Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (317)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (60)

* * *

Дар баёни он ки ошиқи дунё бар мисоли ошиқи деворест, ки бар ӯ тоби офтоб занад ва ҷаҳду ҷиҳод накард, то фаҳм кунад, ки он тобу равнақ аз девор нест, аз қурси офтоб аст дар осмони чаҳорум, лоҷарам куллӣ дил бар девор ниҳод, чун партави офтоб ба офтоб пайваст, ӯ маҳрум монд абадан ва “ҳила байнаҳум ва байна мо яштаҳуна”

* * *

Ин фасл, дар баёни ин матлаб аст, ки толибу хоҳони дунё, монанди он касе аст, ки партави зебои офтобро, ки бар паҳнаи деворе метобад дӯст медорад ва шефтаи ҷамоли пурнигори он мегардад, вале ҳаргиз намекӯшад, то дарёбад, ки маншаи ин чашмаи нури пурсурур, офтоби ҷаҳонтоб аст. Ӯ ҳамчунон бар ин ҳол аст, ки рафта-рафта офтоб домани зангори худро аз рӯи девор бармечинад ва он ошиқи бесаъю фоқиди фаҳмро аз фурӯғи худ ноком месозад, чунонки дар сураи Сабаъ, ояти 54 дар васфи ҳоли мункирон омадааст:

وَحِيلَ بَيْنَهُمْ وَبَيْنَ مَا يَشْتَهُونَ كَمَا فُعِلَ بِأَشْيَاعِهِم مِّن قَبْلُ إِنَّهُمْ كَانُوا فِي شَكٍّ مُّرِيبٍ

Миёни онон ва миёни он чи мехостанд ҳоиле қарор мегирад, ҳамон гуна ки аз дербоз бо амсоли эшон чунин рафт, зеро онҳо (низ) дар дудилии сахте буданд.” (Шарҳи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.822)

Ошиқони кулл, на ушшоқи ҷузв,

Монд аз кулл он ки шуд муштоқи ҷузв.

Онон, ки ошиқи ҳазрати Ҳақ ҳастанд, ошиқи ҷузъ нестанд, яъне, мосивои ӯ, ба касе ва чизе дил намебанданд, зеро ҳамаи коиноту мавҷудот партаве аз вуҷуди ҳақиқии ҳазрати Ҳақ ҳастанд ва аз ӯ файзи вуҷуд мегиранд, пас, раво нест вақте ки асл ҳаст, ба фаръ таваҷҷӯҳ намуд.

Чунки ҷузве ошиқи ҷузве шавад,

Зуд маъшуқаш ба кулли худ равад.

Вақте, ки мавҷуди ҷузъӣ ошиқи мавҷуди ҷузъии дигаре монанди худаш мешавад, маъшуқаш ҳар чи бошад, хоҳ ҷомиду хоҳ гиёҳу хоҳ ҳайвону хоҳ инсон, зуд рахт аз дори ҳаёт бармебандад ва ба асли худ бозмегардад.

Риши гови бандаи ғайр омад ӯ,

Ғарқа шуд, каф дар заъифӣ дарзад ӯ.

Аз ин рӯ, ки ин ошиқ ишқ бар мавҷуди заволпазир баста ва дил дар гарави ӯ ниҳода, масхара ва забуни касе шуда, ки ӯ низ бандаи дигаре аст. Ӯ монанди ғариқе аст, ки чанг бар ҳар чизи нотавону заъифе мезанад.

Риши гов: аҳмақ, нодон, забун.

Нукта: Бино бар масали маъруфи:

الغريق يتشبّث بكلّ حشيش

— чунин касе бар чизе овехта, ки он чиз худ бар пойи худ қоим нест, балки ба ғайр мӯҳтоҷ аст. (Шарҳи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.823)

Нест ҳоким то кунад тимори ӯ,

Кори хоҷай худ кунад ё кори ӯ?

Он махлуқи нотавон молику соҳиби худ нест, ки битавонад кору бори ошиқи худро сару сомон диҳад, кори арбобу хоҷаи худро бикунад ё ба кори ошиқи худ бипардозад?

Тимор: хидмат ва ғамхорӣ.

Нукта: Пас, ошиқи кулл, касе аст, ки Худоро дӯст дорад ва ё бар ҳамаи аҷзои ҷаҳон ва тамоми олам аз гӯёву ногӯё ишқ меварзад, ки он низ ишқ ба Ҳақ аст ба эътибори он, ки Худоро ҷуз дар ҳамин мазоҳир натавон ҷуст. Чунонки дидем, Мавлоно фармуд, ки ҳар ҷунбише олудаи ғараз аст магар ишқ. (Шарҳи Маснавии шариф, ҷ.3, с.1167)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: