Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (319)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (62)

* * *

Супурдани араб ҳадяро, яъне сабӯро ба ғуломони халифа

* * *

Он сабӯи обро дар пеш дошт,

Тухми хидматро дар он ҳазрат бикошт.

Араби саҳронишин он сабӯи обро пеш гирифт ва дар он пешгоҳ базри хидматгузорӣ ва бандагиро кошт.

Гуфт: ин ҳадя бад-он султон баред,

Соили шаҳро зи ҳоҷат вохаред.

Аъробӣ ба ҳоҷибони шоҳ (халифа) гуфт: ин армуғонро назди халифа бибаред ва хосту муроди маро, ки аз шоҳ (халифа) дорам, бароварда созед.

Оби ширину сабӯи сабзу нав,

З-оби бороне, ки ҷамъ омад ба гав.

Ба ӯ бигӯед: ин армуғон оби гуворо ва кӯзаи сабзу нав аст, ва аз оби бороне аст, ки дар гудол ҷамъ шудааст.

Гав: гудол.

Ханда меомад нақибонро аз он,

Лек пазруфтанд онро ҳамчу ҷон.

Нақибону ҳоҷибони шоҳ (халифа) аз ин армуғони ночиз хандиданд, вале ин хостаи ӯро ҳамчун ҷон пазируфтанд.

З-он ки лутфи шоҳи хуби бохабар

Карда буд андар ҳама аркон асар.

Зеро ки лутфу меҳрубонии шоҳи огоҳу хуб, бар тамоми аркону аҷзоъи мамлакат асар карда буд.

Аркон: ҷамъи рукн ба маънии поя, сутун, бузургу раис. Дар ин ҷо манзур бузургони малакат ва дастгоҳи ҳукуматӣ аст.

Хӯйи шоҳон дар раъият ҷо кунад,

Чархи ахзар хокро хазро кунад.

Зеро хӯйи шоҳон дар вуҷуди раъият асар мебахшад, чунонки сипеҳри сабз хоки заминро сабз мекунад, ҳарчанд ки миёни ин ду масофате бисёр баъид аст.

Чархи ахзар: киноя аз сипеҳру осмон. Хазро: сабз.

Нукта: Мавлоно дар ин ҷо ба ин нукта ишорат дорад, ки фармонравоён ҳар равише, ки баргузинанд, дар хидматгузорони пиромуни онон ва низ ба шаҳрвандон асари бисёр қавӣ дорад. Агар ҳокимон ба роҳи адлу дод раванд, атрофиён ва шаҳравандон низ маҷбуранд худро бар он равиш вифқ диҳанд. Ва баръакс агар ҳокимон бар тариқи ситам раванд, дигарон низ бар он роҳ устувор гом бардоранд. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.867)

Шаҳ чу ҳавзе дон, ва ҳар сӯ лӯлаҳо,

Ва-аз ҳама оби равон чун гӯлаҳо.

Шоҳро ҳамонанди ҳавзе бидон ва ходимону чокаронашро монанди лӯлаҳое бидон, ки обро ба гудолҳо мерезанд.

Гӯла: мағок ва гудол, кӯзаи обхӯрӣ.

Нукта: Ин тамсил мансуб аст ба Афлотун. (Шарҳи Маснавии шариф, ҷ.3, с.1172)

Чунки оби ҷумла аз ҳавзест пок,

Ҳар яке обе диҳад хуш, завқнок

В-ар дар он ҳавз оби шӯр асту палид,

Ҳар яке лӯла ҳамон орад падид.

З-он ки пайвастаст ҳар лӯла ба ҳавз,

Хавз кун дар маънии ин ҳарф, хавз.

Чун ки оби ҳамаи лӯлаҳо аз ҳавзе пок аст, пас оби так-таки он лӯлаҳо лазизу гуворост. Ва агар дар он ҳавз оби шӯру ногувору олуда бошад, мусалламан ҳар лӯлае ҳамон обро ба нуқоти мухталиф равон мекунад. Зеро ҳар лӯлае ба он ҳавз васл шуда ва ночор оби ҳамон ҳавзро ба ин сӯву он сӯ мебарад ва ту бояд дар маънии ин сухан нек андеша кунӣ.

Завқнок: гуворо ва хуш. Хавз: фурӯ рафтан дар об, таъаммули бисёр кардан.

Лутфи шоҳаншоҳи ҷони беватан,

Чун асар кардаст андар кулли тан?!

Ба унвони мисол, бибин, ки чӣ гуна алтофи шоҳи ҷону подшоҳи руҳ, ки бемакон аст, дар саросари колбад асар ниҳодааст?!

Лутфи ақли хушниҳоди хушнасаб

Чун ҳама танро дарорад дар адаб?!

Мисоли дигар, бибин, ки лутфи ақли хушсиришту нектабъ вуҷуди одамиро чӣ гуна ба зевари адаб меорояд?! (Пас, ҳамаи сифоти нек ва хисоли некӯ, аз осори ақл аст.)

Ишқи шанги беқарори бесукун

Чун дарорад кулли танро дар ҷунун?!

Мисоли дигар, бибин, ки ин ишқи беқарору шӯх чӣ сон ҳамаи вуҷуди одамиро ба ҷунун мекашонад?!

Лутфи оби баҳр, к-ӯ чун Кавсар аст,

Сангрезаш ҷумла дурру гавҳар аст.

Мисоли дигар, аз таъсири хоссияту латофати оби дарё, ки обе ҳамчун оби Кавсар дорад, сангрезаҳояш низ ҳама марвориду гавҳар хоҳад буд.

Ҳар ҳунар, к-усто бад-он маъруф шуд,

Ҷони шогирдон бад-он мавсуф шуд.

Мисоли дигар, ба ҳар ҳунаре, ки устод бад-он маъруф бошад ва дар он маҳорат дошта бошад, руҳи шогирдонаш низ бо ҳамон ҳунар ороста ва мавсуф хоҳад шуд.

Пеши устоди усулӣ ҳам усул

Хонад он шогирди чусти боҳусул.

Масалан, назди он устоди усулӣ шогирди зарангу чобук ҳамон усулро фаро мегирад.

Нукта: Усулӣ ду маънӣ дорад: яке, он кас, ки донои ба илми усули ақоид аст ва метавонад ақоиди диниро бо далоили ақлӣ ва каломӣ ба исбот бирасонад. Ва дигар, он кас, ки ба усули фиқҳ доноӣ дошта бошад.

Илми усули фиқҳ, илм ба қоидаҳое аст, ки дар он пиромуни истинботи аҳкоми шаръӣ аз Қуръону суннату иҷмоъу ақл баҳс мешавад. (Усулул-фиқҳ, с.5) Ин илм бар ҳасби ин зарурат пайдо шуд, ки доманаи қаламрави исломӣ рӯ ба густариш ниҳод ва ҷомеаҳои бисёре ба ислом гаравиданд. Дар натиҷа, заруриёте дар арсаи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ва аҳком падид омад. Аз ин рӯ, илми усул поягузорӣ шуд, то битавон бо истинод ба далелҳои тафсилии Қуръон, суннат, иҷмоъ ва ақл (қиёс), аҳкоми шаръӣ ва фаръиро истинбот кард. Илми усули фиқҳ ба даврони Имом Абӯҳанифа ривоҷ ёфта ва дар замони Имом Шофеӣ ба василаи ӯ ва яке аз муосирони ӯ ба сурати таълиф даромадааст. (Барои тавзеҳи бештар, руҷӯъ шавад ба китоби “Таҷридул-усул”, с.5-6) Лекин дар ин байт бо таваҷҷӯҳ ба байти баъдӣ, ҳамон маънои аввал муносибтар аст, яъне илми усули ақоид.

Пеши устоди фақеҳ, он фиқҳхон

Фиқҳ хонад, на усул андар баён.

Ё масалан назди устоди фақеҳ он шогирди фиқҳхон фиқҳ мехонад ва ин илмро фаро мегирад, вагарна дар аснои хондани фиқҳ, илми калому исботи ақоиди диниро фаро намегирад.

Нукта: Фиқҳ дар луғат ба маънии фаҳмидан ва дарёфтан аст, ва дар истилоҳ, “илм ба аҳкоми шаръӣ аз далелҳои тафсилии онҳост.” (Руҷӯъ шавад ба “Адвори фиқҳ”, ҷ.1, с.36)

Боз устоде, ки ӯ наҳвӣ бувад,

Ҷони шогирдаш аз ӯ наҳвӣ шавад.

Ҳамин тавр, устоде, ки илми наҳв меомӯзад, шогирдаш аз илми наҳве, ки фаро мегирад, наҳвшинос мегардад.

Нукта: Наҳв дар луғат ба маънии роҳу равиш аст, ва дар истилоҳ, “илме аст, ки дар он баҳс мекунад аз аҳволи калимот дар ҷумла аз ҳайси эъробу бинову ифроду таркиб, ки юнониён ба он “ғромотиқӣ” (громер = граматика) гӯянд. (Фарҳанги Нафисӣ, ҷ.5, с.3682; Мафотиҳул-улум, с.45)

Боз устоде, ки ӯ маҳви раҳ аст,

Ҷони шогирдаш аз ӯ маҳви шаҳ аст.

Ҳамин тавр, устоде, ки маҳву фонии тариқи сулук аст, шогирди ӯ низ ба пайравӣ аз ӯ, маҳви шоҳи ҳақиқат ва фонии султони вуҷуд мегардад.

З-ин ҳама анвоъи дониш рӯзи марг,

Дониши фақр аст сози роҳу барг.

Аз ин ҳама донишу улуме, ки устодон ба шогирдонашон меомӯзанд, танҳо илми фақр аст, ки дар рӯзи растохез тӯшаи охират мешаваду бас.

Нукта: Дар абёти ахир мисоли ҷону ақлу ишқу устод ҳар як ҷудогона барои исботи ин матлаб оварда шуд, ки ҳамнишинӣ бо инсони комил, дар инсони ноқис таъсири созанда дорад. Ва натиҷаи куллии ин тамсилҳо ин муддаоро собит кард, ки хӯйи ҳукком дар мардумон асар мениҳад. Ва ин матлаб дар мавриди ҳукуматҳои қуруни пешин мисдоқ дорад, ки бар меҳвари амёли шахси ҳоким мегашт ва аз қонуну ҳисобу китоб хабаре набуд. Ва ин матлаб бештар мулоҳиза шуд.

Мавлоно фасли куниниро бад-ин мавзӯъ поён бахшид, ки ҷамиъи улум, ҷуз илми марбут ба фақру сулук (яъне тасаввуф), ҷанбаи дунявӣ ва ориятӣ дорад. Ӯ ин мавзӯъро дар ҳикоятҳои баъдӣ (Наҳвӣ ва киштибон) баст додааст. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.830)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: