Перейти к содержимому

Инсон ва сарнавишт (1)

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Муқаддима (1)

Азамат ва инҳитоти муслимин

Масъалаи сарнавишт ва қазо ва қадар, ки дар ин рисола фаҳсу таҳқиқе дар бораи он сурат гирифтааст, ҷузъи масоили фалсафӣ аст. Ва агар бино бошад дар радифи воқеии худ қарор гирад, бояд онро дар фалсафа дар миёни масоили фалсафӣ ҷустуҷӯ кард, вале дар ин рисола аз радифи аслии худ хориҷ шуда ва дар радифи як силсила масоили дигар қарор гирифтааст.

Масоили илмӣ ва фалсафӣ ҳар кадом радифи хоссе доранд, ки аз тариқи мавзӯоти онҳо ва ё аз тариқи ҳадаф ва натиҷае, ки аз ёд гирифтани онҳо ҳосил мешавад таъйин мегардад.

Иллати ин ки масоили фалсафӣ дар радифе ва масоили риёзӣ дар радифи дигар ва масоили табиӣ дар радифи ҷудогона қарор мегиранд, вобастагӣ ва иртиботи хоссе аст, ки миёни мавзӯоти ҳар дастаи ҳамрадиф вуҷуд дорад ва ё лоақал ба воситаи ҳадафи назарӣ ё амалии муштараке аст, ки ёд гирифтани ҳар даста аз онҳо барои ёдгиранда таъмин мекунад.

Масъалаи сарнавишт ва қазо ва қадар, чӣ аз назари мавзӯӣ ва чӣ аз назари ҳадафи таълимотӣ, дар радифи масоили фалсафӣ аст, вале дар ин рисола дар радифи масоиле қарор гирифта, ки на аз лиҳози мавзӯъ бо онҳо муртабит аст ва на аз лиҳози натиҷа ва ҳадафи таълимотӣ.

Ин масъала дар ин рисола ҷузъи як силсилабаҳсҳо таҳти унвони “Баҳсҳое аз иллатҳои инҳитоти муслимин” воқеъ шудааст, ки шомили мавзӯот ва ҷараёнот ва масоили гуногун аст. Мавзӯоте, ки таҳти ин унвон қобили баҳс аст, баъзе таърихӣ ва баъзе равонӣ ё ахлоқӣ ё иҷтимоӣ ва ё сирфан динӣ ва аҳёнан фалсафӣ аст. Бинобар ин, мабоҳиси гуногуне, ки дар радифҳои мутаъаддид қарор доранд, ҷузъи ин силсиламабоҳис воқеъ мешаванд.

Он чи ин мабоҳиси гуногунро ба якдигар пайванд медиҳад, таҳқиқ дар асарҳои мусбату манфии ин умур дар тараққӣ ва инҳитоти иҷтимои исломӣ аст.

Бинобар ин, манзур аз тарҳи ин масъала дар ин рисола, аввалан, таҳқиқ дар ин ҷиҳат аст, ки оё эътиқод ба сарнавишт — он тавр, ки қоидаҳои бурҳонии фалсафӣ эҷоб мекунад — аз навъи ақоиду афкоре аст, ки мӯътақидони худро ба сустӣ ва танбалӣ мекашонад ва мардуме, ки ба ин ақида мегароянд, хоҳ нохоҳ ба инҳитот кашида хоҳанд шуд, ё ин ақида агар дуруст таълим дода шавад, чунин таъсири суе надорад?

Сониян, ин ки ислом ин масъаларо чӣ гуна ва ба чӣ тарзе таълим додааст ва таълими исломӣ дар ин замина чӣ таъсире дар руҳияи пайравони ислом доштааст ва метавонад дошта бошад? Ва чун манзур ин ҷиҳат буда, аз таъаррузи фурӯъ ва шохҳҳое, ки бо манзури номбурда иртибот надорад, худдорӣ шудааст.

Инҷониб (Мутаҳҳарӣ) дуруст ба ёд надорад, ки аз чӣ вақт бо масъалаи иллатҳои инҳитоти мусалмонон ошно шудааст ва аз чӣ замоне шахсан ба баҳсу таҳқиқ дар ин масъала алоқаманд гардида ва дар бораи он фикр мекардааст, вале метавонад ба таври яқин иддао кунад, ки мутаҷовиз аз 20 сол аст, ки ин масъала назари ӯро ҷалб карда ва каму беш дар атрофи он фикр мекарда ва ё навиштаҳои дигаронро дар ин замина мехондааст.

Аз он замон то кунун ҳар вақт ба гуфта ё навиштае дар ин мавзӯъ бармехӯрдам, бо алоқа мехондам ва ё гӯш мекардам ва хеле моил будам раъю назари гӯянда ё нависандаро дарёбам. То он ки дар чанд сол пеш, зимни баҳсе нимадарсу нимасуханронӣ, ки дар атрофи яке аз аҳодиси набавӣ эрод мекардам, доманаи сухан ба ин матлаб кашид. Агарчи он чи дар ин замина то он вақт хонда ё шунида будам, аҳёнан муфид буд, аммо маро иқноъ накарда буд. Ва чун дар худ ва шунавандаҳо алоқаи шадиде ба фаҳмидани ин матлаб эҳсос мекардам, тасмим гирифтам, то он ҷо, ки мумкин аст, ғавру диққат кунам ва ин масъаларо баррасӣ намоем. Зеро ёфтани роҳи ислоҳи авзоъи ҳозири ҷаҳони исломӣ бастагии зиёде дорад ба пайдо кардани иллатҳо ва мӯҷиботи инҳитоти онҳо, ки дар гузашта вуҷуд доштааст ва ё акнун низ мавҷуд аст. Барои ин кор лозим шуд, ки аввалан, назари дигаронро — аъам аз мусалмону ғайримусалмон — то он ҷо, ки дастрасӣ дорам, баррасӣ кунам. Ва сониян, мавзӯоте, ки аз ин назар қобили тарҳу гуфтугӯст, ҳарчанд то кунун аз ин назар тарҳ нашудааст, бидуни иғмозу пардапӯшӣ тарҳ кунам.

Ин ҷо буд, ки ба густурдагӣ ва доманаи васеъи ин мабҳас пай бурдам. Фаҳмидам, ки агар бино шавад таҳқиқе кофӣ ва олимона дар ин матлаб бишавад, бояд мавзӯоти фаровоне мавриди баҳсу таҳқиқ қарор гирад ва баррасии ҳамаи онҳо аз ӯҳдаи як фард хориҷ аст ва ё лоақал солҳо вақт лозим дорад. Бо вуҷуди ин, дар назар гирифтам муқаддиматан матолиби марбутаро хулоса кунам ва баъзе аз мавзӯотро ба таври намуна ва озмоиш мавриди баҳсу гуфтугӯ қарор диҳам ва сарриштаро ба дасти дигарон бидиҳам, шояд ба ин тартиб навъе ҳамфикрӣ ва ҳамкорӣ дар як баҳси муҳимми иҷтимоии исломӣ сурат бигирад ва як силсила баҳсҳои муназзаму муфид анҷом ёбад.

Ин матлаб ҷои тардид нест, ки мусалмонон даврони азамату ифтихори эъҷобовареро пушти сар гузоштаанд, на аз он ҷиҳат, ки дар бурҳае аз замон ҳукмрони ҷаҳон будаанд ва ба қавли марҳум Адибулмамолики Фароҳонӣ “аз подшоҳон боҷу аз дарё амвоҷ гирифтаанд” — зеро ҷаҳон ҳукмронону фотеҳони бисёре ба худ дидааст, ки чанд сабоҳе ба зӯр худро бар дигарон таҳмил кардаанд ва тӯле накашида, ки монанди кафи рӯи об маҳву нобуд шудаанд — балки аз он ҷиҳат, ки наҳзату таҳаввуле дар паҳнаи гетӣ ба вуҷуд оварданд ва тамаддуне азиму бошукӯҳ бино карданд, ки чандин қарн идома ёфт ва машъалдори башар буд; акнун низ яке аз ҳалақоти дурахшони тамаддуни башар ба шумор меравад ва таърихи тамаддун ба доштани он ба худ меболад. Мусалмонон чандин қарн дар улуму санойеъ ва фалсафаву ҳунар ва ахлоқу низомоти олии иҷтимоӣ, бар ҳамаи ҷаҳониён тафаввуқ доштанд ва дигарон аз хирмани файзи онҳо тӯша мегирифтанд. Тамаддуни азиму ҳайратангези ҷадиди урупоӣ, ки чашмҳоро хира ва ақлҳоро ҳайрон кардааст ва имрӯз бар саросари ҷаҳон сайтара дорад, ба иқрору эътирофи муҳаққиқони беғарази ғарбӣ, беш аз ҳар чизи дигар аз тамаддуни бошукӯҳи исломӣ моя гирифтааст.

Густов Лебун (Gustave Le Bon) мегӯяд:

Баъзеҳо (аз урупоиён) ор доранд, ки иқрор кунанд, ки як қавми кофиру мулҳиде (яъне мусалмонон) сабаб шуда Урупои масеҳӣ аз ҳоли таваҳҳушу ҷаҳолат хориҷ гардад, ва аз ин рӯ онро мактум нигоҳ медоранд… Нуфузи ахлоқии ҳамин аъроби зоидаи ислом, он ақвоми ваҳшии Урупоро, ки салтанати Румро зеру забар намуданд, дохил дар тариқи одамият намуд ва низ нуфузи ақлонии онон дарвозаи улуму фунуну фалсафаро, ки аз он ба куллӣ бехабар буданд, ба рӯи онҳо боз кард ва то 600 сол устоди мо, урупоиён буданд.” (Тамаддуни ислом ва араб (чопи чаҳорум, с.751)

Вил Дуронт дар “Таърихи тамаддун” мегӯяд:

Пайдоиш ва измиҳлоли тамаддуни исломӣ аз ҳаводиси бузурги таърих аст. Ислом тайи панҷ қарн, аз соли 81 ҳиҷрӣ то 597 ҳиҷрӣ, аз лиҳози нерӯву назму басти қаламрав ва ахлоқи неку такомули сатҳи зиндагонӣ ва қавонини мунсифонаи инсонӣ ва тасоҳули динӣ (эҳтиром ба ақоид ва афкори дигарон) ва адабиёту таҳқиқи илмӣ ва улуму тиббу фалсафа пешоҳанги ҷаҳон буд.” (Таърихи тамаддун, ҷ.11, с.317)

Ҳам ӯ мегӯяд:

Дунёи ислом дар ҷаҳони масеҳӣ нуфузҳои гуногун дошт. Урупо аз диёри ислом ғизоҳо ва шарбатҳо ва доруву дармону аслиҳа ва нишонҳои хонаводагӣ, салиқа ва завқи ҳунарӣ, абзору русуми санъату тиҷорат, қавонину русуми дарёнавардиро фаро гирифт ва ғолибан луғоти онро низ аз мусалмонон иқтибос кард… Уламои араб (мусалмон) риёзиёт ва табииёт ва шимӣ ва ҳайат ва тибби Юнонро ҳифз карданд ва ба камол расониданд ва мероси Юнонро, ки бисёр ғанитар шуда буд, ба Урупо интиқол доданд… Файласуфони араб (мусалмон) муаллафоти Арастуро барои Урупои масеҳӣ ҳифз ва зимнан таҳриф карданд. Ибни Сино ва Ибни Рушд аз Машриқ бар фалосифаи мадрасии Урупо партав афканданд ва салоҳияташон чун юнонён мавриди эътимод буд… Ин нуфуз (-и исломӣ) аз роҳи бозаргонӣ ва ҷангҳои салибӣ ва тарҷумаи ҳазорон китоб аз арабӣ ба лотин ва мусофиратҳои донишвароне аз қабили Герберт ва Мойкл Искот ва Эдворд Босӣ ба Андалуси исломӣ анҷом гирифт.” (Ҳамон китоб, с.319 ва 320)

Ва ҳам ӯ мегӯяд:

Танҳо ба давронҳои тилоии таърих, як ҷомеа метавонистааст дар муддате кӯтоҳ ин ҳама мардони маъруф дар заминаи сиёсат, таълим, адабиёт, луғат, ҷуғрофиё, таърих, риёзиёт, ҳайат, шимӣ, фалсафа, тибб ва монанди онҳо, ки дар чаҳор қарни ислом — аз Ҳорунуррашид то Ибни Рушд будаанд — ба вуҷуд оварад. Қисмате аз ин фаъолияти дурахшон аз мероси Юнон моя гирифт, аммо қисмати аъзами он, ба хусус дар сиёсату шеъру ҳунар, ибтикороти гаронбаҳо буд.” (Ҳамон китоб, с.322)

Қадри мусаллам ин аст, ки падидае дурахшон ва чароғе нурафшон ба номи тамаддуни исломӣ, қарнҳо дар ҷаҳон вуҷуд дошта ва сипас ин падида нобуд ва ин чароғ хомӯш шудааст. Ва имрӯз мусалмонон бо муқоиса бо бисёре аз миллатҳои ҷаҳон ва муқоиса бо гузаштаи пурифтихори худашон, дар ҳоли инҳитот ва таъаххури риққатборе ба сар мебаранд.

Табъан ин пурсиш пеш меояд, ки чӣ тавр шуд мусалмонон пас аз он ҳама пешравӣ ва тараққӣ дар улуму маорифу санойеъу низомот, ба қаҳқаро баргаштанд? Масъули ин инҳитот ва сайри қаҳқароӣ чист ва кист? Оё афрод ё ақвом ё ҷараёноти хоссе сабаб шуданд, ки мусалмонон аз масири аслии худ, ки ба сӯи тараққӣ ва такомул буд, мунҳариф шаванд? Ва ё омили хоссе, ки мусалмононро бар хилофи интизор аз масири худ мунҳариф кунад рух надодааст, балки муқтазои табиати замон ин аст, ки ҳар қавме фақат давраи маҳдуду муайяне аз тараққӣ ва таъолиро тай кунанд ва сипас роҳи фанову заволу инҳитотро бипаймоянд? Агар омили хоссе сабаби инҳирофу инҳитоти мусалмонон шудааст, он омил чист? Оё худи исломро бояд масъули инҳитоти мусалмонон шинохт – он чунон, ки бисёре аз ғарбиён (на ҳама), ки аҳёнан гирифтори таъассуби масеҳӣ ҳастанд ва ё болотар, маъмурияти истеъморӣ доранд, иддао мекунанд — ё ислом аз ин масъулият мубаррост ва мусалмонон худ масъули ин инҳитот мебошанд? Ва ё на ба ислом марбут аст ва на ба мусалмонон; иллати ин инҳитот миллатҳо ва ақвоми ғайримусалмонанд, ки дар тӯли таърихи чаҳордаҳ қарнии ислом, ба наҳвҳои мухталиф, бо мусалмонон сару кор доштаанд?

Посух ба ин пурсиш кори соддае нест. Як ришта мабоҳиси нисбатан тӯлонӣ бояд пеш кашида шавад ва дар ҳар як аз онҳо бо услуби илмӣ таҳқиқи кофӣ ба амал ояд.

Дар ин силсиламабоҳис он чи ба унвони муқаддима лозим аст тарҳ шавад, намудоре аз азамату инҳитоти мусалмонон аст ва табъан муштамил хоҳад буд бар матолиби зайл:

1) Пояи азамат ва рифъати тамаддуни исломӣ;

2) Иллатҳо ва мӯҷибот ва мояҳои тамаддуни исломӣ;

3) Таъсири ислом дар эътилои мусалмонон;

4) Иқтибос ва моягирии тамаддуни ҷадиди урупоӣ аз тамаддуни исломӣ;

5) Вазъи ҳозири ҷаҳони исломи аз назари мазоҳири инҳитот ва таъаххур;

6) Бо он ки тамаддуни исломӣ нобуд шуда, ислом ба сурати нерӯе зинда ва фаъол ва густаришёбанда боқӣ мондааст ва бо нерӯмандтарин нерӯҳои нави иҷтимоӣ ва инқилобӣ рақобат мекунад;

7) Миллатҳои исломӣ дар ҳоли бедор шудан ва бапо хостананд.

Баъд аз ин баҳси муқаддимаӣ, ки худ рисолаи ҷудогонае хоҳад буд, лозим аст баҳсе амиқ ва фалсафӣ дар бораи “табиати замон”, ки ба фалсафаи таърих марбут аст сурат гирад, ки оё ҳамон тавре, ки баъзе аз фалосифаи таърих даъво доранд, ҳамвора ҳамон чизе, ки сабаби тараққӣ ва пешрафти қавме мешавад, сабаби инҳитоти онҳо низ мегардад? Яъне ҳар омиле фақат дар шароиту зуруфи муайяне, ки марбут ба даврае хосс аз таърихи мутатаввири башарӣ аст метавонад ҷомеаеро пеш бибарад ва тараққӣ диҳад ва бо тағйири он шароиту зуруф ва бо тулӯъи фаҷри ҷадиде аз таърих, он омил қодир ба ҷилав бурдан нест, худ мӯҷиби рукуду таъаххуру инҳитот аст.

Агар ин фалсафа дуруст бошад, ҳар тамаддуне ба мӯҷиби ҳамон омилҳое, ки ба вуҷуд омада бояд аз миён биравад ва лузуме надорад омили бегонае дахолат кунад; ҳамвора омилҳои кӯҳна пасбаранда ва ба истилоҳ, иртиҷоӣ аст ва омилҳои нав пешбаранда аст; омилҳои иҷтимоии нав тамаддуни навине эҷоб мекунад, ки хоҳ нохоҳ бо тамаддуни пешин муғойир аст.

Агар ин қоида дуруст бошад, табъан тамаддуни исломӣ наметавонад мустасно бошад; пас, баҳс аз иллатҳои инҳитоти мусалмонон ба унвони баҳсе мустақил ва тафкикшуда аз иллатҳо ва омилҳои тамаддуни исломӣ, баҳсе беҳуда аст.

Бино бар ин фалсафа ва қоида, лузуме надорад, ки шахс ё қавм ё ҷараёнеро масъули инҳитоти мусалмонон бидонем; нобудии тамаддуни исломӣ монанди ҳар тамаддуни дигар, ва балки ҳар падидаи зиндаи дигар, аз қабили сар расидани аҷали табиӣ ё ғайритабиӣ аст, ки ба ҳар ҳол дер ё зуд фаро мерасад. Тамаддуни исломӣ зоида шуд ва рушд кард ва ҷавон шуд ва ба пирӣ расид ва сипас мурд. Орзуи бозгашти он, чизе шабеҳи орзуи бозгашти мурдагон аст ба дунё, ки аз назари қавонини табиӣ қобили тавҷеҳ нест ва бо чизе назири эъҷоз ва харқи одат, ки ба ҳар ҳол хориҷ аз қудрати афроди башар аст, бояд онро тавҷеҳ кард.

Пас, баъд аз як баҳси муқаддимаӣ дар заминаи намудоре аз азамат ва инҳитоти мусалмонон, навбат ба ин баҳси фалсафӣ-таърихӣ мерасад ва наметавон аз он чашм пӯшид, зеро гуфтаҳои хом дар ин замина фаровон гуфта шудааст ва чӣ бисёранд афроде, ки он гуфтаҳои хомро бовар доранд.

Такмили ин баҳси фалсафӣ аз назари иртибот бо ин силсиламабоҳис ба ин аст, ки аз интибоқ ва адами интибоқи ислом бо муқтазаёти замон низ гуфтугӯи ҷомеъе бишавад. Қаҳран ин баҳс шомили ду қисмат хоҳад шуд: қисмати аввал, сирфан фалсафӣ аст ва қисмати дуввум исломӣ. Маҷмӯи ҳар ду қисмат таҳти унвони “Ислом ва муқтазаёти замон” қобили баррасӣ ва таҳқиқ аст.

Ҳангоме, ки аз ин баҳс фориғ шудем ва қоидаи фавқро дар фалсафаи таърих напазируфтем ва иллатҳои инҳитоти мусалмононро бо иллатҳои тараққии онҳо лузуман яке надонистем, навбати ин аст, ки баррасӣ кунем иллатҳо ва мӯҷиботе, ки сабаби рукуду таваққуф ва инҳитоту таъаххури мусалмонон шуд, чист ва дигарон чӣ гуфтаанд? Ин қисмат бо таваҷҷӯҳ ба гуфтаҳои дигарон — аъам аз мусалмон ва ғайримусалмон — ва таваҷҷӯҳ ба мавзӯот ва масоил ва ҷараёноте, ки табъан тарафи ин эҳтимол ҳаст, дар се бахши куллӣ бояд баррасӣ шавад:

— бахши ислом;

— бахши мусалмонон;

— бахши омилҳои бегона.

Ҳар як аз ин бахшҳо муштамил бар мавзӯот ва масоили мутаъаддиде аст. Масалан, дар бахши ислом мумкин аст касе бархе аз афкор ва мӯътақадоти исломиро таъсиргузор дар инҳитоти мусалмонон муаррифӣ кунад, ва мумкин аст касоне системи ахлоқии исломро заъифу инҳитотовар бидонанд; мумкин ҳам ҳаст афроде қавонини иҷтимоии исломиро омили инҳитоти мусалмонон бихонанд.

Иттифоқан, ҳам порае аз афкор ва мӯътақадоти исломӣ ва ҳам бархе аз мабонии ахлоқи исломӣ ва ҳам баъзе қавонин ва муқаррароти иҷтимоии исломӣ мавриди ин иттиҳом воқеъ шудаанд.

Ҳамчунин дар бахши мусалмонон ва бахши омилҳои бегона, фаслҳои мутаъаддид ва гуногуне аст, ки ҳама бояд мавриди баррасӣ қарор гирад.

Дар миёни афкор ва мӯътақадоти исломӣ, масоили зайл мавриди ин иттиҳом воқеъ шудаанд:

1) Эътиқод ба сарнавишт ва қазо ва қадар;

2) Эътиқод ба охират ва таҳқири зиндагии дунё;

3) Шафоат…

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: