Перейти к содержимому

«Таноби барканорӣ» ба гардани Тромп наздик аст

Ёддошти Абдулборӣ Атвон, таҳлилгари машҳур ва сардабири рӯзномаи Раъюл-явм

Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, барои нахустин бор эҳсос мекунад «таноби барканорӣ» ба гарданаш бисёр наздик шудааст, он ҳам пас аз зиёд шудани расвоиҳои молӣ ва қонуниаш ва пайдо шудани шавоҳиди ҷадид ва тақрибан қатъӣ, ки нишон медиҳад, ӯ ва бархе аз муовинонаш, дар нақзи қонунҳои таъмини молии ситодҳои таблиғоти интихоботӣ даст доранд.

Раванди фурӯпошии мавозеъ ва «сомонаҳои дифоӣ»-и Тромп яке пас аз дигаре шурӯъ шуда. Дар мусоҳибае, ки бо шабакаи телевизиюнии ростгарои Fox News, ки мавриди алоқааш аст анҷом дод, барои аввалин бор нигаронӣ бар чеҳрааш намоён буд; ба вежа замоне, ки гуфт: «Иқтисоди Омрико дар сурати барканории ман аз ҳам мепошад ва ҳамаи фуқаро бисёр фақир мешаванд

Ду зарбаи муҳлик дар рӯзи сешанбе Тромп, раисиҷумҳури Омрикоро мавриди исобат қарор дод ва Роберт Мулер, бозпурси вежа, онҳоро фош кард. Мулер ҳамаи орзу ва баландпарвозиаш дар зиндагиаш ин аст, ки ба гунае таҳқиромез ва зиллатбор Тромпро сарнагун кунад. Ва аммо зарбаҳо инҳо ҳастанд:

Аввалӣ: эътирофи Мойкел Куҳен, вакили мудофеъи вежаи Тромп ба гуноҳаш дар иртикоби нақзҳо ва тахаллуфҳои муртабит бо таъмини молии ситоди таблиғоти интихоботии риёсати ҷумҳурӣ ва пардохти маблағи 150 ҳазор дулор барои сокит кардани ду зан, ки бо муваккили вай яъне Тромп, робитаи ҷинсӣ доштаанд, ки аввалӣ Эстурми Донилз, бозигари филмҳои мустаҳҷан аст, ва дуввумӣ Корен Мокдугон, мудели маҷаллаи Pleyboy, ки маъруф ба аксҳои урёнаш аст.

Дуввумӣ: маҳкумияти Пол Монофурт, раиси ситоди таблиғотии собиқи Тромп дар заминаи тақаллуби молиётӣ ва бонкӣ ва иртиботаш бо ҳаддиақал 12 парванда.

* * *

Пирӯзии Ҳизби демукрот дар интихоботи миёндавраии Кунгра ва Маҷлиси намояндагон, ба онҳо ин қудратро медиҳад, ки тадобир ва иқдомоти барканории Тромпро фавран оғоз кунанд ва аз ин раисиҷумҳур, ки дар тавҳин ба онҳо ба шеваи зиште тахассус пайдо кард ба вежа дар тавҳин ба Борок Убомо, раисиҷумҳури собиқи Омрико, интиқом бигиранд. Бештари назарсанҷиҳо таъкид мекунад, ки эҳтимоли баранда шудани бузурги демукротҳо зиёд аст.

Ҳушдори Тромп дар бораи фурӯпошии иқтисоди Омрико дар сурати барканориаш барои он сурат мегирад, ки ҳамбастагии ҳаводоронаш, ҷумҳурихоҳони сафедпӯст ва нажодпарастҳо ба таври хосс, ки аксарияти сафедпӯстҳоро шакл медиҳанд ба даст овард, ва низ барои ба даст овардани дили калисои инҷилии тундрав ва ҳаводорони ин калисо, ки ба ӯ дар интихоботи риёсати ҷумҳурии ахир раъй доданд. Аммо худъа ва найранг натиҷа ва самара намедиҳад, зеро чизе, ки иқтисоди Омрикоро нобуд мекунад, сиёсатҳои тасодумӣ аст, ки Тромп дунбол карда ва низ ҷангҳои иқтисодиаш алайҳи боризтарини ҳампаймонони Омрико — аз Конода гирифта то Урупо. Сиёсати тасодумӣ ва ҷанги иқтисодии Тромп бо Чин, шарики тиҷории бузурги Омрико ва Туркия ҳампаймон ва узви муассис дар паймони НАТО, ки дигар ҷойи худ доранд.

Иқтисоди Омрико чӣ басо дар ду соли аввали ҳукумати Тромп, раисиҷумҳури Омрико, шоҳиди беҳбуд шуд, зеро мизони бекорӣ ба нисф расид, яъне аз 8 дарсад ба 4 дарсад, лекин бахши умдаи ин беҳбуд ба далели маҳорати вай набуд, балки ба далели тан додани бародарони араб дар минтақаи халиҷи Форс ва ба таври хосс Арабистони Саудӣ аст, ки ба вай наздик ба 500 милёрд дулор кӯмакҳои молӣ ба шакли қарордодҳои калони силоҳ тақдим карданд, то ҷое, ки Тромп вақте аз Риёз пас аз ҳузураш дар нишасти кишварҳои исломӣ, ки барои истиқбол ва хушомадгӯӣ аз вай баргузор шуд ва пас аз тазмини ин милёрдҳо дулор ба Вошингтун бозгашт, ҳазён мегуфт ва такрор мекард: «Фурсатҳои шуғлӣ… Фурсатҳои шуғлӣ… Фурсатҳои шуғлӣ!»

Тромп барои хуруҷ аз бунбаст ва бӯҳрони кунунии худ, ба лоббии исроилӣ, ки аз он пайравӣ мекунад такя дорад, ва низ ба домодаш Ҷоред Кушнер эътимод кардааст ва тардиде дар иҷрои ҳамаи хостаҳои Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири режими Исроил намекунад; дар лағви тавофуқномаи ҳастаӣ бо Эрон ва муҳосираи хафакунандаи ин кишвар ва ба расмият шинохтани Қудси ишғолӣ ба унвони пойтахти абадии режими ишғолгар ва фаъолият барои таҳмили «Қарордоди қарн», ки маънояш тасвия ҳисоби ниҳоии масъалаи Фаластин ба кӯмаки ҳампаймонони минтақаиаш аст. Аммо ин такя кардан бисёр хатарнок аст ва натоиҷи баръакс барои Тромп ба бор меоварад.

* * *

Эътироф мекунем, ки мо шӯру шавқи фаровоне барои сарнагунии ин раисиҷумҳури нажодпарасти мутанаффир аз мо ба унвони араб ва мусалмон дорем ва мунтазири рӯзе мемонем, ки вай аз Кохи сафед хориҷ шавад ва таҳқиршуда ва залилшуда ва бо қудрати қонун барканор шавад, зеро вуҷудаш яъне бесуботӣ ва ноамнии ҷаҳон ва ғарқ шудани он дар ҷангҳо ва низоъҳои вайронгар ба вежа дар минтақаи Ховари Миёна аст.

Ҷон Кери, вазири хориҷаи собиқи Омрико муваффақ буд замоне, ки Тромпро пас аз бархӯрдҳояш бо паймони НАТО ва Иттиҳодияи Урупо ба шеваҳои гаравкашонаи зишт тайи сафари давраии ахираш ба Урупо мавриди хитоб қарор дод ва гуфт: «Эй мардак! Ту моро расво кардӣ!»

Умедворем, ки он рӯз бирасад, ки дар ин ҷо барои хушҳолӣ дар бораи хуруҷ ва ихроҷи Тромп аз Кохи сафед матлаб бинависам ва ин кор барои Худо чизе нест.

Raialyoum

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: