Перейти к содержимому

Инсон ва сарнавишт (2)

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Муқаддима (2)

Гоҳе гуфта мешавад, сирри инҳитоти мусалмонон эътиқоди амиқе аст, ки ба сарнавишт ва қазо ва қадар доранд. Ва гоҳе гуфта мешавад, эҳтимоми азими ислом ба амри охират ва ҷаҳони абадӣ ва ночиз шумурдани зиндагонии дунё фикри мусалмононро аз таваҷҷӯҳи ҷиддӣ ба масоили зиндагӣ мунсариф кардааст. Ва гоҳе гуфта мешавад, эътиқод ба шафоат — ки дар тамоми давраҳои таърихи исломӣ ин эътиқод вуҷуд доштааст — мусалмононро нисбат ба гуноҳон, ки фалсафаи гуноҳ будани онҳо таъсири суъи онҳост дар саодат, лоқайд кардааст ва мусалмон бо иттикои ба шафоат, аз ҳеч разила ва ҷурме имтиноъ надорад…

Дар ахлоқи исломӣ аносури зуҳд, қаноат, сабр, ризо, таслим ва таваккул, ба таъсир дар инҳитоти мусалмонон муттаҳам шудаанд.

Аз муқаррароти исломӣ он чи ба назар мерасад лозим аст аз ин назар баррасӣ шавад, дар дараҷаи аввал масъалаи ҳукумат ва тавобеъи он аст, ки ба гумони иддае, ислом таклиф ва вазифаи мусалмононро дар ин масъалаи муҳим ба таври комил муайян накардааст.

Қавонини ҷазоии ислом солҳост, ки мавриди бемеҳрӣ воқеъ шуда ва бисёре аз кишварҳои исломӣ ба ҳамин ҷиҳат қавонини ҷазоии худро аз ҷойи дигар иқтибос кардаанд ва каму беш кайфари амали худро дида ва мебинанд. Ба ҳар ҳол, қавонини ҷазоии ислом яке аз ҳалақоти ин силсиламабоҳис аст.

Дар қавонини мадании ислом чизҳое, ки дар асри ҳозир мавҷе алайҳи онҳо бархоста, яке ҳуқуқи зан ва дигаре қавонини иқтисодии ислом дар заминаи моликият ва ирс ва ғайра аст.

Маҳдудиятҳое, ки ислом дар равобити мусалмон бо ғайримусалмон қарор додааст — монанди он чи дар боби никоҳи мусалмон ва ғайримусалмон ё забеҳаи ғайрмусалмон қоил шудааст, ва ба иборати дигар, ҳуқуқ ва вазоифи байналмилалии исломӣ — аз мавзӯоте аст, ки иддаеро нороҳат карда ва инҳоро омили ақибмондагии худ аз қофилаи тамаддун маҳсуб медоранд.

Инҳост маҷмӯи масоиле, ки дар бахши ислом аз ин силсиламабоҳис бояд дар бораи онҳо таҳқиқи кофӣ ба амал ояд.

Хушбахтона заминаи мусоиде барои ин гуна таҳқиқот вуҷуд дорад ва бо равшан кардани ин масоил аст, ки метавон нерӯи имони табақаи ҷавон ва таҳсилкардаро тақвият кард ва шубуҳотро аз зеҳни онҳо зудуд.

Пас аз ин бахш, навбати бахши мусалмонон аст. Дар ин бахш, таваҷҷӯҳи мо аз ислом ба сӯи мусалмонон бармегардад, яъне ислом омили инҳитоти мусалмонон нест, балки мусалмонон дар асари кӯтоҳӣ ва инҳироф аз таълимоти исломӣ дучори инҳитот шуданд ва ин мусалмононанд, ки масъули ақибмондагии худ мебошанд.

Дар ин бахш низ қисматҳои мутаъаддиде пеш меояд, зеро аввалан, бояд нуқтаҳои инҳирофро мушаххас кунем; он чизҳое, ки аз ислом аст ва матрук шуда ва он чизҳое, ки аз ислом нест, вале дар миёни мусалмонон маъмул аст, чӣ чизҳое аст?

Ва сониян, бояд бибинем, оммаи мусалмонон масъули ин инҳитотанд ё хоссаи онҳо? Ислом дар миёни аъроб зуҳур кард ва сипас миллатҳои дигаре — аз эронӣ ва ҳиндӣ ва қибтӣ ва барбар ва ғайра — дар зери ливои ислом даромаданд. Ҳар як аз ин ақвом миллият ва хасоиси қавмӣ ва нажодӣ ва таърихии хоссе доштанд. Бояд баррасӣ шавад, оё ҳамаи ин миллатҳо ё баъзе аз онҳо ба воситаи хасоис ва мумайизоти хосси қавмӣ ва нажодӣ, ки лозимаи табиати онҳо буд, исломро аз масири аслии худ мунҳариф карданд, ба тавре, ки масалан агар ислом дар миёни миллатҳои дигаре ғайр аз ин миллатҳо — монанди миллатҳои урупоӣ — рафта буд, имрӯз мусалмонӣ ва мусалмонон сарнавишти дигаре доштанд? Ё оммаи мусалмонон дар ин ҷиҳат таъсире надоштаанд ва он чи бар сари ислом ва мусалмонон омадааст аз тарафи хосса, яъне ду табақаи бонуфуз дар миёни мусалмонон — ҳукмронон ва уламои дин — омадааст?

Дар бахши омилҳои бегона ҷараёноти зиёде аст, ки лозим аст мавриди таваҷҷӯҳ қарор бигирад. Аз садри ислом ҳамвора ислом душманони сарсахте дар хориҷ ё дохили худ доштааст. Яҳудиён ва масеҳиён ва маҷусён ва монавиён ва занодиқае, ки дар миёни мусалмонон будаанд, ғолибан бекор набуда ва аҳёнан аз пушт ба ислом ханҷар задаанд. Бисёре аз онҳо дар таҳриф ва қалби ҳақоиқи исломӣ ба василаи ҷаълу вазъи аҳодис ё эҷоди фирқаҳо ва тафриқаҳо ва лоақал дар доман задан ба ихтилофоти мусалмонон, таъсири зиёде доштаанд.

Дар таърихи ислом ҳаракатҳо ва наҳзатҳои сиёсӣ ва динии зиёде дида мешавад, ки аз тарафи ғайримусалмонон ба манзури тазъиф ё маҳви ислом пайдо шудааст.

Аҳёнан ҷаҳони ислом мавриди ҳамлаи сахти душман воқеъ шудааст. Ҷангҳои салибӣ ва ҳамчунин ҳамлаи муғул намунаи боризи ин ҳамалот аст ва ҳар як аз онҳо таъсири фаровоне дар инҳитоти мусалмонон доштаанд.

Ва аз ҳама хатарноктар, истеъмори ғарбӣ дар қарнҳои ахир аст, ки хуни мусалмононро макида ва камари мусалмононро дар зери фишори мазолими худ хам намудааст.

* * *

Бо таваҷҷӯҳ ба он чи дар боло гуфта шуд, маҷмӯи мавзӯоте, ки лозим аст дар ин силсиламабоҳис баҳс шавад, ба тартиб мавзӯоти зайл аст:

1) Азамат ва инҳитоти мусалмонон. Ин мабҳас муқаддимае аст барои соири мабоҳис;

2) Ислом ва муқтазаёти замон. Ин мабҳас шомили ду қисмат аст: қисмати аввал марбут ба фалсафаи таърих аст. Дар қисмати дуввум кайфияти интибоқи қавонини исломӣ бо омилҳои мутағайири замон баён мешавад. Ин баҳс низ ҷанбаи муқаддимаӣ ва тамҳидӣ дорад;

3) Сарнавишт ва қазо ва қадар. Рисолаи ҳозир ӯҳдадори ин мабҳас аст;

4) Эътиқод ба маъод ва асари он дар тараққӣ ё инҳитоти иҷтимоъ;

5) Шафоат;

6) Системи ахлоқии ислом;

7) Ҳукумат аз назари ислом;

8) Иқтисоди исломӣ;

9) Қавонини ҷазоии ислом;

10) Ҳуқуқи зан дар ислом;

11) Қавонини байналмилалии ислом;

12) Нуқоти инҳироф;

13) Ҷаъл ва таҳриф ва вазъи ҳадис;

14) Ихтилофоти шиъа ва суннӣ ва асари он дар инҳитоти мусалмонон;

15) Ашъарият ва эътизол;

16) Ҷумуд ва иҷтиҳод;

17) Фалсафа ва тасаввуф;

18) Зимомдорони ҷаҳони ислом;

19) Руҳоният;

20) Фаъолиятҳои тахрибии ақаллиятҳо дар ҷаҳони ислом;

21) Шуъубигарӣ дар ҷаҳони ислом;

22) Ҷангҳои салибӣ;

23) Суқути Андалус (Испониё);

24) Ҳамлаи муғул;

25) Истеъмор.

Инҳо маҷмӯи мавзӯоте аст, ки аз назари ин ҷониб (Мутаҳҳарӣ) бояд ҷузъи ин силсиламабоҳис қарор гиранд. На муддъии истиқсо ҳастам ва на муддъии ҳусни тартиб. Мумкин аст мавзӯоти дигаре бошад, ки бояд дар ин радиф қарор гирад ва аз назари ман пинҳон монда бошад. Ин ҷониб на худро қодир ба баҳс дар тамоми ин мавзӯот медонад ва на ба фарзи қудрат, чунин вақту фурсатеро дорост. Барои баъзе аз ин мавзӯот, ки аз он ҷумла аст шумораҳои 1 ва 2 ёддоштҳое дорад ва умедвор аст муваффақ гардад онҳоро танзим карда ва ҳар чӣ зудтар дар дастраси умум бигузорад.

Агар фузало ва нависандагони боарзиши мо базли таваҷҷӯҳ бифармоянд ва дар ҳар як аз мавзӯоти номбурда, ки иттилооти кофӣ доранд, таҳқиқе олимона ба амал оваранд ва онро ҷузъи ин силсиламабоҳис қарор дода ва матлаберо, ки ихтиёр фармудаанд ба иттилои ин банда бирасонанд, мӯҷиби имтинони ин ҷониб хоҳад буд.

Нахустин рӯзе, ки мутаваҷҷеҳ шудам ғарбиён эътиқод ба қазо ва қадарро яке аз иллатҳо балки иллати аслии инҳитоти мусалмонон медонанд, дар ҳудуди 20 сол пеш, айёми талабагӣ буд. Ҷилди дуввуми китоби “Зиндагонии Муҳаммад (с)”, таълифи дуктур Муҳаммадҳасанайн Ҳайкалро мехондам. Дар охири ин китоб хотимае дорад муштамил бар ду мабҳас:

1) Тамаддуни исломӣ чунонки Қуръон шарҳ медиҳад;

2) Ховаршиносон ва тамаддуни исломӣ.

Дар мабҳаси дуввум сухане аз як нависандаи маъруфи омрикоӣ ба номи Вошингтун Ирвинг (Washington Irving), ки китобе дар саргузашти пайғамбари ислом навиштааст, нақл мекунад. Вошингтун Ирвинг ба нақли дуктур Ҳайкал, дар хотимаи китоби худ, мабодӣ ва усули исломро шарҳ додааст ва пас аз зикри имон ба Худо ва фариштагон ва китобҳои осмонӣ ва пайғамбарон ва рӯзи қиёмат, мегӯяд:

Охирин ва шашумин қоидае, ки дар радифи мабодии ислом аст, ақидаи ҷабр аст. Муҳаммад барои пешрафти умури ҷангии худ аз ин қоида истифода мекард, зеро ба мӯҷиби ин қоида, ҳар ҳодисае, ки дар ҷаҳон рух медиҳад, пеш аз он, дар илми Худо муқаддар шуда ва пеш аз он ки ҷаҳон ба вуҷуд ояд, дар лавҳи маҳфуз сабт гардидааст ва сарнавишти ҳар кас ва вақти марги ӯ таъйин шуда ва қобили тағйир нест ва ба ҳеч васила наметавон онро муқаддаму муъаххар сохт.

Мусалмонон, ки ин нукотро мусаллам медоштанд ва бад-он ақида доштанд, ба ҳангоми ҷанг бидуни биму ҳарос худро ба саффи душман мезаданд. Дар назари онҳо марг дар ҷанг, мусовӣ бо шаҳодат буд ва биҳиштро насиби инсон месохт; бад-ин ҷиҳат итминон доштанд агар кушта шаванд ё бар душман ғалаба ёбанд, дар ҳар сурат фирӯз шудаанд.

Баъзе мусалмонон мазҳаби ҷабрро, ки мегӯяд инсон барои иҷтиноб аз гуноҳ ва раҳоӣ аз муҷозот, мухтор нест ва дар ин замина иродае аз худ надорад, мунофии адл ва раҳмати Худо медонанд. Фирқаҳое падид омадаанд, ки барои таъдилу тавзеҳи ин мазҳаби ҳайратангез кӯшидаанд ва ҳанӯз ҳам мекӯшанд, вале иддаи онҳо кам аст ва аз пайравони суннати Расул ба шумор намеоянд. Чӣ ақидае беҳтар аз ин метавонад сипоҳиёни нодону мағрурро ба майдони ҷанг биронад ва онҳоро мутмаин созад, ки агар зинда монданд, ғанимат мебаранд, ва агар кушта шуданд, дар биҳишт ҷой мегиранд.

Ин ақида сипоҳи мусалмононро чунон бебоку нерӯманд сохта буд, ки ҳеч сипоҳе ёрои баробарӣ бо он надошт; вале дар айни ҳол, ҳамин ақида дорои заҳре буд, ки нуфузи исломро аз миён бурд.

Аз мавқеъе, ки ҷонишинони пайғамбар даст аз ҷангҷӯӣ ва ҷаҳонгирӣ бардоштанд ва шамшерҳои худро дар ниём карданд, ақидаи ҷабр хоссияти вайронкунандаи худро ошкор сохт; сулҳу оромиш аъсоби мусалмононро заъиф кард, ва лавозими моддӣ низ, ки Қуръон истифода аз онро раво шумурда ва ваҷҳи имтиёз миёни ислом ва масеҳият — дини покӣ ва аз худ гузаштагӣ — ба шумор меравад, дар ин мавзӯъ таъсир дошт.

Мусалмонон ранҷҳо ва сахтиҳоеро, ки бад-онҳо мерасид, натиҷаи тақдир медонистанд ва таҳаммули онро лозим мешумурданд, зеро дар назари онҳо кӯшишу дониши инсонӣ барои рафъи он натиҷае намедод. Пайравони Муҳаммад (с) ба қоидаи “худро кӯмак кун, то Худо туро кӯмак кунад” аҳаммият намедоданд ва баръакси он мӯътақид буданд.

Бад-ин ҷиҳат салиб ҳилолро маҳв кард. Агар нуфузи ҳилол то кунун дар Урупо боқӣ аст, барои ин аст, ки давлатҳои бузурги масеҳӣ чунин хостаанд, ва ба иборати дигар, бақои нуфузи ҳилол, натиҷаи рақобати давлатҳои масеҳӣ аст. Шояд бақои нуфузи он барои ин аст, ки далели тозае барои ин қоида бошад, ки ҳар кас чизеро ба нерӯи шамшер гирифт, бо шамшер аз ӯ гирифта мешавад…“

Дуктур Ҳайкал дар посухи ин марди омрикоӣ шарҳи мабсуте тибқи завқу фикри худ медиҳад, ки ҳарчанд холӣ аз нуктаҳои савоб нест, вале орӣ аз назми фалсафӣ ва қобили нақзу ишколу эрод аст.

* * *

Дар рисолаи ҳозир, ки акнун ба дасти хонандаи мӯҳтарам мерасад, бепоягии суханони Вошингтун Ирвинг ва дигар ғарбиён равшан хоҳад шуд ва маълум хоҳад шуд, ки аввалан, қазо ва қадари исломӣ бо ақидаи ҷабр фарсангҳо фосила дорад ва намунаҳое зикр хоҳад шуд, ки ҳамон сипоҳиёни садри ислом, ки оқои Вошингтун Ирвинг густохона онҳоро нодону мағрур мехонад, дар сояи таълимоти муаллими олиқадри худ, ин фарқ ва тафовутро, ки оқои Вошингтун Ирвинг аз дарки он оҷиз аст, дарк мекарданд.

Сониян, худи Қуръони Карим озодӣ ва мухтор будани инсонро ба мӯҷиби оёти зиёде таъйид кардааст. Касоне, ки тарафдори ихтиёр шуданд ва ҷабрро мухолифи адолат ва раҳмати Худо донистанд, бар хилофи иддаои ховаршиносон, алайҳи таълимоти Қуръон қиём накарданд ва манзурашон “таъдил” дар гуфтаи Қуръон набуд, балки назари худро аз Қуръон иқтибос карда буданд.

Солисан, ин нависандаи бузург бо ин ки тибқи гуфтаи дуктур Ҳайкал, масеҳии мутаассибе аст ва масеҳиятро ба воситаи адами таваҷҷӯҳ ба масоили зиндагӣ дини покӣ ва аз худ гузаштагӣ мехонад ва ин таваҷҷӯҳро бар ислом айб мегирад, аз илми қадими илоҳӣ ба сурати танз ёд мекунад.

Магар мумкин аст касе Худошинос бошад ва дар айни ҳол битавонад мункири илми қадими азалӣ ба ҳамаи ашё бошад? Оё ин айб аст бар Қуръон, ки Худоро аз азал воқиф бар ҳамаи умур ва ҷараёнҳо медонад?!

Робеъан, мегӯяд: пайравони Муҳаммад (с) ба қоидаи “худро кӯмак кун, то Худо туро кӯмак кунад”, аҳаммият намедоданд.

Ин нависанда намехостааст ба худ заҳмат диҳад ва лоақал як бор тарҷумаи Қуръони Каримро бихонад, вагарна чунин иддаое намекард. Қуръони Карим бо сароҳати комил мефармояд:

Мо ҳар дастаеро дар ҳамон роҳе, ки ба ҳиммат ва иродаи худ интихоб кардаанд, мадад мерасонем. Мадади парвардигор аз ҳеч мардуми соҳибирода ва фаъол қатъ намешавад.” (Сураи Исро, 18-20)

Пайравони Муҳаммад (с) ба таълиме олитар пай бурда буданд ва он ин ки:

Худоро ёрӣ кун, то Худо туро ёрӣ кунад.” (Сураи Муҳаммад (с), 7)

Қуръони Карим ба ҷойи “худро ёрӣ кун”, ки мумкин аст бӯи шахсӣ ва манфиатпарастӣ ва ҳирсу оз аз он истишмом шавад, “Худоро ёрӣ кун”, ки ҷанбаи умумӣ ва инсонӣ ва хидмат ба халқ дорад гузоштааст.

Аммо рози ғалабаи салиб бар ҳилол, ки оқои Вошингтун Ирвинг онро қатъӣ ва ҳамешагӣ донистааст, матлабе аст, ки дар зимни ин силсиламабоҳис дар ҷойи муносибе тарҳ хоҳад шуд.

Мунҳасир ба оқои Вошингтун Ирвинг нест; ба навиштаи ҳар нависандаи ғарбӣ, ҳатто онҳое, ки то ҳадде беғаразии худро нишон додаанд, дар ин замина бархӯрдаем, шабеҳи ин изҳори назарро дидаем. Ҳамаи онҳо исломро як маслаки ҷабрӣ медонанд. Чизе, ки ҳаст, баъзе аз онҳо ин ақидаро дахил дар инҳитоти мусалмонон надонистаанд ва баъзе дигар дахил дониста, балки омили аслӣ шумурдаанд.

Вил Дуронт дар “Таърихи тамаддун” пас аз он ки ба мазмуни оёте аз Қуръон дар заминаи илм ва машиати илоҳӣ ишора мекунад ва мегӯяд ҷабригарӣ аз лавозими тафаккури исломӣ аст, мегӯяд:

Дар натиҷаи ин эътиқод, мӯъминон сахттарин мушкилоти зиндагиро бо қалбе мутмаин таҳаммул мекарданд, вале ҳамин ақида дар қарнҳои ахир монеъи пешрафти арабон шуд ва андешаи онҳоро аз кор андохт.” (Таърихи тамаддун, ҷ.11, с.42)

Аммо Густов Лебун (Gustave Le Bon) мӯътақид аст, ки эътиқод ба тақдир ва ҷабр, таъсире дар инҳитоти мусалмонон надоштааст ва иллатҳои инҳитоти мусалмононро дар ҷоҳои дигар бояд ҷустуҷӯ кард.

Аввал дар назар доштам ҳамаи матолиби марбут ба азамат ва инҳитоти мусалмононро дар муқаддимаи ин рисола зикр кунам, вале баъд, аз ин фикр мунсариф шудам ва тасмим гирифтам он матолибро мустақиллан рисолае қарор дода ва дар садри ин силсиламабоҳис қарор диҳам, зеро дидам агар ҳамаи матолиби лозим навишта шавад, муфассал хоҳад шуд ва муқаддима аз асли китоб тӯлонитар мегардад. Ва агар риояти ихтисор шавад, ба сурати ноқис дархоҳад омад. Аз ин рӯ тарҷеҳ додам дар ин муқаддима ба ҳамин андоза, ки намунае аз матлаб аст, қаноат кунам ва тафсили матлабро баъд ба сурати рисолае ҷудогона дароварда, муқаддима ва аввалин шумораи ин силсиламабоҳис қарор диҳам.

Дар ин рисола ҳамаи матолиб ва масоили марбут ба сарнавишт ва қазо ва қадар зикр нашудааст, зеро ҳадафи аслӣ ва умда, баррасии таъсир ва адами таъсири ин фикру ақида дар инҳитоти мусалмонон аст; аз ин рӯ аз зикри қисматҳое, ки бо ин ҷиҳат иртибот надорад ва аз ҷанбаи дигар низ зарурате барои зикри онҳо эҳсос намешуд, худдорӣ шудааст.

Ин масъала дар миёни мусалмонон собиқаи тӯлонӣ дорад; аз садри ислом дар миёни мусалмонон матраҳ буда; муфассирон, мутакаллимон, фалосифа, урафо ва ҳатто шуаро ва удабо дар бораи он баҳс кардаанд. Баррасии сайри ин масъала дар миёни ин табақот, худ мусталзими китоби мустақилле аст. Ба илова, оёт ва ривоёти зиёде, ки намунаи умқи маорифи исломӣ аст, дар ин маврид ворид шудааст ва ҳамин оёт ва ривоёт аст, ки роҳнамои фалосифаи исломӣ воқеъ шуда ва фалсафаи илоҳии исломиро басе пурмоя ва ботароват кардааст, ки бо фалсафаи юнонии қабл аз ислом қобили муқоиса нест ва баррасии ин оёт ва ривоёт худ мабҳасе муфассал ва ҷолиб аст.

Аз инҳо гузашта, дар маорифи исломӣ масоил ва мавзӯоти марбут ба ин мабҳас вуҷуд дорад, ки бо дар назар гирифтани усули бурҳонӣ аз як тараф ва осори нақлӣ аз тарафи дигар, баён ва тавзеҳи онҳо содда нест. Аз он ҷумла аст мавзӯи шабу рӯзи “қадр”, ки дар сурае аз Қуръони Карим ба сароҳат аз он ёд шудааст ва мавриди иттифоқи шиъа ва суннӣ аст. Аз он ҷумла аст масъалаи “бадоъ”, ки решаи қуръонӣ дорад.

Ҷабру ихтиёр ва кайфияти озодӣ ва иродаи инсон низ агар аз ҷанбаҳои мухталифи равонӣ, ахлоқӣ, фалсафӣ ва иҷтимоӣ баррасӣ шавад, сафаҳоти зиёдеро ба худ ихтисос медиҳад.

Акнун тасдиқ мефармоед агар ҳамаи инҳо дар ин рисола тарҳ мешуд, ба сурати китобе бузург дармеомад ва дигар муносиб набуд чунин китобе ҷузъи “Баҳсҳое аз иллатҳои инҳитоти мусалмонон” қарор гирад.

Дар айни ҳол, агар ин рисола мавриди таваҷҷӯҳи соҳибназарон воқеъ шавад ва зарурате эҳсос шавад, ки ин мабҳас такмил гардад, дар чопи баъд иншоаллоҳ замима ва такмил хоҳад шуд.

Аз Худованди Мутаъол мадад ва тавфиқ металабем!

Поёни муқаддимаи китоб

Теҳрон, 23 фарвардинмоҳи 1345 шамсӣ, мутобиқи 20 зилҳаҷҷаи 1385 қамарӣ (12 апрели 1966)

Муртазо Мутаҳҳарӣ

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: