Перейти к содержимому

Инсон ва сарнавишт (9)

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Тафовути ду мактаб

Дар гузашта гуфтем, моддигароён (ва ҳамчунин баъзе аз масеҳиён) мавзӯи қазо ва қадарро дастовези ҳамла ба ислом қарор додаанд ва мегӯянд, лозимаи эътиқод ба қазо ва қадар ин аст, ки инсон худро маҷбуру дастбаста бидонад ва нақши худро дар эҷоду таквину созандагии беҳтари иҷтимоъ фаромӯш кунад ва мунтазири сарнавишт биншинад.

Ва гуфтем, ин иштибоҳ аз он ҷо ношӣ шуда, ки миёни эътиқод ба қазо ва қадар, ва ақидаи ҷабр фарқ гузошта нашудааст. Тибқи ақидаи ҷабр, инсон аз худ ирода ва ихтиёре надорад ва омили воқеии гуфтору кирдори худаш нест ва сифоту руҳиёти худаш таъсире дар сарнавишташ надорад. На танҳо дар паси ойина тӯтисифат он чи ба ӯ гуфта шуд бигӯяд мегӯяд, балки ҳатто омили воқеии ҳамин гуфтаи талқинӣ низ худаш нест.

Вале тибқи ақидаи қазо ва қадар, илм ва иродаи илоҳӣ ҳеч чизеро ҷуз аз маҷрои иллатҳо ва асбоби худ эҷоб намекунад; маҳол аст, ки илму иродаи илоҳӣ ба чизе аз ғайри маҷрои иллатҳо ва асбоби худ таъаллуқ бигирад. Зеро бо ягонагӣ ва басотат ва улувви зоти ақдаси илоҳӣ мунофӣ аст. Бинобар ин, илм ва иродаи илоҳӣ ба афъолу аъмоли инсон ва саодат ё шақовати вай низ мунҳасиран аз тариқи иллатҳо ва асбоби марбута таъаллуқ мегирад. Қазо ва қадари илоҳӣ аст, ки инсонро дастбозу мухтору озоду таъсиргузор дар сарнавишт офаридааст.

Ва чун чунин аст, фарқе миёни мактаби илоҳӣ ва мактаби моддӣ аз ин назар нест. Агар ҳудуси ҳатмӣ ва зарурии ҳар ҳодиса ва аз он ҷумла афъолу аъмоли инсон, аз тариқи иллатҳо ва асбоби худ мусталзими ҷабр ва дастбаста будани инсон аст, эроде аст, ки ба ҳар ду мактаб ворид аст. Ва агар мусталзими ҷабр ва дастбаста будан нест (чунонки воқеан ҳам ҳамин тавр аст), боз фарқе миёни мактаби илоҳӣ ва моддӣ аз ин ҷиҳат нест. Пас, эроду ишколи моддигароён ва соири касоне, ки тарафдори қонуни иллият мебошанд, бар ақидаи исломии қазо ва қадар, беҷо ва ношӣ аз адами иттилои кофӣ аст.

Акнун изофа мекунем, ки як тафовут байни ин ду мактаб ҳаст, ки бисёр ҳассос ва аз назари осори тарбиятӣ ва иҷтимоӣ фавқулъода қобили таваҷҷӯҳ аст. Ба мӯҷиби ин тафовут, эътиқод ба қазо ва қадар аз назари ҷаҳонбинии илоҳӣ дар эҷоди умеду нишоти фаъолият ва эътимод ба натиҷа гирифтан аз саъю амал асари хориқулъода дорад, бар хилофи ҷаҳонбинии моддӣ, ки фоқиди ин имтиёз аст.

Ин тафовут аз асле, ки дар фасли гузашта зикр кардем, ношӣ мешавад. Мутобиқи он асл, омилҳои таъсиргузор дар кори ҷаҳон, ки маҷмӯан иллатҳо ва асбоби ҷаҳонро ташкил медиҳанд ва мазоҳири қазо ва қадар ба шумор мераванд, мунҳасир ба умури моддӣ намебошанд. Як силсила умури маънавӣ низ вуҷуд доранд, ки ҷузъи омилҳои таъсиргузори ҷаҳонанд ва қаҳран дар тағйиру табдили сарнавишт таъсиргузоранд. Мутобиқи ин назар, як силсила ҳисобҳои ғайримоддӣ низ ҷузъи ҳисоби олам аст. Масалан, ҳимоят аз ҳаққу адолат як ҳисоби маънавӣ дорад моварои ҳисобҳои моддӣ ва маҳсус. Ҷаҳон ба ҳаққу адолат барпост ва ба ҳимояти касоне, ки ба ҳимояти ҳаққу адолат бармехезанд, бармехезад, ва аҷру подоши онҳоро зойеъ намекунад:

إِن تَنصُرُوا اللَّهَ يَنصُرْكُمْ وَيُثَبِّتْ أَقْدَامَكُمْ

Агар ба ёрии Худо (ҳақиқат) бархезед, Худо (ҳақиқат) ба ёрии шумо бармехезад.” (Сураи Муҳаммад (с), ояти 7)

إِنَّ اللَّهَ يُدَافِعُ عَنِ الَّذِينَ آمَنُوا إِنَّ اللَّهَ لَا يُحِبُّ كُلَّ خَوَّانٍ كَفُورٍ

Худованд мудофеъи аҳли имон аст ва хиёнаткорони кофири неъматро дӯст намедорад.” (Сураи Ҳаҷ, ояти 38)

وَلَيَنصُرَنَّ اللَّهُ مَن يَنصُرُهُ إِنَّ اللَّهَ لَقَوِيٌّ عَزِيزٌ

Худованд ёрӣ мекунад он касро, ки ӯро ёрӣ кунад. Худованд нерӯманду ғолиб аст.” (Сураи ҳаҷ, ояти 40)

Яке аз ҳисобҳои олам, таваккул ва эътимод ба Худост. Таваккул яъне инсон дар паймудани роҳи ҳақ, ба худ тазалзул роҳ надиҳад ва мутмаин бошад, ки агар дар ҷараёни зиндагӣ ҳадафи саҳеҳу Худописанди худро дар назар бигирад, на манофеи шахсиро, агар фаъолияти худро мутаваҷҷеҳи анҷоми вазифа кунад, на мутаваҷҷеҳи худ, кори худро ба Худо бозгузорад, Худованд ӯро таҳти ҳимояти худ қарор медиҳад.

Инҳо ва амсоли инҳо як силсила ҳисобҳои махсусе аст, ки фақат дар ҷаҳонбинии илоҳӣ мавҷуд аст ва аз назари ҷаҳонбинии илоҳӣ ҷузъи омилҳои иллӣ ва маълулӣ ва мазоҳири қазо ва қадар аст. Бинобар ин, эътиқоди дуруст ба қазо ва қадари илоҳӣ, як нафар боимонро дар амал ва фаъолияти саҳеҳ, мутмаинтар ва ба натиҷаи кор умедвортар мекунад. Зеро аз назари моддӣ, суннатҳои ташреъӣ — яъне муқаррароте, ки хуб аст ва бояд башар ба онҳо амал кунад — ҳисоби махсусе дар миёни суннатҳои таквинӣ надорад. Ҳаққу ботил, дурусту нодуруст, адолату ситам як ҷур ҳисоб доранд. Ҷаҳон нисбат ба тарафдорони ҳар як аз инҳо бетараф аст. Аммо аз назари илоҳӣ, ҷаҳон нисбат ба ин умур бетараф нест; тарафдори аҳли ҳақ ва дурустӣ ва адолат аст.

Мӯътақид ба тақдири илоҳӣ, ба ҳикмат ва раҳмат ва адолати илоҳӣ низ мӯътақид аст. Мӯътақид аст агар касе ризои Худоро таҳсил кунад, яъне аз суннати ташреъии илоҳӣ пайравӣ кунад, дар канафи онҳо маҳфуз хоҳад монд. Ин гуна эътиқод ба тақдир ва тадбири илоҳӣ, ки натиҷааш таваккул ва эътимод ба Худост, тарс аз марг ва нобудӣ ва ҳамчунин тарс аз фақру бечизиро аз миён мебарад ва бузургтарин нуқтаи заъфи одамиро, ки тарс аз нестӣ ё ҳастии шақоватолуд аст, ислоҳ мекунад.

Эътиқод ба вуҷуди ин гуна ҳисобҳо дар кори олам буд, ки мусалмонони садри исломро он андоза фаъолу кӯшо ва шуҷоъу далер бор овард, ки дар ҷаҳон монанд надорад. Қуръони Карим васфулҳоли онҳоро ин тавр зикр мекунад:

الَّذِينَ قَالَ لَهُمُ النَّاسُ إِنَّ النَّاسَ قَدْ جَمَعُواْ لَكُمْ فَاخْشَوْهُمْ فَزَادَهُمْ إِيمَانًا وَقَالُواْ حَسْبُنَا اللّهُ وَنِعْمَ الْوَكِيلُ. فَانقَلَبُواْ بِنِعْمَةٍ مِّنَ اللّهِ وَفَضْلٍ لَّمْ يَمْسَسْهُمْ سُوءٌ وَاتَّبَعُواْ رِضْوَانَ اللّهِ وَاللّهُ ذُو فَضْلٍ عَظِيمٍ

Онон, ки мардум ба онҳо гуфтанд: ҷамъияти анбӯҳе барои нобудии шумо гирд омадаанд, пас битарсед аз онҳо, аммо ин таҳдид ҷуз бар имони онҳо наяфзуд ва гуфтанд: ҳимояти Худо моро бас аст ва ӯ хуб коргузоре аст! Пас бозгаштанд бо неъмате аз Худованд ва тафаззуле аз ҷониби ӯ дар ҳоле, ки ҳеч гуна бадӣ ба онҳо нарасида буд ва танҳо хушнудии Худоро дар назар гирифтанд ва пайҷӯӣ карданд. Худованд соҳиби тафаззуле бузург аст.” (Сураи Оли Имрон, оятҳои 173-174)

Бо ин баён, имтиёзи комили эътиқод ба қазо ва қадари илоҳӣ тибқи таълимоти Қуръони Маҷид, аз эътиқод ба сарнавишт ва қазо ва қадари моддӣ, ки як нафар материалист тибқи низоми иллату маълули моддӣ дорои он аст, комилан равшан аст.

Як нафар моддӣ ҳар андоза ба маслаку равишу ойини худ мӯъмину мӯътақид бошад, беш аз ин ақида надорад, ки ба ҳар андоза саъю кӯшишу муҷоҳидат дар роҳи таҳаққуқ бахшидан ба ормони худ ба харҷ диҳад, натиҷа мегирад. Аммо як нафар мусалмони мӯъмину мӯътақид ба қазо ва қадари илоҳӣ, ақида дорад, ки ҷаҳон тавре сохта шудааст, ки агар ӯ дар роҳи ақида ва имони худ фидокорӣ кунад ва кӯшиш ба харҷ диҳад, дастгоҳи иллӣ ва маълулии ҷаҳон ба ҳимояти ӯ бармехезад ва ӯро аз пуштибонии худ баҳраманд мекунад; садҳо ҳазор баробари нерӯе, ки ӯ худ дар роҳи ҳадафи худ масраф мекунад, нерӯи захира дар ҷаҳон ҳаст, ки дар чунин шароите ба ёрии ӯ ба кор меафтад.

Аз назари моддӣ, як нафар тарафдори ҳақиқату адолат ҳамон қадр бояд ба асари фаъолияти худ мутмаинну умедвор бошад, ки як нафар тарафдори зулму ботил ба фаъолиятҳои худ ва асари онҳо мутмаин аст; зеро ба ақидаи ӯ, аз назари ҷаҳон ва ҷараёни куллии олам, фарқе миёни он ду нафар нест, вале аз назари мактаби илоҳӣ, байни ин ду тафовут бисёр аст.

* * *

Мантиқи ихтисосии Қуръон

Қаблан гуфтем, ки гуфтугӯ дар масъалаи ҷабру қадар аз нимаи дуввуми қарни аввали ҳиҷрӣ расман дар миёни мутакаллимони исломӣ оғоз ва мавриди таҷзияву таҳлил воқеъ шуда. Қадимитарин масъалаи каломӣ, ҳамин масъала аст. Мутакаллимон натавонистанд ин масъаларо дуруст таҷзияву таҳлил кунанд ва мунҳариф шуданд: гурӯҳе тарафдори ҷабр ва гурӯҳе тарафдори қадар шуданд. Дар миёни умуми аҳли калом эътиқод ба тақдир мусовӣ бо ҷабр, ва эътиқод ба ихтиёру озодии башар мусовӣ бо нафйи тақдир шинохта мешуд.

Ва аммо эътиқод ба тақдир дар айни эътиқод ба ихтиёр, ҳарчанд мавриди қабули замири содда ва софи мусалмонони садри аввал буд, аммо ҳамин, ки дар чаҳорчӯби калом қарор гирифт ва ранги фалсафӣ ёфт, натавонист мавриди қабули он мардум воқеъ шавад, ҳамчунон ки барои мардуми чаҳордаҳ қарни баъд аз онҳо низ мушкил ба назар мерасад.

Қуръони Карим ва ҳамчунин ривоёти зиёд ва ғайриқобили инкоре, ки дар ин замина аз шахси Расули Акрам (с) ё имомони аҳли байт (а) расидааст, ки бо камоли сароҳат, ҳам мегӯяд ҳама чиз ба қазо ва қадари илоҳӣ аст ва ҳам инсонро омили таъсиргузор дар сарнавишти худ ва масъули аъмолу афъоли худ муаррифӣ мекунад.

Мо дар гузашта намунае аз ҳар ду даста оятҳои Қуръон зикр кардем ва гуфтем, ҳам тарафдорони ҷабр ва ҳам тарафдорони қадар дар садади таъвилу тавҷеҳи оятҳои Қуръон баромаданд. Тарафдорони ҷабр, оятҳои ҳикояткунандаи ихтиёру озодӣ ва масъулияти башарро таъвил карданд, ва тарафдорони ихтиёр, оятҳои ҳикояткунандаи тақдири куллии илоҳиро.

Бадеҳӣ аст, ки пас аз он, ки муаммо ҳал шуд ва маълум шуд ҳеч гуна мулозимае байни умумияти тақдир ва маҷбур будани инсон ва ҳамчунин байни ихтиёри ӯ ва нафйи тақдир вуҷуд надорад, таноқузу таъоруз худ ба худ ҳал мешавад ва ниёзе ба таъвилу тавҷеҳ нест. Масалан, он ҷо, ки Қуръони Карим ҳидояту залолат, иззату қудрат, ризқу саломат ва ҳатто ҳасаноту сайиотро ба машиат ва тақдири илоҳӣ мустанад мекунад ва мегӯяд:

فَيُضِلُّ اللّهُ مَن يَشَاءُ وَيَهْدِي مَن يَشَاءُ

Худо ҳар касро бихоҳад, гумроҳ, ва ҳар касро бихоҳад, ҳидоят мекунад.” (Сураи Иброҳим, ояти 4)

Ё мегӯяд:

قُلِ اللَّهُمَّ مَالِكَ الْمُلْكِ تُؤْتِي الْمُلْكَ مَن تَشَاء وَتَنزِعُ الْمُلْكَ مِمَّن تَشَاء وَتُعِزُّ مَن تَشَاء وَتُذِلُّ مَن تَشَاء بِيَدِكَ الْخَيْرُ إِنَّكَ عَلَىَ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ

Бигӯ: эй Худо! Эй соҳиби қудрат! Ту ба он кас, ки бихоҳӣ, фармонравоӣ медиҳӣ, ва аз он кас, ки бихоҳӣ, бозмеситонӣ. Ҳар киро бихоҳӣ, иззат медиҳӣ, ва ҳар киро бихоҳӣ, хор месозӣ. Хубӣ дар дасти туст, ҳамоно ту бар ҳар чиз тавоноӣ.” (Сураи Оли Имрон, ояти 26)

Ё мегӯяд:

إِنَّ اللَّهَ هُوَ الرَّزَّاقُ ذُو الْقُوَّةِ الْمَتِينُ

Ҳамоно Худованд танҳо касе аст, ки рӯзидиҳандаи соҳиби нерӯи муҳкам аст.” (Сураи Зориёт, ояти 58)

Ва ё мегӯяд:

وَفِي السَّمَاء رِزْقُكُمْ وَمَا تُوعَدُونَ

Рӯзии шумо ва ҳар чӣ ба шумо ваъда дода мешавад, дар болост.” (Сураи Зориёт, ояти 22)

Ё аз забони ҳазрати Иброҳими Халил (а) мегӯяд:

وَالَّذِي هُوَ يُطْعِمُنِي وَيَسْقِينِ. وَإِذَا مَرِضْتُ فَهُوَ يَشْفِينِ. وَالَّذِي يُمِيتُنِي ثُمَّ يُحْيِينِ

Ва (Худо) касе, ки ӯ маро аз ғизо сер ва аз об сероб мекунад ва ҳангоме, ки бемор гардам шифо медиҳад ва касе, ки маро мемиронад ва сипас зинда мекунад.” (Сураи Шуъаро, оятҳои 79-81)

Ё дар бораи ҳасаноту сайиот мегӯяд:

قُلْ كُلًّ مِّنْ عِندِ اللّهِ

Бигӯ: ҳама аз назди Худост.” (Сураи Нисо, ояти 78) – ҳеч як аз инҳо мусталзими нафйи дахолати иллатҳо ва асбоби табиӣ нест. Бинобар ин, байни ин оятҳо ва оятҳое, ки сареҳан дахолати худи башарро дар ҳидояту залолат, ё дар иззату қудрат, ё дар ризқу саломат, ё дар ҳасаноту сайиот таъйид мекунад, мунофоте нест, мисли ин ки мегӯяд:

وَأَمَّا ثَمُودُ فَهَدَيْنَاهُمْ فَاسْتَحَبُّوا الْعَمَى عَلَى الْهُدَى

Аммо Самуд, мо онҳоро ҳидоят кардем, сипас онҳо худашон кӯриро бар ҳидоят тарҷеҳ доданд…” (Сураи Фуссилат, ояти 17)

Ё он ки пас аз зикри сарнавишти шуму зиллатбори фиръавниён ва суқути онҳо аз авҷи иззат ба ҳазизи зиллат, мефармояд:

ذَلِكَ بِأَنَّ اللّهَ لَمْ يَكُ مُغَيِّرًا نِّعْمَةً أَنْعَمَهَا عَلَى قَوْمٍ حَتَّى يُغَيِّرُواْ مَا بِأَنفُسِهِمْ

Он бад-он ҷиҳат буд, ки Худованд чунин нест, ки неъматеро, ки ба қавме дода иваз кунад, магар он ки онҳо ҳар чӣ марбут ба худашон аст иваз кунанд…” (Сураи Анфол, ояти 53)

Ё он ки дар мақоми интиқод аз ақидаи ҷабрии мушрикин мегӯяд:

وَإِذَا قِيلَ لَهُمْ أَنفِقُوا مِمَّا رَزَقَكُمْ اللَّهُ قَالَ الَّذِينَ كَفَرُوا لِلَّذِينَ آمَنُوا أَنُطْعِمُ مَن لَّوْ يَشَاءُ اللَّهُ أَطْعَمَهُ

Ҳар гоҳ ба онҳо гуфта шавад: аз рӯзиҳое, ки Худованд ба шумо дода инфоқ кунед, мегӯянд: оё касонеро сер кунем, ки Худо агар мехост худаш онҳоро сер мекард? (Яъне Худо онҳоро зада вагарна худаш онҳоро сер мекард.)” (Сураи Ёсин, ояти 47)

Ё мегӯяд:

ظَهَرَ الْفَسَادُ فِي الْبَرِّ وَالْبَحْرِ بِمَا كَسَبَتْ أَيْدِي النَّاسِ

Фасод дар саҳрову дарё падид омада ба мӯҷиби осоре, ки башар аз корҳои худ ба даст овардааст…” (Сураи Рум, ояти 41)

Сирри матлаб чунонки қаблан ишора шуд ин аст, ки қазо ва қадар ва машиату ирода ва илм ва инояти Ҳақ Таъоло иллате аст дар тӯли иллатҳои табиӣ, на дар арзи онҳо. Тамоми низоми муназзами лониҳоии иллатҳо ва асбоб, муттакӣ ва мунбаъис (бархоста) аст аз ирода ва машиати Ҳақ ва қазо ва қадари илоҳӣ. Таъсир ва иллияти ин иллатҳо ва асбоб аз назаре айни таъсир ва иллияти қазо ва қадар аст.

Аз ин рӯ ин тақсим ғалат аст, ки бигӯем: чӣ чиз феъли Худост ва чӣ чиз феъли Худо нест. Ё он ки агар чизе ва феъле ба Худо нисбат дода шуд, бигӯем: пас, он чиз феъли махлуқ нест. Ва агар ба махлуқот нисбат дода шуд, бигӯем: пас он чиз феъли махлуқ аст ва феъли Худо нест. Миёни холиқ ва махлуқ тақсими кор ғалат аст; ҳама чиз дар айни ин ки феъли фоил ва сабаби наздики худ аст, феъли Худованд ҳам ҳаст.

Дар “Туҳафул-ъуқул” сафҳаи 468 зимни ҳадиси муфассале аз Имом Ҳодӣ (а), ки менумояд рисолае аст, ки Имом дар мавзӯи ҷабру тафвизу адл ба гурӯҳе аз пайравонаш навиштааст, менависад:

Шахсе аз ҳазрати Амирулмӯъминин Алӣ (а) аз қудрату иститоат суол кард, ки оё инсон қудрату иститоат дорад ва корҳоро бо қудрату иститоати худ мекунад, ё фоқиди қудрату иститоат аст? Ва агар қудрату иститоат дорад ва корҳоро бо ҳавлу қувваи худ мекунад, пас дахолати Худованд дар коре, ки инсон ба қудрату иститоати худ мекунад чӣ гуна аст?

Аз матни ҳадис чунин истифода мешавад, ки суолкунанда мӯътақид буда, ки инсон дорои қудрату иститоат ҳаст ва корҳоро бо қудрату иститоати худ мекунад, бинобар ин дахолати тақдири илоҳӣ барояш ғайримафҳум будааст.

Имом ба ӯ фармуд:

سألت عن الاستطاعة تملكها من دون الله أو مع الله

“Ту аз иститоат суол кардӣ. Оё ту, ки молики ин иститоат ҳастӣ, ба худии худ ва бидуни дахолати Худованд соҳиби ин иститоатӣ ё бо ширкати Худованд соҳиби он ҳастӣ?

Суолкунанда дар ҷавоб мутаҳайир монд чӣ бигӯяд. Имом фармуд:

Агар муддаӣ шавӣ, ки ту ва Худо бо ҳам соҳиби ин иститоату қудрат ҳастед.. худро шарики Худо ва ҳамдӯшу ҳамкор бо Худо фарз кардаӣ; ва ин куфр аст. Ва агар бигӯӣ: бидуни Худо соҳиби ин иститоат ҳастӣ… худро мустақил ва бениёз аз Худо фарз кардаӣ; ин низ куфр аст; зеро истиқлол дар ҳар шаъне аз шуъун мусталзими истиқлол дар зот ва мунофӣ бо имкони зотӣ ва мусталзими вуҷуби зотӣ аст.

Соил пурсид: пас чӣ бигӯям? Фармуд:

إنك تملكها بالله الذي يملكها من دونك. فان يملكها إياك كان ذلك من عطائه، وان يسلبكها كان ذلك من بلائه، هو المالك لما ملكك والقادر على ما عليه أقدرك

Ту ба машиат ва иродаи Ҳақ соҳиби иститоат мебошӣ, дар ҳоле, ки дар ҳамин ҳол Худованд соҳиби мустақилли ин иститоат аст. (Яъне, ту соҳиби ин иститоатӣ, аммо соҳиби муттакӣ ба ғайр ва ғайри қоим ба зот; ва аммо ӯ соҳиби ҳамин иститоат аст, аммо соҳиби қоим ба зот ва ғайри муттакӣ ба ғайр.) Агар ба ту иститоат медиҳад, ин иститоати ту атияи ӯст, ва агар аз ту салб мекунад, туро дар бӯтаи озмоиш қарор медиҳад. Дар айни ҳол бояд бидонӣ, он чи ба ту тамлик мекунад, дар айни ин ки ба ту тамлик мекунад, худаш молики ӯст. Туро ба ҳар чӣ қодир месозад, боз таҳти қудрати худи ӯст ва аз таҳти қудрати ӯ хориҷ намешавад.”

Хулосаи мазмуни ҳадис ин аст, ки: ҳар асаре дар айни ин ки ба фоили (анҷомдиҳандаи) худ мустанад аст, ба Худованд мустанад аст. Агар он асарро ба фоил ва таъсиргузори оддӣ ва табиии вай нисбат диҳем, ӯро ба фоили ғайри қоим ба зоти ӯ нисбат додаем. Ва агар ба Худованд нисбат диҳем, ӯро ба фоили қоим ба зоти ӯ нисбат додаем. Худованд ба мавҷудот хоссияти таъсиру имкони таъсир медиҳад ва ато мекунад. Аммо ато ва тамлики илоҳӣ бо ато ва тамлики башар, ки чизеро ба каси дигар тамлик мекунад ё мебахшад, мутафовит аст. Тамлик ё эътои башар чизеро, мусталзими хуруҷи он шайъ аст аз милки тамликкунанда ё бахшанда, ва то аз милкияти ӯ хориҷ нашавад, ба милкияти дигаре дарнамеояд. Аммо тамлик ва эътои Худованд бо ҳифзу бақои моликияти Худованд мунофот надорад, балки шаъне аз шуъун ва мазҳаре аз мазоҳири моликияти Худованд аст. Худованд ба ҳамаи ашё таъсир ва асар мебахшад ва тамлик мекунад ва дар айни ҳол, худ молики мустақилли ҳамаи таъсирҳо ва асарҳост.

Ахбору аҳодиси зиёде ба ин мазмун ё қариб ба ин мазмун ҳаст, ки наметавонем ҳамаи онҳоро дар ин рисола зикр кунем ва шарҳ диҳем.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: