Матни эъломияи таъсиси Паймони Миллии Тоҷикистон

Имрӯз (9 сентябри 2018) дар Варшав, пойтахти Лаҳистон, опозисиюни якпорчаи тоҷик эътилофи фарогиреро таҳти унвони «Паймони Миллии Тоҷикистон» таъсис дод.

Санади таъсиси ин эътилофро намояндагони чаҳор гурӯҳи сиёсӣ имзо карданд. Аз Анҷумани Озодандешони Тоҷик Алим Шерзамонов, аз Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон Шарофуддин Гадоев, аз Ассосиатсияи муҳоҷирини Осиёи Марказӣ дар Иттиҳодияи Урупо Илҳомҷон Яъқубов ва аз сӯи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ.

Матни ин эъломия ба шарҳи зерин аст:

Бо дар назар гирифтани зарурати иттиҳод барои муқобила бо солҳо диктатории беқонунӣ ва беадолатӣ, нокоромадӣ ва каҷрафториҳо, ки Тоҷикистонро ба яке аз чаҳор кишвари фақиртарини дунё табдил додааст; ғайриқобили қабул ва ғайриконститутсионӣ будани табдил ёфтани Тоҷикистон ба салтанати хонаводагӣ; бо таваҷҷӯҳ ба зарурати ислоҳоти решаӣ дар баробари рушди таҳдидҳо ба кишвар ба хотири фасоди саросарии мақомоти давлатӣ, масъулияти худ дар баробари насли ҳозир ва ояндаи Тоҷикистонро эҳсос намуда,

мо, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, ки дар зер имзои худро гузоштаем,

— баҳри татбиқи сохтори демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар Тоҷикистон;

— ба мақсади эҷоди шароити ҳуқуқӣ ва иқтисодии баробар барои ободии ҳар хонавода ҳамчун асоси рушд, субот ва шукуфоии кишвар;

— барои сохтани ҷомеаи ҳамоҳанг ва масъул бо вуҷуди танаввуъ (гуногунӣ)–и шаҳрвандонаш; ҷомеае, ки руҳияи эҳтироми мутақобил, таҳаммул, дастгирӣ ва бародарӣ байни шаҳрвандонаш ҳукмфармост; ҷомеаи, ки маънавият ва арзишҳои волои инсонӣ афродашро гирди ҳам оварда, ва дар як калом, барои эҷоди зербинои хонаи муштараки ҳамаи мо, ки дар он, ваҳдати миллии воқеӣ ҳоким бошад; ваҳдате бархоста аз ҳар як аз мо ва муҳофизаткунанда ҳар якамонро;

— ба манзури эҷод ва ҳифзи шароит барои эҳёи ҳуқуқи ҳар шаҳрванд; ҳаққи озодии баён, андеша, виҷдон, чамъомад ва гирдиҳамоӣ, ҳаққи ҳаёт, меҳнат, рафту омад, ҳаққи дарёфти хизматрасонии босифати тиббӣ, омӯзиш, ҳаққи таъмин шудан ба манзил, ҳаққи интихоб кардан ва интихоб шудан ва дигар ҳуқуқҳои асосии инсон ва шаҳрванд;

— ба хотири эҷод ва ҳифзи шароит барои баргузории интихоботҳои озод ва шаффоф дар ҳамаи сатҳҳо, эҷоди як принсипи бечунучаро барои интиқоли мусолиматомез ва қонунии қудрат дар муддати муайяншуда барои ҳамагон;

— ба манзури анҷоми ислоҳоти решаӣ ва ҳамаҷониба ҷиҳати бинои як кишвари қавӣ ва аз назари иқтисодӣ рушдёфта, ки сиёсати дӯстӣ ва ҳамкориро, чӣ дар робитаҳои дуҷониба ва чӣ дар шаклҳои дигар, барои манофеъи миллӣ пеш мебарад; бо таваҷҷӯҳ ба ин ки ҳамаи мо озод таваллуд шудаем, бо истифода аз ҳаққи фитрии худ дар таъсиси созмонҳо,

Эълом медорем:

Мо, имрӯз, дар 27-умин солгарди қабули Эъломияи истиқлоли Тоҷикистон, ки бо дархости нерӯҳои ислоҳотхоҳ дар тазоҳурот дар Душанбе дар муқобили бинои парлумон сурат гирифта буд, бо идомаи муборизаи касоне, ки барои истиқлоли Тоҷикистон талош кардаанд, тамоми нерӯҳои худро муттаҳид сохта, Паймони Миллии Тоҷикистонро, ки рӯи он барои ҳама боз аст, таъсис намудем.

Анҷумани Озодандешони Тоҷик

Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон

Ассосиатсияи муҳоҷирини Осиёи Марказӣ дар Иттиҳодияи Аврупо

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон

09.09.2018

Варшава

Реклама


Рубрики:Пароканда, Сиёсат

Метки:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: