Инсони комил (37)

Суханрониҳои шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ

Нақду баррасии назарияи мактаби экзистенсиализм (3)

Посух ба чанд ишколи дигар

Аммо дар бораи масъалаи арзишҳо (ки гуфтаанд, имон ба Худо сабаби фаромӯш шудани арзишҳои инсонӣ мешавад) мегӯем: ғарқ шудан дар як бегона сабаб мешавад, ки инсон арзишҳои зотии худро фаромӯш кунад, аммо ғарқ шудан дар он чи ки айни “худ”-и ӯ ва камоли худи ӯст, мӯҷиби эҳёи бештари арзишҳо дар инсон мешавад, ва ба ҳамин далел касоне, ки дар мақомоти убудийят боло мераванд, ҳамаи арзишҳои инсонӣ дар онҳо қавитар мешавад: ақл дар онҳо қавитар мешавад, ишқ дар онҳо қавитар мешавад, қудрат дар онҳо қавитар мешавад, “мо” будан бо инсонҳо дар онҳо қавитар мешавад, тамоми арзишҳои инсонӣ дар онҳо қавитар мешавад, чун ҳамаи инҳо мазоҳири зоти Ҳақ ва сифоти камолияи Ҳақ ҳастанд. Иззат, каромат ва монанди инҳо, сифоти Ҳаққанд ва вақте, ки инсон ба Худо наздик шуд, ин сифот, ки арзишҳои инсонӣ аст, дар ӯ бештар мешавад.

Аммо дар бораи ин ки (гуфтаанд, таъаллуқ ба Худованд, мӯҷиби таваққуф ва рукуди инсон аст, бояд гуфт:) онҳо хаёл кардаанд, ки Худо мисли як дарахт аст ва агар касе ба Худо вобаста шуд яъне ба як мавҷуди маҳдуд баста шуда ва наметавонад аз Худо убур кунад. Худо яъне ҳақиқати номутаноҳӣ. Як вақт инсонро дар як фазои маҳдуд — масалан дар фазои сад фарсанг дар сад фарсанг — ҳабс мекунанд, ин барои инсон маҳдудият аст, чун инсон мегӯяд ман ин фазоро, ки тай кардам, охираш маҳдудият аст. Вале агар инсонро дар фазои лоятаноҳӣ қарор диҳанд, ӯро маҳдуд накардаанд. Фазои лоятаноҳӣ таваққуф надорад, яъне эй инсон! Ту агар лоятаноҳӣ ҳам биравӣ, боз ба сӯи камол меравӣ. Худо як мавҷуди номаҳдуд аст, ки агар он комилтарини башарҳо (яъне Хотамуланбиё (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)) то абад низ пеш биравад, сайри ӯ ба поён намерасад. Худо як мавҷуди поёнпазир нест ва ин танҳо майдони бепоёни башар аст.

Роҷеъ ба масъалаи салавот, баҳсе дар миёни уламост, ки мо, ки салавот бар пайғамбар мефиристем, маънояш чист ва чӣ асаре дорад, ки дар салавот, аз Худо барои пайғамбар талаби раҳмату хайр мекунем? Як идда мегӯянд: пайғамбар инсони комил аст, пас ин ки барои пайғамбар талаби раҳмат мекунем яъне чӣ? Дар ҷавоб гуфта мешавад: пайғамбар ҳам, лаҳза ба лаҳза дар ҳоли рафтан ва ҳаракат аст ва то абад ҳам, ки биравад, ин роҳ ба поён намерасад. Пас боз таъаллуқ ба зоти парвардигор ҳаргиз маншаи ин намешавад, ки “сайрурат”-и инсон табдил ба “кайнунат” шавад.

* * *

Камоли ҳадафӣ ва камоли василаӣ

Як матлаби дигар ин аст, ки ин оқоёни экзистентсиалист байни ҳадаф ва васила иштибоҳ кардаанд. Озодӣ барои инсон камол аст, вале озодӣ камоли василаӣ аст, на камоли ҳадафӣ. Ҳадафи инсон ин нест, ки озод бошад, вале инсон бояд озод бошад, то ба камолоти худаш бирасад; чун озодӣ яъне ихтиёр, ва инсон дар миёни мавҷудот танҳо мавҷудест, ки худ бояд роҳи худро интихоб кунад ва ҳатто ба таъбири дақиқтар, худаш бояд худашро интихоб кунад.

Пас, инсон озоду мухтор аст, вале оё чун озоду мухтор аст, ба камоли худаш расидааст, ё ин ки мухтор аст, ки камоли худашро интихоб кунад? Бо озодӣ мумкин аст инсон ба олитарин мақомот бирасад ва мумкин аст ба асфалуссофилин суқут кунад.

Мавҷуди мухтор яъне мавҷуде, ки афсорашро ба дасти худаш додаанд, яъне гуфтаанд: эй инсон! Ту фаразанди болиғи ин олам ва ин табиат ҳастӣ; ҳамаи фаразандони дигар ноболиғанд ва бояд сарпарастӣ шаванд, ҷуз ту, ки болиғу мухтору озод ҳастӣ:

إِنَّا هَدَيْنَاهُ السَّبِيلَ إِمَّا شَاكِرًا وَإِمَّا كَفُورًا

(Сураи Инсон, ояти 3) Мо туро роҳнамоӣ мекунем ва ин худат ҳастӣ, ки бояд интихоб кунӣ.

Озодӣ, худаш камоли башарият нест, василаи камоли башарият аст; яъне инсон агар озод набуд, наметавонист камолоти башариятро таҳсил кунад. Як мавҷуди маҷбур наметавонад ба он ҷо бирасад. Пас, озодӣ камоли василаӣ аст, на камоли ҳадафӣ.

Исён ҳам ҳамин тавр аст. Инҳо аз ин ҷо ба ин нукта расидаанд, ки чун инсон озод аст, метавонад мутамаррид ва исёнгар бошад, яъне метавонад дар муқобили ҳар ҷабре биистад ва онро инкору нафй кунад. Баъд хаёл кардаанд, ки худи исён ва сарпечӣ барои инсон камол аст ва як инсони озод инсонест, ки дар муқобили ҳеч чизе таслим набошад ва дар муқобили ҳама чиз исён биварзад, чун барои исён арзиши зотӣ қоил шудаанд.

Лозимаи ин мактаб ва ин фалсафа ҳарҷу марҷ аст. Фалсафае, ки дар он исён дорои арзиши зотӣ бошад, мусталзими ҳарҷу марҷ аст. Сартр хеле кӯшиш мекунад, ки ин тӯҳматро аз худаш ва мактабаш дур кунад, вале наметавонад. Мактабе, ки барои исён (маъсият) арзиши зотӣ қоил аст, намешавад дар он ҳарҷу марҷ набошад. Дар мактаби ислом “имкони исён” аст, ки барои инсон арзиш аст; яъне инсон метавонад исён кунад ва метавонад итоат кунад, метавонад боло биравад ва метавонад поин биёяд. Оё кабӯтар, ки исён намекунад, аз инсон болотар аст? Хайр! Ӯ исён намекунад, чун наметавонад исён кунад. Тавоноии итоату исён муодили якдигаранд ва ин тавоноӣ барои инсон камол аст. Мавҷудоти дигар чунин тавоноиро надоранд ва аз ин рӯ мукаллафу озоду мухтор нестанд.

Бале, баъд аз исён, бозгашт — ки номи он “тавба” аст — барои инсон камол аст. Бо бозгашт аз исён аст, ки як исм аз асмои Ҳақ Таъоло (яъне исми Ғафур ва Омурзанда) таҳаққуқ пайдо мекунад. Агар исёне ва тавбае набуд, ғуфроне набуд. На ин ки агар исён набуд, Худо Ғафур набуд. Исён, суқут ва тавба бозгашт аст. Бо ин суқуту бозгашт аст, ки ғуфрони Ҳақ таҳаққуқ пайдо мекунад.

Дар ривоят ворид шудааст, ки Худованди Мутаол фармуд: агар инсонҳое, ки ман халқ кардаам, дар рӯи замин исён намекарданд, бори дигар мавҷудоте халқ мекардам, то исён (маъсият) кунанд ва сипас тавба кунанд, то онҳоро биёмурзам. Пас, исён, худаш як арзиши зотӣ нест.

Озодӣ яъне набудани монеъ, набудани ҷабр, набудани ҳеч қайде дар сари роҳ, пас озодам ва метавонам роҳи камоли худамро тай кунам, на ин ки чун озод ҳастам, ба камоли худ расидаам. Озодӣ муқаддимаи камол аст, на худи камол. Як мавҷуд, ки бояд роҳеро тай кунад ва ӯро озоду мухтор офаридаанд ва тамоми мавонеъро аз сари роҳи ӯ бардоштаанд, ба марҳилаи озодӣ расидааст, вале ба марҳилаи озодӣ расидан, ба муқаддимаи камол расидан аст, яъне озод аст, ки роҳи камоли худро тай кунад.

Пас, иштибоҳи аввали ин мактаб ин аст, ки хаёл мекунад ихтиёру озодии инсон, бо вуҷуди Худо мунофӣ аст.

Иштибоҳи дуввум ин аст, ки хаёл мекунад имон ва таъаллуқ ба Худо, монанди вобастагӣ ба ашёи бегона аст ва мӯҷиби рукуду инҷимоду нохудогоҳӣ ва суқути арзишҳост.

Иштибоҳи севвум ин аст, ки озодиро камоли ниҳоии инсон донистааст, дар сурате, ки озодӣ камоли муқаддимаии инсон аст.

Оё озодӣ камол аст? Бидуни шак, чун агар озодӣ набошад, инсон наметавонад ба ҳеч камоле бирасад. Худо инсонро тавре халқ кардааст, ки ба камоли худаш аз роҳи озодӣ ва интихоб ва ихтиёр бирасад. Роҳи камол ғайр аз ин ки қадами инсон бо ихтиёр ва озодӣ бошад, мумкин нест ҷури дигаре тай шавад. Ҳамин қадр, ки иҷбор омад, дигар ин роҳ нарафтанӣ аст.

* * *

Озодӣ дар таъбироти исломӣ

Чанд калимае роҷеъ ба таъбироте, ки дар ислом роҷеъ ба озодӣ омадааст, арз мекунам. Ислом дар бораи озодӣ ба унвони як арзиш аз арзишҳои башар эътироф кардааст, аммо на арзиши мунҳасир ба фард ва на озодӣ бо он таъбирҳо ва тафсирҳои сохтагӣ, балки озодӣ ба маънии воқеӣ. Алӣ (а) васиятномае ба Имом Ҳасан (а) дар “Наҳҷул-балоға” доранд, ки баъд аз номае, ки эшон ба Молики Аштар навиштаанд, ки бисёр муфассал аст, муфассалтарин номаи Имом аст. Дар ибтидои ин андарзнома ҳам қайд кардаанд: барои ту ва ҳар кас, ки аз он истифода кунад.

Яке аз ҷумлаҳои он нома ин аст:

واكرم نفسك عن كلّ دنيّة وان ساقتك الى الرغائب، فانك لن تعتاض بما تبذل من نفسك عوضا

«Писарам! Ҷону равони худатро гиромӣ бидор ва аз ҳар кори данӣ ва паст ва аз ҳар даноату пастӣ мӯҳтарам бидор!..»

Намегӯяд масалан ҷони худатро гирифтор накун, мегӯяд: «Акрим»… Яъне эҳтироми зоти худатро ҳифз кун аз ин ки тан ба даноату пастӣ бидиҳӣ.

فانك لن تعتاض بما تبذل من نفسك عوضا

Ҳамон тавр, ки Қуръон мефармояд, бузургтарини бохтанҳо бохтани худ аст, ин ҷо низ Амирулмӯъминин ҳамон маъноро ба таъбири дигаре мегӯяд:

Писарам! Ҳар чиро, ки аз даст бидиҳӣ ва бифурӯшӣ, метавон барои он қимат гузошт ва дар ниҳояти амр фурӯхт, мунтаҳо қиматҳо фарқ мекунад: масалан, як алмос ва брилён монанди «Кӯҳи нур» ва «Дарёи нур», ҳамаи инҳо билохира арзише доранд; ҳар қадр ҳам, ки арзиши онҳо боло бошад, ниҳоятан ба қимати онҳо метавон расид. Ҳар чи дошта бошӣ қобили ин аст, ки бифурӯшӣ ва дар муқобили он баҳояшро дарёфт кунӣ, вале як чиз дорӣ, ки агар онро бифурӯшӣ, баҳое дар ҳамаи ҷаҳон барои он пайдо намешавад ва он худат ҳастӣ, яъне ҳамон нафсу ҷону руҳат; агар руҳатро бифурӯшӣ ва тамоми дунё ва мофиҳоро ба ту бидиҳанд, баробарӣ намекунад:

فانك لن تعتاض بما تبذل من نفسك عوضا

Фаразанди бузургвораш Имом Содиқ (а) мефармояд:

اثامن بالنفس النفیسة ربّها

وليس لها في الخلق كلّهم ثمن

Фақат як чиз аст, ки мешавад бо ҷону нафсу “худ”-и ман баробарӣ кунад, ва он Худост. Ҷонро метавон ба Худо фурӯхт ва Худоро гирифт, вале дар ҳамаи махлуқоти олам, мулку малакут ва дунёву охират, баҳое барои нафс пайдо намешавад.

Алӣ (а) дар ҳамон нома мефармояд:

ولا تكن عبد غيرك وقد جعلك الله حرّا

«Писарам! Ҳаргиз бандаи дигаре мабош, зеро Худо туро озод офаридааст

Як таъбири дигар аз “Наҳҷул-балоға” барои шумо нақл кунам ва ба ароизам хотима диҳам. Алӣ (а) ибодатҳоро арзишёбӣ мекунад ва ин таъбир дар аҳодиси зиёде омадааст, мефармояд:

Мардуме, ки Худоро ибодат мекунанд се даста ҳастанд: баъзе Худоро аз тарс ибодат мекунанд; чун шунидаанд ҷаҳаннаму азобе ҳаст, Худоро ибодат мекунанд, ки Худо онҳоро муаззаб накунад:

فتلك عبادة العبيد

«Ин ибодат, ибодати бардасифатон аст.» Яъне ҳолати инҳо ҳолати бардаҳое аст, ки аз тарси арбобашон кор мекунанд. Ин арзише надорад.

Баъзе дигар Худоро ба тамаъи биҳишт ибодат мекунанд, чун шунидаанд, ки ҳар кас амри Худоро итоат кунад, Худо биҳиште дорад, ки:

جَنَّاتٍ تَجْرِي مِن تَحْتِهَا الأَنْهَارُ

(Сураи Бақара, ояти 25) ва дар он ҳуралайн

كَأَمْثَالِ اللُّؤْلُؤِ الْمَكْنُونِ

(Сураи Воқеъа, ояти 23)

وَلَحْمِ طَيْرٍ مِّمَّا يَشْتَهُونَ

(Сураи Воқеъа, ояти 21) вуҷуд дорад; вақте ба ёди гӯшти мурғу ба ёди луълуъу зумурраду ҳурулайни он ҷо меафтад, шурӯъ ба ибодат мекунад, барои ин ки аз онҳо чизе насибаш шавад,

فتلك عبادة التجّار

«Ин, ибодати тоҷирпешагон аст.» Як бозаргон ҳамеша аз сармояаш харҷ мекунад барои ин ки суди бештаре бибарад. Ин ҷо ҳам ин шахс ибодат ва кор мекунад барои ин ки музде бигирад.

Вале гурӯҳе дигар Худоро шукран ва сипосгузорона ибодат мекунанд; дар ибодат на чашм ба биҳишт доранд ва на тарс аз ҷаҳаннам, фақат ва фақат Худоро мебинанд. Яке аз арзишҳои инсонии инсон аз он ҷиҳат, ки инсон аст сипосгузорӣ аст. Виҷдон ҳукм мекунад, ки ин Худоро бояд сипос гуфт. Агар биҳиште вуҷуд надошта бошад ва ҷаҳаннаме ҳам дар кор набошад, ман ӯро ибодат мекунам, чун бояд ӯро сипос бигӯям.

Магар пайғамбар он қадр ибодат намекард, ки пойи муборакаш варам карда буд? Оиша гуфт: эй Расули Худо! Шумо, ки:

لِيَغْفِرَ لَكَ اللَّهُ مَا تَقَدَّمَ مِن ذَنبِكَ وَمَا تَأَخَّرَ

(Сураи Фатҳ, ояти 2) ҳастӣ, чаро ин қадр ибодат мекунӣ? Фармуд: магар ҳар касе, ки Худоро ибодат мекунад, барои фирор аз ҷаҳаннам ва ё барои биҳишт аст?

ألا أكون عبدا شكورا

Оё ман набояд як бандаи сипосгузор бошам?

Пас, ибодати тоифаи аввал, ибодати бардагон буд ва дуввумӣ ибодати бозаргонон. Севвумӣ ибодати озодагон аст:

فتلك عبادة الأحرار

(Наҳҷул-балоға, ҳикмати 237) Инсони ҳурру озода дар мантиқи Алӣ (а) ҳатто ба биҳишту ҷаҳаннам бастагӣ надорад, аз биҳишту ҷаҳаннам ҳам озод аст, фақат ба Худои худаш бастагӣ дораду бас.

Гӯ ин ки қасд доштам як ҷаласаро ба ҷамъоварии он чи, ки то ба ҳол гуфтем ихтисос диҳам ва ҳамаи матолибро ҷамъ кунам ва инсони намунаи исломро якҷо нишон диҳам, вале дар зимни ҳамаи ин мактабҳо, ки шарҳ додам, назари исломро баён кардам.

Маълум шуд, ки ислом аввалан такарзишӣ нест, чашме дорад, ки ҳама ҷоро мебинад; он ҷоро, ки фалосифа дидаанд, ислом беш аз фалосифа дидааст, он ҷоро, ки урафо дидаанд, ислом беҳтар дидааст, он ҷоро, ки мактаби муҳаббат мебинад, ислом бештар дида, он ҷоро, ки мактаби қудрат дидааст, ислом беҳтар дида ва он ҷоро, ки мактаби иҷтимоӣ дида ислом беҳтар дида ва он ҷоро, ки мактаби озодӣ дида ислом беҳтар дидааст ва дар айни ҳол нуқоти заъфи ҳеч як аз инҳоро надорад.

Мантиқи бисёр мушаххас ва равшан ба мо нишон медиҳад, ки ислом мактаби илоҳӣ аст. Инҳост, ки ба мо собит мекунад ислом аз тарафи Худост.

Магар на ин аст, ки ин мактабҳое, ки гуфтем, ҳамаро навобиғи дараҷаи аввали дунё ироа кардаанд? Вале мебинем ҳамагӣ дар муқобили мактаби ислом ранг мебозанд. Пайғамбар ҳар чи нобиға буд — тоза нобиғае, ки “ба мактаб нарафт ва хатт нанавишт” — маҳол ва мумтанеъ буд, ки як мағз, худаш битавонад ин гуна ҳарф бизанад. Маълум аст, ки аз мофавқи қудрати инсонҳо илҳом гирифтааст ва суханаш воқеан аз ноҳияи Худост. Ин мактаб бар тамоми мактабҳои дигар мечарбад. Бо муқоисаи ислом бо мактабҳои дигар аст, ки арзиши ин мактаб ончунон, ки бояд ва шояд равшан мешавад.

ولا حول ولا قوة الا بالله العليّ العظيم

Поёни китоб

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ислом, Ислоҳи динӣ, инсони комил

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: