Перейти к содержимому

Паёмҳои таъсиси Паймони Миллии Тоҷикистон

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Баъд аз ҳудуди як соли баҳсу гуфтугӯ ва табодули назар миёни намояндагони чаҳор гурӯҳи мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон яъне Анҷумани Озодандешони Тоҷик, Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, Ассосиатсияи муҳоҷирини Осиёи Марказӣ дар Иттиҳодияи Аврупо ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва убур аз тамоми монеъаҳое, ки мақомоти тоҷик эҷод карда буданд, саранҷом эътилофи фарогири опозисиюни тоҷик таҳти унвони «Паймони Миллии Тоҷикистон» (ПМТ) таъсис шуд.

Ин созмон дар нахустин ҷаласаи муассисонаш, аъзои Шӯро ва низ раҳбари худро интихоб кард. Тибқи он чи дар баёнияи матбуотии ин созмон омадааст, Муҳиддин Кабирӣ дар як раъйгирии гушода, бо аксарияти оро, ба унвони раҳбари ПМТ интихоб шудааст.

* * *

Дар ин навиштор, саъй мекунам ба се чаҳор паёми таъсиси ин эътилоф ишора бикунам:

1) Нахустин паёми таъсиси Паймон ин аст, ки: ӯ худро дар баробари истиқлоли Тоҷикистон ва аҳдофе, ки бунёнгузорони истиқлол 27 сол қабл дар тазоҳуроте дар пойтахти кишвар пеши худ гузошта буданд, масъул медонад. Ва ба сухани дигар, Паймон дар воқеъ идомадиҳандаи роҳи ҳамонҳое аст, ки 27 сол пеш дар муқобили порлумони кишвар таҷаммуъ намуда хостори истиқлоли Тоҷикистон шуданд ва саранҷом ба ҳадафи худ ноил гардиданд. Аммо бо рӯи кор омадани Раҳмон ва ҳукумати кунунӣ, ҳамаи он аҳдоф ба фаромӯшӣ супурда шуд ва касе, ки мухолифи сарсахти истиқлоли кишвар буд, имрӯз на танҳо дам аз истиқлолхоҳӣ мезанад, балки бо бешармӣ худро «поягузор»-и истиқлоли кишвар ҳам унвон мекунад.

Интихоби таърихи 9 сентябр барои эълони таъсиси Паймон, дақиқан барои расондани ҳамин паём будааст. Дар матни эъломияи таъсиси Паймон омадааст: «Мо, имрӯз, дар 27-умин солгарди қабули Эъломияи истиқлоли Тоҷикистон, ки бо дархости нерӯҳои ислоҳотхоҳ дар тазоҳурот дар Душанбе дар муқобили бинои порлумон сурат гирифта буд, бо идомаи муборизаи касоне, ки барои истиқлоли Тоҷикистон талош кардаанд, тамоми нерӯҳои худро муттаҳид сохта, Паймони Миллии Тоҷикистонро, ки рӯи он барои ҳама боз аст, таъсис намудем

2) Паёми дигари таъсиси ин эътилоф он аст, ки: бо вуҷуди ин ки Раҳмон гумон мекунад дигар ҳамаи мавонеъ аз сари роҳи табдили Тоҷикистон ба як кишвари салтанатӣ бардошта шуда ва Тоҷикистон барои ӯ ва хонаводааш холӣ гардида ва ҳар ғалате, ки дилаш бихоҳад, дар он мекунад, аммо опозисиюн бо иттиҳоди худ ва бо эҳсоси масъулият дар баробари кишвар ва ҷомеа ва наслҳои оянда, мехоҳад ин паёмро ба ҷомеа ва мардуми шарифи Тоҷикистон бирасонад, ки Раҳмон ва дору дастааш иштибоҳ мекунанд! Фарзандони асили кишвар ҳанӯз намурдаанд, ки ба ӯ ин иҷозаро бидиҳанд, ки бар хилофи руҳи қонуни асосии кишвар, Тоҷикистонро ба кишваре подшоҳӣ табдил бидиҳад. Ӯ ин орзуяшро ба гӯр хоҳад бурд!

Дар эъломияи таъсиси Паймон, ин аҳдоф бисёр равшан баён шуда, аз ҷумла:

— «зарурати иттиҳод барои муқобила бо солҳо диктатории беқонунӣ ва беадолатӣ, нокоромадӣ ва каҷрафториҳо, ки Тоҷикистонро ба яке аз чаҳор кишвари фақиртарини дунё табдил додааст«;

— «ғайриқобили қабул ва ғайриконститутсионӣ будани табдил ёфтани Тоҷикистон ба салтанати хонаводагӣ«.

3) Севвумин паёми таъсиси Паймон ин аст, ки: бар хилофи таблиғоте, ки алайҳи опозисиюн роҳ андохта шудааст, аммо ӯ пойбанд ба руҳи қонуни асосии кишвар мебошад ва тамоми саъю талош ва муборизааш барои ин аст, ки ин қонун амалан дар ҷомеа пиёда ва иҷро гардад. Албатта, ба истиснои тағйиру иловаҳое, ки зарфи чанд соли ахир бо хоҳиши Раҳмон ба қонун ворид шуда, ки қатъан ин тағйирот бо руҳи ин қонун дар тазодданд.

Умдатарин мушкиле, ки имрӯз гиребонгири Тоҷикистони азизамон мебошад, ин пойбанд набудани мақомот ба қонуни асосӣ аст. Мушкил он аст, ки қонуни асосии мо танҳо рӯи коғаз мондааст. Бинобар ин аст, ки Паймон, аҳдофи худро дар эъломияи таъсисаш ин гуна баён доштааст:

«Мо, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, ки дар зер имзои худро гузоштаем,

— баҳри татбиқи сохтори демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар Тоҷикистон;

— ба мақсади эҷоди шароити ҳуқуқӣ ва иқтисодии баробар барои ободии ҳар хонавода ҳамчун асоси рушд, субот ва шукуфоии кишвар;

— барои сохтани ҷомеаи ҳамоҳанг ва масъул бо вуҷуди танаввуъ (гуногунӣ)–и шаҳрвандонаш; ҷомеае, ки руҳияи эҳтироми мутақобил, таҳаммул, дастгирӣ ва бародарӣ байни шаҳрвандонаш ҳукмфармост; ҷомеаи, ки маънавият ва арзишҳои волои инсонӣ афродашро гирди ҳам оварда, ва дар як калом, барои эҷоди зербинои хонаи муштараки ҳамаи мо, ки дар он, ваҳдати миллии воқеӣ ҳоким бошад; ваҳдате бархоста аз ҳар як аз мо ва муҳофизаткунанда ҳар якамонро;

— ба манзури эҷод ва ҳифзи шароит барои эҳёи ҳуқуқи ҳар шаҳрванд; ҳаққи озодии баён, андеша, виҷдон, чамъомад ва гирдиҳамоӣ, ҳаққи ҳаёт, меҳнат, рафту омад, ҳаққи дарёфти хизматрасонии босифати тиббӣ, омӯзиш, ҳаққи таъмин шудан ба манзил, ҳаққи интихоб кардан ва интихоб шудан ва дигар ҳуқуқҳои асосии инсон ва шаҳрванд;

— ба хотири эҷод ва ҳифзи шароит барои баргузории интихоботҳои озод ва шаффоф дар ҳамаи сатҳҳо, эҷоди як принсипи бечунучаро барои интиқоли мусолиматомез ва қонунии қудрат дар муддати муайяншуда барои ҳамагон;

— ба манзури анҷоми ислоҳоти решаӣ ва ҳамаҷониба ҷиҳати бинои як кишвари қавӣ ва аз назари иқтисодӣ рушдёфта, ки сиёсати дӯстӣ ва ҳамкориро, чӣ дар робитаҳои дуҷониба ва чӣ дар шаклҳои дигар, барои манофеъи миллӣ пеш мебарад; бо таваҷҷӯҳ ба ин ки ҳамаи мо озод таваллуд шудаем, бо истифода аз ҳаққи фитрии худ дар таъсиси созмонҳо…» Паймонро таъсис кардаем.

4) Чаҳорумин паёми таъсиси ин Паймон иборат аз ин аст, ки: опозисиюни тоҷик бо вуҷуди фаъолияти аз назари замонӣ бисёр кӯтоҳ дар хориҷ аз кишвар ба хусус Урупо, аммо нишон дод, ки қодир аст нерӯҳои парокандаро ба ҳам оварда муборизаи худро ба сурати мунсаҷим ва барномарезишуда идома диҳад.

Таъсиси Паймон кори чандон саҳлу осоне набуд, ба хусус бо таваҷҷӯҳ ба монеъаҳои мутаъаддиде, ки мақомоти амниятии тоҷик зарфи як соли ахир пеши роҳи таъсиси он гузошта буданд; аз рахна дар суфуфи опозисиюн ва эҷоди ихтилофу дудастагӣ дар байни онҳо гирифта то бурдани чанд тан аз фаъолони опозисиюн бо равишу тарфандҳои гуногун ба дохили кишвар ва таҳияи барномаҳои мухталиф бо ширкати эшон ва нишон додани он ба мардум. Аммо хушбахтона, опозисиюн бо сабру ҳавсала ва барномарезии дақиқ, тавонист аз ҳамаи ин мавонеъ ва саддҳо убур кунад.

Албатта, ин бад-он маъно нест, ки мақомоти Тоҷикистон дигар даст хоҳанд бардошт. Ҳаргиз! Ба назари ман, монеъагузориҳо ва сангандозиҳои бузургтар тоза шурӯъ хоҳанд шуд. Яъне, агар то замони таъсис, талоши мақомот равонаи таъсис нашудани эътилоф буд — ки Худоро шукр саъяшон ҳосиле надошт — аммо баъд аз таъсис, тамоми саъю кӯшиши худро ба харҷ хоҳанд дод, то Паймон ба аҳдофаш ноил нашавад.

Мақомот ҳанӯз аз ин ки афродеро дар Урупо барои роҳандозии «опозисиюн дар муқобили опозисиюн» (ва ё ба истилоҳ, «фраксияи алтернативӣ» ба гуфтаи ҷаноби Муҳаммадалӣ Расулов, корманди собиқи КДАМ) басиҷ бикунанд ва аз тариқи онҳо монеъа эҷод намоянд, ноумед нашудаанд. Ҳанӯз ҳукумат афродеро дар хориҷ аз кишвар дорад, ки рӯи онҳо ҳисоби вежае боз кардааст.

Ин ки иддае билофосила баъд аз эълони таъсиси Паймон, якдафъа дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба баҳонаҳои пучу воҳӣ, алайҳи он мавзеъ бигиранд ва сару садо роҳ биандозанд, нишон медиҳад ҳанӯз мошини ихтилофандоз ва тафриқаафкани ҳукумат дар кор аст.

Албатта, опозисиюн ҳавоссаш ҷамъ аст ва медонад аз ин мавонеъ чӣ гуна убур намояд, ҳамон тавр ки то ин замон аз монеъаҳо солим убур кардааст.

Ба назари инҷониб, яке аз муносибтарин роҳи убур аз ин гуна монеъаҳо, таваҷҷӯҳ накардан ба онҳост, ҳамон тавр ки то ин лаҳза опозисиюн бо пеша кардани ҳамин равиш ва сабр дар баробари иттиҳомот, тавонистааст аз бисёре аз монеъаҳои инчунинӣ убур кунад. Зеро, ҳар миқдор, ки ба ин қабил ёвасароиҳо таваҷҷӯҳ кунад ва худро ба онҳо андармон созад, ба ҳамон миқдор аз аҳдофи асосиаш дуртар шудааст. Одами оқил вақте бо монеъаҳое дар сари роҳаш рӯ ба рӯ мешавад, аз болои онҳо мепарад ва ба роҳаш идома медиҳад, на ин ки пиёда шавад ва бо даргир сохтани худ бо онҳо, вақти пурқиматашро зойеъ намояд. Албатта, ин кор ба сабру ҳавсала ва таҳаммул ниёз дорад.

Иншоаллоҳ сари фурсат боз дар бораи Паймони Миллии Тоҷикистон хоҳам навишт.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: