ки таъаллуқ ба худ аст ва таъаллуқ ба худи комилтар аст ва ҷуз бо таъаллуқи ба Худо, огоҳӣ пайдо намешавад. Пас, огоҳӣ ба Худо, мусталзими огоҳии бештар аз худ аст, яъне инсон ҳар чи ки дар ибодату хилват бештар дар зикри Худо фурӯ равад ва таваҷҷӯҳаш ба Худо бештар шавад, он вақт аст, ки нафси худашро беҳтар мешиносад.

Ин инсонҳои муҳаззаб аз ҳамин роҳҳо ба худогоҳии хосси ирфонӣ расидаанд. Дар ҳудуди 50 сол пеш марди бузурге зиндагӣ мекардааст, ки аз муҷтаҳидони бузург ва аз таҳсилкардаҳои Наҷаф ва шогирди марҳум Охунд Мулло Ҳусайнқулии Ҳамадонӣ, орифи бисёр-бисёр бузурги муташарреъи ним қарн пеш будааст. Ин мард, марҳум Ҳоҷ Мирзо Ҷавод Оқои Маликии Табризӣ аст, ки охири умр дар Қум муқим буда ва дар соли 1343 қамарӣ яъне 50 сол пеш аз дунё рафтааст ва китобҳое аз эшон дар даст аст. Эшон вақте масъалаи худогоҳии худашро бо муқаддамоте шарҳ медиҳад, ба он марҳилаи худогоҳии ирфонӣ — ки нафси худро дарк мекунад ва мешиносад — мерасад ва мегӯяд: ман касеро мешиносам (2), ки аввалин бор дар олами руъё ин худогоҳӣ барояш пайдо шуд ва дар бедорӣ барои ӯ идома пайдо кард. Баъд бо як вазъе дар китоби худаш ин матлабро шарҳ медиҳад. Ин огоҳӣ ба худ ба маънии воқеӣ ва шинохти нафс ба маънии воқеӣ фаръ бар Худоогоҳӣ аст ва ҷуз аз роҳи ибодати воқеӣ пайдо намешавад. Як равоншинос агар ҳазор сол ҳам равоншиносӣ кунад, ба худогоҳии воқеӣ намерасад.

Алӣ (а) ҷумлае дорад, ки хеле аҷиб аст, мефармояд:

عجبت لمن ينشد ضالّته وقد أضلّ نفسه فلا يطلبه

«Таъаҷҷуб мекунам аз инсоне, ки вақте чизе — масалан як ангуштаре — ро гум мекунад, доиман дунболаш аст, то онро пайдо кунад, вале фикр намекунад, ки худашро гум кардааст!» (Ғурар, ҳикмати 6266) Чаро намеравад худашро пайдо кунад? Эй инсон! Оё ту намедонӣ худатро гум кардаӣ? Бирав худатро пайдо кун, ин аз ҳар гумшудаи дигар барои ту арзиши бештаре дорад.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

* * *

Поварақӣ:

(1) Бинозам исломро, ки маориферо дар сатҳе гуфтааст, ки башар то чанд ҳазор соли дигар ҳам биравад, ба қузаки пояш ҳам намерасад.

(2) Албатта намегӯяд он шахс худам ҳастам.

Реклама


Рубрики:Ислом, Ислоҳи динӣ, инсони комил

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: