Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (315)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (58)

* * *

Пеш омадани нақибон ва дарбонони халифа аз баҳри икроми аъробӣ ва пазируфтани ҳадяи ӯро (2)

* * *

Ман ғарибам, аз биёбон омадам,

Бар умеди лутфи султон омадам.

Ман ғарибе ҳастам, ки аз биёбон омадаам ва ба умеди дарёфти алтофи султони вуҷуд омадаам.

Бӯйи лутфи ӯ биёбонҳо гирифт,

Зарраҳои рег ҳам ҷонҳо гирифт.

Бӯи алтофу эҳсони шоҳи вуҷуд баёбонҳоро фаро гирифт ва аз насими ҷонбахши эҳсони ӯ ҳатто зарроти регҳо низ ҷон гирифт.

То бад-ин ҷо баҳри динор омадам,

Чун расидам, масти дидор омадам.

Ман то ин ҷо ба хотири дарёфти динор омадам, вале ҳамин ки ба ин боргоҳ расидам, масти дидори ҳақиқат шудам.

Нукта: Мавлоно дар ин байт ва абёти баъдӣ ба ин нукта ишорат дорад, ки гоҳе инсон бо ангезаи маъмулӣ ва ғарази дунявӣ ба амре мепардозад, вале дар ҳини амал, ба шинохтҳое даст меёзад, ки ба куллӣ ангезаи ӯро табдил мекунад. Масалан, кӯдакон ибтидо тан ба дарсу машқ намедиҳанд ва эй басо дар назари онон чизе машаққатбортар аз дарсу мадраса набошад. Аз ин рӯ падарону модарон маҷбур мешаванд, ки ба онон ваъдаи нуқлу набот диҳанд. Кӯдак ба ин умед дарсу машқро оғоз мекунад. Вале рафта-рафта бо дарс унс мегирад ва бад-он дил мебандад, то бад-он ҷо, ки барои касби илму дониш аз хобу хӯрок ва бозиву тафреҳи худ низ дармегузарад ва ниҳоятан шефтагии ӯ ба илму дониш бад-он ҳадд мерасад, ки агар ҳамаи зарру сими оламро ба пойи ӯ резанд, ҳозир нест лаҳзае аз дарсу таҳқиқу пажӯҳиш даст бикашад. Мавлоно дар абёти зайл ин маъниро бо мисолҳое баён медорад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.817-818)

Баҳри нон шахсе сӯйи нонво давид,

Дод ҷон, чун ҳусни нонборо бидид.

Масали ман (аъробӣ), масали он касе аст, ки барои гирифтани нон ба нонвоӣ меравад, вале ҳамин ки ҳусну зебоии нонворо мебинад, ошиқи ӯ мешавад.

Баҳри фурҷа шуд яке то гулситон,

Фурҷаи ӯ шуд ҷамоли боғбон.

Мисоли дигар, шахсе барои гардишу тафарруҷ ба гулистон меравад, вале ҳамин ки зебоӣ ва ҷамоли боғбонро мебинад, ба сайру саёҳат дар зебоии ӯ мепардозад ва дигар ба боғ назаре намекунад.

Фурҷа: тафарруҷ, гардиш.

Ҳамчу аъробӣ, ки об аз чаҳ кашид,

Оби ҳайвон аз рухи Юсуф чашид.

Мисоли дигар, монанди он аъробӣ, ки хост аз умқи чоҳ об бикашад, вале ҳамин ки далвро аз жарфои чоҳ боло кашид, бо ҷамоли Юсуф мувоҷеҳ шуд ва оби ҳаётро аз рухсори ӯ чашид.

Нукта: Дар Қуръони Карим, сураи Юсуф (а), ояти 19 омадааст:

وَجَاءتْ سَيَّارَةٌ فَأَرْسَلُواْ وَارِدَهُمْ فَأَدْلَى دَلْوَهُ قَالَ يَا بُشْرَى هَذَا غُلاَمٌ

Корвоне биёмад, обдорашонро барои об фиристоданд, далвро, ки аз чоҳ берун овард (ва ҷамоли Юсуфро дид), гуфт: баҳ-баҳ, мужда шуморо бод, ки ин ҷавонаке аст!..”

Рафт Мӯсо, к-оташ орад ӯ ба даст,

Оташе дид ӯ, ки аз оташ бираст.

Мисоли дигар, ҳазрати Мӯсо (а) рафт, ки оташе баргирад, вале ӯ оташе дид, ки аз ҷустани оташи мавриди назари худ фориғ шуд ва раҳид.

Нукта: Ҳазрати Мӯсо (а) вақте ки дар биёбон мерафт, ки оташе барои хонаводааш фароҳам созад, дар ин ҳангом рисолати илоҳӣ бад-ӯ иблоғ шуд. (Ахборуз-замон, с.280) Дар чанд маврид аз ҷумла дар сураи Тоҳо, ояти 10 омадааст:

إِذْ رَأَى نَارًا فَقَالَ لِأَهْلِهِ امْكُثُوا إِنِّي آنَسْتُ نَارًا لَّعَلِّي آتِيكُم مِّنْهَا بِقَبَسٍ

Ба ёд биёвар он дам, ки оташе дид ва ба касони худ гуфт: диранг кунед, ки ман оташе бинам, бошад, ки ахгаре аз он бароятон баргирам ва орам.”

Ҷаст Исо, то раҳад аз душманон,

Бурдаш он ҷастан ба чорум осмон.

Мисоли дигар, ҳазрати Исо (а) гурехт, то аз газанди душманон раҳад, вале ин ҷасту гурез ӯро ба осмони чаҳорум бурд.

Доми Одам хӯшаи гандум шуда,

То вуҷудаш хӯшаи мардум шуда.

Мисоли дигар, хӯшаи гандум доми ҳазрати Одам (а) шуд, зеро аз он хӯрд ва аз биҳишт ронда шуд, то ин ки вуҷудаш хӯшаи мардум гардид, яъне сабаб шуд, ки ин ҳама авлоду афрод ҳамонанди донаҳои хӯша аз вуҷуди ӯ падид оянд.

Нукта: Дар сураи Аъроф, ояти 20 ва 21 аз забони шайтон хитоб ба Одаму Ҳавво омадааст:

مَا نَهَاكُمَا رَبُّكُمَا عَنْ هَذِهِ الشَّجَرَةِ إِلاَّ أَن تَكُونَا مَلَكَيْنِ أَوْ تَكُونَا مِنَ الْخَالِدِينَ. وَقَاسَمَهُمَا إِنِّي لَكُمَا لَمِنَ النَّاصِحِينَ

Бознадошт шуморо парвардигоратон аз ин дарахт, магар ин ки мабод, ки дар биҳишт ду фаришта шавед ё ҷовидона монед ва савганд ёд кард, ки ман хайрхоҳи шумоям.”

Ҳамон тавр, ки мулоҳиза мешавад, Қуръон навъи он мева ва ё дарахтро мушаххас накарда, балки бештари муфассирон ва донишмандон шаҷараи мамнӯъаро гандум медонанд. (Ахборуз-замон, с.65)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: