Перейти к содержимому

Инсон ва сарнавишт (6)

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Ҳатмӣ ва ғайриҳатмӣ

Дар осору ривоёти динӣ ва дар ишороти қуръонӣ, аз “қазо ва қадари ҳатмӣ” ва “қазо ва қадари ғайриҳатмӣ” ёд шудааст ва чунин менумояд ду гуна қазо ва қадар аст: ҳатмӣ ва ғайриқобили тағйир, ғайриҳатмӣ ва қобили тағйир.

Ин пурсиш пайдо мешавад, ки маънии “қазо ва қадари ғайриҳатмӣ” чист? Агар ҳодисаи хоссеро дар назар бигирем ё илми азалии Ҳақ ва иродаи ӯ ба он ҳодиса таъаллуқ гирифтааст ё нагирифтааст. Агар таъаллуқ нагирифтааст, пас қазо ва қадар дар кор нест. Агар таъаллуқ гирифтааст, ҳатман бояд воқеъ шавад, вагарна лозим меояд илми Ҳақ бо воқеъ мутобиқат накунад ва лозим меояд тахаллуфи мурод аз иродаи Ҳақ, ки мусталзими нуқсон ва нотамомии зоти Ҳақ аст.

Ба баёни ҷомеътар, қазо ва қадар дар воқеъ иборат аст аз инбиъос (бархостан) ва сарчашма гирифтани ҳамаи иллатҳо ва асбоб, аз ирода ва машиат ва илми Ҳақ, ки иллатулилал аст, ва ба истилоҳ, қазо иборат аст аз илм ба “низоми аҳсан”, ки маншаъ ва падидоварандаи он низом аст.

والكل من نظامه الكياني

يتشأ من نظامه الرباني

Ва аз тарафе, чунонки медонем, “қонуни иллияти умумӣ” зарурат ва ҳатмиятро эҷоб мекунад. Лозимаи қонуни иллият ин аст, ки вуқӯи ҳодисае дар шароити махсуси маконӣ ва замонии худаш, қатъӣ ва ҳатмӣ ва ғайриқобили тахаллуф буда бошад, ҳамон тавр, ки воқеъ нашудани ӯ дар ғайри он шароит низ, ҳатмӣ ва тахаллуфнопазир аст. Улум, қатъияти худро мадюни ҳамин қонунанд.

Қудрати пешбиниҳои илмии башар то ҳудуде аст, ки ба иллатҳо ва асбоб ошно бошад, ва чун қазо ва қадар эҷобу тақдири ҳаводис аст аз тариқи иллатҳо ва маълулот ва дар низоми сабабӣ ва мусаббабӣ, пас қазо ва қадар айни ҳатмият ва қатъият аст. Бинобар ин, тақсими қазо ва қадар ба “ҳатмӣ” ва “ғайриҳатмӣ” ва ё ба қобили табдил ва ғайриқобили табдил, чӣ маъно ва мафҳуме метавонад дошта бошад?

Ин ҷост, ки ин бунбаст пеш меояд, ки ё бояд монанди ҷабриҳо ба як гуна қазо ва қадар бештар қоил набошем ва қобили табдил будани сарнавиштро ба ҳар сурату ҳар шакл мункир шавем ва дар натиҷа барои башар ҳеч гуна қудрате дар табдили сарнавишт ва ҳеч гуна озодӣ ва ихтиёре қоил нашавем, ва ё монанди Мӯътазила мункири қазо ва қадар дар ҷараёни олам, лоақал дар афъолу аъмоли башар, бишавем. Акнун бояд бибинем, роҳе барои хуруҷ аз ин бунбаст ҳаст ё нест?

Муқаддиматан бояд гуфта шавад, ҳамон тавре, ки назари ҷабирҳо мабнӣ бар ғайриқобили табдил будани сарнавишт, мусталзими нафйи қудрат ва ихтиёри башар ва адами тасаллути ӯ бар сарнавишт аст, назари Мӯътазила низ, гузашта аз ин ки аз ҷанбаи тавҳидӣ ва усули қатъии илми илоҳӣ мардуд аст, аз назари қудрату ихтиёри башар ва тасаллути ӯ бар сарнавишт низ дарде даво намекунад. Зеро фаразан қазо ва қадарро ба мафҳуми илоҳии он напазирем, бо мафҳуми моддии он, яъне ҳукумати қатъӣ ва тахаллуфнопазири иллияти умумӣ ва фармонравоии навомиси ба истилоҳ ҷабрии ношӣ аз он, чӣ метавонем бикунем? Оё метавонем қонуни иллиятро дар ҷараёни олам ва лоақал дар аъмолу афъоли башар, инкор кунем? Мӯътазила ва пайравони онҳо ин корро ҳам кардаанд ва мункири асли зарурати иллӣ ва маълулӣ — лоақал дар мавриди фоили мухтор — шудаанд. Иддае аз донишмандони ҷадиди урупоӣ низ ҳамон афкори Мӯътазиларо дар ин масъала иброз доштаанд ва аз “иродаи озод”, яъне иродае, ки тобеъи қонуни иллият набошад, сухан гуфтаанд ва ҳатто иддао кардаанд, ки қонуни иллият фақат дар дунёи моддӣ, ки аз атомҳо ташкил ёфта содиқ аст, аммо ин қонун дар дунёи руҳӣ ва дар дунёи дохилии атомҳо содиқ нест. Мо дар ин ҷо наметавонем доманаи баҳсро ба қонуни иллият бикашонем; ҷӯяндаро ба поварақиҳои ҷилди севвуми “Усули фалсафа ва равиши реализм” ирҷоъ мекунем.

Ин ҷо ҳамин қадр мегӯем, ки иллати ин ки донишмандони ҷадид умумияти қонуни иллиятро мавриди тардид қарор додаанд ин аст, ки пиндоштаанд, қонуни иллият як қонуни таҷрибӣ аст ва он гоҳ дар мавориде, ки таҷрибиёти илмии башар натавониста равобити иллӣ ва маълулиро кашф кунад ва падид омадани маълули муайянеро ба дунболи иллати муайяне ба даст оварад, хаёл кардаанд, ин маворид аз ҳавзаи қонуни иллият хориҷ аст.

Усулан, ин фарз, ки тамоми қоидаҳо ва қонунҳои илмии башар ва тамоми тасаввуроти зеҳнии вай, аз эҳсосу таҷриба сарчашма мегирад, аз бузургтарин иштибоҳоте аст, ки домангири бисёре аз системҳои фалсафии ғарб шудааст ва ба муқаллидони шарқии онҳо низ сироят кардааст.

Хулоса, роҳи инкори иллияти умумӣ баста аст ва бо қабули он, ишколи “сарнавишти ғайриҳатмӣ” ба ҷойи худ боқӣ аст, хоҳ он ки ба ҷанбаи илоҳии қазо ва қадар қоил бошем ё қоил набошем.

Хулосаи ишкол ин ки: ҳар ҳодисае — ва аз он ҷумла аъмолу афъоли башар — аз ноҳияи иллатҳо ва асбоби худ ҳатмият пайдо мекунад (қазо), ва ҳудуду мушаххасоту хусусиёти худро низ аз ноҳияи иллатҳо ва асбоб ва мӯҷиботи худ касб мекунад (қадар). Пас, иллият мусовӣ аст бо ҳатмият ва тахаллуфнопазирӣ. Пас, имкони тағйиру табдил дар кор нест. Ва аз ин рӯ, тамоми эътирофкунандагон ба “асли иллияти умумӣ” — ва аз он ҷумла моддигароён — ки ҳам зарурати иллӣ ва маълулӣ (детерминизм)-ро пазируфтаанд ва ҳам мехоҳанд сарнавиштро қобили тағйиру табдил бидонанд ва барои инсон нақши тасаллут бар сарнавишт қоил шаванд, дучори ин ишкол ва бунбаст ҳастанд. Бинобар ин, назари Мӯътазила мабнӣ бар нафйи қазо ва қадар ба мафҳуми илоҳӣ, яъне нафйи иҳота ва шумули иродаи илоҳӣ нисбат ба ҳамаи ҳаводиси ҷаҳон ва нафйи ин ки илми илоҳӣ мабдаи низоми куллӣ бошад, дардеро даво намекунад.

* * *

Таваҳҳуми маҳол

Агар мақсуд аз тағйиру табдили сарнавишт ва ғайриҳатмӣ будани он аз ҷанбаи илоҳӣ ин бошад, ки илму иродаи илоҳӣ чизеро эҷоб кунад ва он гоҳ омили мустақилле — ки он омил аз қазо ва қадар сарчашма нагирифтааст — дар муқобили он пайдо шавад ва онро бар хилофи он чи машиату иродаву илми Ҳақ иқтизо карда эҷод кунад ва ё он ки он омили мустақилли хориҷӣ, илму машиати Ҳаққро иваз кунад, албатта чунин чизе маҳол аст.

Ва ҳамчунин аз ҷанбаи иллияти умумӣ, агар мақсуд ин бошад, ки иллияти умумӣ чизеро эҷоб кунад ва омиле дар муқобили иллияти умумӣ пайдо шавад ва онро беасар кунад, албатта маҳол аст, зеро тамоми омилҳои ҳастӣ аз илму иродаи Ҳақ сарчашма мегирад ва ҳар омиле, ки дар ҷаҳон худнамоӣ мекунад, таҷаллии илму иродаи Ҳақ ва мазҳари хости Худованд ва олати иҷроии қазо ва қадари ӯст. Ва низ ҳар омилеро, ки дар назар бигирем, маҳкуми қонуни иллият ва мазҳаре аз мазоҳири он аст. Омиле, ки худ таҷаллии иродаи Ҳақ ва мазҳари хости ӯ ва олати иҷроии қазо ва қадари ӯ набошад ё аз ҳавзаи қонуни иллият хориҷ буда бошад ва дар муқобили он арзи андом кунад, тасаввур надорад.

Пас, тағйиру табдили сарнавишт ба маънии қиёми омиле дар нуқтаи муқобили қазо ва қадар ё дар ҷиҳате мухолифи қонуни иллият, маҳол ва мумтанеъ аст.

* * *

Ҳақиқати мумкин

Ва аммо тағйири сарнавишт ба маънии ин, ки омиле, ки худ низ аз мазоҳири қазо ва қадари илоҳӣ ва ҳалқае аз ҳалқаҳои иллият аст, сабаби тағйиру табдили сарнавиште бишавад, ва ба иборати дигар, тағйири сарнавишт ба мӯҷиби сарнавишт, ва табдили қазо ва қадар ба ҳукми қазо ва қадар — ҳарчанд шигифт ва мушкил ба назар мерасад — аммо ҳақиқат аст.

Шигифттар он ҷост, ки қазо ва қадарро аз ҷанбаи илоҳӣ дар назар бигирем, зеро тағйири қазо ва қадар аз ин ҷанба, мафҳуми тағйир дар олами боло ва лавҳу китобҳои малакутӣ ва илми илоҳӣ ба худ мегирад. Магар мумкин аст дар илми Худованд тағйиру табдил пайдо шавад? Ин шигифтӣ он гоҳ ба сарҳадди ниҳоии худ мерасад, ки ҳодисаҳои поин — ва махсусан ирода ва афъолу аъмоли инсониро — сабаби тағйироте ва маҳву исботҳое дар олами боло ва бархе лавҳҳои тақдирӣ ва китобҳои малакутӣ бидонем.

Магар на ин аст, ки низоми поин ва айнӣ, ношӣ аз низоми боло ва илмӣ ва мунбаъис (бархоста) аз ӯст? Магар на ин аст, ки олами поин донӣ аст ва олами боло олӣ? Магар на ин аст, ки ҷаҳони носут маҳкуми ҷаҳони малакут аст? Ҳоло, оё мумкин аст мутақобилан аҳёнан низоми поин ва лоақал қисмате аз он — яъне олами инсонӣ — дар низоми боло ва илмӣ асар бигузорад ва сабаби тағйироте бишавад, ҳарчанд ки худи ҳамин таъсир низ ба мӯҷиби сарнавишт ва ба ҳукми қазо ва қадар буда бошад?

Ин ҷост, ки суолоти аҷиб пушти сар ҳам худнамоӣ мекунад. Оё илми Худо тағйирпазир аст? Оё ҳукми Худо қобили нақз аст? Оё донӣ метавонад дар олӣ асар бигузорад?..

Ҷавоби ҳамаи инҳо мусбат аст. Бале, илми Худо тағйирпазир аст. Яъне, Худо илми қобили тағйир ҳам дорад. Ҳукми Худо қобили нақз аст. Яъне, Худо ҳукми қобили нақз ҳам дорад. Бале, донӣ метавонад дар олӣ асар бигузорад. Низоми поин — ва махсусан ирода ва хост ва амали инсон, балки ихтисосан ирода ва хост ва амали инсон — метавонад олами болоро такон бидиҳад ва сабаби тағйироте дар он бишавад. Ва ин, олитарин шакли тасаллути инсон бар сарнавишт аст.

Эътироф мекунам шигифтовар аст, аммо ҳақиқат аст. Ин ҳамон масъалаи олӣ ва шомихи “бадоъ” аст, ки Қуръони Карим барои аввалин бор дар таърихи маорифи башарӣ аз он ёд кардааст:

يَمْحُو اللّهُ مَا يَشَاءُ وَيُثْبِتُ وَعِندَهُ أُمُّ الْكِتَابِ

Худованд ҳар чиро бихоҳад (ки қаблан сабт шудааст) маҳв мекунад, ва ҳар чиро бихоҳад (ки қаблан сабт нашудааст) сабт мекунад, ва китоби модар (аслу модари ҳамаи китобҳо ва навиштаҳо) мунҳасиран назди ӯст.” (Сураи Раъд, ояти 39)

Дар тамоми системҳои маорифи башарӣ собиқа надорад. Дар миёни фирқаҳои исломӣ, танҳо донишмандоне аз шиъа ҳастанд, ки дар асари пайравӣ ва иқтибос аз калимоти имомони аҳли байт (алайҳимус салом) тавонистаанд ба ин ҳақиқат пай бибаранд ва ин ифтихорро ба худ ихтисос диҳанд.

Мо дар ин ҷо наметавонем тафсилан вориди ин мабҳаси олии фалсафӣ бишавем ва дуруст матлабро он чунон, ки ҳаст равшан кунем. Дар ин ҷо ҳамин қадр ишора карда, мегӯем: масъалаи “бадоъ” решаи қуръонӣ дорад ва аз латифтарин ҳақоиқи фалсафӣ аст. Дар миёни фалосифаи шиъа низ ҷуз баъзе, ки дар Қуръон зиёд тадаббур мекардаанд ва аз осору калимоти пешвоёнонашон — махсусан калимоти Амирулмӯъминин Алӣ (алайҳис салом) — истифода мекардаанд, касе дигар ба ғаври ин матлаб нарасидааст.

Албатта, дар чунин масъалае танҳо ба тасаввури оммиёнаи авомуннос, ки аз пеши худ фарзи аҳмақонае ба номи “бадоъ” месозанд ва сипас ба мисдоқи “худ мекушӣ ва худ таъзия мехонӣ”, он сохта ва пардохтаи хаёли худро мавриди эроду интиқод қарор медиҳанд, набояд қаноат кард.

Ба ҳар ҳол, дар ин рисолаи мухтасар наметавонем вориди он мабҳаси олӣ бишавем. Дар ин ҷо кофист масъалаи дугонагии қазо ва қадар ва қобилияти тағйири сарнавиштро сирфан аз ҷанбаи айнӣ ва иллияти умумӣ мавриди баҳс қарор диҳем ва бибинем оё аз ин назар бархе қазо ва қадарҳо ҳатмӣ ва тахаллуфнопазир ва баъзе дигар ғайриҳатмӣ ва тағйирпазир аст? Ва агар инчунин аст, чӣ гуна метавон тавзеҳ дод?

Мавҷудоти ҷаҳон бар ду қисманд: бархе аз онҳо имкони бештар аз як навъи хосс аз вуҷуд дар онҳо нест, монанди муҷаррадоти болоӣ. Бархе дигар ин тавр нестанд; имкони беш аз як навъи хосс аз вуҷуд дар онҳо ҳаст ва онҳо моддиёт мебошанд. Мавҷудоти моддӣ онҳое ҳастанд, ки аз як моддаи хосс ба вуҷуд меоянд ва заминаи ба вуҷуд омадани мавҷудоти дигар мебошанд, монанди ҳамаи мавҷудоте, ки маҳсусу малмуси мо мебошанд. Моддаи табиӣ, нақшпазири суратҳои мухталиф аст; моддаи табиӣ истеъдоди такомул дорад; моддаи табиӣ аз баъзе омилҳои табиат қуввату нерӯ мегирад ва аз баъзе дигар нуқсон пайдо мекунад ва ё роҳи фано ва завол мегирад; моддаи табиӣ истеъдод дорад, ки бо иллатҳо ва омилҳои мухталиф мувоҷеҳ шавад ва қаҳран таҳти таъсири ҳар кадом аз онҳо як ҳолату кайфият ва асаре пайдо кунад мухолиф бо ҳолату кайфият ва асаре, ки аз он дигаре метавонист пайдо кунад. Як тухм, ки дар замин кошта мешавад, агар мусодиф шавад бо обу ҳаво ва ҳарорату нур, офате ҳам ба ӯ бархӯрд накунад, аз замин мерӯяд ва рушд мекунад ва ба сарҳадди камол мерасад. Ва агар яке аз омилҳои рушду камол каср шавад ё офате бирасад, ба он ҳадд нахоҳад расид. Барои як моддаи табиӣ ҳазорҳо “агар” вуҷуд дорад: агар чунин бишавад, чунон мешавад, ва агар чунон бишавад, чунин мешавад. Яъне, агар мувоҷеҳ бо фалон силсила аз иллатҳо шавад, чунин мешавад, ва агар бо фалон силсилаи дигар мувоҷеҳ гардад, чунон мегардад.

Дар муҷаррадот, ки бештар аз як наҳв наметавонанд вуҷуд дошта бошанд ва таҳти таъсири иллатҳои мухталиф қарор намегиранд, қазо ва қадар ҳатмӣ аст; ғайриқобили табдил аст, зеро бо беш аз як силсила аз иллатҳо сару кор надоранд ва сарнавишти маълул бо иллат аст; пас, як сарнавишт бештар надоранд. Ва чун имкони ҷонишин шудани силсилае аз иллатҳо ба ҷойи ин силсила нест, пас сарнавишти онҳо ҳатмӣ аст. Аммо дар ғайримуҷаррадот, ки имкони ҳазорон нақшу рангро доранд ва таҳти қонуни ҳаракат мебошанд ва ҳамвора бар сари дуроҳиҳо ва чаҳорроҳиҳо мебошанд, қазо ва қадарҳои ғайриҳатмӣ вуҷуд дорад. Яъне, як навъ қазо ва қадар сарнавишти онҳоро муайян намекунад, зеро сарнавишти маълул дар дасти иллат аст, ва чун ин умур бо иллатҳои мухталиф сару кор доранд, пас сарнавиштҳои мухталиф дар интизори онҳост. Ва чун ҳар силсила аз иллатҳоро дар назар бигирем, имкони ҷонишин шудани як силсилаи дигар дар кор ҳаст, пас сарнавишти онҳо ғайриҳатмӣ аст. Ба ҳар андоза, ки “агар” дар бораи онҳо саҳеҳ аст, қазо ва қадарҳо ҳаст ва имкони тағйиру табдил вуҷуд дорад.

Агар касе ба навъе беморӣ мубтало бошад, ночор иллати хоссе сабаби ранҷурии ӯ шудааст ва ин сарнавишти хосс аз он иллат ношӣ шудааст. Ҳоло агар ин бемор даво бихӯрад, даво иллати дигаре аст ва сарнавишти дигаре ҳамроҳ дорад. Бо хӯрдани даво, иллати беморӣ аз миён меравад. Яъне сарнавишти бемор тағйир мекунад.

Агар аз ин бемор ду пизишк аёдат карда бошанд ва ташхис ва нусхаашон мухолифи якдигар бошад: як нусха муфид ва шифодиҳанда, ва нусхаи дигар муҳлик ва кушанда бошад, бояд гуфт: ду сарнавишти мухталиф дар интизори ин бемор аст. Ва аз он назар, ки аз ҷониби бемор, ҳам имкони интихоби ин нусха мавҷуд аст, ҳам имкони интихоби он нусха, пас, аз назари бемор ҳеч кадом аз ин ду сарнавишт ҳатмӣ нест. Гӯ ин ки билохира яке аз онҳоро интихоб хоҳад кард ва интихоби он бастагӣ дорад ба як силсила иллатҳои ошкору пинҳон, вале ин ҷиҳат мӯҷиби салби ин имкон намегардад, яъне дар айни ин ки яке ба хусус интихоб мешавад, имкони ин, ки интихоб нашавад ва ба истилоҳ, имкони истеъдоди интихоби нусхаи мухолиф, мавҷуд ва маҳфуз будааст.

Пас, сарнавиштҳои гуногун дар кор аст ва ин сарнавиштҳо метавонанд ҷонишини якдигар бишаванд; ҷонишин шудани онҳо низ ба ҳукми сарнавишт аст. Бинобар ин, агар касе бемор бишавад ва даво бихӯрад ва наҷот пайдо кунад, ба мӯҷиби сарнавишт ва қазо ва қадар аст. Ва агар даво нахӯрад ва ранҷур бимонад ва ё давои зиёнбахш бихӯрад ва бимирад, боз ба мӯҷиби сарнавишт ва қазо ва қадар аст. Ва агар ҳам аз муҳити беморӣ дурӣ гузинад ва масун бимонад, боз ба ҳукми сарнавишт ва қазо ва қадар аст. Билохира, ҳар чӣ бикунад, навъе сарнавишт ва қазо ва қадар аст ва аз ҳавзаи қазо ва қадар наметавонад берун бошад. Мавлавӣ мегӯяд:

Ҳамчунин таъвили “қад ҷаффал-қалам”

Баҳри таҳриз аст бар шуғли аҳам.

Пас қалам бинвишт, ки ҳар корро

Лоиқи он ҳаст таъсиру ҷазо.

Каж равӣ, “ҷаффал-қалам” каж оядат,

Ростӣ орӣ, саодат зоядат.

Зулм орӣ, мудбирӣ “ҷаффал-қалам”,

Адл орӣ, барх(в)арӣ “ҷаффа-л-қалам”.

Чун бидуздад, даст шуд “ҷаффал-қалам”,

Хӯрд бода, маст шуд “ҷаффал-қалам”.

Ту раво дорӣ? Раво бошад, ки Ҳақ

Ҳамчу маъзул ояд аз ҳукми сабақ?

Ки зи дасти ман бурун рафтаст кор,

Пеши ман чандин маё, чандин мазор.

Балки маънӣ он бувад “ҷаффал-қалам”:

Нест яксон пеши ман адлу ситам.

Сирри матлаб ин аст, ки қазо ва қадар — чӣ аз ҷанбаи илоҳӣ ва чӣ аз ғайри ҷанбаи илоҳӣ — омиле дар арзи соири омилҳои ҷаҳон нест, балки мабдаъ ва маншаъ ва сарчашмаи ҳамаи омилҳои ҷаҳон аст. Ҳар омиле, ки биҷунбад ва асаре аз худ буруз диҳад, мазҳаре аз мазоҳири қазо ва қадар аст ва таҳти қонуни иллияти умумӣ аст. Аз ин рӯ, маҳол аст, ки қазо ва қадар дар шакли як омил дар муқобили соири омилҳо ва муҷаззо аз онҳо зоҳир шавад ва ҷилави таъсири омили хоссеро бигирад ва ё як омили хоссеро ба коре иҷбору икроҳ кунад.

Ба ҳамин далел аст, ки “ҷабр” маҳол аст. Ҷабр яъне икроҳу иҷбори инсон аз тарафи қазо ва қадар. Ин гуна асар бахшидан барои қазо ва қадар — ки сарчашмаи омилҳои ҳастӣ аст, на омиле дар арзи соири омилҳои ҳастӣ – маҳолу мумтанеъ аст. Бале, барои мазоҳири қазо ва қадар мумкин аст; мисли ин ки инсоне инсони дигарро ба коре иҷбор кунад. Аммо ин, ғайр аз ҷабри истилоҳӣ аст. Ҷабри истилоҳӣ яъне таъсири мустақими қазо ва қадар бар рӯи иродаи инсонӣ ба сурати як омили манфӣ барои рафъ ва ҷилавгирӣ, ё ба сурати як омили мусбат барои илзому икроҳ.

Ва ба иборати дигар, сирри матлаб дар имкони табдили сарнавишт ин аст, ки қазо ва қадар, вуҷуди ҳар мавҷудеро фақат ва фақат аз роҳи иллатҳо ва асбоби хосси худи ӯ эҷоб мекунад.

Эҷобу эҷоди мавҷуде аз ғайри маҷрои иллатҳо ва асбоби хосси худи ӯ маҳолу мумтанеъ аст. Ва аз тарафи дигар, иллатҳо ва асбоби табиӣ, мухталиф аст ва маводди ин олам дар они воҳид истеъдоди таъсир пазируфтан аз чандин иллатро доранд.

Агар қазо ва қадарро он тавр фарз кунем, ки Ашоъира фарз кардаанд, яъне “асли иллияти умумӣ” ва “ҷараёни сабабӣ ва мусаббабӣ”-ро зоҳири бе ҳақиқат бидонем, ва ё монанди нимаашъариҳо дар мавориди хоссе истисноъан дахолати мустақим ва биловоситаи қазо ва қадарро дар ҷараёни умур бипазирем, масъала шакли дигар пайдо мекунад. Аммо чунин қазо ва қадаре вуҷуд надорад ва наметавонад вуҷуд дошта бошад.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: