Перейти к содержимому

Инсон ва сарнавишт (8)

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Назариёти дигар

Мутобиқи он чи мо тавзеҳ додем, тақсими қазо ва қадар ба “ҳатмӣ” ва “ғайриҳатмӣ”, аз вазъи хосси мавҷудот сарчашма мегирад. Мавҷуде, ки имконоти мутаъаддид дорад ва иллатҳои мухталиф мумкин аст дар ӯ таъсир кунанд ва ҳар иллате ӯро дар як маҷро ва як масири бахусус қарор медиҳад, муқаддароти (тақдирҳои) мутаъаддиде дорад; ба ҳар андоза, ки ба иллатҳои гуногун бастагӣ ва иртибот дорад, муқаддарот дорад. Аз ин рӯ, сарнавишт ва қазо ва қадари чунин мавҷуде, ғайриҳатмӣ аст. Ва аммо мавҷуде, ки беш аз як имкон дар ӯ нест ва як масир бештар барояш мумкин нест ва ҷуз бо як навъ иллат сару кор надорад, сарнавишташ ҳатмӣ ва ғайриқобили тағйир аст.

Ба иборати дигар, ҳатмият ва адами ҳатмият, ношӣ аз ҷанбаи қобилӣ аст, на ҷанбаи фоилӣ, ба маънии қобилияти воҳид ва қобилиятҳои мутаъаддид аст. Аз ин рӯ, муҷаррадоти илвӣ (олами боло), ки фоқиди имкони истеъдодӣ мебошанд, ва ҳамчунин мавҷудоти табиат дар баъзе ҳолот, ки истеъдоди беш аз як ояндаро надоранд, сарнавишташон ҳатмӣ аст, ва аммо он даста аз падидаҳои табиат, ки истеъдоди беш аз як ояндаро доранд, сарнавишташон ғайриҳатмӣ аст.

Ин буд хулосаи тафсиру тавзеҳи қазо ва қадари ҳатмӣ ва ғайриҳатмӣ.

Ин масъала таврҳои дигар низ тафсир шудааст. Баъзе, ба миқёси инсон тафсир кардаанд. Гуфтаанд: воқеиятҳое, ки тағйиру табдили онҳо дар ихтиёри инсон нест, тақдирашон ҳатмӣ аст, ва воқеиятҳое, ки тағйиру табдили онҳо дар ихтиёри инсон аст, тақдирашон ғайриҳатмӣ аст. Масалан, барои башар (лоақал дар ҳоли ҳозир) тағйир додани авзоъи ҷаввӣ аз лиҳози гармову сармо ва барфу борон ва бодҳо ва тағйир додани авзоъи умумии замин аз лиҳози зилзилаҳо ва тӯфонҳо ва селобҳо ғайримақдур аст. Башар, чӣ бихоҳад ва чӣ нахоҳад, инҳо сурат мегиранд. Пас, онҳо умури ҳатмӣ ҳастанд ва муқаддароти илоҳӣ дар ин умур, ҳатмӣ аст. Аммо тағйири авзоъи иҷтимоӣ ва ислоҳи умур ба меъёрҳои адолату рифоҳи умумӣ ва саодати ҳамагонӣ, мақдури башар аст ва хости башар метавонад инҳоро иваз кунад. Пас, инҳо умури ғайриҳатмӣ ҳастанд ва муқаддароти илоҳӣ дар ин умур, ғайриҳатмӣ аст.

Ин тафсир саҳеҳ нест. Зеро иллат надорад қудрату имконоти башарро милоки ҳатмӣ ё ғайриҳатмӣ будани муқаддарот қарор бидиҳем. Забони ахбор ва осори дин ҳам бо ин тафсир қобили татбиқ нест.

Баъзе дигар, қазо ва қадари ҳатмӣ ва ғайриҳатмиро ба миқёси таҳаққуқ ва адами таҳаққуқи шароит тафсир кардаанд, ба ин маънӣ, ки чунонки гуфтем, бархе мавҷудот имконоти мутаъаддид доранд ва бо иллатҳои мухталиф иртиботу пайванд доранд. Ба ҳар андоза, ки бо иллатҳои гуногун бастагӣ доранд, муқаддарот дошта ва дар ҳақиқат сарнавишти онҳо ба дасти он иллатҳост. Ҳар иллате як сарнавиште барои ин мавҷуд дар даст дорад ва ҳар сарнавиште машрут аст ба вуқӯъ ва таҳаққуқи он иллате, ки он сарнавиштро дар даст дорад. Бадеҳӣ аст, ки дар миёни иллатҳо ва шароити гуногун, баъзе сурати вуқӯъ пайдо мекунанд ва баъзе на, ва боз возеҳ аст, ки иллати ин ки баъзе аз иллатҳо ва шароит вуҷуд пайдо мекунанд ва баъзе на, ин аст, ки иллатҳо ва шароити он иллатҳову шароит, мавҷуд будааст. Ва иллати ин ки он иллатҳо ва шароити дигар вуҷуд пайдо накардаанд, ин аст, ки иллатҳо ва шароити он иллатҳову шароит мавҷуд набуда, ва ҳамин тавр иллатҳо ва шароити дараҷаи севвум ва чаҳорум… Муқаддароти ҳатмӣ яъне муқаддароте, ки дар чанги иллатҳо ва шароите ҳастанд, ки он иллатҳову шароит вуҷуд пайдо мекунанд, ва аммо муқаддароти ғайриҳатмӣ яъне муқаддароте, ки дар дасти иллатҳо ва шароите мебошанд, ки заминаи вуҷуд барои онҳо пайдо намешавад.

Фарз кунем шахси муайяне аз лиҳози сохтмони ҷисмӣ истеъдод дорад, ки агар шароити тандурустиро риоят кунад, 150 сол умр кунад, вале агар риоят накунад, умри ӯ ба нисф тақлил пайдо мекунад. Муқаддари ӯ чунин аст, ки агар риояти шароити тандурустӣ бикунад, 150 сол умр кунад ва агар накунад, 75 сол. Он гоҳ он шахс риоят накарда ва дар 75- солагӣ мурд. Пас, барои ин шахс ду умр тақдир шуда ва ҳар ду машрут будааст, вале шарти яке муҳаққақ шуда ва шарти дигаре таҳаққуқ наёфтааст. Он тақдире, ки шарташ воқеъ шуда ва сурати воқеъ ба худ гирифтааст, қазо ва қадари ҳатмӣ аст ва он, ки шарташ воқеъ нашудааст, қазо ва қадари ғайриҳатмӣ аст.

Дар мақоми тамсил, ин ду тақдир монанди ду қонун аст дар бораи як нафар дар заминаи ду шарти мухталиф. Масалан, қонун ҳукм мекунад агар муттаҳам ба ҷурми худ иқрор кунад, муҷозоти марбут иҷро шавад, ва агар иқрор накунад ва далоили дигаре ҳам алайҳи ӯ набошад, озод гардад. Ҳоло агар муттаҳам иқрор кард, қаҳран муҷозот иҷро мешавад. Қонун аз ҷанбаи ин ки агар иқрор кард бояд муҷозот шавад, дар бораи ин шахс қатъият ва ҳатмият пайдо кардааст, ва аз ҷанбаи ин ки агар иқрор накард ва фаразан далели дигаре ҳам дар кор нест, бояд озод шавад, қатъият ва ҳатмият пайдо накардааст.

Мутобиқи ин тафсир, мақсуд аз қатъият ва ҳатмият дар ин ҷо, вуҷуд пайдо кардани шарт ва интибоқи амалии муфоди қонун аст, вагарна қонун аз он ҷиҳат, ки як асли куллӣ аст, аз ҳар ду ҷиҳат қатъӣ ва ҳатмӣ ва ғайриқобили тахаллуф аст.

Бар ҷаҳони таквин як силсила қонунҳо ва номусҳои қатъӣ ва ғайриқобили тахаллуф ҳукмфармост. Ҳамаи қонунҳо аз он назар, ки қонуни куллӣ мебошанд, ҳатмӣ ва истиснонопазир мебошанд. Масалан, ин ки ашхоси дорои фалон истеъдоди ҷисмӣ агар риояти шароити тандурустӣ бикунанд, умрашон ба 150 сол мерасад, қонуни қатъии ҷаҳон аст, ва ҳам ин ки агар ҳамонҳо риояти шароити тандурустӣ накунанд, умрашон ба нисфи он муддат тақлил меёбад, боз қонуни қатъии ҷаҳон аст ва ин қонунҳо ва суннатҳои қатъӣ, мазоҳир ва маҷории қазо ва қадари илоҳӣ мебошанд.

Бинобар ин, қазо ва қадари ҳатмӣ яъне он қонун ва суннат ва номус, ки шароиташ вуҷуд пайдо карда ва амалан иҷро шудааст, ва қазо ва қадари ғайриҳатмӣ яъне он қонун ва суннати ҷаҳонӣ, ки шарташ воқеъ нашуда ва амалан мисдоқ пайдо накардааст.

Ин тафсир, ҳарчанд дар ҳадди зоти худ матлаби қобили қабуле аст ва баъид нест баъзе таъбироти динӣ нозир ба ҳамин ҷиҳат бошад, аммо наметавон таъбиротеро, ки ба номи қазои лозим ва ғайрилозим ва ҳатмӣ ва ғайриҳатмӣ дар ахбору осори динӣ омадааст, ба ин маънӣ ҳамл кард. Мусалламан мақсуд аз қазо ва қадари лозим ё ғайрилозим, қазо ва қадари қобили тағйир ва ғайриқобили тағйир аст. Боз мусалламан дар мавориде, ки шароити як қонуни куллӣ таҳаққуқ пайдо кардааст, имкони тағйир ҷое нарафтааст; қазия аз назари зоти худ имкони ин ки ҷури дигар сурат бигирад доштааст. Пас, бо фарзи таҳаққуқи шароит, боз қазо ва қадар ҷанбаи ғайриҳатмии худро аз он назар, ки гуфтем, аз даст намедиҳад.

Тафсири дигар ин ки: қазо ва қадари ҳатмӣ он аст, ки аз тарафи Худованд таъкид ва эҷоб шудааст, ки ҳатман бояд воқеъ шавад ва ҳатман ҳам воқеъ хоҳад шуд, вале қазо ва қадари ғайриҳатмӣ он аст, ки иродаи Худованд нисбат ба ӯ бетараф ва бетафовут аст, ва ё бетафовут нест аммо илзому эҷобе ҳам дар кор нест, ҳамон тавр, ки аҳкоми таклифӣ аз ин қабил аст: гоҳе як чиз аз тарафи омир ва муқаннин ҳатму эҷоб мешавад (вуҷуб), ва гоҳе омир ва муқаннин нисбат ба чизе бетараф аст, аз назари ӯ тафовуте нест, ки он кор сурат бигирад ё сурат нагирад (ибоҳа), ва гоҳе омир тарафи вуқӯъ ё адами вуқӯъро тарҷеҳ медиҳад, аммо илзому эҷоб намекунад (истеҳбоб ва кароҳат).

Дар умури таквинӣ низ ҳамин тавр аст, гоҳе эҷобу илзом аст, ва он қазо ва қадари ҳатмӣ аст, ва гоҳе бетарафӣ аст ва ё он ки як тараф (вуқӯъ ё адами вуқӯъ) тарҷеҳ дорад аммо илзому эҷобе дар кор нест, ва он қазо ва қадари ғайриҳатмӣ аст.

Ин тафсир, ғайриилмитарин тафсири ин матлаб аст. Ин нафйи қазо ва қадар аст, зеро маҳол аст, ки иродаи Ҳақ нисбат ба ҳодисаи хоссе бетарафу бетафовут бошад ва ё бетараф набошад вале эҷоб накунад; ҳамон тавре, ки маҳол аст ҳодисае аз қонуни иллият мустасно бошад ва ё таҳти қонуни иллият бошад аммо зарурату эҷоб дар кор набошад.

Қиёс гирифтани ҳақоиқи таквинӣ ба умури урфӣ ва қарордодӣ дуруст нест.

* * *

Омилҳои маънавӣ

Дар мисолҳои гузашта, он чи роҷеъ ба иллатҳо ва асбобу омилҳои таъсиргузор дар тағйири сарнавишт зикр кардем, аз ҳудуди омилҳои моддӣ ва таъсироти онҳо таҷовуз намекард. Яъне дунёи ҳодисаҳоро фақат аз ҷанбаи абъоди моддӣ ва равобити ҳиссӣ ва ҷисмонӣ дар назар гирифтем ва омилҳое, ки дар иллатҳо ва маълулот ширкат додем, танҳо омилҳои моддӣ ва ҳиссӣ буд. Бадеҳӣ аст аз назари ҷаҳонбинии моддӣ, танҳо бояд ба ҳамин омилҳо ва равобити иллӣ ва маълулӣ миёни онҳо иктифо кард. Аммо аз назари ҷаҳонбинии илоҳӣ, ки воқеиятро дар чаҳорчӯби модда ва ҷисм ва кайфиёт ва инфиъолоти ҷисмонӣ маҳдуду маҳсур намедонад, дунёи ҳодисаҳо дорои торупудҳои бештар ва печидатар аст ва омилҳое, ки дар падид омадани ҳодисаҳо ширкат доранд, басе афзунтар мебошанд.

Аз назари моддӣ, омилҳои таъсиргузор дар аҷал, рӯзӣ, саломат, саодат ва хушбахтӣ мунҳасиран моддӣ аст. Танҳо омилҳои моддӣ аст, ки аҷалро наздик ё дур мекунад; рӯзиро тавсиъа медиҳад ё танг мекунад; ба тан саломат медиҳад ё мегирад; хушбахтӣ ва саодатро таъмин ё нобуд мекунад. Аммо аз назари ҷаҳонбинии илоҳӣ, иллатҳо ва омилҳои дигаре, ки омилҳои руҳӣ ва маънавӣ номида мешаванд низ ҳамдӯши омилҳои моддӣ дар кори аҷал, рӯзӣ, саломат, саодат ва амсоли ин умур таъсиргузоранд.

Аз назари ҷаҳонбинии илоҳӣ, ҷаҳон як воҳиди зинда ва бошуъур аст; аъмолу афъоли башар ҳисобу аксуламал дорад; хубу бад дар миқёси ҷаҳонӣ, бетафовут нест; аъмоли хубу бади башар мувоҷеҳ мешавад бо аксуламалҳое аз ҷаҳон, ки аҳёнан дар давраи ҳаёт ва зиндагии худи фард ба ӯ мерасад.

Озори ҷондор, аъам аз ҳайвону инсон, хусусан озору азият ба соҳибони ҳуқуқ, аз қабили падару модар ва муаллим, осори суе дар ҳамин зиндагии дунёӣ бор меоварад. Дар табиат мукофот ҳаст.

Ин осору натоиҷ, худ қисмате аз мазоҳири қазо ва қадар аст. Бадеҳӣ аст, ки ин гуна қазоё ва иртиботот миёни ҳаводис ва падидаҳо, бо ҷаҳонбинии илоҳӣ, ки ҷаҳонро як дастгоҳи воҳиди зиндаи соҳиби ирода ва шуъур медонад, қобили тавҷеҳ аст ва бахше аз равобити иллӣ ва маълулиро ташкил медиҳад ва аммо бо тарзи тафаккури моддӣ ва ҷаҳонбинии материалистӣ, қобили тавҷеҳ нест.

Аз назари ҷаҳонбинии илоҳӣ, ҷаҳон, ҳам шунавост ва ҳам бино; нидо ва фарёди ҷондорҳоро мешунавад ва ба онҳо посух медиҳад. Ба ҳамин ҷиҳат, дуо яке аз иллатҳои ин ҷаҳон аст, ки дар сарнавишти инсон таъсиргузор аст, ҷилави ҷараёнҳоеро мегирад ва ё ҷараёнҳое ба вуҷуд меоварад. Ба иборати дигар, дуо яке аз мазоҳири қазо ва қадар аст, ки дар сарнавишти ҳодисае метавонад таъсиргузор бошад ё ҷилави қазо ва қадареро бигирад.

الدعاء يردّ القضاء (بعد ما أبرم) ابراما

Дуо қазоро бармегардонад ҳарчанд он қазо муҳкам шуда бошад.”

وَإِذَا سَأَلَكَ عِبَادِي عَنِّي فَإِنِّي قَرِيبٌ أُجِيبُ دَعْوَةَ الدَّاعِ إِذَا دَعَانِ

Ҳаргоҳ бандгонам маро аз ту бипурсанд, ман наздикам; хостаи он ки маро бихонад, иҷобат мекунам.” (Сураи Бақара, ояти 186)

Ҳамчунин, садақоту эҳсонҳо яке дигар аз омилҳо ва мазоҳири қазо ва қадар аст, ки аз маҷории маънавӣ дар тағйиру табдили сарнавиштҳо таъсиргузор аст.

Ба таври куллӣ, гуноҳ ва тоъат, тавба ва пардадарӣ, адлу зулм, некӯкорӣ ва бадкорӣ, дуо ва нафрин ва амсоли инҳо, аз умуре мебошанд, ки дар сарнавишти башар аз назари умр, саломат ва рӯзӣ таъсиргузор мебошанд. Имом Содиқ (а) фармуд:

من يموت بالذنوب أكثر ممن يموت بالأجل، ومن يعيش بالإحسان أكثر ممن يعيش بالاعمار

Адади касоне, ки ба воситаи гуноҳон мемиранд, аз касоне, ки ба воситаи сар омадани умр мемиранд, бештар аст. Ва адади касоне, ки ба сабаби некӯкорӣ зиндагии дароз мекунанд, аз касоне, ки бо умри аслии худ зиндагӣ мекунанд, афзун аст.”

Мақсуди ҳадис ин аст, ки гуноҳон аҷалро тағйир медиҳанд ва эҳсонҳо ва некӯкориҳо умрро зиёд мекунанд. Яъне, бо ин ки аҷал ва умр ба ҳукми қазо ва қадари илоҳӣ таъйин шудаанд, ин умур омили тағйиру табдили қазо ва қадар мебошанд. Ва албатта чунонки қаблан гуфта шуд, худи ин тағйир ҳам, ба қазо ва қадари илоҳӣ аст.

Мо дар ин ҷо наметавонем ба баррасии кайфияти таъсири умури маънавӣ дар умури моддӣ бипардозем ва маҷории иллӣ ва маълулии ин қазияро нишон бидиҳем. Дар ин ҷо назароти фалсафии дақиқе, ки бо таъбироти мазҳабӣ низ комилан созгор аст, изҳор шуда. Ва ҳамчунин дар мақоми баёни шароити таъсири иллатҳои маънавӣ нестем, ки масалан дуо ё садақот ва ҳамчунин зулму ситам ва помол кардани ҳуқуқ, дар чӣ шароите аксуламалҳое эҷод мекунад. Шояд тавзеҳу шарҳи ин матлаб бо таваҷҷӯҳ ба қазоё ва машҳудот ва таҷрибиёте, ки афроди башар доранд, китобе пурҳаҷмро ташкил диҳад. Мақсуди мо фақат тазаккури ин нукта буд, ки аз мисолҳое, ки гуфта шуд, ин таваҳҳум пеш наёяд, ки силсилаи иллатҳо ва маълулоти ҷаҳон, мунҳасир аст ба умури моддӣ ва маҳсус.

* * *

Чун қазо ояд…

Дар ахбору ривоёте, ки аз Расули Акрам (с) ё имомони атҳор (а) расидааст, матлабе ба ин мазмун ба чашм мехӯрад: агар қазо ва қадар биёяд, асбобу иллатҳо — махсусан ақл ва қувваи тадбири инсон — аз кор меафтад. Ин матлаб дар адабиёти форсӣ ва арабӣ ба ҳамин мазмун мунъакис аст.

Дар “Ҷомеъус-сағир” чандин ҳадис дар ин маънӣ аз Расули Акрам нақл мекунад, аз он ҷумла:

إن الله اذا اراد امضاء أمر، نزع عقول الرجال حتى يمضي أمره، فاذا أمضاه، ردّ اليهم عقولهم ووقعت الندامة

Ҳар гоҳ Худо бихоҳад коре ба анҷом расад, хирадҳои мардумро аз онҳо ҷудо мекунад то вақте, ки амри худро ба анҷом расонад. Ҳамин, ки ба анҷом расонд, хирадҳои онҳоро ба онҳо бозмегардонад ва дар ин вақт аст, ки пушаймонӣ сурат мегирад.”

Дар “Туҳафул-ъуқул” сафҳаи 442 аз Имом Ризо (а) нақл мекунад:

اذا أراد الله أمرا، سلب العباد عقولهم فأنفذ أمره وتمّت ارادته، فاذا أنفذ أمره ردّ الى كلّ ذي عقل عقله فيقول: كيف ذا؟ ومن أين ذا؟

Ҳар гоҳ Худо чизеро бихоҳад, ақлҳои бандагонро аз онҳо салб мекунад ва ҳукми худро иҷро мекунад ва хостаи худро ба поён мерасонад. Ҳамин, ки ҳукми худро иҷро кард, ақли ҳар соҳиби ақлро ба ӯ бармегардонад; он гоҳ ӯ мураттаб мегӯяд: чӣ гуна шуд, ки ин кор шуд? Аз куҷо ин кор сурат гирифт?

Мавлавӣ мегӯяд:

Чун қазо ояд, фурӯ пӯшад басар,

То надонад ақли мо поро зи сар.

Чун қазо бигзашт, худро мех(в)арад,

Парда бидрида, гиребон медарад.

* * *

Гуфт: “Изо ҷоъал-қазо зоқал-фазо,

Туҳҷатул-абсору из ҷоъал-қазо”.

* * *

Чун қазо ояд, набинӣ ғайри пӯст,

Душманонро бознашносӣ зи дӯст.

* * *

Чун қазо ояд, табиб аблаҳ шавад

В-он даво дар нафъ ҳам гумраҳ шавад.

Ишколе, ки дар ин ҷо ба назар меояд ин аст, ки дар ин баёнот, қазо ва қадар ба унвони ноқизу ботилкунандаи асли иллияти умумӣ ва ба унвони омиле дар муқобили соири омилҳои ҷаҳон — вале қавитар ва нерӯмандтар аз онҳо — зикр шудааст. Ва ин, бо он чи дар гузашта гуфта шуд, ки қазои илоҳӣ ҳеч чизеро ҷуз аз маҷрои иллатҳо ва асбоби худ эҷоб намекунад ва дар забони ҳадис низ таъйид шуда, мунофот дорад.

Дар ҳадис аст:

أبى الله أن يجري الأمور الاّ بأسبابها

 ё:

أبى الله أن يجري الأشياء الاّ بأسباب، فجعل لكلّ شيء سببا ولكلّ سبب شرحا وجعل لكلّ شرح علما وجعل لكلّ علم بابا ناطقا

Худованд имтиноъ дорад, ки умури оламро ҷорӣ кунад магар аз тариқи васоит ва асбобе. Худованд барои ҳар чиз сабабе, ва барои ҳар сабаб ҳикмате, ва барои ҳар ҳикмате донише, ва барои ҳар донише дарвозаи гӯёе қарор додааст.”

Ишколи дигар ин ки: он чи дар ин баёнот омада, бо умумияти қазо ва қадар, бо ин ки ҳеч чизе хориҷ аз ҳавзаи қазо ва қадар нест ва Қуръони Карим — чунонки дар гузашта ёд кардем — бо камоли сароҳат онро таъйид мекунад, мунофот дорад. Агар ҳама чиз ва ҳамаи ҷараёнот ба қазо ва қадари илоҳӣ аст, пас лаҳзае нест, ки қазо ва қадари илоҳӣ набошад.

Пас “агар қазо ва қадар биёяд” яъне чӣ? Пас, гузашта аз ин ки мазмуни аҳодис ва абёти боло бо асли иллияти умумӣ муноқиз аст, бо умумияти қазо ва қадар низ муноқиз аст; мерасонад, ки қазо ва қадари илоҳӣ дар мавоқеи хосс ва истисноӣ, по ба миён мегузорад, ва агар истисноан по ба миён гузошт, ҳама чиз аз кор меафтад, ақлҳо аз сарҳо мепарад, чашмҳо кӯр мешавад, давоҳо аз асар меафтад…

Акнун чӣ бояд гуфт? Оё ин ахбору ривоёт бо матни ислом қобили интибоқ нест ва сохтаи ҷабримазҳабон аст, ё тавҷеҳу тафсири саҳеҳе дорад?

Ба ақидаи ин ҷониб (Мутаҳҳарӣ), ин ахбору ривоёт нозир ба як матлаби саҳеҳе аст. На бо асли иллияти умумӣ мунофӣ аст ва на бо умумияти қазо ва қадар; нозир ба низоми куллии олам ва маҷмӯи иллатҳо ва асбоб — аъам аз моддӣ ва маънавӣ — аст; нозир ба мавориде аст, ки иллатҳо ва асбоби маънавӣ, иллатҳо ва асбоби моддиро таҳтушшуъо қарор медиҳад.

Дар фасли пеш гуфтем, ки иллатҳо ва асбобро танҳо дар абъоди моддӣ набояд маҳсур кард. Низоми атамм (комил), аз маҷмӯи иллатҳо ва асбоби ошкору ниҳон ташкил шудааст. Ҳамон тавре, ки иллатҳои моддӣ ва маҳсус, баъзе баъзи дигарро хунсо мекунанд ва аз кор меандозанд, дар мавоқеи хоссе таҳти таъсири иллатҳои маънавӣ низ аз кор меафтанд.

Касе, ки танҳо иллатҳои моддӣ ва маҳсусро мебинад, хаёл мекунад сабаб мунҳасир ба ҳамин чизҳост; намедонад, ки ҳазорон иллатҳо ва асбоби дигар низ мумкин аст ба ҳукми қазо ва қадари илоҳӣ дар кор бошанд ва он гоҳ, ки он иллатҳо ва асбоб по ба миён гузоштанд, асбобу иллатҳои моддиро хунсо ва беасар мекунанд.

Дар худи Қуръони Карим ин матлаб ба баёне балиғтар ва расотар аз он чи дар забони ахбору аҳодис омадааст баён шудааст.

Дар ҷараёни ҷанги Бадр мефармояд:

وَإِذْ يُرِيكُمُوهُمْ إِذِ الْتَقَيْتُمْ فِي أَعْيُنِكُمْ قَلِيلًا وَيُقَلِّلُكُمْ فِي أَعْيُنِهِمْ لِيَقْضِيَ اللّهُ أَمْرًا كَانَ مَفْعُولًا وَإِلَى اللّهِ تُرْجَعُ الأمُورُ

Ёд кун он замонро, ки Худованд онҳоро (хасмро) ҳангоме, ки бо онҳо бархӯрдед, дар чашми шумо андак, ва шуморо дар чашми онҳо андак намоёнд, барои ин ки ба анҷом расонад чизеро, ки шуданӣ будааст. Ҳамаи корҳо ба Худованд бозгардонда мешавад.” (Сураи Анфол, ояти 44)

Ин ҷараён, яке аз мавориди тақаддум пайдо кардани иллатҳои маънавӣ бар иллатҳои моддӣ аст. Ҳангоме, ки қавме дар асари гом бардоштан дар роҳи дурустӣ ва салоҳ, шоистагии таъйиду нусрат пайдо кунанд ва қавми дигар баръакс мустаҳиққи хизлону нобудӣ гарданд, низоми мутқан ва атамм (комил) ва акмали ҷаҳон, қавми аввалро бо ҳамаи камбуди васоилу таҷҳизоти моддӣ, таҳти ҳимояти худ қарор медиҳад ва қавми дуввумро бо ҳамаи васоилу асбоби моддӣ, ба завол маҳкум мекунад.

Ва низ Қуръони Карим мефармояд:

وَمَن يَتَوَكَّلْ عَلَى اللَّهِ فَهُوَ حَسْبُهُ إِنَّ اللَّهَ بَالِغُ أَمْرِهِ قَدْ جَعَلَ اللَّهُ لِكُلِّ شَيْءٍ قَدْرًا

Он кас, ки дар роҳи Ҳақ ба Худо эътимод кунад, Худованд ӯро бас аст. Худо фармону ҳукми худро ба натиҷа мерасонад. Худованд барои ҳар чизе, қадру андозаву ҳадде қарор додааст.” (Сураи Талоқ, ояти 3)

Дар ин ояи карима, бо ин ки бо ҷумлаи:

قَدْ جَعَلَ اللَّهُ لِكُلِّ شَيْءٍ قَدْرًا

(“Худованд барои ҳар чизе, қадру андозаву ҳадде қарор додааст”), ба низоми олам ва ин ки ҳеч чиз ба газоф сурат намегирад ва ҳар чиз дар мартибаи худ қарор дорад, тасреҳ шуда, яъне низоми асбобу мусаббабот ба расмият шинохта шудааст, дар айни ҳол, мефармояд:

“Худо фармону ҳукми худро ба натиҷа мерасонад.”

Яъне, он ҷо ки пойи равобити маънавӣ ва таъйидоти ғайбӣ ба миён меояд, ҷараёни дигаре пеш меояд ва иллатҳо ва асбоби зоҳирӣ беасар мегарданд.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: