Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (316)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (59)

* * *

Пеш омадани нақибон ва дарбонони халифа аз баҳри икроми аъробӣ ва пазируфтани ҳадяи ӯро (3)

* * *

Боз ояд сӯйи дом аз баҳри х(в)ар,

Соъиди шаҳ ёбаду иқболу фар.

Мисоли дигар, парандаи тезболу баландпарвозе ба номи боз, барои ёфтани сайд ба сӯи дом меояд, ва ниҳоятан ҷойгоҳаш соъид (соқи даст)-и шоҳ мешавад ва шукӯҳу ҷалолати волое меёбад.

Нукта: Шоҳони пешин ин парандаи шикориро сайд мекарданд ва дастовези худ месохтанд ва барои шикори соири парандагон, бо худ ҳамроҳ мебуранд. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.820)

Тифл шуд мактаб пайи касби ҳунар,

Бар умеди мурғи болутфи падар.

Мисоли дигар, кӯдак барои он ки падараш мурғе зебо барои ӯ бихарад, дунболи илму касби дониш меравад.

Нукта: Кӯдак, бо умедҳои кӯдакона ва завқу шавқи баччагона ба мадраса меравад, вале вақте донишу маърифатро фаро гирифт, худ ба худ ба мақоми волое даст меёзад. (Ҳамон манбаъ, ҷ.1, с.820)

Пас зи мактаб он яке садре шуда,

Моҳгона додаву бадре шуда.

Пас, кӯдак бо касби ҳунару маърифат, ба мақоми воло ва садорат мерасад ва бар ҳамагон тафаввуқ меёбад, дар ҳини таҳсил ҳар моҳ аз бобати шаҳрия чизе ба омӯзгори худ медиҳад ва пас аз комил кардани таҳсилот, ҳамонанди моҳи шаби чаҳордаҳум, тобону рахшон мешавад ва ҷомеаи башариро равшанӣ мебахшад.

Моҳгона: муқаррарии моҳона.

Омада Аббос ҳарб аз баҳри кин,

Баҳри қамъи Аҳмаду истези дин.

Гашта динро то қиёмат пушту рӯ

Дар хилофат ӯву фарзандони ӯ.

Мисоли дигар, Аббос ибни Абдулмутталиб, амуи Паёмбари Акрам (с), ба қасди ҷангу кину саркӯби ҳазрати Муҳаммад (с) ва ситезагарӣ бо ойини ӯ ба овардгоҳи набард омад. Аммо ӯ ва фарзандонаш то қиёми қиёмат пуштибону ёргири дини ислом шуданд.

Нукта: Аббос ибни Абдулмутталиб, амуи ҳазрати Паёмбар (с), охирин фарзанди Абдулмутталиб аст. Ӯ ҳамсинну соли ҳазрати Муҳаммад (с) буд. Хилофати аббосӣ тавассути наводагони ӯ барқарор шудааст. Ӯ, бино бар гуфтаи бархе аз муаррихон, дар ғазваи Бадр ба ҳамроҳи чанд тани дигар аз Банӣ Ҳошим, ба иҷбори Қурайш ҳозир шуд ва сипас тавассути сипоҳи ислом асир гардид. Ӯ бо пардохти фидя, худро озод кард. (Ба гуфтаи бархе ривоёт, ӯ пеш аз ҷанги Бадр ба сурати пинҳонӣ ислом оварда буд.) Аббос нақши муассире дар фатҳи Макка дошт. Дар ғазваи Ҳунайн дар канори мусалмонон ҷангид. Ҳамчунин дар ғазавоти Тоиф ва Табук низ дар канори ҳазрати Муҳаммад (с) ҳозир буд.

Аббос, сиқоят (обрасонӣ ба ҳоҷиён), рифодат ва аморати Масҷидулҳаромро пас аз бародараш Абӯтолиб ба даст гирифта ва дар фатҳи Макка низ ин маносибро аз тарафи ҳазрати Паёмбар (с) муҷаддадан ба ӯҳда гирифт. Ӯ дар ашъори бародараш Абӯтолиб, ҳомӣ ва хайрхоҳи ҳазрати Паёмбар (с) хонда шудааст. Аббос дар ҳудуди соли 32 ҳиҷрии қамарӣ, дар 88-солагӣ даргузашт ва дар Бақиъ ба хок супурда шуд.

Ман бар ин дар толиби чиз омадам,

Садр гаштам, чун ба даҳлез омадам.

Марди аъробӣ гуфт: ман ба ин даргоҳ, ки расидам, ҷӯёи чизаке будам, аммо ҳамин ки дохили даҳлез шудам, ба мақоми воло даст ёзидам.

Нукта: Гоҳ ангезаҳои содда ва ибтидоии инсон, бар асари як ҷазаба ва бориқа, такомул меёбад. Ин мисолҳо гӯёи ин матлаб аст. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.821)

Об овардам ба тӯҳфа баҳри нон,

Бӯйи нонам бурд то садри ҷинон.

Ман барои расидан ба нон, об дар сабӯи худ овардам, вале бӯи ин нон маро то олитарин мартибаи саодати маънавии биҳишт расонд.

Ҷинон: ҷамъи ҷаннат ба маънии биҳишт.

Нон бурун бурд одамиро аз биҳишт,

Нон маро андар биҳиште дарсиришт.

Нон буд, ки ҳазрати Одам (а)-ро аз биҳишт берун ронд, вале ҳамин нон маро ба биҳиштиён ҳамнишин кард.

Растам аз обу зи нон ҳамчун малак,

Беғараз гардам бар ин дар чун фалак.

Ба ин мақом, ки расидам, ҳамонанди фаришта аз обу нон раҳидам ва ман инак бе ҳеч хосту ғаразе монанди фалак пиромуни ин даргоҳ мегардам.

Беғараз набвад ба гардиш дар ҷаҳон,

Ғайри ҷисму ғайри ҷони ошиқон.

Дар ҷаҳон, ҳеч гардишу ҷунбише бе ғараз анҷом намешавад, магар ҷисму ҷони ошиқон.

Нукта: Ошиқи ҳақиқӣ ҳамвора худро мақҳури машиати Ҳақ мебинад ва ҳеч як аз аъмолаш барои ғаразу касби натиҷа нест, чи ӯ аз ҷумлаи ҳирсҳову айбҳову худбиниҳо поку муназзаҳ аст. Агар Ҳақро мепарастад, на барои расидан ба наъими биҳишту на бим аз оташи дӯзах аст, балки ӯ чун ошиқи Ҳақ аст, Ҳақро мепарастад, ва агар ба мардум некӣ мекунад, мунтазири ивазу подош аз сӯи онҳо нест, дуруст монанди хуршед, ки бе ғараз бар ҳамагон метобад. (Шарҳи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.822)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: