Шарҳи Маснавӣ (310)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (53)

* * *

Дар намад дӯхтани зани араб сабӯи оби боронро ва мӯҳр ниҳодан бар вай аз ғояти эътиқоди араб (3)

* * *

Зан мусалло боз карда аз ниёз,

«Рабби саллим» вирд карда дар намоз,

Ки нигаҳ дор оби моро аз хасон,

Ё Раб он гавҳар бад-он дарё расон.

Зан ҷойнамози ниёзу зорӣ густурду мураттаб ин ҷумла вирди забонаш буд: Парвардигоро! Ту оби ин кӯзаро аз осебу газанди фурӯмоягон ҳифз бифармо! Эй Парвардигорам! Он гавҳарро ба дарё яъне ба боргоҳи халифа бирасон!

Нукта: «Рабби саллим» баргирифташуда аст аз ҳадиси зайл:

الصراط كحدّ السيف أو كحدّ الشعر وإنّ الملائكة ينجون المؤمنين والمؤمنات، وإنّ جبرئيل عليه السلام لآخذ بحجزتي وإنّي لأقول يا ربّ سلّم سلّم

«Пули сирот чун дами шамшер ва ё ба борикии мӯй аст ва фариштагон занону мардони мӯъминро раҳоӣ медиҳанд ва Ҷабраил (а) даст дар камаргоҳи ман устувор дорад ва ман мегӯям: Парвардигоро! Саломат дор!

Ин маънии зоҳирии байт аст. Аммо ваҷҳи ботинии он ин аст, ки «нафси солик дар ҳоли сайри илаллоҳ барои ҳифз кардани оби имону тоате, ки дар кӯзаи вуҷудаш аст бояд рӯзу шаб дар ҳоли намозу розу ниёз рӯ ба даргоҳи ҳазрати Ҳақ дуоҳо бихонад, ки: илоҳӣ! Ту ин гавҳарро ба он дарёи ҳақиқат бирасон!» (Шарҳи Кабири Онқуравӣ, ҷ.3, с.1036)

Гарчи шӯям огаҳ асту пурфан аст,

Қатрае з-ин аст, к-асли гавҳар аст.

Агарчи ҳамсарам огоҳу зулфунун аст, вале қатрае аз оби Кавсар, асли ҳамаи гавҳарҳост.

Худ чӣ бошад гавҳар, оби Кавсар аст,

Лек гавҳарро ҳазорон душман аст.

Магар худи гавҳар чист? Гавҳар дар мақоми муқоиса бо оби Кавсар, чизе ба ҳисоб намеояд, балки гавҳари ҳақиқӣ ҳамоно оби Кавсар аст ва ин гавҳар низ душманони бешумор дорад. (Фурӯмоягон ва нафспарастон бо оби Кавсари ҳақиқату маърифат душманӣ доранд.)

Нукта: Дар бораи калимаи “Кавсар” тафсирҳои бисёр навиштаанд. Ин лафз аз решаи “касрат” бар вазни “фавъал” аст ва маънии он “хайри касир” аст. (Тафсири Маҷмаъул-баён, ҷ.10, с.548)

Аз дуоҳои зану зорийи ӯ

В-аз ғами марду гаронборийи ӯ

Солим аз дуздону аз осеби санг

Бурд то дорулхилофа бедиранг.

Бар асари дуоҳои зан ва ниёши ӯ ва андӯҳи он марди араб, ки дар асари ҳифозату муроқибати шадид аз кӯзаи об таҳаммул кард, аз дастбурди дуздону газанди сангҳо солим монд ва бедиранг онро ба боргоҳи хадифа расонид.

Нукта: Дар воқеъ, солик бо риёзату мувозибат бар нафс ва муроқибаҳои бисёр, саранҷом метавонад сабӯи илму амалу тоати худро ба дур аз ҳаромиёни тариқ ва дуздони роҳи сулук ба сарманзили ҳақиқат бирасонад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.806)

Дид даргоҳе пур аз инъомҳо,

Аҳли ҳоҷат густарида домҳо.

Ҳамин ки ба боргоҳи халифа расид, даргоҳе дид саршор аз неъматҳои бешумор, ва ниёзмандону фақирон дар он даргоҳ домҳо густурдаанд. Яъне умедҳо бастаанд ва чашминтизори дарёфти моидаи карим аз он хони азим ҳастанд.

Дам ба дам ҳар сӯй соҳибҳоҷате,

Ёфта з-он дар атову хилъате.

Дамодам дар ҳар лаҳза дар ҳар тарафи он даргоҳ ниёзманду фақире аз он остона атое ба даст овардааст.

Хилъат: ҷомаи дӯхта, ки аз тарафи шахси бузург ба унвони ҷоиза ба касе дода мешавад.

Баҳри габру мӯъмину зебову зишт,

Ҳамчу хуршеду матар, не чун биҳишт.

Дар ҳаққи кофиру мӯъмин ва зебову зишт алтофаш яксон фурӯ мерехт, монанди хуршеду борон, ки файзу неъматашон ҳамагир буд, балки метавон гуфт, ки ба масобаи биҳишт буд.

Габр: дар ин ҷо ба маънии кофир. Матар: борон.

Дид қавме дар назар ороста,

Қавми дигар мунтазир бархоста.

Дид, ки гурӯҳе аз борёфтагони дари ҳузури халифа, бо ҷомаҳои фохиру олӣ ороста шудаанд, ва ҷамъе низ мунтазир истодаанд, то мавриди таваҷҷӯҳу назари халифа қарор гиранд.

Хосу ома аз Сулаймон то ба мӯр

Зинда гашта чун ҷаҳон аз нафхи сур.

Гузидагон ва ҳамагон, аз Сулаймон то мӯрча, яъне аз шариф то вазиъ, ва аз олӣ то донӣ, зинда шудаанд монанди зинда шудани дунё дар ҳодисаи нафхи сур ба рӯзи растохез.

Нукта: «Нафхи сур» (дамидан дар шайпур) аз вожаҳои қуръонӣ аст, ки дар оятҳои мутаъаддиде омада ва ба унвони яке аз нишонаҳои қиёмат зикр шудааст. Ҳазрати Исрофил (а) дар остонаи растохез дар сур медамад ва мурдагон бар асари он бонги азим сар аз гӯрҳо бармедоранд ва дар арсаи маҳшар ҳозир меоянд. Пас нафх ба маънои дамидан аст ва сурба маънои шайпур.

Аҳли сурат дар ҷавоҳир бофта,

Аҳли маънӣ баҳри маънӣ ёфта.

Суратпарастон дар ҷавоҳиролоту гавҳарҳои моддӣ ва дунявӣ ғарқ буданд, ва аҳли маъно ба дарёи маъно яъне ба ҳазрати Ҳақ Таъоло восил шуда буданд.

Он ки беҳиммат, чӣ боҳиммат шуда

В-он ки боҳиммат, чӣ бонеъмат шуда.

Он касе, ки беҳиммат буд, аҷаб ҳиммате ёфт, ва он ки ҳиммат дошт, ба неъмату атое шоён расид.

Нукта: Абёти фавқ нишон медиҳад, ки саройи он халифа он чунон густурда ва бахшанда буд, ки ҳам аҳли дунё бад-он рӯй меоварданд ва ҳам аҳли маъно ва ҳар кас ба муроду хостаи худ мерасид.

Ва бегумон, дар ин ҷо забони Мавлоно ранги истиъора дорад ва муродаш аз саройи хилофат, боргоҳи ҳазрати Ҳақ Таъолост, ки ҳамаи мавҷудот резахори хони густурдаи ӯ ҳастанд.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: