Перейти к содержимому

Инсон ва сарнавишт (7)

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Имтиёзи башар

Аъмолу афъоли башар аз он силсила ҳодисаҳое аст, ки сарнавишти ҳатмӣ ва тахаллуфнопазир надорад, зеро бастагӣ дорад ба ҳазорон иллатҳо ва асбоб ва аз он ҷумла анвоъи иродаҳо ва интихобҳо ва ихтиёрҳо, ки аз худи башар зуҳур мекунад. Тамоми имконоте, ки дар мавриди ҷамодот ва наботот ва афъоли ғаризии ҳайвон вуҷуд дорад ва тамоми “агар”-ҳое, ки дар вуқӯи онҳо ҳаст, дар афъолу аъмоли башар ҳаст. Дар рушди як дарахт ва ё анҷоми амали ғаризии як ҳайвон, ҳазорон “агар” — ки ҳамон шароити табиӣ ҳастанд — метавонанд вуҷуд дошта бошанд.

Ҳамаи он “агар”-ҳо дар афъолу аъмоли инсон ҳаст ба иловаи ин, ки дар инсон ақлу шуъуру иродаи ахлоқӣ ва қувваи интихобу тарҷеҳ офарида шудааст.

Инсон қодир аст амалеро, ки сад дар сад бо ғаризаи табиӣ ва ҳайвонии ӯ мувофиқ аст ва ҳеч родеъ (боздоранда) ва монеи хориҷӣ вуҷуд надорад, ба ҳукми ташхис ва маслиҳатандешӣ тарк кунад. Ва қодир аст кореро, ки сад дар сад мухолифи табиати ӯст ва ҳеч гуна омили иҷборкунандаи хориҷӣ ҳам вуҷуд надорад, ба ҳукми маслиҳатандешӣ ва нерӯи хирад, онро анҷом диҳад.

Инсон монанди ҳайвон таҳти таъсир муҳаррикоти нафсонӣ ва рағбатҳои дарунӣ воқеъ мешавад, аммо дар муқобили онҳо дастбаста ва мусаххар нест; аз як навъ ҳуррияте бархӯрдор аст. Яъне агар ҳамаи омилҳое, ки барои як ҳайвон дар анҷоми амали ғаризӣ фароҳам аст ва илзоман ӯро водор ба амалу ҳаракат мекунад, барои инсон фароҳам бошад, тоза роҳи феълу тарк барои ӯ аз ноҳияи ақлу иродаи худаш боз аст. Анҷоми ин амал машрут аст ба ин, ки қувваи тамйизу ташхиси ӯ ҳамонанди як “шӯрои олӣ” ба тасвиб бирасонад ва қувваи иродаи ӯ монанди як “қувваи муҷрия” ба кор биафтад.

Ин ҷост, ки таъсири инсон дар сарнавишти худ ба унвони як омили мухтор, яъне омиле, ки пас аз он, ки ҳамаи шароити табиӣ фароҳам аст, дар интихоби феълу тарк “озод” аст, маълум мешавад.

Маънии озодии инсон ин нест, ки аз қонуни иллият озод аст, зеро гузашта аз ин ки озодӣ аз қонуни иллият дар ҳадди зоти худ маҳол аст, бо ихтиёр иртибот надорад, балки ин гуна озодӣ бо иҷбор яксон аст. Чӣ фарқ мекунад, ки инсон аз ноҳияи омили хоссе маҷбур бошад, ки бар хилофи майлу хости худ амал бикунад, ё ин ки худи амал аз қонуни иллият озод бошад ва бо ҳеч иллате ва аз он ҷумла худи башар бастагӣ надошта бошад ва худ ба худ воқеъ шавад? Ин ки мегӯем, башар мухтору озод аст, ба ин маънӣ аст, ки амали ӯ аз хосту ризояти комили ӯ ва тасвиби қувваи тамйизи ӯ сарчашма мегирад ва ҳеч омиле ӯро бар хилофи майлу рағбат ва ризову ташхиси ӯ водор намекунад.

Хулоса ин ки: чун тамоми иллатҳо ва асбоб, мазоҳири қазо ва қадари илоҳӣ мебошанд, дар мавриди ҳар ҳодисае, ҳар андоза иллатҳо ва асбоб мухталиф ва ҷараёнҳои мухталиф мутасаввар бошад, қазо ва қадарҳои гуногун мутасаввар аст. Он ҷараёне, ки воқеъ мешавад ва сурат мегирад, ба қазо ва қадари илоҳӣ аст, ва он ҷараёне ҳам, ки мутаваққиф мешавад, ба қазо ва қадари илоҳӣ аст.

* * *

Нигоҳе ба садри ислом

Аз Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) суол шуд: ҳирзҳое ба унвони истишфо мавриди истифода қарор мегирад. (Мутобиқи нақли Ғаззолӣ дар “Эҳёул-улум”, аз даво ва ҳирз ҳар ду суол шуд.) Оё метавонад ин умур ҷилави қадари илоҳиро бигирад?

Фармуд:

إنها من قدر الله

Худи инҳо низ аз қадари илоҳӣ мебошад.”

Яъне, таъсири инҳо дар ҷилавгирӣ аз беморӣ низ, ба қазо ва қадари илоҳӣ аст.

Алӣ (алайҳис салом) дар сояи девори каҷе нишаста буд. Аз он ҷо ҳаракат кард ва дар зери сояи девори дигаре нишаст. Ба он ҳазрат гуфта шуд:

يا أمير المؤمنين! أتفرّ من قضاء الله

Эй амири мӯъминон! Аз қазои илоҳӣ фирор мекунӣ?

Фармуд:

أفرّ من قضاء الله الى قدر الله

Аз қазои илоҳӣ ба қадари илоҳӣ паноҳ мебарам.”

Яъне, аз навъе қазо ва қадар ба навъе дигар аз қазо ва қадар паноҳ мебарам. Яъне агар биншинам ва девор бар сарам хароб шавад, қазо ва қадари илоҳӣ аст, зеро дар ҷараёни иллатҳо ва асбоб агар инсоне дар зери девори шикаста биншинад, он девор бар сараш хароб мешавад ва садама мебинад. Ва ин худ қазо ва қадари илоҳӣ аст. Ва агар худро ба каноре бикашад, аз хатари ӯ масун мемонад, ки ин низ қазо ва қадари илоҳӣ аст.

Ҳамин тавр мумкин аст дар ҳамон ҳол дар як ҷараёни дигар аз иллатҳо ва асбоб, хатаре дигар мутаваҷҷеҳи ӯ гардад, ки он низ қазо ва қадари илоҳӣ аст.

Ба ҳар ҳол, худро аз хатар дур нигаҳ доштан, парҳез аз амри Худост ба амри Худо. Фирор аз қазои илоҳӣ аст ба қазои илоҳӣ.

Ҳосил он, к-аз васваса ҳар к-ӯ гусехт,

Аз қазо ҳам дар қазо бояд гурехт.

Бо қазо панҷа задан набвад ҷиҳод,

З-он, ки инро ҳам қазо бар мо ниҳод.

Маҷмӯан аз таърихи исломӣ равшан мешавад, ки мусалмонони садри аввал, бо эътиқоди росихе, ки ба қазо ва қадар доштанд, ин таълимро он чунон дарёфт карда буданд, ки бо тасаллути худашон бар сарнавишташон мунофоте намедиданд ва масъалаи тағйиру табдили сарнавишт ва ин ки худи ин тағйиру табдилҳо низ ҷузъи қазо ва қадар аст, назди онҳо амре мусаллам буда ва аз ин рӯ эътиқоди муҳками онҳо ба сарнавишт, онҳоро ба сӯи ақидаи ҷабр накашонид ва ононро бе ҳиссу лоқайду ҳавола ба тақдиркун бор наёвард. Онҳо зимни фаъолиятҳои аҷиб ва муттакӣ ба нафси камназирашон, ҳамвора аз Худованд беҳтарин “қазо”-ро талаб мекарданд. Чун мутаваҷҷеҳ буданд, ки дар ҳар мавриде анвоъи қазо ва қадарҳо ҳаст, аз Худо беҳтарини онҳоро мехостанд.

Аҷиб ин аст, ки он чи аз Худо талаб мекарданд, беҳтарин қазоҳо ва тақдирҳост, на беҳтарин мақзӣ (қазошуда) ва муқаддарҳо (тақдиршудаҳо). Ин мазмун дар бисёре аз дуоҳои исломӣ ҳаст.

Шояд аз ҳама аҷибтар ин аст, ки ин мазомин дар калимоти мусалмонони соддазамири садри ислом пайдо мешавад. Дар ҷилди дуввуми “Комил”-и Ибни Асир зайли сафҳаи 313 нақл аз Таърихи Табарӣ, номае аз Саъд ибни Абиваққос нақл мекунад, ки байни ӯ ва Умар ибни Хаттоб радду бадал шуд. Саъд дар зимни нома навишт:

وأمر الله بعد ماض وقضاءه مسلم الى ما قدّر لنا وعلينا، فنسأل الله خير القضاء وخير القدر في عافية

Яъне, “Амри илоҳӣ нофиз, ва қазо ва қадари ӯ қатъӣ аст, то барои мо чӣ муқаддар карда бошад. Аз ӯ беҳтарин қазоҳо ва қадарҳоро масъалат менамоем!

Дар шарҳи Ибни Абилҳадид бар “Наҳҷул-балоға”, хутбаи 132 мегӯяд:

Умар ибни Хаттоб дар яке аз сафарҳо, ки ба Шом рафт, қабл аз вуруд ба Шом иттилоъ пайдо кард, ки дар он ҷо бемории тоъун пайдо шуда. Бо ҳамроҳони худ дар бораи вуруд ба Шом машварат кард. Ҳама ӯро манъ карданд, магар Абӯубайдаи Ҷарроҳ, ки фармондеҳи мусалмонон дар Шом буд. Ӯ ба Умар ибни Хаттоб гуфт:

يا أمير المؤمنين! أتفرّ من قدر الله

Яъне, оё аз қазо ва қадари илоҳӣ фирор мекунӣ?

Умар ибни Хаттоб гуфт:

نعم، أفرّ من قدر الله بقدر الله الى قدر الله

Яъне, “Аз қазо ва қадари илоҳӣ ба ҳукми қазо ва қадари илоҳӣ ба сӯи қазо ва қадари илоҳӣ фирор мекунам!” Ва ҳамон вақт шахсе гуфт, аз Пайғамбар шунидааст, ки агар дар шаҳре тоъун буд ва шумо дар беруни он шаҳр будед, вориди он шаҳр нашавед; вале агар дар шаҳре будед ва тоъун омад, аз шаҳр хориҷ нашавед. Умар ибни Хатоб аз вуруд ба шаҳр мунсариф шуд.

Он чи маҷмӯан аз ахбору ривоёти шиъаву суннӣ бармеояд ин аст, ки шахси Расули Акрам (с) мусалламан масъалаи қазо ва қадарро барои асҳоби худ тарҳ кардааст ва Алӣ ибни Абӯтолиб низ мукаррар дар ин боб доди сухан додааст.

Он чи эъҷобро бармеангезад ин аст, ки ин таълими бузург он чунон бо устодӣ ва маҳорат ба мардуми садри ислом талқин шудааст, ки бо “ҷабр” фарсангҳо фосила дошта ва онҳоро ҷабримаслак ва дар натиҷа беирода ва ғайримуттакӣ ба нафс бор наёвардааст; ҳам амалашон дар садри аввал ҳокӣ аз ин матлаб аст ва ҳам гуфтаҳое, ки каму беш аз онҳо расидааст.

Баъдҳо, ки мутакаллимони исломӣ омадаанд ва хостаанд дар ин масъала баҳсу истидлол ва таҷзияву таҳлил кунанд, натавонистаанд байни эътиқод ба қазо ва қадар ва эътиқод ба ҷабр фарқ бигузоранд ва то имрӯз, ки чаҳордаҳ қарн тақрибан аз он замон мегузарад, камтар афроде дар шарқу ғарби олам пайдо шудаанд, ки тавониста бошанд байни ин ду ақида фарқ бигузоранд.

* * *

Сарчашмаи аслӣ

Сарчашмаи аслии ин навъ таълим, ки башарро дар айни эътиқод ба қазо ва қадар, ба тасаллути ӯ бар сарнавишт низ мӯътақид мекунад, Қуръони Карим аст. Қуръони Карим аз қазоҳои мутаъаддид ном мебарад:

هُوَ الَّذِي خَلَقَكُم مِّن طِينٍ ثُمَّ قَضَى أَجَلًا وَأَجَلٌ مُّسمًّى عِندَهُ

Ӯст, ки шуморо аз гил офарид ва аҷале муайян кард ва аҷали номбурдашуда дар назди худи ӯст.” (Сураи Анъом, ояти 2)

Қуръони Карим дар айни ин ки аз лавҳи маҳфуз ва китоби азалӣ ва тақдири гузашта дам мезанад ва мегӯяд:

وَلاَ رَطْبٍ وَلاَ يَابِسٍ إِلاَّ فِي كِتَابٍ مُّبِينٍ

(“Ва ҳеч тару хушке нест, магар ин ки дар китобе равшан сабт аст.” (Сураи Анъом, ояти 59)) ё мегӯяд:

مَا أَصَابَ مِن مُّصِيبَةٍ فِي الْأَرْضِ وَلَا فِي أَنفُسِكُمْ إِلَّا فِي كِتَابٍ مِّن قَبْلِ أَن نَّبْرَأَهَا

(“Ҳеч мусибате на дар замин ва на дар нафсҳои шумо, (ба шумо) намерасад, магар он ки пеш аз он ки падид оварем, дар китобе аст…” (Сураи Ҳадид, ояти 22)), дар айни ҳол мегӯяд:

كُلَّ يَوْمٍ هُوَ فِي شَأْنٍ

Худованд ҳар рӯз даст дар коре аст.” (Сураи Раҳмон, ояти 29)

Аз Расули Худо (с) суол шуд:

أنحن في أمر فرغ منه أم في أمر مستأنف

Оё мо ба корҳое саргармем, ки Худованд аз онҳо фориғ шудааст, ё он ки пас аз ин, таклифи онҳо равшан мешавад?

Фармуд:

في أمر فرغ منه وفي أمر مستأنف

Шумо ба корҳое саргармед, ки ҳам Худованд аз онҳо фориғ шуда ва ҳам фориғ нашудааст.”(Шарҳи Усули Кофӣ, Мулло Садро, зайли ҳадиси 394)

* * *

Тағйирнопазирӣ дар табиат

Гуфтем, дар забони пешвоёни дин — чӣ дар дуо ва чӣ дар ғайри дуо — аз дугунагии қазо ва қадар ёд шудааст, ва тавзеҳ додем, ки муҷаррадоти илвӣ (болоӣ), қазо ва қадарашон ҳатмӣ аст, бар хилофи мавҷудоти табиат. Бояд изофа кунем, ки дар табиат низ қазо ва қадарҳои ҳатмӣ, ва ба иборати дигар, ҷараёнҳои ғайриқобили табдил ҳаст. Дар табиат, ҳар мавҷуде масбуқ ба адам аст ва бояд аз мавҷуди дигар сарчашма бигирад; ин қазои ҳатмӣ аст. Ҳар мавҷуди табиӣ бояд роҳи фанову завол пеш бигирад, магар ин ки табдил шавад ба мавҷуди ғайримоддӣ. Ин низ қазо ва қадари ҳатмӣ аст. Мавҷудоти ҷаҳони табиат ба марҳилае мерасанд, ки тағйири масир барои онҳо ғайримумкин мешавад: ё бояд маъдум шаванд ва ё ҳамон ҷараёнро тай кунанд, яъне тақдири ҳатмӣ пайдо мекунанд. Масалан, селлули нутфаи як мард, ки бо тухмаки як зан ҷуфт мешавад ва маҷмӯан як воҳиди селлулро ташкил медиҳанд, сиришт ва тинати муайянеро барои ояндаи кӯдак ташкил медиҳанд ва сифоти маврусии хоссеро дар кӯдак баъдан ба вуҷуд меоваранд, ки дар сарнавишти ояндаи ӯ таъсиргузор аст. Бадеҳӣ аст, ки агар селлули нутфаи ин мард бо тухмаки зани дигар ҷуфт шуда буд, воҳиди дигаре муғойир бо ин воҳид, ва сиришту тинати дигаре муғойир бо ин сиришту тинат таквин мешуд. Пас аз таквини як сиришту тинат, дигар наметавон онро ба сиришти дигар табдил кард. Яъне дар ин марҳила қазо ва қадар ҳатмӣ мешавад. Бисёре аз кайфиёти дигар дар мароҳили баъдии раҳм қатъӣ ва ҳатмӣ мешавад; аз ин рӯ мебинем, ки дар забони дин, раҳм яке аз алвоҳи қазо ва қадар номида шудааст.

* * *

Низомоти лоятағайяр (тағйирнопазир)

Қонунҳо ва низомоте, ки бар ҷаҳон ҳукмфармо мебошанд низ ғайриқобили тағйиру табдиланд. Мавҷудоти табиат дар тағйиру табдиланд, аммо низомоти табиат собит ва лоятағайяранд. Мавҷудоти табиат мутағайиру мутакомиланд ва дар масирҳои мухталиф қарор мегиранд; гоҳе ба сарҳадди камол мерасанд ва гоҳе мутаваққиф мешаванд; гоҳ тунд мераванд ва гоҳ кунд. Омилҳои мухталиф сарнавишти онҳоро тағйир медиҳад.

Аммо низомоти табиат на мутағайиранд ва на мутакомил; собит ва якнавохтанд. Қуръони Карим аз ин низомоти лоятағайяр ба “суннати илоҳӣ” таъбир мекунад ва мегӯяд:

سُنَّةَ اللَّهِ فِي الَّذِينَ خَلَوْا مِن قَبْلُ وَلَن تَجِدَ لِسُنَّةِ اللَّهِ تَبْدِيلًا

(“Дар бораи касоне, ки пештар будаанд, (ҳамин) суннати Худо ҷорӣ будааст, ва дар суннати Худо ҳаргиз тағйире нахоҳӣ ёфт.” (Сураи Аҳзоб, ояти 62))

Суннати илоҳӣ тағйирпазир нест; суннати илоҳӣ қобили баргардондан нест. Масалан ин ки оқибат бо муттақиён ва покон аст ва замин аз они солеҳон аст, суннати лоятағайяри илоҳӣ аст:

وَلَقَدْ كَتَبْنَا فِي الزَّبُورِ مِن بَعْدِ الذِّكْرِ أَنَّ الْأَرْضَ يَرِثُهَا عِبَادِيَ الصَّالِحُونَ

(“Ва дар ҳақиқат дар Забур пас аз Таврот навиштем, ки заминро бандагони шоистаи мо ба ирс хоҳанд бурд.” (Сураи Анбиё, ояти 105))

إِنَّ الأَرْضَ لِلّهِ يُورِثُهَا مَن يَشَاءُ مِنْ عِبَادِهِ وَالْعَاقِبَةُ لِلْمُتَّقِينَ

(“Замин аз они Худост, онро ба ҳар кас аз бандагонаш, ки бихоҳад медиҳад, ва фарҷоми нек барои парҳезгорон аст.” (Сураи Аъроф, ояти 128))

Ин ки то мардуме бо ибтикори худашон дар авзоъу аҳволи худ тағйире надиҳанд, Худованд авзоъу аҳволи умумии онҳоро иваз намекунад, суннати лоятағайяри илоҳӣ аст:

إِنَّ اللّهَ لاَ يُغَيِّرُ مَا بِقَوْمٍ حَتَّى يُغَيِّرُواْ مَا بِأَنْفُسِهِمْ

(“Дар ҳақиқат Худо ҳоли қавмеро тағйир намедиҳад, то онон ҳоли худро тағйир диҳанд…” (Сураи Раъд, ояти 11))

Ин ки вазъи ҳукумати мардуме бо вазъи руҳия ва афкору ахлоқ ва шоистагии онҳо бастагӣ дорад, суннати тағйирнопазири илоҳӣ аст:

وَكَذَلِكَ نُوَلِّي بَعْضَ الظَّالِمِينَ بَعْضًا

(“Ва ин гуна бархе аз ситмагаронро ба кайфари он чи ба даст меоваранд, сарпарасти бархе дигар мегардонем.” (Сураи Анъом, ояти 129))

Ин ки агар дар миёни қавме табақае мутраф (хушгузарон) пайдо шаванд ва фисқу фуҷуру шаҳватронӣ ва танпарварӣ оғоз кунанд, мунҷар ба ҳалокати он қавм мегардад, суннати тағйирнопазири илоҳӣ аст:

وَإِذَا أَرَدْنَا أَن نُّهْلِكَ قَرْيَةً أَمَرْنَا مُتْرَفِيهَا فَفَسَقُواْ فِيهَا فَحَقَّ عَلَيْهَا الْقَوْلُ فَدَمَّرْنَاهَا تَدْمِيرًا

(“Ва чун бихоҳем шаҳреро ҳалок кунем, хушгузарононашро вомедорем, то дар он ба инҳирофу фасод бипардозанд ва дар натиҷа азоб бар он шаҳр лозим гардад, пас онро яксара зеру забар кунем.” (Сураи Исро, ояти 16)

Ин ки агар мардуме ба имон муҷаҳҳаз бошанд ва шоиста амал кунанд, дар майдони танозӯи бақо гӯи сибқатро хоҳанд рубуд ва хилофати замин дар ихтиёри онҳо қарор хоҳад гирифт, суннати қатъӣ ва тағйирнопазири илоҳӣ аст:

وَعَدَ اللَّهُ الَّذِينَ آمَنُوا مِنكُمْ وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ لَيَسْتَخْلِفَنَّهُم فِي الْأَرْضِ كَمَا اسْتَخْلَفَ الَّذِينَ مِن قَبْلِهِمْ وَلَيُمَكِّنَنَّ لَهُمْ دِينَهُمُ الَّذِي ارْتَضَى لَهُمْ

(“Худо ба касоне аз шумо, ки имон оварда ва корҳои шоиста кардаанд, ваъда додааст, ки ҳатман ононро дар ин сарзамин ҷонишини худ қарор диҳад, ҳамон гуна ки касонеро, ки пеш аз онон буданд, ҷонишини худ қарор дод ва он динеро, ки барояшон писандидааст ба судашон мустақар кард…” (Сураи Нур, ояти 55))

Ин ки оқибат ва ниҳояти зулму бедодгарӣ, вайронӣ ва табоҳӣ ва нобудӣ аст, суннати тағйирнопазири илоҳӣ аст:

وَتِلْكَ الْقُرَى أَهْلَكْنَاهُمْ لَمَّا ظَلَمُوا وَجَعَلْنَا لِمَهْلِكِهِم مَّوْعِدًا

(“Ва мардуми он шаҳрҳо чун бедодгарӣ карданд, ҳалокашон кардем ва барои ҳалокаташон мавъиде муқаррар доштем.” (Сураи Каҳф, ояти 59))

Низ дар ривоят аст, ки:

الملك يبقى مع الكفر ولا يبقى مع الظلم

(“Ҳукумат бо куфр боқӣ мемонад, вале бо ситам боқӣ намемонад.”)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: