Вақте як нафар дар баробари иродаи кулли миллат меистад…

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Тоҷикистону Ӯзбекистон на танҳо дар одоту ойину фарҳанги мардумӣ мушобеҳи ҳам ҳастанд, балки ба лиҳози сиёсӣ дар ду даҳаи ахир низ шабоҳатҳои зиёде миёни ин ду кишвари ҳамсоя вуҷуд дорад. Дар поёни ин ёддошт, ба ин матлаб бармегардам. Феълан баҳсам чизе дигар аст.

Ва он ин ки: пеш аз оғози нишасти солонаи САҲА дар Варшави Лаҳистон дар ин сол (ки ҳамин имрӯзҳо доир аст ва ҳанӯз идома дорад), аз дӯстонам дар опозисиюн, ки дар ин нишаст ҳузур доранд, хоста будам вақте бо намояндагони ҳукумат дидору гуфтугӯе анҷом медиҳанд, ба хусус гуфтугӯҳои худамонӣ ва хусусӣ, саъй кунанд назари онҳоро дар бораи даъвои опозисиюн ва ҳукумат ҷӯё шаванд ва бибинанд, дидгоҳ ва мавзеъи воқеии онҳо чист. Яъне, бибинанд, ҳарфи дилашон кадом аст, на он чи дар малаъи омм ва нишастҳои расмӣ ва барои расонаҳо изҳор медоранд, ки ниёзе ба донистани он нест.

Он чи то ин соат дар ин замина дастгирам шуд, бисёр хушҳолкунанда аст. Албатта, “ҳарфи дил”-и ин азизонро як коршинос ва таҳлилгари коркушта низ – агар аз шоммаи фаҳми ҳақоиқ бархӯрдор бошад – метавонад ҳатто аз изҳороти расмии онҳо дар расонаҳо, ки дар яке ду рӯзи гузашта анҷом доданд, бифаҳмад.

Хулосаи бардошти дӯстонамон, ки бо ин намояндаҳо дидору гуфтугӯ доштанд ин аст, ки ҳамаи онҳо хостори ҳаллу фасли масъала аз роҳи нишастан сари мизи музокира ва гуфтугӯи бидуни ҳеч қайду шарт будаанд. Ва ҳатто баъзе аз онҳо бо сиёсатҳои ҷорӣ дар кишвар дар иртибот бо опозисиюн — ба хусус ҲНИТ — ва “ҷанге”, ки ҳукумат дар се чаҳор соли ахир алайҳи ин ҳизб ба роҳ андохтааст, мувофиқ набудаанд ва мехоҳанд ҳар чи зудтар ин ғоила поён ёбад ва ҲНИТ ва соири мухолифон ба кишвар бозгарданд ва фаъолияти онҳо аз нав расмӣ гардида ва ҳама чиз ба ҳамон шакли пешини худ баргардад, ки ҳам ба суди ҷомеа аст ва ҳам ба суди ҳукумат.

Ин нукта низ шояд бароятон шигифтангез намоён шавад ва боваратон нашавад, вале як ҳақиқат аст, ки ҳатто Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) ва раисаш, аз ду сол ба ин сӯ ва то чанде пеш, ба шиддат ба дунболи анҷоми як музокира ва гуфтугӯи созанда байни ҳукумат ва опозисиюн (ба хусус ҲНИТ) буд; моҷарое, ки Муҳаммадалӣ Расулов (корманди собиқи КДАМ) дар ифшокориҳои ахираш парда аз рӯи он бардошт. Асосан, яке аз сабабҳои ҷудо шудани ин корманди собиқи КДАМ аз ин ниҳод ва ифшокориҳояш ин аст, ки мегӯяд, барномаи гуфтугӯ ва музокира, ки ӯ аз тарафи КДАМ пайгирӣ мекард, якдафъа ба ҳам хӯрд ва ҳама чиз иваз шуд ва “марказ” ба ҷойи тарҳи музокира ва гуфтугӯ бо опозисиюн, ба тарҳ ва барномаи ҳазфи физикӣ ва ҷасадии онҳо рӯй овард.

* * *

Ҳол, пурсише, ки ин ҷо худнамоӣ мекунад ва ниёз ба посух дорад ин аст, ки агар бештари мақомоти кунунӣ ва ҳатто мақомоти КДАМ – то чӣ расад ба оҳоди мардум — хостори поён ёфтани ин ғоила ва анҷоми як гуфтугӯи созанда бо опозисиюн будаанд ва мехоҳанд ҳама чиз ба ҳолати қаблӣ баргардад, пас чӣ касе монеъи ин раванд аст? Чӣ касе дар Тоҷикистон намехоҳад ҳамаи фарзандони миллат зери як сақф бо оромишу амният ва сари баланд зиндагӣ кунанд? Чӣ касе то ба ҳол дӯст дорад миллат дупора боқӣ бимонад ва як қишри азим аз ӯ ба унвони “душман” нигоҳ дошта шаванд?

Ёфтани посухи ин пурсиш ҳам, ба назарам, чандон сахту душвор нест. Шумо метавонед посухи ин пурсишро аз забони ҳоли мақомот ва ба хусус ҳамин намояндагоне, ки дар нишасти САҲА ҳузур доранд, пайдо кунед. Ин азизон вақте бо як расона мусоҳиба ва ё дар нишасте сӯҳбат мекунанд, вақте барояшон пурсише дар ин замина матраҳ шавад, ҳарчанд забони колашон чизе дигар аст, аммо забони ҳолашон ин аст, ки: дар Тоҷикистон танҳо як нафар аст, ки ба ҷойи ҳама тасмим мегирад, як нафар аст, ки ҳама чиз дар дастони ӯст, як нафар аст, ки мегӯяд, чӣ бояд бикунем ва чӣ накунем. Ва ӯ касе нест ҷуз Эмомалӣ Раҳмон!

Забони ҳолашон ҳамин аст. Аҷиб он, ки ҳама аз ӯ ба шиддат метарсанд, ҳатто азизонеро мешиносам, ки бо ин ки ҳазорон километр дуртар аз миҳан зиндагӣ ва ба унвони паноҳандаи сиёсӣ дар Урупо ба сар мебаранд, аммо аз бурдани ҳатто номи Раҳмон меҳаросанд, то чӣ расад ба интиқод аз вай.

Шояд бипурсед, магар Раҳмон бемор аст, ки намехоҳад ҳамаи фарзандони ин миллат бо оромишу амният зиндагӣ кунанд ва қишре аз миллатро ба унвони “душман” боқӣ нигоҳ бидорад?!

Посух ин, ки бале, ӯ бемор аст, аммо на бемории ҷисмӣ – ӯ ба лиҳози ҷисмӣ аз як ҷавони 20-сола ҳам шояд солимтар бошад — балки як навъ бемории равонӣ, ки ҳамаи диктотурҳо ва худкомаҳо ба тадриҷ ба он гирифтор мешаванд. Агар инсон аз дарун худсохта набошад, ҳар ки ҳаст ӯ, вақте қудрату салтанат дар ихтиёраш қарор бигирад, қудрат дар ӯ ба тадриҷ хӯю хислати “кибриёӣ” эҷод мекунад. Яъне ӯ мехоҳад ҳама дар баробараш таслим ва курниш кунанд, ҳама лаббайкгӯи ӯ бошанд, аҳаде ҷуръати интиқод аз ӯро надошта бошад, бигузор аз атрофиёнаш ва ё соири мақомот интиқод шавад, аммо аз вай на, ӯ як навъ ҳисор ва ба истилоҳ, “хатти қирмизе” пиромуни худ эҷод мекунад, ки убур аз он хатт, ҷиноят шумурда мешавад. Ин аст хислати “кибриёӣ”, ки мутаассифона дар диктотурҳо ва худкомаҳо ба тадриҷ эҷод мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон аз як даҳа ба ин сӯ, ҳамаи рақибони эҳтимолии худро аз сари роҳаш бардошт ва тавонист ҳамаро таслиму хозеъи худ бисозад. Ва ин ҳама балое ҳам, ки дар се чаҳор соли ахир бар сари наҳзатиҳо овард ва раҳбаронашро зиндонӣ кард, ба ин далел буд, ки дар ҷомеа, танҳо афроде, ки ҳар аз гоҳе аз ӯ интиқод мекарданд ва ҳанӯз дар баробари ӯ ва хостаҳояш таслим набуданд, ҳаминҳо буданд. Дигар ҳеч далеле надорад. Ӯ мехоҳад ҳама бидуни истисно дар баробари вай таслим бошанд.

Бовар кунед, агар опозисиюн ва ба хусус наҳзат, ҳамин ҳоло дар баробари Раҳмон таслим шаванд ва мисли бақия хозеъу хошеъи ӯ гарданд, бо як ишора ҳамаи зиндониёни наҳзатӣ ва сиёсиро мавриди афву бахшиши худ қарор медиҳад. Хӯйи “кибриёӣ” ҳамин аст.

Магар на ин аст, ки ахиран эълон шуд агар зиндониёни сиёсӣ “тавба” кунанд ва аз “Пешво” дархости “афву бахшиш” намоянд, озод хоҳанд шуд?

Ҳамин худаш нишон медиҳад, ин ҳама иттиҳомот мабнӣ бар “терурист” ва “экстримист” будани онҳо кашк буда, сабаби дар зиндон буданашон ин будааст, ки сарашон ҳанӯз дар баробари ҷаноби “Пешво” хам нест, аз ин рӯ ҳар чи зудтар пеши пойи ӯ биафтанд ва аз вай хозеъона илтиҷо намоянд, ки бибахшадашон, то дигар “терурист” хонда нашаванд. Вагарна, то абад дар сиёҳчолҳо хоҳанд пӯсид.

Ва хушбахтона, бештари мақомот инро медонанд. Онҳо медонанд, ки “терурист” хондани ҲНИТ ва аъзо ва фаъолонаш, як тӯҳмат аст ва ба ҳамин хотир, мехоҳанд ин ғоила ҳар чи зуд поён ёбад. Ва ҳам медонанд, ки танҳо монеъ дар сари роҳ, Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мехоҳад, наҳзатиҳо ё дар баробараш ҳар чи зуд таслим шаванд ва хозеъу хошеъи ӯ гарданд ва ё дар ғайри ин сурат, комилан ҳазф шаванд.

Яъне, ҳама дар як тараф ва аммо ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон дар як тарафи дигар. Ҳама мехоҳанд опозисиюн бо сари баланд ба кишвар баргардад ва фаъолияташ мисли соири опозисиюнҳои олам, дар дохили кишвар дар чорчӯби қонун бошад ва зиндонҳо аз вуҷуди зиндониҳои сиёсӣ холӣ бишавад, аммо ҷаноби Раҳмон мухолифи ин раванд аст.

* * *

Ин ки дар оғози ин ёддошт, аз шабоҳати Тоҷикистону Ӯзбекистон дар сиёсат дар ду даҳаи ахир ёдовар шудам, ба ин далел буд, ки дар Ӯзбекистон, ин кишвари ҳамсоя ва ҳамфарҳанг, то ду сол пеш фарде ҳукумат мекард, ки то зинда буд, ҳама фикр мекарданд, ҷамиъи ӯзбекистониён бо ӯ ҳастанд, вале ҳамин, ки мурд ва фарди боинсофтаре ҷойгузини ӯ гардид, маълум шуд, ҳама дар як тараф будаанд ва он худкома дар як тарафи дигар қарор доштааст. Ин ки ҳамаи узбекистониён аз сиёсатҳои ислоҳии Мирзиёев ва озод шудани зиндониён ва бардошта шудани тамоми қайду бандҳои бемаънӣ аз сари мардум тавассути ӯ хушҳол шуданд, ошкор сохт, ки мардум ва ҳатто мақомоти Ӯзбекистон, ба ҷуз яке ду нафар, бо сиёсатҳои Каримов мухолиф будаанд, ҳарчанд ҳангоми зинда буданаш, аз изҳори мухолифат бо сиёсатҳои ӯ меҳаросидаанд.

Аммо суоли асосӣ ин аст, ки оё Тоҷикистон низ пас аз Эмомалӣ Раҳмон, сарнавиште мисли сарнавишти Ӯзбекистон хоҳад дошт, ё ба гунае дигар рақам хоҳад хӯрд? Посухи ин пурсиш осон нест, ба хусус бо таваҷҷӯҳ ба ин ки Каримов ворисе пас аз худ нагузошт, аммо Раҳмон дар ҳоли омода кардани ворис баъд аз худаш аст.

Саломат бошед. 

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: