Перейти к содержимому

Панҷ далел, ки дунё бояд алайҳи таҳрими Эрон истодагӣ кунад

Таҳлиле аз Лоренс Ҷ. Курб (Lawrence J. Korb) дар National Interest

Ҷои таъаҷҷуб нест, ки хуруҷи шитобзадаи давлати Тромп аз Барҷом, аз ҷониби панҷ кишвари дигари имзокунандаи тавофуқ ва ҳамчунин кишварҳое, ки зинафъи ин тавофуқ буданд, бо вокуниши манфӣ рӯ ба рӯ шудааст. Тасмими Тромп бар эъмоли муҷаддади таҳримҳо алайҳи Эрон, ки давлати Убомо бар асоси Барҷом онҳоро лағв карда буд, мухолифати соири кишварҳоро дучандон кардааст.

Аввалин даври таҳримҳо дар 7 августи 2018 оғоз шуд. Ин таҳримҳо шомили мамнӯияти дастрасии Эрон ба дулори Омрико ва тиҷорати тило, филизот ва худрав аст. Даври дуввуми таҳримҳо, ки шиддати бештаре дорад, аз 4 ноябри 2018, ҳамзамон бо 39-умин соли тасхири Сафорати Омрико дар Теҳрон, амалиётӣ хоҳад шуд ва тамоми содироти нафти Эронро ба ҳар кишваре таҳрим хоҳад кард ва ҳар кишваре, ки саркашӣ кунад низ машмули таҳрим хоҳад шуд.

Ҳаддиақал панҷ далел барои мухолифат бо ин таҳримҳо вуҷуд дорад:

1) Далели аввал: Барҷом хеле беҳтар аз ҳар тавофуқи чандҷонибаи таслиҳотии дигаре, дар ҳоли пешравӣ буд. Бар асоси 11 гузориши Ожонси байналмилалии энержии атомӣ, ки сахттарин бозрасиҳои мумкинро дар Эрон анҷом медод, Эрон комилан ба таъаҳҳудоташ дар Барҷом пойбанд буда ва барномаи ҳастаиаш комилан сулҳомез будааст;

2) Далели дуввум: аз замони ниҳоӣ шудани Барҷом, тавлиди нафти рӯзонаи Эрон низ афзоиш ёфтааст ва аз як милюн бушка дар рӯз ба се милюн бушка дар рӯз расидааст. Ин афзоиши тавлид боис шудааст, то қимати ҷаҳонии нафт ба тарзи чашмгире поинтар аз нархи он дар солҳои 2011 ва 2012, ки ба беш аз 100 дулор барои бушкае расида буд, бирасад. Эъмоли муҷаддади таҳримҳо аз ҷониби Омрико на танҳо қимати нафтро афзоиш хоҳад дод, балки мумкин аст мунҷар ба вуқӯи рукуди ҷаҳонӣ, мушобеҳи он чи, ки даҳ сол пеш рух дод, шавад;

3) Далели севвум: Барҷом боис шуда буд, ки давлати миёнарави Руҳонӣ дубора дар интихобот пирӯз шавад, чун ин тавофуқ тавонист ба иқтисоди Эрон равнақ бибахшад. Қабл аз ин ки Тромп эълом кунад, ки мехоҳад аз Барҷом хориҷ шавад, пешбинӣ шуда буд, ки иқтисоди Эрон имсол 4.3 дарсад рушд дошта бошад, аммо акнун эҳтимолан беш аз 1.8 дарсад рушд нахоҳад кард;

4) Далели чаҳорум: Барҷом аз як рақобати таслиҳоти ҳастаӣ ва ё ҳатто як ҷанг дар Ховари Миёна ҷилавгирӣ кардааст. Агар Эрон масири дастёбӣ ба силоҳи ҳастаиро идома медод, шакке набуд, ки кишварҳое монанди Арабистон ва Аморот низ даст ба кор мешуданд, то онҳо ҳам силоҳи ҳастаӣ дошта бошанд. Ва агар Эрон ин масирро тай мекард, Исроил эҳтимолан барои пешдастӣ ҳамалотеро алайҳи Эрон оғоз мекард;

5) Далели панҷум: ба назар мерасад, ки хуруҷи Омрико аз Барҷом ва эъмоли муҷаддади таҳримҳо, истротежии мушаххас ва ҳадафе воқеъгароёна надорад. Аз диди бархе аз муттаҳидон ва руқабои Омрико, ҳадафи аслии Вошингтун тағйири режим аст. Соири афрод аз ҷумла Мойк Помпеу, вазири умури хориҷа, мӯътақид ҳастанд, ки ин иқдомот ба умеди кашондани Эрон ба пойи мизи музокира ва поёни тамоми ғанисозиҳо ва фаъолиятҳои ҳастаии Эрон аст – ба илова ин ки Эрон мушакҳои болистикашро канор бигузорад, шаҳрвандҳои омрикоиро ба кишварашон бозгардонад, нерӯҳояшро аз Сурия хориҷ кунад ва дигар аз Ҳизбуллоҳ, Ҳамос ва Ҳусиҳо ҳимоят накунад.

Ин мухолифатҳо на танҳо аз ҷониби руқабои истротежики Омрико, балки аз тарафи шурако ва муттаҳидонаш низ ҳаст. Соири тарафайни тавофуқ тазмин кардаанд, ки Эрон метавонад ба содироти нафту гозаш идома диҳад. Чин ва Ҳинд, ки ду воридкунандаи аслии нафти Эрон ҳастанд, эълом кардаанд, ки ба хариди нафти Эрон идома хоҳанд дод, чун таҳримҳо аз ҷониби Созмони Милал нест. Туркия низ эълом кардааст қарордоди даҳсолаи хариди гоз аз Эронро ҳифз хоҳад кард.

Бо ин ҳол, эҳтимоли ин ки ин мухолифатҳо битавонад назари давлати Тромпро иваз кунад, бисёр кам аст. Ин таҳримҳо қатъан ба Эрон осеб хоҳад зад ва мунҷар ба шароите хоҳад шуд, ки на ба нафъи дунё аст, на ба нафъи Омрико. Таҳримҳои Тромп боиси тиратар шудани равобити Омрико бо муттаҳидони урупоии аслиаш хоҳад шуд. Тромп то кунун ба хотири рафтори ғайримантиқиаш дар нишасти Созмони тавофуқи отлонтики шимолӣ (НАТО), нишасти Гурӯҳ G-7 ва хуруҷ аз паймони обуҳавоии Порис ва таҳдид ба афзоиши таърифаи фӯлод, кишварҳои урупоиро аз худ ранҷондааст.

Ҳамон тавр, ки Омрико дар фикри афзоиши таҳримҳо дар тӯли 90 рӯзи оянда аст, на танҳо бояд ба мухолифати соири кишварҳо фикр кунад, балки бояд ҳушдори вазири хазонадории асбақи Омрико, Ҷек Лу (Jack Lew)-ро ба ёд биёварад, ки дар соли 2016 дар суханронӣ гуфт, ки истифодаи беш аз ҳадд аз таҳримҳо хатари коҳиши тавоноии Омрико дар истифодаи муассир аз онҳоро ба ҳамроҳ дорад, чун боис хоҳад шуд муомилоти молии ҷаҳонӣ аз Омрико дуртар шавад.

National Interest

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: