Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (314)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (57)

* * *

Пеш омадани нақибон ва дарбонони халифа аз баҳри икроми аъробӣ ва пазируфтани ҳадяи ӯро (1)

* * *

Он ъаробӣ аз биёбони баъид

Бар дари дорулхилофа чун расид,

Пас нақибон пеши аъробӣ шуданд,

Бас гулоби лутф бар ҷайбаш заданд.

Он аъробӣ, ки аз биёбони бас дур омада буд, ҳамин ки бар дари саройи халифа ва ҷойгоҳи ӯ расид, наздикони халифа ба истиқболи ӯ рафтанд ва бар ҷома ва гиребони ӯ дар камоли лутф гулоб пошиданд.

Нукта: Нақиб: пешво ва раис, касе, ки ба аҳволи мардум маърифат дошта бошад, ҷамъи он нуқабо аст. Аммо дар истилоҳи сӯфиён, нақиб яке аз маротиби авлиёст, ки ба иқтизои исми “ботин”, аз бавотини мардум огоҳ ҳастанд.

Дар мисроъи дуввум, ба расми гулоб задан ба тану ҷомаи ҳуззор дар маҷолиси мазҳабӣ ишорат шудааст. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.816)

Ҳоҷати ӯ фаҳмашон шуд бе мақол,

Кори эшон буд ато пеш аз суол.

Бе он ки аъробӣ сухане бар забон ронад, он нақибон ҳоҷати ӯро дарёфтанд. Кору одати писандидаи онон ин буд, ки пеш аз он ки ниёзманд ба забон ояд ва аз дархости худ шарманда шавад, ниёзи ӯро бароварда месохтанд.

Пас бад-ӯ гуфтанд: ё ваҷҳал-араб!

Аз куҷоӣ? Чунӣ аз роҳу таъаб?

Пас нақибон ба ӯ гуфтанд: эй бузургу шарифи қавми араб! Бо ин ранҷу сахтии сафар, чигунаӣ ва аз куҷо меойӣ?

Ваҷҳул-араб: бузурги араб. Таъаб: ранҷу сахтӣ.

Гуфт: ваҷҳам, гар маро ваҷҳе диҳед,

Бевуҷуҳам, чун паси пуштам ниҳед.

Аъробӣ ба онон гуфт: ман бузургу шарифи арабам ба шарти он ки ба ман атое кунед. Ва агар бар ман пушт кунед, бузургӣ ва шарофате надорам.

Эй ки дар рӯтон нишони меҳтарӣ,

Фарратон хуштар зи зарри ҷаъфарӣ.

Эй касоне, ки нишонаи бузургӣ дар рухсоратон намоён аст ва шукӯҳу бузургии шумо аз тилои холису ноб ҳам беҳтар аст.

Нукта: Зарри ҷаъфарӣ: зарри холиси мансуб ба Ҷаъфар, ки кимиёгар буд. Он чи дар китобҳои таърихӣ мастур аст он аст, ки қабл аз Ҷаъфари Бармакӣ, бо зарри тақаллубӣ сикка мезаданд ва чун ӯ ба вазорат расид, дастур дод, то тилоро холис кунанд ва сикка бизананд, аз ин рӯ ба ӯ мансуб карданд:

Чу нақдаш бар миҳакки Ҷаъфар омад,

Зи зарри ҷаъфарӣ холистар омад. (Шаҳри ҷомеи Маснавии маънаавӣ, ҷ.1, с.816-817)

Эй ки як дидоратон дидорҳо,

Эй нисори дидатон динорҳо.

Эй касоне, ки якбор ба дидори шумо омадан, ба манзилаи чандин дидор ба шумор меравад. Дидори шумо чунон арзишманд аст, ки бояд динорҳо нисори дидоратон кард.

Эй ҳама “янзур бинуриллаҳ” шуда,

Аз бари Ҳақ баҳри бахшиш омада.

Эй касоне, ки бо нури Худо ба ҷаҳон менигаред ва аз пешгоҳи шоҳи вуҷуд барои бахшишу ифоза ба ниёзмандон омадаед.

То занед он кимиёҳои назар

Бар сари мисҳои ашхоси башар.

То ин ки кимиёҳои назару нигоҳатонро бар мисҳои ашхос бизанед ва миси вуҷуди ононро ба тилои камол мубаддал кунед.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: