Перейти к содержимому

Закариёи Розӣ

Ба баҳонаи бузургдошти Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ

Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ, файласуф, шимидон ва пизишки бузурги Эронзамин ва ҷаҳони ислом ва мулаққаб ба “Ҷолинусул-муслимин”, аз мафохири ҷаҳон ва яке аз навобиғи рӯзгори қадим аст.

Таваллуди Розӣ дар авоили моҳи шаъбони соли 251 ҳиҷрӣ (мусодиф бо соли 865 милодӣ) дар шаҳри Райи Эрон (ки имрӯза низ ба ҳамин ном шинохта мешавад) иттифоқ уфтод ва дар ҳамин шаҳр ба таҳсилоти худ дар фалсафа, риёзиёт, шимӣ, нуҷум ва адабиёт мубодират варзид.

Розӣ дар 30-солагӣ ба Бағдод рафт ва чун бар бемористони Муқтадир гузар кард, ба тиб дилбастагӣ ёфт ва ба таҳсили ин илм пардохт ва чун дар он чирадаст шуд, ба Рай бозгашт ва ба хидмати Мансур ибни Исҳоқ, ҳокими Рай даромад ва сарпарасти бемористони Рай шуд. Баъдҳо ба Бағдод рафт ва риёсати бемористони Муқтадирро бар ӯҳда гирифт ва шӯҳрати вай дар Бағдод ба ҷое расид, ки собиқа надошт.

Розии файласуф

Гуфта мешавад, ки Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ дар ҳавзаи фалсафа ва дин, оро ва афкори шоззе доштааст. Ин иддаъоро аз қудамо касе мисли Ибни Абӯасайбиъа ва аз уламои муосир касе мисли Устод Мутаҳҳарӣ ба шиддат рад мекунанд.

Аммо ба ҳар ҳол, Ҳаким Носири Хисрав дар бораи орои фалсафӣ ва динии Розӣ гуфтааст: “Ӯ ҷоҳил ва ғофил аст.” Ибни Ҳазм ҳам суханони Розиро “даъвоҳои хурофӣ ва бедалел” донистааст. (Р.к: Торихи фалсафаи исломӣ, Исҳоқи Ҳусайнии Қӯҳсорӣ)

Қозӣ Соъиди Андалусӣ, дар бораи вай мегӯяд: “Розӣ дар илми илоҳӣ табаҳҳуре надошт, ғарази ниҳоии он илмро нафаҳмида буд, аз ин рӯ, орои ӯ дар улуми ақлӣ парешон ва музтариб аст, чун аз орои сахиф пайравӣ мекард ва мазҳаби нодуруст ба худ баст ва қавмеро мазаммат мекард, ки на ғарази онҳоро мефаҳмид ва на ба роҳи онҳо рафта буд. Далели ин амр ҳам он буд, ки устоди ӯ дар фалсафа Балхӣ буд ва ин шахсият чандон бизоъате дар фалсафа надоштааст.” (Ҳамон манбаъ)

Ва ин дар ҳолест, ки бархе аз муҳаққиқон бар ин боваранд, ки мухолифони Розӣ аз ҷумла Ҳаким Носири Хисрав, Розиро хуб нашинохтаанд.

Устод Мутаҳҳарӣ мегӯяд: дар феҳристи китобҳои Розӣ, аз китобе ба номи «Финнубуввот» (ки мухолифони вай ба таън ва истеҳзоъ номи онро «Нақзул-адён” ниҳодаанд) ва китоби дигаре ба номи «Фи ҳиялил-мутанаббиъин” (ки дигарон ба таън номи онро «Махориқул-анбиё” гузоштаанд) ном бурда шудааст. Ин ду китоб дар даст нест, вале мутакаллимоне чун Абӯҳотами Розӣ ва Носири Хисрав, дар китобҳои худ ба нақли қавл аз Розӣ матолибе овардаанд мабнӣ бар ин ки Розӣ гӯӣ мункири нубуввот (паёмбариҳо) будааст; ҳарчанд Абӯҳотам номи Розиро набурдааст ва аз ӯ бо калимаи «мулҳид» ёд кардааст, вале мусаллам аст, ки манзури ӯ Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ аст.

Мутаҳҳарӣ дар идома мегӯяд: назар ба он ки ин ду китоб дар даст нест, наметавон изҳори назари қатъӣ кард, вале аз маҷмӯъи қароин метавон ба даст овард, ки Розӣ мункири нубуввот набуда, балки бо «мутанаббиъин” (муддаъиёни дурӯғини нубувват) дар ситеза будааст.

Вай меафзояд: ба илова, Розӣ сахт пойбанд ба тавҳид ва маъод ва асолат ва бақои руҳ аст. Китобе дорад ба номи «Фи анна лил-инсони холиқан мутқинан ҳакиман» (Дар ин ки инсон офаридгоре дорад мутқин ва ҳаким) ва китобе ҳам дорад дар радди Сисани Санавӣ (Рад бар монавият) ва рисолае ҳам ба номи «Ило Алӣ ибни Шаҳид ал-Балхӣ фи тасбитил-маъод” (Ба Алӣ ибни шаҳиди Балхӣ дар мавриди исботи маъод), ва назараш дар он китобҳо чунон ки Ибни Абӯасайбиъа мегӯяд, нақди назарияи мункирони маъод аст, ва китобе ҳам дорад ба номи «Фи аннан-нафса лайса би ҷисмин” (Дар ин ки инсон фақат ҷисм нест). Бо ин ҳисоб, чӣ гуна мумкин аст касе ки ҳамаи усули мабдаъ ва маъод ва руҳ ва нафсро пазируфтааст, мункири нубувватҳо ва шариатҳо бошад? (Р.к: Хадамоти мутақобили Эрон ва Ислом)

Инҷониб (С.И) мӯътақид аст, бо таваҷҷӯҳ ба ин ки Абӯрайҳонӣ Берунӣ ба вуҷуди ин ду китоб аз Розӣ эътироф мекунад ва низ бо таваҷҷӯҳ ба раддияҳое, ки бар афкор ва орои нақлшуда аз Розӣ аз сӯйи уламо ва донишмандони исломӣ навишта шудааст (аз ҷумла Ҳаким Носири Хисрав ва Абӯҳотами Розӣ ва дигарон), баъид ба назар намерасад, ки Закариёи Розӣ инчунин эътиқодоте дошта бошад. Ва асосан, қарор нест мо фикр бикунем, ки ҳамаи донишмандони қуҳан пойбанд ба шариат ва мӯътақид ба маъорифи динӣ будаанд. Тоза, Закариёи Розӣ танҳо касе нест, ки афкор ва орои шоззе дар ҳавзаи дин иброз дошта бошанд. Муҳим дар ин замина он аст, ки бибинем, далели Розӣ дар муддаъояш чист? Ба илова, ҷавобҳои муҳками фалосифа ва мутакаллимоне чун Ҳаким Носири Хисрав ва Ибни Ҳазми Андалусӣ бар иддаъоҳои Закариёи Розӣ, ҳар муҳаққиқеро қонеъ месозад, ки иддаъоҳои ӯ чандон ҳам аз пояҳо ва асосҳои ақлӣ бархӯрдор набудаанд.

Розӣ ва пизишкӣ

Розӣ табибе ҳозиқ ва пизишке олиқадр буд ва дар замони худ шӯҳрати басазое дошт. Розӣ аз зумраи пизишконе аст, ки баъзе аз ақоиди вай дар дармони тибби имрӯзӣ низ ба кор меравад, махсусан дар дармони беморон бо мойеъот ва ғизо. Пизишкон ва муҳаққиқин аз китобҳо ва рисолоти Розӣ дар садаҳои мутамодӣ баҳра бурдаанд. Ибни Сино Розиро дар тиб бисёр олимақом медонад ва метавон гуфт, барои таълифи “Алқонун” аз китоби “Алҳовӣ”-и Розӣ истифодаи фаровон кардааст.

Ҷарроҳӣ

Баъзе аз муаррихон Розиро ба номи ҷарроҳ мешиносанд. Аз мутолеаи осори вай чунин бармеояд, ки дар ҷарроҳӣ соҳибназар будааст. Вай дар бораи “санги куллияҳо ва масона” китобе нигошта ва дар он таъкид кардааст, дар сурате ки дармони санги масона бо роҳҳои тиббӣ мақдур набошад, бояд ба амали ҷарроҳӣ пардохт ва дар ин китоб аз асбобе, ки бо он амали санги масонаро анҷом медода, ном мебарад.

Шимӣ ва дорусозӣ

Розӣ таҳсили шимиро қабл аз пизишкӣ шурӯъ кардааст ва дар он осоре чашмгир аз худ барҷой гузоштааст. Умдаи таъсири Розӣ дар шимӣ, табақабандии ӯ аз маводд аст. Вай поягузори шимии навин аст. Китоби “Сиррул-асрор”-и Розӣ бештар дар ҳамин замина аст.

Розӣ кашфҳои бисёре доштааст, аз ҷумла: алкул, ҳидруклирик (соляная кислота), орсиник (мышьяк), ситрик (лимонная кислота), сулонин (соланин) ва ғайра.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: