Перейти к содержимому

Инсон ва сарнавишт (4)

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Осори шум

Бидуни шак, маслаки ҷабр, ки ба куллӣ башарро фоқиди ихтиёру озодӣ медонад, осори суи иҷтимоии зиёде дорад; монанди микроби фалаҷ, руҳу иродаро фалаҷ мекунад.

Ин ақида аст, ки дасти татовули зӯргӯёнро дарозтар ва дасти интиқому додхоҳии зӯршунавҳоро бастатар мекунад.

Он кас, ки мақомеро ғасб карда ва ё молу сарвати умумиро забт намудааст, дам аз мавҳибатҳои илоҳӣ мезанад ва ба унвони ин ки ҳар чӣ ба ҳар кас дода мешавад, Худододӣ аст ва Худост, ки ба мунъим дарё-дарё неъмат ва ба муфлис киштӣ-киштӣ миҳнат арзонӣ фармудааст, беҳтарин санад барои ҳаққоният ва машрӯияти он чи тасоҳуб карда ироа медиҳад. Ва он ки аз мавҳибатҳои илоҳӣ маҳрум монда, ба худ ҳақ намедиҳад, ки эътироз кунад, зеро фикр мекунад ин эътироз, эътироз ба “қисмат” ва тақдири илоҳӣ аст ва дар муқобили қисмат ва тақдири илоҳӣ бояд собир буд, бояд розӣ ва шокир буд.

Золиму ситамгар аз аъмоли ҷобиронаи худ ба баҳонаи сарнавишт ва қазо ва қадар, рафъи масъулият мекунад, зеро ӯ дасти Ҳақ аст ва дасти Ҳақ сазовори таън нест.

Ва ба ҳамин далел, мазлуму ситамкаш низ он чи аз дасти ситамгар мекашад таҳаммул мекунад, зеро фикр мекунад он чи бар ӯ ворид мешавад, мустақиман ва биловосита аз тарафи Худост ва бо худ мегӯяд, мубориза бо зулму ситамгарӣ ҳам беҳуда аст, зеро панҷа бо панҷаи қазо афкандан аст ва ҳам зидди ахлоқ аст, зеро мунофии мақоми ризо ва таслим аст.

Мӯътақид ба ҷабр, чун робитаи сабабӣ ва мусаббабиро дар ашё, ба хусус дар миёни инсон ва аъмол ва шахсияти руҳӣ ва ахлоқии ӯ аз як тараф, ва миёни ояндаи саодатбор ё шақоватбораш аз тарафи дигар мункир аст, ҳаргиз дар фикри тақвияти шахсият ва ислоҳи ахлоқ ва контроли аъмоли худ намеафтад ва ҳама чизро ҳавола ба тақдир мекунад.

* * *

Истифодаҳои сиёсӣ

Таърих нишон медиҳад, ки масъалаи қазо ва қадар дар замони Банӣ Умайя дастовези қурсу муҳкаме буда барои сиёсатмадорони умавӣ. Онҳо ҷиддан аз маслаки ҷабр тарафдорӣ мекарданд ва тарафдорони ихтиёру озодии башарро ба унвони мухолифат бо як ақидаи динӣ мекуштанд ё ба зиндон меандохтанд, то он ҷо, ки ин ҷумла маъруф шуд:

الجبر والتشبيه أمويان، والعدل والتوحيد علويان

Қадимтарин касоне, ки масъалаи ихтиёру озодии башарро дар давраи умавӣ унвон карданд ва аз ақидаи озодӣ ва ихтиёри башар ҳимоят карданд, марде аз аҳли Ироқ ба номи Маъбад ибни Абдуллоҳи Ҷуҳанӣ ва марди дигаре аз аҳли Шом маъруф ба Ғаялони Димишқӣ буданд. Ин ду нафар ба ростӣ ва дурустӣ ва сидқу имон шинохта мешуданд. Маъбад ба ҳамроҳии Ибни Ашъас (алайҳи хулафои умавӣ) хуруҷ кард ва ба дасти Ҳаҷҷоҷ кушта шуд ва Ғаялон низ пас аз он ки ҳарфҳояш ба гӯши Ҳишом ибни Абдулмалик (халифаи умавӣ) расид, ба дастури Ҳишом дастҳо ва поҳояшро бурида, сипас ӯро ба дор овехтанд.

Дар китоби “Таърихи илми калом”, таълифи Шибли Нӯъмон (ҷ.1, с.14) менависад:

Агарчӣ барои ихтилофи ақоид тамоми омилҳо ва асбоб фароҳам буд, лекин оғози он аз сиёсат ё муқтазаёти мамлакатӣ буда. Дар замони умавиён чун бозори саффокӣ ривоҷ дошт, қаҳран дар табиатҳо шӯриш пайдо мешуд… Ҳар вақт калимаи шикояте аз забони касе дармеомад, тарафдорони ҳукумат ҳавола ба тақдир карда ва ӯро сокиту хомӯш мекарданд, ки он чи мешавад, муқаддар ва марзийи Худост ва набояд ҳеч дам зад: “Оманно бил-қадарӣ хайриҳӣ ва шарриҳӣ.” Дар замони Ҳаҷҷоҷ Маъбади Ҷуҳанӣ, ки аз тобеъин буд ва бисёр далеру ростгӯ буд, як рӯз аз устоди худ Ҳасани Басрӣ пурсид: ин ки аз тарафи Банӣ Умайя масъалаи қазо ва қадарро пеш мекашанд, то куҷо ин ҳарф рост асту дуруст? Ӯ гуфт: эшон душманони Худо ҳастанд, дурӯғ мегӯянд.“

Аббосиён ҳарчанд сиёсаташон бо умавиён мухолиф буд ва гурӯҳе аз онҳо — махсусан Маъмуну Мӯътасим — аз Мӯътазила, ки яке аз ақоидашон озодӣ ва ихтиёри башар буд ҳимоят карданд, аммо аз замони Мутаваккил ба баъд, варақ баргашт ва аз ақоиди Ашоъира, ки аз он ҷумла масъалаи ҷабр аст, ҳимоят карданд ва аз он ба баъд мазҳаби ашъарӣ, мазҳаби роиҷ ва умумии ҷаҳони ислом шуд.

Бидуни шак, ривоҷ ва нуфузи мазҳаби ашъарӣ дар олами ислом осори зиёде гузошт. Фирқаҳои дигар монанди шиъа ҳарчанд расман аз онҳо пайравӣ намекарданд, аммо аз нуфузи ақоиди онҳо дар амон намонданд. Аз ин рӯ, бо он ки мактаби шиъӣ бо мактаби ашъарӣ мухолиф аст — ва албатта бо мактаби мӯътазилӣ ҳам сад дар сад мувофиқ нест — дар адабиёти арабӣ ва форсии шиъӣ, он андоза, ки аз маҳкум будани башар дар баробари сарнавишт сухан рафта, аз озодӣ ва ихтиёр сухан нарафтааст, бо он ки тибқи тасреҳоти пешвоёни шиъа, яъне имомони аҳли байт (алайҳимус салом), қазо ва қадари умумӣ бо ихтиёр ва озодии башар мунофот надорад.

Сирри ин ки калимаи сарнавишт ё қазо ва қадар руъбовар ва ҳаросангез шудааст, ин аст, ки дар асари тафаввуқ ва тасаллути мактаба ашъарӣ бар ҷаҳони ислом ва таҳти нуфуз қарор додани адабиёти исломӣ, ин калимот ва калимоте амсоли инҳо муродиф бо ҷабр ва адами озодӣ ва тасаллути бемантиқи як қудрати номаръӣ бар инсон ва аъмолу афъоли ӯ муаррифӣ шудааст.

* * *

Ҳамлаи Урупои масеҳӣ ба ислом

Ин ҷиҳат баҳонае ба дасти урупоиёни масеҳӣ дода, ки иллатулилали инҳитоти мусалмононро эътиқод ба қазо ва қадар бидонанд ва чунин вонамуд кунанд, ки ислом худ як ойини ҷабрӣ аст ва дар он ҳар гуна ихтиёр ва ҳуррият аз башар салб шудааст.

Марҳум Сайид Ҷамолуддини Асадободӣ дар вақтҳое, ки дар Урупо буд, мутаваҷҷеҳи ин интиқод шуд ва дар мақолоти худ ба ин интиқоди нодуруст ҷавоб дод. Вай дар яке аз мақолоти худ мегӯяд:

Ақида ба қазо ва қадар, яке аз он ақоиди ҳуққабоз аст, ки мавриди иштибоҳ ва мавзӯи бехабарии ҷоҳилон аст. Ғофилони фарангӣ гумонҳои хато бурданд ва гуфтанд: эътиқод ба тақдир дар миёни ҳар миллате шойеъу росих гардад, ҳиммату қуввату шуҷоат ва дигар фазоил аз миёни он миллат рахт бармебандад. Ва гуфтанд: сифоти нописандидаи мусалмонон ҳама натиҷаи эътиқод ба қазо ва қадар аст. Мусалмонон имрӯз бенаво ва тиҳидаст ва дар қувваҳои низомӣ ва сиёсӣ заъифтар аз миллатҳои фаранг шудаанд ва фасоди ахлоқ ва дурӯғу найрангу кина ва душманӣ ва тафриқа ва ҷаҳл ба аҳволи ҷаҳон ва бебасиратӣ бар хайру шарр ва қаноат ба маишати бихӯру намир, дар эшон роиҷ ва умумӣ гашта, парвои тараққӣ ва дафъи душман надоранд. Лашкари хунхори аҷониб аз ҳар сӯ бар эшон тохтааст… Бечорагон ба ҳар пешомаде шокиранд ва ба ҳар мазаллате ҳозир. Ба кунҷи хона осуда хуфтаанд ва ганҷи сарвату истиқлолро ба душман ва бегона вогузоштаанд.“

Он гоҳ мегӯяд:

Ғарбиён ин мафосидро, ки баршумурдем, ба мусалмонон нисбат медиҳанд. Ҳамаи зиштиҳо ва пастиҳоро зоидаи эътиқод ба қазо ва қадар медонанд ва мегӯянд: агар мусалмонон чанде дигар бар ин ақида бимонанд, дигар ҳисобашон соф аст ва об аз сарашон гузаштааст.“

Сипас мегӯяд:

Фарангиҳо миёни эътиқод ба қазо ва қадар ва эътиқод ба мазҳаби ҷабр, ки мегӯяд инсон дар куллияи аъмолу афъоли худ маҷбури мутлақ аст, фарқе ва тафовуте нагузоштаанд…“ (Иқтибос аз ёддоштҳои оқои Садри Восиқӣ дар бораи Сайидҷамолуддин, нақл аз мақолаи “Сайид дар бораи қазо ва қадар” тарҷумаи Сайид Абулқосими Фарзонаи Яздӣ, китобхонаи мадрасаи Оли Сипаҳсолор)

* * *

Мушкили илмӣ

Вале аз баёни гузашта набояд чунин тасаввур кард, ки тарҳи масъалаи қазо ва қадар ва ҷабру ихтиёр дар миёни мусалмонон, танҳо решаи иҷтимоӣ ва сиёсӣ дорад. Баъдан тавзеҳ хоҳам дод, ки ин масъала қабл аз ҳар чизи дигар як мушкили илмӣ ва як маҷҳули фалсафӣ ва уқдаи фикрӣ аст, ки барои ҳар фард ва ҳар миллате, ки дар ӯ истеъдоди андешидан дар масоили куллӣ вуҷуд дошта бошад, хоҳ нохоҳ пеш меояд ва шояд дар ҳамаи ҷаҳон миллате ёфт нашавад, ки дар бораи ин мавзӯъ ба наҳве фикр накарда бошад.

* * *

Фалсафаи моддӣ ва сарнавишт

Тасаввури баъзе чунин аст, ки ин муъзал танҳо барои илоҳийюн матраҳ аст ва моддийюн аз тарҳи чунин масъалае ва заҳмати дарку ҳалли он фориғанд.

Ин тасаввур ботил аст. Барои касоне, ки тарзи тафаккури моддӣ доранд, айнан ҳамин мушкил бо андак тафовут вуҷуд дорад. Зеро тибқи қонуни собит ва мусаллами “иллату маълул”, ҳар падида ва ҳодисае зоидаи иллат ё иллатҳое аст ва он иллат ё иллатҳо низ ба навбаи худ зоидаи иллат ё иллатҳои дигар мебошад, ва аз тарафе ба вуҷуд омадани маълул бо фарзи вуҷуди иллати марбута, зарурӣ ва қатъӣ ва иҷтинобнопазир аст ва бо фарзи адами вуҷуди он иллат, мумтанеъ ва ношуданӣ аст.

Моддийюн асли “иллати умумӣ” ва “зарурати иллӣ ва маълулӣ”-ро ба ҳамин тартиб пазируфтаанд ва инро бузургтарин такягоҳи фалсафаи моддӣ мешуморанд. Инҷост, ки ин пурсиш барои онҳо ва мактаби онҳо пеш меояд, ки аъмол ва афъоли башар, монанди ҳамаи падидаҳои дигар, тобеъи ин қонунанд ва наметавонанд аз он мустасно бошанд? Яъне аъмоли башар таҳти қонунҳои мусаллам ва қатъӣ ва ҷабрӣ анҷом меёбад ва дар ин сурат, озодӣ ва ихтиёрро чӣ гуна ва аз чӣ роҳ бояд тавҷеҳ кард? Аз ин рӯ, мебинем дар тамоми системҳои фалсафии қадиму ҷадид, хоҳ илоҳӣ ва хоҳ моддӣ, масъалаи ҷабру ихтиёр матраҳ аст. Албатта мушкили масъала дар фалсафаи илоҳӣ бо фалсафаи моддӣ мутафовит аст ва — чунонки баъдан тавзеҳ хоҳем дод — ин тафовут дар ҷавҳари масъала таъсире надорад, балки эътиқод ба қазо ва қадари илоҳӣ имтиёзоте дорад, ки эътиқод ба қазо ва қадари моддӣ ва ҷабри табиӣ, он имтиёзотро надорад.

* * *

Танзеҳ ва тавҳид

Ин мушкил дар миёни фалосифаи илоҳӣ ва мутакаллимин аз он ҷо матраҳ шудааст, ки ин муфаккирон аз тарафе таваҷҷӯҳ доштаанд ба қонуни иллату маълул ва мунтаҳӣ шудани ҳамаи ҳаводис ва мумкинот ба зоти воҷибулвуҷуд ва ин ки маҳол аст ҳодисае либоси ҳастӣ бипӯшад ва мустанад ба иродаи Ҳақ набошад. Ва ба иборати дигар, мутаваҷҷеҳи “тавҳиди афъолӣ” ва ин ки дар мулки вуҷуд наметавонад шарике барои Ҳақ бошад будаанд, ва аз тарафи дигар ба ин нукта, ки ҳатто авомуннос низ мутаваҷҷеҳ ҳастанд, таваҷҷӯҳ кардаанд, ки зиштиҳо ва фаҳшо ва гуноҳонро наметавон ба Худованд нисбат дод. Аз ин рӯ, дар миёни танзеҳу тавҳид мураддад мондаанд. Гурӯҳе таҳти унвони “танзеҳ”, ирода ва машиати Ҳақро таъсиргузор дар афъолу аъмоли бандагон, ки аҳёнан муттасиф ба зиштӣ ва фаҳшост надонистаанд, ва гурӯҳе таҳти унвони “тавҳид” ва ин ки:

لا مؤثر في الوجود الاّ الله

— ҳама чизро мустанад ба иродаи Ҳақ кардаанд.

Гӯянд, Ғаялони Димишқӣ, ки тарафдори ақидаи ихтиёр буд, болои сари Рабиъатурраъй, донишманди маъруф, ки қазо ва қадарӣ буд, истод ва гуфт:

أنت الذي يزعم أن الله يجب أن يعصى

Яъне “Ту он касе ҳастӣ, ки гумон мекунад Худованд дӯст дорад маъсият шавад.” Яъне ба ақидаи ту, маъсиятҳо низ ба ирода ва машиати Ҳақ воқеъ мешавад. Рабиъатурраъй фавран гуфт:

أنت الذي يزعم أن الله يعصى قهرا

Яъне “Ту он касе ҳастӣ, ки гумон мекунад Худованд ҷабран алорағми иродааш маъсият мешавад.” Яъне ба ақидаи ту, мумкин аст Худованд чизеро бихоҳад ва хилофи он чи ӯ мехоҳад, сурат гирад.

Абӯисҳоқи Исфароинӣ, ки тарафдори ақидаи қазо ва қадар буд, рӯзе дар маҳзари Соҳиб ибни Уббод нишаста буд, ки Қозӣ Абдулҷаббори Мӯътазилӣ ворид шуд. Қозӣ Абдулҷаббор бар хилофи Абӯисҳоқ, мункири умумияти қазо ва қадар буд. То чашми Қозӣ ба Абӯисҳоқ афтод гуфт:

سبحان من تنزّه عن الفحشاء

Яъне “Муназзаҳ (пок) аст зоти Ҳақ аз ин ки корҳои зишт ба ӯ нисбат дода шавад!” Киноя аз ин ки ту ҳама чизро аз Худо медонӣ ва лозимааш иттисофи Худо ба корҳои зишт аст. Абӯисҳоқ фавран гуфт:

سبحان من لا يجري في ملكه الاّ ما يشاء

Яъне “Муназзаҳ (пок) аст зоти Ҳақ аз ин ки дар мулки ӯ — мулки вуҷуд — чизе воқеъ шавад магар он ки ӯ бихоҳад!” Киноя аз ин ки ту барои Худо дар мулки Худо шарик қоил ҳастӣ ва хаёл мекунӣ мумкин аст Худованд чизеро нахоҳад ва он чиз воқеъ гардад.

Чунонки қаблан ишора шуд, ин масъала қабл аз он ки ангезаҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар он дахолат дошта бошад, як маҷҳул ва мушкилаи илмӣ будааст. Барои гурӯҳе ин ақида, ки ҳама чиз ҳатто зиштиҳо ва бадиҳо мунтасаб ба Худост, ғайриқобили қабул буда, Худоро аз ин гуна умур танзеҳ мекардаанд. Барои гурӯҳе дигар, ки ба тавҳид ошнотар будаанд, ин ҷиҳат, ки дар ҷаҳони ҳастӣ — ки қоим ба зоти илоҳӣ аст ва ҳар мавҷуде ҳар лаҳза аз ӯ мадад мегирад — мавҷуде дар феъли худ истиқлол дошта бошад ва Худо чизе бихоҳад ва он мавҷуд чизи дигар ва он гоҳ хостаи он махлуқ бар хилофи хостаи Худо ҷомаи амал бипӯшад, ғайриқобили қабул будааст, ва аз ин рӯ ихтилофи назару ақида пайдо шудааст.

Аммо ҳар дастае, аз тариқи баёни эродҳое, ки бар ақидаи дастаи мухолиф ворид будааст, мехостаанд сиҳҳати ақидаи худро собит кунанд бидуни он ки аз ӯҳдаи ҷавоби ишколоте, ки бар ақидаи худи онҳо ворид аст, бароянд. Муроҷеа ба китобҳои каломӣ муддаои моро равшан мекунад. Мубоҳисаи Ғаялон ва Рабиъатурраъй ва мубоҳисаи Қозӣ Абдулҷаббор ва Абӯисҳоқ намунае аз ин тарзи истидлол аст.

Ҳақиқат ин аст, ки ақидаи қазо ва қадар ва ақидаи ихтиёр ва озодӣ, он тавр, ки тарафдорони онҳо тарҳ мекарданд, ҳеч кадом қобили дифоъ набудааст ва агар инҳо ба ҳақиқати матлаб расида буданд ва мефаҳмиданд, ки назари ҳар дастае фақат бар ҷузъе аз ҳақиқат муштамил аст, низоъ аз миён бармехост ва мефаҳмиданд, ки лозимаи эътиқод ба қазо ва қадар ва тавҳиди афъолӣ, ҷабр ва салби озодӣ аз башар нест. Ҳамон тавр, ки лозимаи ихтиёр ва ҳуррияти башар, нафйи қазо ва қадар нест.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: