Перейти к содержимому

Инсон ва сарнавишт (3)

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Ҳаросангез

Сарнавишт! Қазо ва қадар! Калимае руъбовартару ҳаросангезтар аз ин ду калима, пардаи гӯши башарро ба ҳаракат наёвардааст.

Ҳеч чиз ба андозаи ин ки инсон озодии худро аз даст рафта ва хештанро мақҳуру маҳкуми нерӯмандтар аз худ мушоҳида кунад ва тасаллути мутлақу бе чуну чарои ӯро бар худ эҳсос кунад, руҳи ӯро фишурда ва афсурда намесозад.

Мегӯянд, болотарини неъматҳо озодӣ аст ва талхтарини дардҳо ва нокомиҳо эҳсоси мақҳурият аст. Яъне ин ки инсон, шахсияти худро лагадкӯбшуда ва озодии худро ба тороҷрафта бибинад ва худро дар баробари дигаре монанди гӯсфанд дар ихтиёри чӯпон мушоҳида кунад ва хобу хӯрок ва мавту ҳаёти хешро дар дасти иқтидори ӯ бибинад.

Он “таслиму ризо”, ки аз набудани “чора” ва мақҳур дидани худ “дар кафи шери нари хунхорае” пайдо шавад, аз ҳар оташе барои руҳи одамӣ гудозандатар аст.

Ин дар сурате аст, ки инсон худро мақҳуру маҳкуми инсони дигари зӯрмандтар ё ҳайвони қавипанҷатар аз худ мушоҳида кунад. Аммо агар он қудрати мусаллат як қудрати номаръӣ ва мармуз бошад ва тасаввури халосӣ аз он ва тасаллут бар он, тасаввури амри маҳол бошад чӣ тавр? Мусалламан сад дараҷа бадтар.

Яке аз масоиле, ки таваҷҷӯҳи башарро ҳамеша ба худ ҷалб кардааст ин аст, ки оё ҷараёни корҳои ҷаҳон тибқи як барнома ва тарҳи қаблии ғайриқобили тахаллуф сурат мегирад ва қудрати номаръӣ, вале бениҳоят муқтадир ба номи сарнавишт ва қазо ва қадар, бар ҷамиъи вақойеъи олам ҳукмронӣ мекунад ва он чи дар замони ҳозир дар ҳоли сурат гирифтан аст ва ё дар оянда сурат хоҳад гирифт, дар гузашта муайян ва қатъӣ шудааст ва инсон мақҳуру маҷбур ба дунё меояд ва аз дунё меравад?

Ё аслан ва абадан чунин чизе вуҷуд надорад ва гузашта ҳеч навъ тасаллуте бар ҳолу оянда надорад ва инсон, ки яке аз мавҷудоти ин ҷаҳон аст, ҳурру озоду мусаллат бар муқаддароти хештан аст?

Ё фарзи севвуме дар кор аст? Ва он ин ки сарнавишт, дар ниҳояти иқтидор бар саросари вақойеъи ҷаҳон ҳукмронӣ мекунад ва нуфузаш бар саросари ҳастӣ бидуни истисно густурдааст, (вале) дар айни ҳол ин нуфузи ғайриқобили рақобат ва муқовиматнопазир кучактарин латмае ба ҳуррият ва озодии башар намезанад. Агар инчунин аст, чӣ гуна метавон онро тавҷеҳ кард ва тавзеҳ дод?

Масъалаи сарнавишт ё қазо ва қадар, аз печидатарин масоили фалсафӣ аст ва ба иллатҳои хоссе, ки баъдан тавзеҳ дода хоҳад шуд, аз қарни аввали ҳиҷрӣ дар миёни муфаккирони исломӣ тарҳ шуд. Ақоиди мухталифе, ки дар ин замина иброз шуд, сабаби сафбандиҳо ва кашмакашҳо ва пайдоиши фирқаҳо ва гурӯҳҳое дар ҷаҳони ислом гардид. Пайдоиши ақоиди гуногун ва фирқаҳои мухталиф бар мабнои он ақоид, дар тӯли ин чаҳордаҳ қарн осори шигарфе дар ҷаҳони ислом доштааст.

* * *

Ҷанбаи амалӣ ва умумӣ

Ҳарчанд ин масъала, ба истилоҳ як масъалаи метафизикӣ аст ва ба фалсафаи куллӣ ва мовароуттабиа марбут аст, вале аз ду назар шоистагӣ дорад, ки дар радифи масоили амалӣ ва иҷтимоӣ низ қарор гирад:

1) Яке аз ин назар, ки тарзи тафаккуре, ки шахс дар ин масъала пайдо мекунад, дар зиндагии амалӣ ва равиши иҷтимоӣ ва кайфияти бархӯрд ва муқобилаи ӯ бо ҳаводис таъсиргузор аст.

Бадеҳӣ аст, ки руҳия ва равиши касе, ки мӯътақид аст ӯ вуҷудест дастбаста ва таъсире дар сарнавишт надорад, бо касе, ки худро ҳоким бар сарнавишти худ медонад ва мӯътақид аст ӯ ҳурру озод офарида шудааст, мутафовит аст. Дар сурате, ки бисёре аз масоили фалсафӣ ин гуна намебошанд ва дар руҳия ва амал ва равиши зиндагии инсон асар надоранд аз қабили: ҳудусу қидами замонии олам, таноҳӣ ва лотаноҳии абъоди олам, низоми иллатҳо ва асбоб ва имтиноъи судури касир аз воҳид, айнияти зоту сифоти воҷибулвуҷуд ва амсоли инҳо… Ин гуна масоил таъсире дар равиши амалӣ ва руҳияи иҷтимоии шахс надоранд.

2) Дигар, аз ин ҷиҳат, ки масъалаи сарнавишт ва қазо ва қадар, дар айни ин ки аз назари пайдо кардани роҳи ҳалл, дар радифи масоили хусусӣ аст, аз назари умумияти афроде, ки дар ҷустуҷӯи роҳи ҳалле барои он ҳастанд, дар радифи масоили умумӣ аст — яъне ин масъала аз масоиле аст, ки барои зеҳни ҳамаи касоне, ки тавоноии андешидан дар масоили куллӣ доранд тарҳ мешавад ва мавриди алоқа қарор мегирад; зеро ҳар касе табъан алоқаманд аст бидонад оё як сарнавишти ҳатмӣ ва қатъие, ки тахаллуф аз он имконпазир нест, масири зиндагонии ӯро таъйин мекунад ва ӯ аз худ дар ин роҳе, ки меравад ихтиёре надорад?! Монанди пари коҳест дар кафи тундбоде?! Ё чунин сарнавиште дар кор нест ва ӯ худ метавонад масири зиндагии худро таъйин кунад? — бар хилофи соири масоили фалсафаи куллӣ, ки ҳамчунон ки аз назари ёфтани роҳи ҳалл, ҷанбаи хусусӣ доранд, аз ҷанбаи таваҷҷӯҳи азҳон ба ҷустуҷӯ барои ёфтани роҳи ҳалл низ дорои ҷанбаи хусусӣ мебошанд.

Аз ин ду назар, ин масъаларо метавон дар радифи масоили амалӣ ва умумӣ ва иҷтимоӣ низ тарҳ кард.

Дар қадим, камтар аз ҷанбаи амалӣ ва иҷтимоӣ ба ин масъала таваҷҷӯҳ мешуд ва фақат аз ҷанбаи назарӣ ва фалсафӣ ва каломӣ тарҳу унвон мешуд, вале донишмандони имрӯз бештар ба ҷанбаи иҷтимоӣ ва амалии он аҳаммият медиҳанд ва аз зовияи таъсири ин масъала дар тарзи тафаккури ақвому миллатҳо ва азамату инҳитоти онҳо ба он менигаранд.

Бархе аз мунтақидони ислом бузургтарин иллати инҳитоти мусалмононро эътиқод ба қазо ва қадар ва сарнавишти қаблӣ зикр кардаанд. Ин ҷо табъан ин суол пеш меояд: агар эътиқод ба сарнавишт сабаби рукуду инҳитоти фард ё иҷтимоъ мешавад, пас чаро мусалмонони садри аввал ин тавр набуданд? Оё онҳо ба қазо ва қадар ва сарнавишти қаблӣ эътиқод надоштанд ва ин масъала ҷузъи таълимоти аввалияи ислом набуд ва баъд дар олами ислом ворид шуд — ҳамчунон ки баъзе аз муаррихони урупоӣ гуфтаанд — ва ё ин ки навъи эътиқоди онҳо ба қазо ва қадар тавре буда, ки бо эътиқод ба ихтиёру озодӣ ва масъулият мунофот надоштааст? Яъне онҳо дар айни ин ки ба сарнавишт эътиқод доштаанд, мӯътақид будаанд, ки сарнавишт ба наҳве таҳти ихтиёру иродаи инсон аст ва инсон қодир аст онро тағйир диҳад? Агар чунин тарзи тафаккуре доштаанд, он тарзи тафаккур бар асоси чӣ усул ва мабонӣ будааст?

Қатъи назар аз ин ки мусалмонони садри аввал чӣ гуна истинбот карда буданд, бояд бибинем мантиқи Қуръон дар ин масъала чист ва аз пешвоёни дин дар ин замина чӣ расидааст ва билохира мантиқан мо бояд чӣ тарзи тафаккуреро дар ин масъала интихоб кунем?

* * *

Оятҳои Қуръон

Дар бархе аз оятҳои Қуръон, сареҳан ҳукумату дахолати сарнавишт ва ин ки ҳеч ҳодисае дар ҷаҳон рух намедиҳад магар ба машиати илоҳӣ ва он ҳодиса қаблан дар китобе мазбут будааст, таъйид шудааст аз қабили:

مَا أَصَابَ مِن مُّصِيبَةٍ فِي الْأَرْضِ وَلَا فِي أَنفُسِكُمْ إِلَّا فِي كِتَابٍ مِّن قَبْلِ أَن نَّبْرَأَهَا إِنَّ ذَلِكَ عَلَى اللَّهِ يَسِيرٌ

Ҳеч мусибате дар замин ё дар нуфуси шумо ба шумо намерасад магар он ки қабл аз он ки онро зоҳир кунем, дар китобе сабт шуда, ва ин бар Худо осон аст.” (Сураи Ҳадид, ояти 22)

وَعِندَهُ مَفَاتِحُ الْغَيْبِ لاَ يَعْلَمُهَا إِلاَّ هُوَ وَيَعْلَمُ مَا فِي الْبَرِّ وَالْبَحْرِ وَمَا تَسْقُطُ مِن وَرَقَةٍ إِلاَّ يَعْلَمُهَا وَلاَ حَبَّةٍ فِي ظُلُمَاتِ الأَرْضِ وَلاَ رَطْبٍ وَلاَ يَابِسٍ إِلاَّ فِي كِتَابٍ مُّبِينٍ

Калидҳои ниҳон назди ӯст, ҷуз ӯ касе намедонад, ва медонад он чиро, ки дар саҳро ва дар дарёст. Барге аз дарахт намеафтад магар он ки ӯ медонад, ва донае дар торикиҳои замин ва ҳеч тару хушке нест магар он ки дар китобе равшан сабт аст.” (Сураи Анъом, ояти 59)

يَقُولُونَ لَوْ كَانَ لَنَا مِنَ الأَمْرِ شَيْءٌ مَّا قُتِلْنَا هَاهُنَا قُل لَّوْ كُنتُمْ فِي بُيُوتِكُمْ لَبَرَزَ الَّذِينَ كُتِبَ عَلَيْهِمُ الْقَتْلُ إِلَى مَضَاجِعِهِمْ

Мепурсанд: оё чизе аз кор дар дасти мо ҳаст? Бигӯ: тамоми кор ба дасти Худост. Эшон дар дил матлабе доранд, ки аз ту пинҳон мекунанд; пеши худ мегӯянд: агар кор ба дасти мо буд, дар ин ҷо кушта намешудем. Ба эшон бигӯ: агар дар хонаи худ мебудед, касоне, ки кушта шудан бар эшон навишта шуда буд, ба хобгоҳҳои хеш мешитофтанд.” (Сураи Оли Имрон, ояти 154)

وَإِن مِّن شَيْءٍ إِلاَّ عِندَنَا خَزَائِنُهُ وَمَا نُنَزِّلُهُ إِلاَّ بِقَدَرٍ مَّعْلُومٍ

Ҳеч чизе нест магар ин ки хазонаҳои он дар назди мост, ва мо онро ҷуз ба андозаи муайян фурӯ намефиристем.” (Сураи Ҳиҷр, ояти 21)

قَدْ جَعَلَ اللَّهُ لِكُلِّ شَيْءٍ قَدْرًا

Ҳамоно Худо барои ҳар чиз андозае қарор додааст.” (Сураи Талоқ, ояти 3)

إِنَّا كُلَّ شَيْءٍ خَلَقْنَاهُ بِقَدَرٍ

Мо ҳама чизро ба андоза офаридаем.” (Сураи Қамар, ояти 49)

فَيُضِلُّ اللّهُ مَن يَشَاءُ وَيَهْدِي مَن يَشَاءُ

 “Худо ҳар касро бихоҳад гумроҳ, ва ҳар касро бихоҳад ҳидоят мекунад.” (Сураи Иброҳим, ояти 4)

قُلِ اللَّهُمَّ مَالِكَ الْمُلْكِ تُؤْتِي الْمُلْكَ مَن تَشَاء وَتَنزِعُ الْمُلْكَ مِمَّن تَشَاء وَتُعِزُّ مَن تَشَاء وَتُذِلُّ مَن تَشَاء بِيَدِكَ الْخَيْرُ إِنَّكَ عَلَىَ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ

Бигӯ: эй Худо! Эй соҳиби қудрат! Ту ба он кас, ки бихоҳӣ, қудрат медиҳӣ, ва аз он кас, ки бихоҳӣ, бозмеситонӣ. Ҳар киро хоҳӣ, иззат диҳӣ, ва ҳар киро хоҳӣ, залил месозӣ. Некӣ дар дасти туст, ва ту бар ҳама чиз тавоноӣ.” (Сураи Оли Имрон, ояти 26)

Аммо оятҳое, ки далолат мекунад бар ин ки инсон дар амали худ мухтор ва дар сарнавишти худ таъсиргузор аст ва метавонад онро тағйир диҳад:

إِنَّ اللّهَ لاَ يُغَيِّرُ مَا بِقَوْمٍ حَتَّى يُغَيِّرُواْ مَا بِأَنْفُسِهِمْ

Худо вазъи ҳеч мардумеро иваз намекунад магар он ки худи онҳо вазъи нафсонии худро тағйир диҳанд.” (Сураи Раъд, ояти 11)

وَضَرَبَ اللّهُ مَثَلًا قَرْيَةً كَانَتْ آمِنَةً مُّطْمَئِنَّةً يَأْتِيهَا رِزْقُهَا رَغَدًا مِّن كُلِّ مَكَانٍ فَكَفَرَتْ بِأَنْعُمِ اللّهِ فَأَذَاقَهَا اللّهُ لِبَاسَ الْجُوعِ وَالْخَوْفِ

Худо масал зада шаҳреро, ки амну ором буд ва ризқҳо аз ҳама ҷо фаровон ба сӯи он ҳамл мешуд, вале неъматҳои Худоро носипосӣ кард ва аз он пас Худо гуруснагӣ ва ноамниро аз ҳама тараф ба он чашонид…” (Сураи Наҳл, ояти 112)

وَمَا كَانَ اللَّهُ لِيَظْلِمَهُمْ وَلَكِن كَانُوا أَنفُسَهُمْ يَظْلِمُونَ

Худо чунон нест, ки ба онҳо ситам кунад, вале онон чунон буданд, ки ба хештан ситам мекарданд.” (Сураи Анкабут, ояти 40)

وَمَا رَبُّكَ بِظَلَّامٍ لِّلْعَبِيدِ

Ва парвардигорат нисбат ба бандагон ситамгар намебошад.” (Сураи Фуссилат, ояти 46)

إِنَّا هَدَيْنَاهُ السَّبِيلَ إِمَّا شَاكِرًا وَإِمَّا كَفُورًا

Мо инсонро роҳ намудем; ӯ худ ё сипосгузор аст ё носипос.” (Сураи Инсон, ояти 3)

 فَمَن شَاء فَلْيُؤْمِن وَمَن شَاء فَلْيَكْفُرْ

Ҳар ки хоҳад, имон оварад, ва ҳар ки хоҳад, куфр варзад.” (Сураи Каҳф, ояти 29)

ظَهَرَ الْفَسَادُ فِي الْبَرِّ وَالْبَحْرِ بِمَا كَسَبَتْ أَيْدِي النَّاسِ

Дар саҳрову дарё ба воситаи кирдори бади мардум фасоду табоҳӣ падид шудааст.” (Сураи Рум, ояти 41)

مَن كَانَ يُرِيدُ حَرْثَ الْآخِرَةِ نَزِدْ لَهُ فِي حَرْثِهِ وَمَن كَانَ يُرِيدُ حَرْثَ الدُّنْيَا نُؤتِهِ مِنْهَا

Ҳар кас толиби кишти охират бошад, барои вай дар кишташ хоҳем афзуд, ва ҳар кас хоҳони кишти дунё бошад, баҳрае ба ӯ хоҳем дод.” (Сураи Шӯро, ояти 20)

مَّن كَانَ يُرِيدُ الْعَاجِلَةَ عَجَّلْنَا لَهُ فِيهَا مَا نَشَاء لِمَن نُّرِيدُ ثُمَّ جَعَلْنَا لَهُ جَهَنَّمَ يَصْلاهَا مَذْمُومًا مَّدْحُورًا. وَمَنْ أَرَادَ الآخِرَةَ وَسَعَى لَهَا سَعْيَهَا وَهُوَ مُؤْمِنٌ فَأُولَئِكَ كَانَ سَعْيُهُم مَّشْكُورًا. كُلاًّ نُّمِدُّ هَؤُلاء وَهَؤُلاء مِنْ عَطَاء رَبِّكَ وَمَا كَانَ عَطَاء رَبِّكَ مَحْظُورًا

Ҳар ки зиндагии нақдро толиб бошад, ба он андоза ба он кас, ки бихоҳем нақд медиҳем, сипас ҷаҳаннамро барои вай қарор хоҳем дод, то вориди он шавад дар ҳоле, ки накӯҳида ва манфур бошад. Ва ҳар кас оқибат ва саранҷоми хуш бихоҳад ва он тавр, ки шоиста аст дар роҳи он кӯшиш кунад ва имон дошта бошад, кӯшиши ӯ мавриди қабул хоҳад шуд. Мо ба ҳар ду гурӯҳ мадад мерасонем; ба инҳо ва ба онҳо. Файзи парвардигори ту аз касе дареғ намешавад.” (Сураи Исро, оятҳои 18-20)

Оятҳои дигар низ аз ин қабил ва ҳам аз навъи дастаи аввал дар Қуръони Карим ҳаст.

Ин ду даста оятҳо аз назари ғолиби уламои тафсир ва уламои калом муъоризи якдигар шинохта шудаанд. Ба ақидаи онҳо, бояд муфоди зоҳири як дастаро пазируфт ва дастаи дигарро таъвил кард. Аз нимаи дуввуми қарни аввал, ки ду тарзи тафаккур дар ин боб пайдо шуд, гурӯҳе, ки тарафдори озодӣ ва ихтиёри башар шуданд, дастаи аввали ин оятҳоро таъвилу тавҷеҳ карданд ва онҳо ба “қадарӣ” маъруф шуданд. Гурӯҳе дигар, ки тарафдори ақидаи тақдир шуданд, дастаи дуввуми ин оятҳоро таъвил карданд ва “ҷабрӣ” номида шуданд. Тадриҷан, ки ду фирқаи бузурги каломӣ — яъне Ашоъира ва Мӯътазила — падид омаданд ва масоили зиёди дигаре ғайр аз масъалаи ҷабру қадарро низ тарҳ карданд ва ду мактаб ба вуҷуд омад, ҷабриюн ва қадариюн дар Ашоъира ва Мӯътазила ҳазм шуданд, яъне дигар унвони мустақил барои онҳо боқӣ намонд. Мактаби ашъарӣ аз ҷабр, ва мактаби мӯътазилӣ аз қадар тарафдорӣ кард.

* * *

Калимаи қадарӣ

Ин ки мо дар ин ҷо тарафдорони озодӣ ва ихтиёри башарро “қадарӣ” номидем, ба ҳасби маъруфтарин истилоҳи уламои калом аст. Ғолибан дар ахбор ва ривоёт низ ин калима дар ҳамин маврид ба кор бурда шудааст, вагарна аҳёнан калимаи қадарӣ дар забони мутакаллимин ва дар баъзе ахбор ва ривоёт, ба ҷабриюн итлоқ мешавад. Ба таври куллӣ, ҳам тарафдорони ҷабр, ки қоил ба тақдири куллӣ будаанд ва ҳам тарафдорони ихтиёру озодӣ, ки тақдирро аз аъмоли башар нафй мекардаанд, аз итлоқи калимаи “қадарӣ” бар худ иҷтиноб доштаанд ва ҳамвора ҳар дастае дастаи дигарро “қадарӣ” мехондааст.

Сирри ин иҷтиноб ин буда, ки аз Расули Акрам (с) ҳадисе ривоят шуда бад-ин мазмун:

القدرية مجوس هذه الأمة

Қадариҳо маҷуси ин умматанд.” (Ҷомеъус-сағир, 2/89)

Ҷабриюн мегуфтанд, мақсуд аз калимаи қадарӣ, мункирони тақдири илоҳӣ мебошанд. Мухолифонашон мегуфтанд, мақсуд аз калимаи қадарӣ касоне ҳастанд, ки ҳама чиз ҳатто аъмоли башарро маълули қазо ва қадар медонанд. Шояд иллати ин ки ин калима бар мункирони тақдир бештар часбид, яке ривоҷ ва шуюъи мактаби ашъарӣ ва дар ақаллият қарор гирифтани мухолифони онҳо буд, дигар ташбеҳ ба маҷус аст, зеро он чи аз маҷус маъруф аст ин аст, ки тақдири илоҳиро маҳдуд мекарданд ба он чи ки ба истилоҳ хайр меномиданд, ва аммо шурурро хориҷ аз тақдири илоҳӣ медонистанд; муддаӣ буданд, ки омили аслии шарр Аҳриман аст.

* * *

Таъорузҳо

Гуфтем, ки аз назари ғолиби муфассирон ва мутакаллимон, оятҳои Қуръон дар заминаи сарнавишт ва озодӣ ва ихтиёри инсон, мутаъориз мебошанд ва ночор як даста аз оятҳоро бояд таъвил ва бар хилофи зоҳир ҳамл кард.

Ин нукта бояд гуфта шавад, ки таъоруз бар ду қисм аст: гоҳе ба ин сурат аст, ки як сухан сухани дигарро сароҳатан ва мутобиқатан нафй мекунад; масалан яке мегӯяд, пайғамбар дар моҳи сафар аз дунё рафт, дигаре мегӯяд, пайғамбар дар моҳи сафар аз дунё нарафт. Дар ин ҷо ҷумлаи дуввум сареҳан муфоди ҷумлаи аввалро нафй мекунад. Гоҳе ин тавр нест; ҷумлаи дуввум сареҳан муфоди ҷумлаи аввалро нафй намекунад, аммо лозимаи сиҳҳат ва ростии ӯ бутлон ва кизби муфоди ҷумлаи аввал аст; мисли ин ки яке мегӯяд, пайғамбар дар моҳи сафар аз дунё рафт, дигаре мегӯяд, пайғамбар дар моҳи рабиъулаввал аз дунё рафт. Албатта лозимаи ин ки пайғамбар дар моҳи рабиъулаввал аз дунё рафта бошад ин аст, ки дар моҳи сафар аз дунё нарафта бошад.

Акнун бояд бибинем, таъорузи оятҳои Қуръон бо якдигар дар масъалаи қазо ва қадар ва ихтиёр ва озодии башар, аз кадом намуна аст? Оё аз намунаи аввал аст, ки сареҳан якдигарро нафй мекунанд, ва ё аз намунаи дуввум аст, ки гуфта мешавад лозимаи муфоди ҳар як аз ин ду даста, нафю тарди муфоди дастаи дигар аст?

Мусалламан оятҳои Қуръон сароҳатан якдигарро дар ин масъала нафй намекунанд ва таъорузи онҳо аз навъи аввал нест, зеро чунонки мебинем, ин тавр нест, ки як даста бигӯяд ҳама чиз муқаддар шуда ва дастаи дигар бигӯяд ҳама чиз муқаддар нашудааст; як даста бигӯяд ҳама чиз дар илми Худо гузаштааст ва дастаи дигар бигӯяд ҳама чиз дар илми Худо нагузаштааст; як даста бигӯяд башар дар кори худ мухтору озод аст ва дастаи дигар бигӯяд башар мухтору озод нест; як даста бигӯяд ҳама чиз вобаста ба машиати Худованд аст ва дастаи дигар бигӯяд ҳама чиз баста ба машиат ва иродаи Ҳақ нест. Балки иллати ин ки ин ду даста мутаъориз шинохта шудаанд ин аст, ки ба ақидаи мутакаллимон ва бархе аз муфассирон, лозимаи ин ки ҳама чиз ба тақдири илоҳӣ бошад ин аст, ки инсон озод набошад. Озодӣ бо муқаддар будан созгор нест. Ва лозимаи ин ки ҳама чиз дар илми Худо гузаштааст, ин аст, ки ҳама чиз бояд ҷабран ва бидуни ихтиёр сурат гирад, вагарна илми Худо ҷаҳл хоҳад буд.

Ва аз он тараф, лозимаи ин ки инсон худ омили таъсиргузор дар хушбахтӣ ва бадбахтии худ бошад ва сарнавишти худро дар ихтиёр дошта бошад, ки хуб кунад ё бад, ин аст, ки тақдири қаблӣ дар кор набошад. Пас, як даста аз ин ду даста оятҳо бояд таъвил шаванд.

Китобҳои каломӣ ва тафсирии Ашоъира ва Мӯътазила пур аст аз таъвилу тавҷеҳ. Мӯътазила оятҳои тақдирро таъвил карданд ва Ашоъира оятҳои ихтиёрро. Барои намуна, ба тафсири Имом Фахри Розӣ, ки фикри ашъарӣ дорад, ва ба “Кашшоф”-и Замахшарӣ, ки фикри мӯътазилӣ дорад, метавон муроҷеа кард.

Бинобар ин, агар назари севвуме бошад, ки битавонад ин таъорузи зоҳириро ҳалл кунад ва ҳеч гуна мунофоте байни қазо ва қадари илоҳӣ ба таври мутлақ — яъне илми собиқ ва мозӣ ва нофизи илоҳӣ ва машиати мутлақаи ӯ — ва байни ихтиёр ва озодии башар ва дар даст доштани ӯ сарнавишти худро қоил набошад, эҳтиёҷе ба таъвили ҳеч як аз ин ду даста оятҳо нахоҳад буд.

Чунонки баъдан хоҳем гуфт, матлаб аз ҳамин қарор аст. Яъне назари севвуме вуҷуд дорад, ки ҳеч гуна таноқуз ва таъорузе миёни ин ду даста аз оятҳо намебинад; танҳо кӯтоҳии фаҳми илмии мутакаллимон ва баъзе аз муфассирону шореҳон будааст, ки ин таъорузро ба вуҷуд овардааст.

Усулан, маънӣ надорад, ки дар китоби мубини илоҳӣ таъорузу ихтилоф вуҷуд дошта бошад ва ниёз бошад, ки бархе аз оятҳоро бар хилофи зоҳире, ки ҳаст таъвил кунем.

Ҳақиқат ин аст, ки дар Қуръони Карим, дар ҳеч мавзӯе аз мавзӯот, ҳатто як оят ҳам вуҷуд надорад, ки ниёзманд ба таъвил бошад. Муташобеҳтарини оятҳои қуръонӣ низ чунин нест. Ва ин худ баҳси муфассале аст, ки аз ҳудуди ин рисола хориҷ аст ва шояд битавон гуфт, эъҷозомезтарин ҷанбаҳои Қуръони Маҷид, ҳамин ҷиҳат аст.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: