Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (318)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (61)

* * *

Масали араб: “Изо занайта фазни бил-ҳуррати ва изо сарақта фасриқид-дуррата”

* * *

“Фазни билҳурра” пайи ин шуд масал,

“Фасриқид-дурра” бад-ин шуд мунтақал.

Ишора ба як зарбулмасали арабӣ:

اذا زنيت فازن بالحرّة واذا سرقت فاسرق الدرّة

Ҳар гоҳ хоҳӣ, ки табоҳӣ ба бор оварӣ, бо озодзан табоҳӣ овар, ва ҳар гоҳ хоҳӣ, ки дуздӣ кунӣ, марворид бидузд.”

Нукта: Ин масал, ҳарчанд зишту нописанд аст, лекин Мавлоно онро дар тафҳими мақсуде олӣ ва маънавӣ ба кор гирифтааст. Асосан, дар Маснавӣ ин гуна маворид кам нест. Манзур ин аст, ки ҳиммату салиқаи шахс бояд баланду зариф бошад ва ҳамвора ба олитарин чизҳо назар дошта бошад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.823-824)

Банда сӯйи хоҷа шуд, ӯ монд зор,

Бӯйи гул шуд сӯйи гул, ӯ монд хор.

Банда ба сӯи хоҷаи худ меравад, ва ошиқ аз фироқи ӯ зору андӯҳбор мегардад. Ва бӯи гул ба сӯи гулшани хеш раҳсипор мешавад, ва ин бенаво монанди хор, тиҳиву зор мегардад. (Абёти баъдӣ, мақсудро бештар тавзеҳ медиҳанд.)

Ӯ бимонда дур аз матлуби хеш,

Саъй зойеъ, ранҷ ботил, пой реш.

Он шахс аз матлубу муроди хеш дур монд, дар ҳоле, ки саъю талоши ӯ табоҳ гашта ва ранҷу заҳматаш ботил, ва пояш захмину маҷрӯҳ шудааст. (Пас, он ки ба сурат ишқ меварзад ва на ба маъно, ҳоле парешону диле пажмурда хоҳад дошт. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.824))

Ҳамчу сайёде, ки гирад сояе,

Соя кай гардад варо сармояе?

Масали ин гуна ошиқон, масали он сайёде аст, ки сояеро шикор кунад, соя кай барои ӯ сармоя мешавад? (Руҷӯъ шавад ба тамсили мурғу сояаш дар ин байт)

Сояи мурғе гирифта мард сахт,

Мурғ ҳайрон гашта бар шохи дарахт.

К-ин мудаммағ бар кӣ механдад аҷаб?

Ин-т ботил, ин-т пӯсида сабаб.

Мардаке аҳмақ сояи мурғеро муҳкам гирифта буд, аммо мурғ рӯи шохаи дарахт саргаштаву ҳайрон буд ва мегуфт: шигифто! Ин аҳмақ бар кӣ механдад? Аҷаб саъю талаби ботиле! Ва аҷаб сабаби пӯсидаву беҳудае, ки натиҷааш ҳамон заҳмату ранҷи маҳз аст!

Мудаммағ: касе, ки ба мағзаш осеб расида бошад.

В-ар ту гӯйӣ: ҷузв пайвастай кул аст,

Хор мехӯр, хор пайвастай гул аст.

Агар чунин бовар дорӣ, ки ишқи ҷузъӣ ба ишқи куллӣ вобаста ва пайваста аст, пас хор низ ҷузъи гул маҳсуб мешавад, дар ин сурат, хорро тановул кун, ки хор ҳам ба гул пайвастааст.

Нукта: Пас, набояд монанди бархе аз сӯфияи ҷамолпараст ишқ ба аҷзоъу мавҷудотро ҳамон ишқ ба Ҳақ фарз кард. Ба таври мисол, хор бо гул аз як гиёҳ мерӯянд, вале мусалламан касе ин дуро яке намедонад ва ба ҷои гул хор намехӯранд. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.825)

Ҷуз зи як рӯ нест пайваста ба кул

В-арна худ ботил будӣ баъси русул.

Ҷузъ аз ҳама ҷиҳат ба кул пайваста нест, зеро агар тамоми аҷзоъ аз ҳама назар ба кул пайвастагӣ доштанд, дигар беъсати паёмбарон амре беҳуда менумуд.

Нукта: Агар халоиқ аз ҳама ҷиҳат восил ба Ҳақ бошанд, дигар зуҳури анбиё чӣ ҷиҳате доштааст? Пас, халоиқ аз ҳар ҳайс бо Ҳақ иттисол надоранд. Аз ин рӯ, анбиё бо иршоду гуфтору кирдори нек, ононро ба Ҳақ васл мекунанд. (Ҳамон манбаъ, ҷ.1, с.825)

Чун расулон аз пайи пайвастананд,

Пас чӣ пайвандандашон? Чун як тананд.

Зеро расулону паёмбарон омадаанд, ки ин аҷзоъро ба кул васл кунанд. Омадаанд, то вуҷуди ҷузъии махлуқотро ба вуҷуди куллии Ҳақ Таъоло восил намоянд. Ҳол, агар бандагону мавҷудот бо Худованд ҳар ду дар ҳукми як тани воҳид бошанд, пас паёмбарон чӣ чизро васл кунанд? Ин амр таҳсили ҳосил аст.

Нукта: Дар ин ҷо Мавлоно байни “ваҳдати вуҷуд” ва “ваҳдати мавҷуд” фарқ ниҳодааст. Ваҳдати вуҷудро мепазирад, вале ваҳдати мавҷудро эътиқоде сахифу пиндоре заъиф мешумурад. Ваҳдати вуҷуд бар мабнои қоидаи:

بسيط الحقيقة كلّ الأشياء

аст, на

كلّ الأشياء بسيط الحقيقة

(Ҳамон манбаъ, ҷ.1, с.825)

Ин сухан поён надорад, эй ғулом!

Рӯз бегаҳ шуд, ҳикоят кун тамом.

Ин гуна суханони асроромезро поёне нест, эй ҷавон! Рӯз меравад, ки ба поён расад ва шом аз роҳ даррасад, пас, он ҳикоятро ба таври комил бозгӯ кун.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: