Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (312)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (55)

* * *

Фарқи миёни он ки дарвеш аст ба Худо ва ташнаи Худо ва миёни он ки дарвеш аст аз Худо ва ташнаи ғайр аст (1)

* * *

Дар ин фасл баҳсе аст дар ин бора, ки дарвешон бар ду гунаанд: яке, дарвешони ба Худо, ва дигар, дарвешони аз Худо. Дарвешони ба Худо касоне ҳастанд, ки ҳақиқатан мӯҳтоҷу муштоқи Ҳаққанд. Вале дарвешони аз Худо касоне ҳастанд, ки аз ҷониби Ҳақ Таъоло ҳеч тоату қурбу муҳаббате наёфта ва ҳамёни ботин ва чантаи дилашон аз ҳар маърифату ҳақиқате тиҳӣ аст, вале толибу шефтаи ному нон ҳастанд. Дар воқеъ, «хирқаи аброр пӯшанду луқмаи идрор фурӯшанд.» (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.810)

Нақши дарвеш аст ӯ, на аҳли нон,

Нақши сагро ту маяндоз устухон.

Он ки аз Худо дарвеш асту шефтаи нони халқ, ӯ аҳли нони холиқ нест, балки ба зоҳир дарвеш аст. Ту ҷилави нақшу тасвири саг устухон парт макун, зеро нақши саг лоиқи устухон нест.

Фақри луқма дорад ӯ, на фақри Ҳақ,

Пеши нақши мурдае кам неҳ табақ.

Он ки аз Худо ва ҳақоиқу маорифи ӯ дарвешу тиҳиҳимён аст, дар воқеъ фақири луқмаи дунёст, на фақири Ҳақ. Пеши нақши мурда ва беҷон раво нест, ки табақу хони ғизо бигузорӣ.

Моҳии хокӣ бувад дарвеши нон,

Шакл моҳӣ, лек аз дарё рамон.

Дарвеше, ки дунболи нон аст, монанди моҳии хокӣ аст, ки дар регзорҳо мезияд. Ин ҳайвон шакли моҳӣ дорад, аммо моҳӣ нест ва аз дарё мерамад ва аз он нафрат дорад.

Мурғи хона-ст ӯ, на симурғи ҳаво,

Лут нӯшад ӯ, нанӯшад аз Худо.

Ин дарвеши фориғ аз маъно, монанди мурғи хонагӣ аст, на монанди симурғ. Яъне баста ба саройи дунёст, на ҳамчун симурғ нишаста бар ситеғи қофи қурбати илоҳӣ. Ин навъ дарвеш, луқмаи дунявӣ мехӯрад ва аз ғизои атоёи илоҳӣ маҳрум аст.

Лут: таом, хуриш, хӯрданӣ.

Ошиқи Ҳаққ аст ӯ баҳри навол,

Нест ҷонаш ошиқи ҳусну ҷамол.

Чунин дарвеши орӣ аз асолат, танҳо ба хотири даст ёфтан ба матомеи дунявӣ ва атоёи зоҳирӣ ошиқи Ҳақ аст, вагарна ӯ бар ҷамоли илоҳӣ ишқ намеварзад.

Навол: ато ва бахшиш.

Нукта: Дар тариқати Мавлоно гадоӣ мамнӯъ аст, роҳрав бояд аз роҳи касбу кор мояҳтоҷи худро фароҳам созад: «Рӯзе ҳазрати Мавлоно ба ёрони азиз фармуд, ки Аллоҳ Аллоҳ, ки ҷамиъи авлиё дари таваққӯъи суол (гадоӣ)-ро ҷиҳати зулли нафс ва қаҳри мурид гушода карда буданд… Мо дари суолро бар ёрони худ дарбастаем… Ҳар ки аз ёрони мо ин тариқаро наварзад, ба пуле наярзад, ҳамчунон рӯзи қиёмат рӯи мо нахоҳад дидан.» (Маноқибул-орифин, ҷ.1, с.245)

Гар таваҳҳум мекунад ӯ ишқи зот,

Зот набвад ваҳми асмову сифот.

Агар он дарвеши зоҳирӣ ва толиби нон гумон кунад, ки ошиқи зоти ҳазрати Субҳон аст, бояд ба ӯ гуфт: ӯ танҳо таваҳҳумоте дар бораи асмо ва сифоти Худо дорад ва воҷиди ҳақиқате аз он нест.

Ваҳм зоидай зи авсофу ҳадаст.

Ҳақ назойидаст, ӯ «лам юлад» аст.

Ваҳми одамӣ махлуқ ва зодаи авсофу ҳудуд аст, дар ҳоле, ки Ҳақ Таъоло аз ҳеч чиз падид наёмадааст.

Нукта: Акбарободӣ гӯяд: «Яъне сурати ваҳмӣ, ки ваҳм идроки он намояд ва онро зоти Ҳақ хаёл кунад, ношӣ аз авсофу ҳудуд аст ва муайяну маҳдуд бувад. Ваҳм, ҷуз идроки маъонии ҷузъия наметавонад кард ва мудраки ақл агарчи куллӣ аст, лекин ба нисбати мутлақ ҳам мутаъайин аст, чӣ куллият низ таъайюн аст мисли ҷузъийят. Пас Ҳақ, ки ҳастии мутлақ аст, аз ҳеч чиз ношӣ ва пайдо нест.» (Шарҳи Маснавии Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.201) Мисроъи дуввум ишора дорад ба сураи Ихлос ояти 3.

Ошиқи тасвиру ваҳми хештан,

Кай бувад аз ошиқони Зулминан?

Он кас, ки ошиқи тасвиру ваҳми хеш аст, кай метавонад ошиқи Худованди соҳиби неъмат бошад?

Зулминан: дорандаи неъматҳо ва эҳсонҳо.

Ошиқи он ваҳм агар содиқ бувад,

Он маҷозаш то ҳақиқат мекашад.

Он кас, ки дар ваҳму тасаввуре, ки аз ишқ ба Худо дорад, агар сидқу сафое дошта бошад, ҳамин дарки маҷозӣ ӯро ба кӯйи ҳақиқат мерасонад.

Нукта: Ишқи маҷозӣ низ бино бар асли «Алмаҷозу қантаратул-ҳақиқа» (Ишқи маҷозӣ пулест ба сӯи ишқи ҳақиқӣ), метавонад одамиро мутаваҷҷеҳи ишқи ҳақиқӣ кунад; чунон ки Мавлоно фармояд:

Ошиқӣ гар з-ин сару гар з-он сар аст,

Оқибат моро бад-он сӯ раҳбар аст.

Шарҳ мехоҳад баёни ин сухан,

Лек метарсам зи афҳоми куҳан.

Баёни сухани ман ниёзманд ба шарҳ аст, вале метарсам, ки фаҳмҳои кӯҳнаву фарсудаву нотавон розу асрори сухани маро дарк накунанд ва бар авҳоми бемаънӣ ва хаёлоти беасос раҳ пӯянд.

Афҳоми куҳан: фаҳмҳои кӯҳна ва пӯсида, ки қобилияти дарки нуктаҳои амиқу зарифро надоранд.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: