Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (320)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (63)

* * *

Ҳикояти моҷарои наҳвӣ ва киштибон (1)

* * *

Хулосаи достон

Олиме наҳвшинос савор бар киштӣ шуд. Ӯ, ки марде худпараст буд ва ба дониши наҳви худ мағрур, аз рӯи кибру ғурур рӯй ба киштибон кард ва гуфт: оё чизе аз наҳв медонӣ? Киштибон гуфт: на, ман то кунун наҳв нахондаам. Он олими наҳвӣ бо ришханд ба ӯ гуфт: ҳол, ки наҳв аслан намедонӣ, ниме аз умратро табоҳ кардаӣ!

Киштибон аз ин каломи пуғуруру таҳқиромез дилшикаста шуд, вале дам барнаёвард.

Дақоиқе баъд аз гуфтугӯ, тӯфоне ҳавлнок бархост ва амвоҷе кӯҳосо бар паҳнаи дарё падид овард ва киштиро ба гирдобе маҳиб гирифтор сохт. Дар ин гирудор, киштибон рӯ бад-он наҳвӣ кард ва гуфт: эй рафиқи шафиқ! Оё бо фанни шино дар дарё ошноӣ дорӣ? Гуфт: то кунун шино накардаам.

Киштибон бо қотеияту сароҳат гуфт: ҳол, ки шино намедонӣ, ҳамаи умрат бар фано меравад, зеро ин киштӣ ба гирдобе ҳалокатбор афтода ва роҳи наҷоте нест ҷуз шиногарӣ. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.831)

* * *

Манбаи ин достон, қиссае аст, ки дар “Латоифи Убайди Зоконӣ” омадааст, бад-ин гуна:

Наҳвие дар киштӣ буд. Маллоҳро гуфт: ту илми наҳв хондаӣ? Гуфт: на. Гуфт: “Зайяъта нисфа умрика” (Ниме аз умратро табоҳ кардаӣ.) Рӯзи дигар тундбоде баромад, киштӣ ғарқ хост шавад. Маллоҳ ӯро гуфт: ту илми шино омӯхтаӣ? Гуфт: на. Гуфт: “Лақод зайяъта тамома умрика” (Тамоми умратро табоҳ кардаӣ.)” (Маъхази қисас ва тамсилоти Маснавӣ, с.28)

Ва назири он, ҳикояте аст, ки Замахшарӣ дар “Рабиъул-аброр” ривоят кардааст.

* * *

Дар ин ҳикояти танзомез, наҳвӣ тамсили он даста аз донишандӯхтагоне аст, ки ба дониши худ меболанд ва даъвоҳои беҳуда мекунанд. Ва киштибон тамсили аҳли тазкияву сафост, ки худбинӣ ва ғурурро аз ҷони худ баркандаанд.

Устод Зарринкӯб менависад: “Мавлоно бо нақли ин латифа нишон медиҳад, ки ғуруру фузули муддаъиёни дониш, мӯҷиби ҳалоки ҷони онҳост. Он касе, ки дар даъвӣ ё воқеъ алломаи замон аст низ то вақте аз авсофи башарӣ намирад ва хештанро аз он чи сармояи ғурури ӯст холӣ накунад, аз тӯфони ибтило ва гирдоби имтиҳон рӯи раҳоӣ надорад… Бо ин ҳама, он чи дар Маснавӣ ҳадафи таъну танзи киштибон аст, дар воқеъ, худи илм ҳам нест, ғуруру хубдинӣ аст, ки аҳли даъвиро аз тазкияи нафс монеъ меояд.” (“Баҳр дар кӯза”, с.329)

* * *

Он яке наҳвӣ ба киштӣ дарнишаст,

Рӯ ба киштибон ниҳод он худпараст.

Гуфт: ҳеч аз наҳв хондӣ? Гуфт: ло,

Гуфт: ними умри ту шуд дар фано.

Олиме наҳвшинос дар як киштӣ савор шуд ва он худпарасти мағрур ба киштибон рӯй кард ва гуфт: эй киштибон! Оё аз илми наҳв чизе хондаӣ? Киштибон гуфт: на, чизе нахондаам. Наҳвӣ гуфт: пас, ниме аз зиндагониат бар фано рафтааст.

Дилшикаста гашт киштибон зи тоб,

Лек он дам кард хомӯш аз ҷавоб.

Киштибон аз ин сухани худхоҳонаи наҳвӣ ранҷид, вале хомӯш монд ва чизе нагуфт.

Дилшикаста шудан аз тоб: яъне он қадр сухани ӯ оташину пуртоб буд, ки дили ӯро сӯзонд ва шикастахотираш кард. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.832)

Бод киштиро ба гирдобе фиканд,

Гуфт киштибон бад-он наҳвӣ баланд:

Ҳеч донӣ ошино кардан? Бигӯ,

Гуфт: не, эй хушҷавоби хубрӯ!

То ин ки ба амри илоҳӣ бод киштиро ба коми гирдобе маҳиб андохт, киштибон бо садои баланд ба он наҳвӣ гуфт: бигӯ бибинам, оё шиногарӣ омӯхтаӣ ё на? Наҳвӣ гуфт: эй хушсухани хубрӯ! Чизе намедонам.

Ошино кардан: шино кардан.

Гуфт: кулли умрат, эй наҳвӣ фаност,

З-он ки киштӣ ғарқи ин гирдобҳост.

Киштибон гуфт: эй наҳвӣ! Бидон, ки ҳамаи зиндагониат бар фано шуда, зеро ин киштӣ меравад, ки дар ин гирдобҳо ғарқ шавад. (Мавлоно аз байти баъдӣ шурӯъ мекунад ба натиҷагирӣ аз ин ҳикояти кӯтоҳ.)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: