Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (311)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (54)

* * *

Дар баёни он ки чунон ки гадо ошиқи карам аст ва ошиқи карим, карами карим ҳам ошиқи гадост. Агар гадоро сабр беш бувад, карим бар дари ӯ ояд. Ва агар каримро сабр беш бувад, гадо ба дари ӯ ояд. Аммо сабри гадо камоли гадост ва сабри карим нуқсони ӯ

* * *

Мавлоно дар ин фасл баён медорад, ки зуҳури ҷуд (бахшиш) дар олами хориҷ, ҳам ниёзманди бахшанда аст ва ҳам бахшишпазир. Пас, ҳамон тавр ки тиҳидаст ба бахшанда ниёз дорад, бахшанда низ бад-ӯ ниёзманд аст. Аз ин ҷо натиҷа мегирад, ки набояд гадоёну мустамандонро ба дидаи ҳақорат дарнигарист. Сипас суханро ба ҷуди Ҳақ Таъоло мекашонад ва мегӯяд, ки ҷуди Худованд нахуст ниёзро дар вуҷуди солик падид меоварад, то ба саъйи тамом дар роҳи такмили нафс ҳаракат кунад ва сипас бо ҷуде дигар ӯро ба камол мерасонад.

Бонг меомад, к-эй толиб, биё,

Ҷуд мӯҳтоҷи гадоён чун гадо.

Овоз омад, ки эй толиб! Биё, зеро ҷуду карам монанди гадо ба гадоён ниёзманд аст.

Ҷуд меҷӯяд гадоёну зиъоф,

Ҳамчу хубон, к-ойина ҷӯянд соф.

Ҷуду бахшиш гадоёну бенавоёнро мехоҳад, мисли зеборӯён, ки толиби ойинаи софанд.

Зиъоф: ҷамъи заъиф ба маънии нотавон ва бенаво.

Рӯйи хубон з-ойина зебо шавад,

Рӯйи эҳсон аз гадо пайдо шавад.

Рӯи зеборухсорон аз ойина зебо мешавад, ва рӯи эҳсону карам низ аз гадоён намоён мегардад. (Зеро мустамандону бенавоён сабаб мешаванд, то ҷуду карами ашхос санҷида шавад.)

Пас аз ин фармуд Ҳақ дар «ваз-зуҳо»:

Бонг кам зан, эй Муҳаммад, бар гадо.

Ба ҳамин сабаб ҳазрати Ҳақ Таъоло дар сураи «Ваз-зуҳо» фармуд: эй Муҳаммад! Бар сари гадову мискин бонг мазан! Яъне гадоёнро аз ҳузурат марон!

Нукта: Худованд дар сураи Зуҳо, ояти 10 мефармояд:

وَأَمَّا السَّائِلَ فَلَا تَنْهَرْ

«Аммо бенаворо аз худ марон ва бар ӯ бонг мазан!»

Чун гадо ойинаи ҷуд аст, ҳон!

Дам бувад бар рӯйи ойина зиён.

Аз он ҷо, ки бенавоён ойинаи ҷуду карами афрод ҳастанд, пас ба ҳуш бош, то бар рӯи ин ойинаи софу шаффоф дам мазан, то мабод, ки тираву тор гардад.

Нукта: Камҳавсалагӣ ва миннат ниҳодан бар ниёзмандон ба гоҳи бахшиш, ойинаи ҷуду карамро тираву тор мекунад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.809)

Он яке ҷудаш гадо орад падид

В-он дигар бахшад гадоёнро мазид.

Бахшанда бар ду қисм аст: яке, он бахшандае, ки сабр кунад, то гадое ба талабу ҳоҷате назди ӯ ояд ва он гоҳ бар вай чизе бахшад, ва дигар он бахшандае аст, ки бидуни дархости гадо, ба ӯ бисёр бибахшад. (Шарҳи Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.199) Боз гуфтаанд: манзур ин аст, ки он бахшанда ибтидо гадо ва ниёзманд падид меоварад ва сипас ба он ниёзмандон бар ҳасби истеъдоду қобитлияташон, фаровон мебахшад. (Шарҳи Кабири Онқуравӣ, ҷ.3, с.1042)

Мазид: бахшидан, фаровон бахшидан.

Пас гадоён оинай ҷуди Ҳақанд

В-он ки бо Ҳаққанд, ҷуди мутлақанд.

Пас, бенавоён ойинаи бахшишу карами Ҳақ Таъоло ҳастанд, вале он фақироне, ки аз худ фонӣ ва ба Ҳақ боқианд, ҷуду карами мутлақанд.

В-он ки ҷуз ин дӯст, ӯ худ мурдаест,

Ӯ бар ин дар нест, нақши пардаест.

Вале бенаво ва фақире, ки на ин асту на он (манзур, ду даста аз фуқаро, ки дар байти пешин мазкур афтод), ӯ мурда ва афсурда аст. Ӯ на танҳо бар даргоҳи Ҳақ нанишаста, балки ҳиҷоб миёни холиқ ва махлуқ аст, ин фақирон на ойинаи ҷуди халқ ҳастанд, на холиқ.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: