Перейти к содержимому

Инсон ва сарнавишт (5)

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Қазо ва қадар

“Қазо” ба маънии ҳукм ва қатъ ва файсала додан аст. Қозиро аз ин ҷиҳат қозӣ мегӯянд, ки миёни мутахосимон ҳукм мекунад ва ба кори онҳо файсала медиҳад. Дар Қуръони Карим ин калима зиёд истеъмол шуда, чӣ дар мавриди башар ва чӣ дар мавриди Худо ва чӣ дар мавриди қатъу фасли қавлӣ, ки сухане мӯҷиби қатъу фасле бишавад, ва чӣ дар мавриди қатъу фасли амалӣ ва таквинӣ, ки ҳақиқате аз ҳақоиқ мӯҷиби қатъу фасл гардад.

“Қадар” ба маънии андоза ва таъйин аст. Ин калима низ ба ҳамин маънӣ дар Қуръони Карим зиёд истеъмол шудааст.

Ҳодисаҳои ҷаҳон аз он ҷиҳат, ки вуқӯи онҳо дар илм ва машиати илоҳӣ қатъият ва ҳатмият ёфтааст, мақзӣ (қазоёфта) ба қазои илоҳӣ мебошанд (тавзеҳи ин матлаб баъдҳо бештар хоҳад омад), ва аз он ҷиҳат, ки ҳудуду андоза ва мавқеияти маконӣ ва замонии онҳо таъйин шудааст, муқаддар (тақдиршуда) ба тақдири илоҳӣ мебошанд. (Тавзеҳи ин матлаб низ хоҳад омад.)

Ҳукамо ва мутакаллимин дар ин замина истилоҳот ва баёноти хоссе доранд, ва чун марбут аст ба масъалаи илми Борӣ Таъоло ва маротиби илми Борӣ ва онҳо низ бастагӣ дорад ба масоили зиёде — аз он ҷумла таҳқиқ дар оламҳои куллии вуҷуд — мо дар ин мақола вориди баҳси онҳо намешавем.

Ҳоҷӣ Сабзаворӣ дар “Манзума”-и маъруфи худ мегӯяд:

إذ يكشف الأشياء مرات له

فذا مراتب يبان علمه

عناية وقلم لوح قضا

وقدر سجل كون يرتضى

Он чи дар ин мақола метавон баҳс кард, ин аст, ки ба таври куллӣ, дар бораи ҳаводисе, ки дар ҷаҳон воқеъ мешавад, се гуна метавон назар дод:

1) Яке ин ки бигӯем: ҳаводис бо гузаштаи худ ҳеч гуна иртиботе надорад; ҳар ҳодиса дар ҳар замон, ки воқеъ мешавад, марбут ва мадюни умуре, ки бар ӯ тақаддум доранд (чӣ тақаддуми замонӣ ва чӣ ғайризамонӣ) нест; на асли вуҷуди ӯ ба умури қаблӣ марбут ва муттакӣ аст, ва на хусусиёту шаклу мухтассоти замонӣ ва маконӣ ва андозаву ҳудуди ӯ марбут ба гузашта аст ва дар гузашта таъйин шудааст.

Албатта бо ин фарз, сарнавишт маънӣ надорад. Сарнавишти ҳеч мавҷуде қаблан, яъне дар мартибаи вуҷуди як мавҷуди дигар, таъйин намешавад, зеро робитаи вуҷудӣ миёни онҳо нест.

Мутобиқи ин назар, бояд асли иллиятро яксара инкор кунем ва ҳаводисро бо газофу иттифоқ ва сурати ғайриилмӣ тавҷеҳ кунем.

(Ва ин дар ҳоле аст, ки) асли иллияти умумӣ ва пайванди зарурӣ ва қатъии ҳаводис бо якдигар ва ин ки ҳар ҳодисае ҳатмият ва қатъияти худро ва ҳамчунин тақаддуру хусусиёти вуҷудии худро аз амре ё умуре муқаддам бар худ гирифтааст, амрест мусаллам ва ғайриқобили инкор. “Асли иллият” ва “асли зарурати иллӣ ва маълулӣ” ва “асли синхияти иллӣ ва маълулӣ”-ро аз усули ҳамаи улуми башарӣ бояд шумурд.

2) Назари дигар ин ки: барои ҳар ҳодиса иллат қоил бишавем, вале низоми асбобу мусаббаботро ва ин ки ҳар иллате маълули хоссе эҷоб мекунад ва ҳар маълуле аз иллати муайяне имкони судур дорад, мункир шавем ва чунин пиндорем, ки дар ҳамаи олам ва ҷаҳони ҳастӣ як иллат ва як фоил бештар вуҷуд надорад ва он зоти Ҳақ аст. Ҳамаи ҳаводис ва мавҷудот мустақиман ва биловосита аз ӯ содир мешаванд; иродаи Худо ба ҳар ҳодисае мустақиман ва ҷудогона таъаллуқ мегирад. Чунин фарз кунем, ки қазои илоҳӣ — яъне илму иродаи Ҳақ — ба вуҷуди ҳар мавҷуде, мустақил аст аз ҳар илми дигар ва қазои дигар.

Дар ин сурат, бояд қабул кунем, ки омиле ғайр аз Худо вуҷуд надорад. Илми Ҳақ дар азал таъаллуқ гирифта, ки фалон ҳодиса дар фалон вақт вуҷуд пайдо кунад, ва қаҳран он ҳодиса дар он вақт вуҷуд пайдо мекунад ва ҳеч чизе ҳам дар вуҷуди он ҳодиса дахолат надорад. Афъолу аъмоли башар яке аз он ҳаводис аст. Ин афъолу аъмолро мустақиман ва биловосита, қазо ва қадар — яъне илму иродаи илоҳӣ — ба вуҷуд меоварад ва аммо худи башар ва қувва ва нерӯи ӯ дахолате дар кор надорад; инҳо сирфан як пардаи зоҳирӣ ва як намоиши пиндорӣ ҳастанд.

Ин ҳамон мафҳуми ҷабр ва сарнавишти ҷабрӣ аст, ва ин ҳамон эътиқоде аст, ки агар дар фард ё қавме пайдо шавад, зиндагии онҳоро табоҳ мекунад.

Ин назар, гузашта аз мафосиди амалӣ ва иҷтимоӣ, ки дорад, мантиқан маҳкуму мардуд аст ва аз назари бурҳонҳои ақлӣ ва фалсафӣ — чунонки дар маҳалли худ гуфта шудааст — тардиде дар бутлони ин назар нест. Низоми асбобу мусаббабот ва робитаи иллӣ ва маълулӣ байни ҳаводис, ғайриқобили инкор аст. На танҳо улуми табиӣ ва мушоҳидоти ҳиссӣ ва таҷрибӣ, бар низоми асбобу мусаббабот далолат мекунад, дар фалсафаи илоҳӣ мутқантарин бурҳонҳое бар ин матлаб иқома шудааст. Ба илова, Қуръони Карим низ асли иллияти умумӣ ва низоми асбобу мусаббаботро таъйид кардааст.

3) Назари севвум ин ки: асли иллияти умумӣ ва низоми асбобу мусаббабот бар ҷаҳон ва ҷамиъи вақойеъ ва ҳаводиси ҷаҳон ҳукмфармост ва ҳар ҳодисе зарурат ва қатъияти вуҷуди худро ва ҳамчунин шаклу хусусияти замонӣ ва маконӣ ва соири хусусиёти вуҷудии худро аз иллатҳои мутақаддимаи худ касб кардааст ва як пайванди ногусастанӣ миёни гузашта ва ҳол ва оянда, миёни ҳар мавҷуде ва иллатҳои мутақаддимаи ӯ ҳаст.

Бино бар ин назар, сарнавишти ҳар мавҷуде ба дасти мавҷуде дигар аст, ки иллати ӯст, ва он иллат аст, ки вуҷуди ин мавҷудро эҷоб карда ва ба ӯ зарурат ва ҳатмият додааст. Ва ҳам он иллат аст, ки хусусиёти вуҷудии ӯро эҷоб кардааст, ва он иллат низ ба навбаи худ маълули иллати дигаре аст ва ҳамин тавр…

Пас, лозимаи қабули “асли иллияти умумӣ”, қабули ин нукта аст, ки ҳар ҳодисае зарурат ва қатъият ва ҳамчунин хусусият ва шакл ва андоза ва кайфияти худро аз иллати худ мегирад. Дар ин ҷиҳат, фарқ намекунад, ки мо илоҳимаслак бошем ва ба иллатулилале, ки асли ҳамаи эҷобҳо (қазоҳо) ва асли ҳамаи таъаюнҳо (қадарҳо) ҳаст мӯътақид бошем, ё набошем ва чунин иллатулилалеро нашносем.

Аз ин рӯ, аз ҷанбаи амалӣ ва иҷтимоӣ, дар ин масъала фарқе байни илоҳӣ ва моддӣ нест. Зеро эътиқод ба сарнавишт, аз эътиқод ба “асли иллияти умумӣ” ва низоми сабабӣ ва мусаббабӣ сарчашма мегирад, хоҳ он ки тарафдори ин эътиқод илоҳӣ бошад ё моддӣ.

Чизе, ки ҳаст, ба ақидаи як нафар моддӣ, қазо ва қадар сирфан айнӣ аст, ва ба ақидаи илоҳӣ, қазо ва қадар дар айни ин ки айнӣ аст, илмӣ ҳам ҳаст. Яъне, аз назари як нафар моддӣ, сарнавишти ҳар мавҷуде дар иллатҳои гузашта таъйин мешавад бидуни он ки худи он иллатҳо ба кори худ ва хоссияти худ огоҳ бошанд, вале аз назари як нафар илоҳӣ, силсилаи тӯлии иллатҳо (иллатҳои мофавқи замон) ба худ ва ба кору хоссияти худ огоҳ мебошанд. Аз ин рӯ, дар мактаби илоҳийюн, он иллатҳо, номи “китоб” ва “лавҳ” ва “қалам” ва амсоли инҳо ба худ мегиранд, аммо дар мактаби моддийюн чизе, ки шоистаи ин номҳо бошад вуҷуд надорад.

* * *

Ҷабр

Аз ин ҷо маълум мешавад, ки эътиқод ба қазо ва қадари умумӣ ва ин ки ҳар ҳодисае ва аз он ҷумла аъмолу афъоли башар, ба қазо ва қадари илоҳӣ аст, мусталзими ҷабр нест. Эътиқод ба қазо ва қадар он гоҳ мусталзими ҷабр аст, ки худи башар ва иродаи ӯро дахил дар кор надонем, ва қазо ва қадарро ҷонишини қувва ва нерӯ ва иродаи башар бидонем, ва ҳол он ки — чунонки ишора шуд — аз номумкинтарини номумкинҳо ин аст, ки зоти Ҳақ биловосита дар ҳаводиси ҷаҳон таъсиргузор бошад. Зеро зоти Ҳақ, вуҷуди ҳар мавҷудеро фақат ва фақат аз роҳи иллатҳо ва асбоби хосси ӯ эҷоб мекунад.

Қазо ва қадари илоҳӣ чизе ҷуз сарчашма гирифтани низоми сабабӣ ва мусаббабии ҷаҳон, аз илму иродаи илоҳӣ нест. Ва чунонки қаблан ишора шуд, лозимаи қабули “асли иллияти умумӣ” ва “асли зарурати иллӣ ва маълулӣ” ва “асли синхияти иллӣ ва маълулӣ” ин аст, ки сарнавишти ҳар мавҷуде бо иллатҳои мутақаддимаи худ бастагӣ дошта бошад, хоҳ он ки тибқи назари илоҳийюн мабдаи илоҳӣ дар кор бошад ва ё он ки тибқи назари моддийюн мабдаи илоҳӣ дар кор набошад ва фақат мабдаи моддӣ дар кор бошад, яъне, хоҳ он ки низоми асбобу мусаббаботро қоим ба ғайр ва мунбаъис (бархоста) ва муттакӣ ба машиати илоҳӣ бидонем, ва ё он ки ин низомро мустақил ва қоим ба зот фарз кунем. Зеро мустақил ва қоим ба зот будани низоми сабабӣ ва мусаббабӣ, ва мустақил ва қоим ба зот набудани он, дар масъалаи сарнавишт ва озодии башар таъсир надорад. Аз ин рӯ, бисёр ҷоҳилона аст, ки касе ақидаи ҷабрро ношӣ аз эътиқод ба қазо ва қадари илоҳӣ бидонад ва аз ин назар, эътиқод ба сарнавишт ва қазо ва қадарро мавриди интиқод қарор диҳад.

Агар мақсуд аз сарнавишт ва қазо ва қадари илоҳӣ, инкори асбобу мусаббабот ва аз он ҷумла қувва ва нерӯ ва ирода ва ихтиёри башар аст, чунин қазо ва қадар ва сарнавиште вуҷуд надорад ва наметавонад вуҷуд дошта бошад. Дар ҳикмати илоҳӣ, бурҳонҳои пӯлодин, ки ҷойи ҳеч гуна шакку ибҳом боқӣ намегузорад, бар беасос будани чунин сарнавишт ва қазо ва қадаре иқома шудааст.

Ва агар мақсуд аз сарнавишт ва қазо ва қадар, пайванди ҳатмияти ҳар ҳодиса бо иллатҳои худ ва пайванди шакл гирифтани ҳар ҳодиса аз ноҳияи иллатҳои худ аст, албатта ин ҳақиқатест мусаллам, вале эътиқод ба ин гуна сарнавишт, аз мухтассоти илоҳийюн нест. Ҳар мактаб ва равиши илмӣ ва фалсафӣ, ки ба “асли иллияти умумӣ” изъон дорад, ночор аст ин гуна пайвандҳоро бипазирад; бо ин тафовут, ки илоҳийюн мӯътақиданд силсилаи иллатҳо дар буъде ғайр аз буъдҳои замону макон, мунтаҳӣ мешавад ба иллатулилал ва воҷибулвуҷуд, яъне ба ҳақиқате, ки ӯ қоим ба зот аст ва иттикое ба ғайри худ надорад; аз ин рӯ ҳамаи қазоҳо (ҳатмиятҳо) ва ҳамаи қадарҳо (таъаюнҳо) дар нуқтаи муайяне мутаваққиф мешавад. Ин тафовут таъсире дар исбот ё нафйи назари ҷабр надорад.

* * *

Озодӣ ва ихтиёр

Дар ин ҷо як суол пеш меояд, ва он ин ки: агар мо қазо ва қадари илоҳиро мустақиман ва бе воситаи иллатҳо ва асбоб бо ҳаводис муртабит бидонем, дигар озодӣ ва ихтиёри башар мафҳуме нахоҳад дошт. Ва аммо бо қабули “асли иллияти умумӣ” оё метавон озодӣ ва ихтиёри башарро қабул кард, ё ин ки “асли иллияти умумӣ” низ бо озодӣ ва ихтиёри башар мунофот дорад? Оё танҳо роҳи ақида ба озодӣ ва ихтиёри башар ин аст, ки аъмолу афъоли башар ва иродаи ӯро бо ҳеч иллати хориҷӣ марбут надонем ва назари аввал аз се назари гузаштаро бипазирем?

Бисёре аз мутафаккирони қадиму ҷадид чунин гумон кардаанд, ки “асли иллияти умумӣ” бо озодӣ ва ихтиёри башар мунофот дорад, ва ночор ба иродаи ба истилоҳ “озод”, яъне ба иродае, ки бо ҳеч иллат иртибот надорад қоил шудаанд ва дар ҳақиқат судфа ва иттифоқ ва газофро, ҳарчанд дар мавриди иродаи башар, пазируфтаанд.

Мо дар поварақиҳои ҷилди севвуми “Усули фалсафа” собит ва мубарҳан кардем, ки гузашта аз ин ки “асли иллияти умумӣ” на қобили инкор аст ва на истиснопазир, агар робитаи иродаро бо иллате моварои худ инкор кунем, бояд бипазирем, ки аъмолу афъоли башар ба куллӣ аз ихтиёри ӯ хориҷ аст. Яъне, ба ҷойи ин ки битавонем бо қабули назари “адами иртиботи зарурии ирода бо иллате аз иллатҳо”, навъе ихтиёр барои башар собит кунем, ӯро беихтиёртар кардаем.

Башар мухтору озод офарида шудааст, яъне ба ӯ ақлу фикру ирода дода шудааст. Башар дар корҳои иродии худ монанди як санг нест, ки ӯро аз боло ба поин раҳо карда бошанд ва таҳти таъсири омили ҷозибаи замин хоҳ нохоҳ ба тарафи замин суқут кунад. Ва монанди гиёҳ нест, ки танҳо як роҳи маҳдуд дар ҷилави ӯ ҳаст ва ҳамин, ки дар шароити муайяни рушду нумӯ қарор гирифт, хоҳ нохоҳ маводди ғизоиро ҷазб ва роҳи рушду нумӯро тай мекунад. Ва ҳамчунин монанди ҳайвон нест, ки ба ҳукми ғариза корҳое анҷом диҳад. Башар ҳамеша худро дар сари чаҳорроҳиҳое мебинад ва ҳеч гуна иҷборе надорад, ки фақат яке аз онҳоро интихоб кунад; соири роҳҳо бар ӯ баста нест; интихоби яке аз онҳо ба назару фикру иродаву машиати шахсии ӯ марбут аст. Яъне тарзи фикру интихоби ӯст, ки як роҳи хоссро муайян мекунад.

Ин ҷост, ки пойи шахсият ва сифоти ахлоқӣ ва руҳӣ ва савобиқи тарбиятӣ ва маврусӣ ва мизони ақлу дурандешии башар ба миён меояд ва маълум мешавад, ки ояндаи саодатбахш ё шақоватбори ҳар касе то чӣ андоза марбут аст ба шахсият ва сифоти руҳӣ ва малакоти ахлоқӣ ва қудрати ақлӣ ва илмии ӯ ва билохира ба роҳе, ки барои худ интихоб мекунад.

Тафовуте, ки миёни башар ва оташ, ки месӯзонад ва об, ки ғарқ мекунад ва гиёҳ, ки мерӯяд ва ҳатто ҳайвон, ки роҳ меравад вуҷуд дорад, ин аст, ки ҳеч як аз онҳо кору хоссияти худро аз чанд кор ва чанд хоссият барои худ интихоб намекунанд, вале инсон интихоб мекунад, ӯ ҳамеша дар баробари чанд кор ва чанд роҳ қарор гирифтааст ва қатъият ёфтани як роҳ ва як кор фақат ба хости шахсии ӯ муртабит аст.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: