Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (313)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (56)

* * *

Фарқи миёни он ки дарвеш аст ба Худо ва ташнаи Худо ва миёни он ки дарвеш аст аз Худо ва ташнаи ғайр аст (2)

* * *

Фаҳмҳои кӯҳнаи кӯтаҳназар

Сад хаёли бад дарорад дар фикар.

Даркҳои кӯҳнаву фарсудаи кӯтаҳназарон, барои афкору андешаҳои дигарон садҳо хаёли бад ва нораво падид меоварад.

Фикар: ҷамъи фикрат ба маънии андеша.

Бар самоъи рост ҳар кас чир нест,

Луқмаи ҳар мурғаке анҷир нест.

Зеро ҳар касе тобу тавони шунидани ҳақиқатро надорад, чаро ки луқма ва ҳиссаи ҳар мурғаке анҷир нест, балки ҳар мурғе бино ба таносуби истеъдоду қобилияти худ метавонад луқмае ва ҳиссае дошта бошад. Ҳамин тавр ҳар касе наметавонад ҳақиқатро бишнавад ва дарк кунад.

Нукта: Самоъ дар ин ҷо бар ҳар ду ваҷҳи лафзӣ ва истилоҳӣ қобили тавҷеҳ аст. Агар самоъро дар байти фавқ ба маънии истилоҳӣ бигирем, боз чандон дур аз мақсуд нест, зеро солики мубтадӣ ва хом набояд самоъ кунад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.813)

Хоса мурғе, мурдае, пӯсидае,

Пурхаёле, аъмие, бедидае.

Ба вежа мурғе бошад мурдаву пӯсида ва монанди як фарди кӯр фоқиди басират ва анбошта аз хаёлоти воҳӣ.

Нукта: Ҳамин тавр бархе аз касон, ки аз дарвешӣ ва сулук танҳо сурате доранду на беш, кӯрдил ҳастанд ва фоқиди ҳаёти ҳақиқӣ, ва аз авҳому афкори ёва пуру лабрез ҳастанд. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.813)

Нақши моҳиро чи дарёву чи хок,

Ранги ҳиндуро чи собуну чи зок.

Ба унвони мисол, нақшу тасвири моҳӣ, ки фоқиди руҳу ҳаёт аст, барояш фарқ намекунад, ки дар дарё бошад ё бар рӯи хок, дар ҳеч кадом наметавонад шино кунад ва ба ҳаракат дарояд. Чунон ки масалан як нафар ҳиндуро, ки сияҳчурда аст, хоҳ бо собун бишӯӣ ва ё ба ӯ зоҷ бимолӣ, ҳеч фарқе намекунад ва ҳамчунон сиёҳ мемонад.

Зок: ҷисме маъданӣ ва булӯришакл, ки чун об бад-он расад, сиёҳ шавад.

Нақш агар ғамгин нигорӣ бар варақ,

Ӯ надорад аз ғаму шодӣ сабақ.

Мисоли дигар дар мавриди ин ашхоси нодону мурдадил. Агар фаразан рӯи барги коғаз тасвири ғамгине расм кунӣ, он тасвир ҳарчанд ки нақши ғамгин дорад, вале мусалламан аз мақулаи ғаму шодӣ хабар надорад.

Сураташ ғамгину ӯ фориғ аз он,

Сураташ хандону ӯ з-он бенишон.

Сурату нақши ёдшуда агарчӣ ғамин аст, вале худи он нақш аз он ғаму андӯҳ иттилоъ надорад, ва ё гарчӣ хандон аст, вале он нақш аз мақулаи ханда хабаре надорад.

В-ин ғаму шодӣ, ки андар дил хатест,

Пеши он шодиву ғам ҷуз нақш нест.

Зеро ин ғаму шодии суратҳое, ки ҳолате аст дар замир, нисбат ба он шодиву ғами ҳақиқӣ, чизе ҷуз нақш нест.

Хатт: маҷозан асар, инъикос.

Сурати хандони нақш аз баҳри туст,

То аз он сурат шавад маънӣ дуруст.

Сурати хандони нақш, барои туст то аз он сурат маънии ту низ дуруст шавад.

Нукта: Ғаму шодӣ монанди хатт ва ё нуқуши ҳуруф аст, ки қолаби маънӣ ва раҳнамун ба сӯи идроки он фарз мешавад, ҳамунин аҳволи ҳиссӣ, соя ва зилли аҳволи қалбӣ аст. Лафзу хаттро барои он меомӯзем, то ба маънӣ пай барем, шодиву ғами сурат низ барои он аст, ки моро ба сӯи шодиву ғами маънавӣ роҳбар шавад. (Шарҳи Маснавии шариф, ҷ.3, с.1156)

Нақшҳое, к-андар ин гармобаҳост,

Аз буруни ҷомакан чун ҷомаҳост.

Масалан, он суратҳову нақшҳое, ки бар сари дари гармобаҳо тарсим шуда, аз беруни ҷомакан агар нигоҳ кунӣ монанди ҷомаву либос руҳ надоранд, яъне суратҳои фоқиди руҳу маънӣ ҳастанд.

Ҷомакан: маҳалле дар сари ҳаммом, ки либосҳоро он ҷо аз тан берун меоваранд.

То бурунӣ, ҷомаҳо биниву бас,

Ҷома берун кун, даро, эй ҳамнафас!

Ҳамин тавр агар дар ин гармобаи ҷаҳон аз берун ба нақшҳои одамиён бингарӣ, танҳо як силсила нуқуши беҷон хоҳӣ дид. Инак, эй ҳамфикр, ҷома аз колбадат фурӯ фикан ва ба даруни он бирав, то ҳақиқати оламу одамро бишносӣ.

Нукта: То вақте ки солик ҷомаи тану либоси суратро аз худ халъ накарда бошад, наметавонад ҳақиқати ҷаҳонро бишносад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.815)

З-он ки бо ҷома дарунсӯ роҳ нест,

Тан зи ҷон, ҷома зи тан огоҳ нест.

Ин ки мегӯям, ҷомаи танро раҳо кун, ба хотири ин аст, ки бо ҷомаи тан наметавон ба сӯи ҳақиқат ва ботини ҷаҳон рафт. Зеро тан аз ҷону либос аз тан огоҳ нест. Пас, огоҳ набудани тан аз ҷон монанди огоҳ набудани ҷома аз тан аст.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: