Ифшогариҳои «Сноуден»-и тоҷик

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ифшогариҳои ногаҳонӣ ва ғайримунтазираи Муҳаммадалӣ Расулов, афсари Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ), бетардид як шоки бисёр бузурге бар пайкари кулли системи ҳоким дар Тоҷикистон ба хусус КДАМ ворид кардааст. Ва аз ин ки шабакаҳои маҷозӣ дар Тоҷикистон ба хусус Фейсбук, билофосила баъд аз чанд дақиқа аз интишори навори видеоии ин афсари амниятӣ баста шуд, маълум мешавад, ки мақомот сардаргуманд ва намедонанд бо ин ифшогарӣ чӣ гуна бархӯрд кунанд, феълан ҳамин миқдор ба зеҳнашон расидааст, ки ҳар чи метавонанд, бояд аз пахшу интишори бештари ин хабар дар миёни мардум ҷилавгирӣ намоянд. Зеро, он чи ин афсари КДАМ ифшо намудааст, чеҳраи ҳукумат ва мақомоти Тоҷикистонро на танҳо дар назари ҷаҳониён ва кишварҳои дунё бо хатари беэътиборӣ мувоҷеҳ месозад, балки дар назди худи шаҳрвандон ва ҷомеаи Тоҷикистон низ мақомотро ба унвони афроди терурист ва одамкуш ва авбош ба намоиш хоҳад гузошт.

* * *

Дар ин навиштори кӯтоҳ, мехоҳам ба баррасии се чаҳор мавриди бисёр муҳимми ин ифшогарӣ бипардозам, аммо дар ибтидо, лозим аст нуктаеро арз кунам:

Ва он ин ки: мегӯянд, дар ду «созмон», узви собиқ вуҷуд надорад: яке дар созмонҳои ҷиноӣ, ва дигар дар сервисҳои амниятӣ ва ҷосусӣ. Ба ин маъно, ки агар фарде, узви як бонди ҷиноӣ (мофиё) ва ё узви сервиси амниятии кишваре буд, танҳо марг аст, ки ӯро аз саффи он хориҷ мекунад, ҳол, ё марги табиӣ ва ё марги ғайритабиӣ (мисли қатл ё худкушӣ) ва ҳатто афроди бознишастаи ин ду созмон низ «узви собиқ» маҳсуб намешаванд. Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки дар дунё, хеле андак ва ангуштшуморанд афроде, ки узви мофиё ё узви сервиси амниятии кишваре бошанд ва сипас бо берун шудан аз он, худро комилан аз он ҷудо намуда, масалан ба ифшогарӣ бипардозанд, чунин мавориде дар дунё бисёр ангуштшумор ва дар воқеъ истисно ҳастанд. Эдворд Сноуден истисност, ӯ агар ҳанӯз зинда ва дар қайди ҳаёт аст, воқеан ин як мӯъҷиза аст.

Муҳаммадалӣ Расулов ҳам мисли Сноуден як истисност. Ифшогариҳои ӯ воқеан як риски бисёр бузурге буд, ки нишон медиҳад, тараф аз ҷасорату ҷуръати болое бархӯрдор будааст. Аз ин рӯ, бояд аз ин ба баъд, камоли эҳтиётро ба харҷ диҳад. Бидуни таъоруф арз мекунам, ҳар лаҳза мумкин аст ӯро аз миён бардоранд. Ба илова, сервисҳои амниятии дунё — ҳатто сервисҳои кишварҳои ба истилоҳ мутамаддин мисли Урупо — ҷуз «қонунҳои дохилии худ» ба ҳеч қонуну меъёре пойбанд нестанд, онҳо дуруст мисли бондҳои мофиёӣ на ба қонуни асосии кишвари худ пойбанданд ва на ба қонунҳо ва меъёрҳои байналмилалӣ, аз ин рӯ ҳар лаҳза мумкин аст дар пайи як бидеҳ бистони амниятӣ, Муҳаммадалӣ Расуловро ба ҳамтоёни тоҷики худ таҳвил бидиҳанд, ки албатта умедворам чунин нашавад. Зеро мавриди Муҳаммадалӣ Расулов, бо мавориди сиёсӣ фарқ мекунад. Ӯ раҳбар ва ё узви як ҳизби сиёсӣ нест, ки дар мавридаш мулоҳиза шавад, ӯ як амниятӣ ва анборе аз иттилооти маҳрамона аст. Бинобар ин, ҳавосси ҷаноби Муҳаммадалӣ Расулов комилан ҷамъ бошад, ӯ бояд сахт эҳтиёт кунад.

Аммо инак, баррасии се чаҳор мавриди бисёр муҳимми ифшогариҳои Расулов:

1) Яке аз мавориди бисёр муҳим дар ифшогариҳои ин афсари КДАМ он аст, ки ӯ ба сурати зимнӣ эътироф мекунад, ки терури Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов — фаъоли сиёсӣ ва поягузори «Гурӯҳи 24», кори дасти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон будааст, он ҷо, ки мегӯяд: «Намехоҳам ҳодисае, ки дар Туркия бо Умаралӣ Қувватов рух додааст, такрор шавад.» Ин як эътирофи зимнӣ, агар нагӯем як тасреҳ, ба ин ҳақиқат аст, ки марҳум Ҳоҷӣ Умарро КДАМ терур кардааст.

Ин эътироф, як санад ва далели бисёр муҳим барои хонаводаи Ҳоҷӣ Умаралӣ, яъне ҳамсар ва бародараш ва низ «Гурӯҳи 24» аст, ки метавонанд бо истинод ба он, ба додгоҳҳои байналмилалӣ аз болои КДАМ-и Тоҷикистон шикоят кунанд;

2) Мавриди муҳимми дигар он ки: ин афсари амният тасреҳ мекунад, ки аз сӯи КДАМ маъмур шуда будааст, то дар даруни опозисиюн ихтилоф биандозанд ва иддао мекунад, ӯ дар ин кор муваффақ ҳам шудааст. Албатта, аз зикри ҷузъиёт худдорӣ мекунад ва ифшо намесозад, ки масалан, он «фраксияи алтернативӣ», ки ӯ муваффақ шуда дар баробари ҲНИТ ва гурӯҳҳои ҳамроҳи он ба роҳ биандозад, кадом аст ва афродаш чӣ касоне ҳастанд ва чӣ касе аз дохили опозисиюни тоҷик дар таъсис ва роҳандозии ин «фраксия» ӯро кӯмак, ва ё дурусттараш, дар доми ин тарҳи шайтонӣ афтода. Ӯ ин ҷузъиётро ифшо намекунад.

Албатта, лозим ба ёдоварӣ аст, ки мулоқоти ин афсари КДАМ бо шуморе аз раҳбарон ва аъзои опозисиюн тайи яке ду соли ахир, ки Расулов аз онҳо ном ҳам бурдааст, раҳбарияти опозисиюн аз ин моҷаро комилан огоҳ ва мутталеъ буд ва ин афрод бо ҳамоҳангии комили раҳбарияти опозисиюн, бо ӯ мулоқот ва гуфтугӯ кардаанд. Зеро дар ин мулоқотҳо, баҳс рӯи мусолиҳа ва шартҳое буд, ки опозисиюн барои шурӯъи музокирот бо ҳукумат гузошта буд, ва шарти асосии опозисиюн барои шурӯъи музокирот ҳам, озодии фаврии ҳамаи зиндониҳои сиёсӣ буд. Вале, чунон ки худи ҷаноби Расулов мегӯяд, тарафи ҳукумат якдафъа тасмимаш дар ин хусус иваз шуда будааст ва ин афсари КДАМ аз ин ки тарҳи мазкур бо шикаст рӯ ба рӯ мешавад, бисёр таъассуф мехӯрад ва тақсир ва кӯтоҳиро дар ин замина ба гардани КДАМ бор мекунад;

3) Мавриди севвум ва муҳим, зикри ду тан аз афсарони баландпояи КДАМ тавассути ҷаноби Расулов аст, ки дар Русия таҳти пӯшиши тиҷорӣ машғул ба харобкориҳо будаанд, яъне полковник Назаров ва майор Абдураҳимов, ки тибқи гуфтаи Расулов, «ин афсарон, ҳам Назаров ва ҳам Абдураҳимов, дар қаламрави Федеросиюни Русия ғайрирасмӣ фаъолият мекунанд. Ман ҳамчун ходими ҷамъиятӣ амал менамудам, инҳо бошанд ҳамчун намояндагони ширкатҳои тиҷоратӣ

Бар пояи гуфтаҳои Расулов, маъмурияти ин гурӯҳи сенафара (Назаров, Абдураҳимов ва худи Расулов) иборат аз нуфуз ба саффи мухолифон ва истихдоми афроди муносиб аз миёни онон ва кор рӯи онҳо будааст; он ҳам, ё барои баргардондани онҳо ва ё барои истихдоми онон дар ростои аҳдофи ҳукумат мисли коштани базри ихтилофу тафриқа ва эҷоди дудастагӣ миёни опозисиюн ва ё ҷамъоварии маълумоти зарурӣ дар бораи раҳбарони опозисиюн барои терур ва қатли онҳо.

Ба назарам, опозисиюни тоҷик дар зудтарин фурсат ин мавридро ба самъу назари созмонҳои байналмилалӣ ба хусус Созмони Милал бирасонад, то пеши роҳи терур ва қатли раҳбарони он гирифта шавад;

4) Ва аммо мавриди чаҳорум ва бисёр муҳимми ин ифшогарӣ, ифшои барномаи КДАМ дар терур ва қатли раҳбари ҲНИТ, Муҳиддин Кабирӣ аст. Расулов дар навори видеоии худ дар ин робита мегӯяд:

«Тарҳи ҷадиди мо (гурӯҳи сенафара) ин буд, ки ман бояд ба Урупо бармегаштам ва машғули ҷамъоварии иттилооти дақиқ (дар бораи Муҳиддин Кабирӣ) мешудам. Мавзӯъи тарҳ, қатли раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ буд. Дар иҷрои ин тарҳ, ба гуфтаи полковник Назаров, намояндагони дигар ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон ҳам ширкат мекарданд. Вазифаи асосии ман, вақте ба Олмон баргаштам, ин буд, ки ба мухолифон наздик мешудам, аз он ҷумла бо Муҳиддин Кабирӣ ва сипас маҳалли иқомати ӯ ва фарзандон ва хонаводаашро мушаххас мекардам; ин ки убуру мурури онҳо аз кадом хиёбон аст, ба кадом шаҳрҳо сафар мекунанд, дар куҷо хӯрок мехӯранд, вуруду хуруҷашон бештар ба кадом биноҳост, хӯрокашон бештар чист ва ғайра аз иттилоотро ҷамъ намуда ва ба марказ мухобира мекардам

Сипас тасреҳ мекунад: «Ин тарҳ, ки тавассути КДАМ поярезӣ шуд, тарроҳаш шахси Ятимов (раиси КДАМ) аст.» Расулов таъкид мекунад, ки: «барномаи сӯиқасд ба ҷони Муҳиддин Кабирӣ, яъне ба қатл расонидани Кабирӣ, ҳанӯз рӯи миз аст ва дар оянда бояд амалӣ шавад…«

Ин ифшогарӣ бори дигар собит мекунад, ки ҳукумат ва мақомоти феълии Тоҷикистон, ҳамонҳое ҳастанд, ки 20-у анде сол пеш, бо роҳандозии қатлу кушту куштори мардум ба сари қудрат расидаанд ва бо гузашти ду даҳа, ҳанӯз тафаккури онҳо заррае тағйир наёфтааст. Дар қомуси онҳо, чизе ба номи «мухолифи сиёсӣ» вуҷуд надорад, он чи вуҷуд дорад фақат «душман» аст, ки бояд ҳазф шавад, кушта шавад, аз сари роҳ бардошта шавад. Ин аст моҳияти воқеии ин афрод.

Ва ҳамон тавр, ки дар нуктаи севвум ишора шуд, опозисиюни тоҷик фавран ин мавриди хатарнок ва барномаи шайтониро ба самъи созмонҳои ҷаҳонӣ ва ба хусус Созмони Милали Муттаҳид бирасонанд.

Реклама


Рубрики:Дидгоҳ, Сиёсат, Таҳлилот

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: