Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (321)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (64)

* * *

Ҳикояти моҷарои наҳвӣ ва киштибон (2)

* * *

Маҳв мебояд, на наҳв ин ҷо, бидон,

Гар ту маҳвӣ, бехатар дар об рон.

Бидон, ки ин ҷо бояд илми маҳв омӯхт, на наҳв. Агар ту аҳли маҳв ҳастӣ, бе биму ҳарос, ба даруни об биё!

Нукта: “Маҳв” аз истилоҳоти урафо ва сӯфия аст. Ва мурод аз он, зудудани авсофи нафсонӣ ва изолаи сифоти башарӣ ва найл ба бехешӣ ва ё берун омадан аз худи маҷозӣ ва ғаризӣ аст. Аз ин рӯ, урафо дар таърифи расмии он гуфтаанд: “Рафъи авсофи одат ва изолаи иллат.” (Шарҳи Маснавии Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.31) Низ гуфтаанд: “Нафйи сифоти башарӣ, ҳолати бехудӣ аз худ ва лавозими худӣ. Муқобили исбот ва саҳв.” (Шарҳи Маснавии Шариф, ҷ.1, с.244) Ба таври куллӣ, худро аз сифоти накӯҳида пок кардан ва ба сифоти писандида муттасиф шудан-ро, маҳву исбот гӯянд. (Тарҷумаи рисолаи Қушайрия, с.115)

Оби дарё мурдаро бар сар ниҳад

В-ар бувад зинда, зи дарё кай раҳад?

Дарё мурдаро бар рӯи об меоварад, ва то вақте ки зинда бошад, кай аз дарё мераҳад?

Нукта: То вақте ки ғариқ дар оби дарё зинда бошад ва ба дасту по задан идома диҳад, ҳамчунон дар коми об фурӯ меравад, вале вақте ки дар об хафа шуд, он вақт аст, ки дарё ҷанозаро ба рӯи об меоварад.

Дар дарёи ҳастӣ низ худбинон ҳалок шаванд, яъне дучори дурӣ аз Ҳақ шаванд, аммо маҳвиёни дарёи ҳақиқат ба Ҳақ дарпайванданд. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.833-834)

Чун бимурдӣ ту зи авсофи башар,

Баҳри асрорат ниҳад бар фарқи сар.

Ҳар гоҳ ту аз авсофи башарӣ ва ҷисмониат бимирӣ ва аз доми моддият бираҳӣ, он вақт аст, ки дарёи асрори илоҳӣ туро бар сараш мегузорад ва воқиф ба ҳақоиқу асрори нуҳуфтаи илоҳӣ мешавӣ ва ба маротиби олӣ хоҳӣ расид.

Эй ки халқонро ту хар мехондаӣ!

Ин замон чун хар бар ин ях мондаӣ.

Эй касе, ки мардумро хар мехондӣ! Яъне дучори ъуҷбу ғурур будӣ, ки ҳамаи мардумро нодон фарз мекардӣ. Инак, ту худ монанди хар рӯи ях вомондаӣ ва наметавонӣ ҳаракат кунӣ.

Нукта: “Хар бар ях мондан” назири масали “Хараш ба гил мондан” аст. Хитоби Мавлоно дар ин ҷо, ба олимони зоҳирӣ аст, ки бо омӯхтани миқдоре алфоз, худро доно ва дигаронро нодон хитоб мекунанд. (Шарҳи Маснавии Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.203)

Гар ту алломай замонӣ дар ҷаҳон,

Нак фанои ин ҷаҳон бин в-ин замон.

Агар ту дар ин ҷаҳон алломаи даҳр ҳастӣ, акнун фанои ин ҷаҳону ин даҳрро бибин.

Нукта: Алломаи ҳақиқӣ касе аст, ки фонӣ будани ин ҷаҳонро ботинан мушоҳида кунад, на он ки алфози пуртамтароқро лақлақаи забон кунад ва бо забон дам аз фанои дунё бизанад, вале қалбан бандаи мутлақи дунё бошад ва барои найл ба дунё, суханоне алайҳи дунё бигӯяд. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.834)

Марди наҳвиро аз он дардӯхтем,

То шуморо наҳви маҳв омӯхтем.

Мо достони марди наҳвиро аз ин ҷиҳат дар миёнаи ҳикояти он ду аъробӣ овардаем, то қоида ва шеваи маҳву фаноро ба шумо ёд диҳем.

Наҳв: равиш ва тариқа.

Фиқҳи фиқҳу наҳви наҳву сарфи сарф

Дар камомад ёбӣ, эй ёри шигарф!

Эй ёри некӯ! Мафҳуми фиқҳ ва манзури наҳву сарфро, дар фано ва нест шудан бояд ёфт. Ба иборате, аслу сарчашмаи ҳамаи улум, аз он ҷумла фиқҳу наҳву сарфу ғайра, дар фурӯтанӣ ва маҳву фаност, на қилу қол.

Камомад: фурӯтанӣ, тавозӯъ. Шигарф: некӯ ва хушоянд.

Нукта: Сарф: дар луғат ба маънии баргардонидан аст ва дар истилоҳ, илмест, ки аз иштиқоқи калимот баҳс мекунад. (Фарҳанги Нафисӣ, ҷ.3, с.2143)

Дар аҳди Мавлоно, олимони зоҳирбин мекӯшиданд, ки мақоми волои маънавии Мавлоноро ба ҳар шакле мавриди хадша қарор диҳанд; аз он ҷумла, гоҳ ӯро риндона мавриди имтиҳон қарор медоданд, ки шояд дар баробари нигоҳи дигарон расвояш намоянд; ғофил аз ин ки Мавлоно ҷомеъи ҷамиъи улуми расмии даврони худ буд ва мақоми фатво ва фақоҳат дошт ва дар сарфу наҳву тафсиру калому фалсафа ва ғайра мутабаҳҳир буд.

Шамсуддини Афлокӣ дар ин замина моҷароеро нақл мекунад, ки мазмуни он чунин аст:

Рӯзе яке аз олимони худбин ҳамроҳ бо шогирдаш ба маҷлиси дарси Мавлоно даромаданд, то дониши ӯро маҳак зананд ва бошад, ки хадшае бар ӯ ворид оваранд. Мавлоно зимни эроди нуктаҳо ва латоифи ирфонӣ, достонеро нақл кард, ки таъризе бар он ду нафар буд, бад-ин шарҳ:

Фақеҳе соддадил бо наҳвии худбину мағруре ҳамроҳ шуда буд. Ногаҳ бар сари ҷоҳи вайроне расиданд. Фақеҳ ба чоҳ ишора кард ва гуфт:

وبير معطلة

“Ва бирун муъаттала” (Чоҳест матруку раҳошуда). Он наҳвии мағрур бо шунидани ин ҷумла барошуфт ва эътирозкунон бад-ӯ гуфт: “бир” ғалат аст ва бояд “биър” талаффуз кунӣ. Фақеҳ далоиле овард ва эътирози ӯро ворид надонист, вале наҳвӣ даст аз эътирози худ барнадошт ва мутақобилан шавоҳиде овард, ки далелҳои фақеҳро махдуш месохт. Баҳсе тунду оташин барпо шуд. Ҳар як далел меовард ва он дигаре мардудаш месохт.

Он ду, муҷодилакунон бар он тариқ раҳ месупурданд бе он ки ба шаҳр ва ё рустое бирасанд. Кам-кам хуршед домани зарнигори худро аз паҳнаи ҳомуни хушку бекарон бармечид ва тирагии шаб намоён мешуд. Дар ҳоле, ки он ду ҳанӯз роҳ ба ҷое набурда буданд ва дар торикии ҳаво ба дурустӣ ҷоеро низ намедиданд, бад-ин сабаб ногаҳон наҳвӣ ба даруни чоҳе афтод ва ҳоли худро зору хор дид. Пас, аз таҳи чоҳ фарёди илтимосомезаш бархост, ки: эй рафиқи тариқ ва эй фақеҳи шафиқ! Барои ризои Худо маро аз ин чоҳи торик берун ор. Фақеҳ гуфт: аз чоҳ берунат намеоварам, магар он ки ҳамза (ъ)-ро аз калимаи “биър” ҳазф кунӣ. Он наҳвии мағрур, ки худро дармондаву оҷиз медид, ночор шуд, ки барои раҳоӣ аз мағоки ҳалок, ҳамзаро аз он калима ҳазф кунад.

Инак, ту эй толиби ҳақиқат! То Ҳамзавор ҳамзаи инонияту худбиниро аз калимаи вуҷудат ҳазф накунӣ, аз чоҳи нафсу ҳаво нахоҳӣ раст.

Ҳикояти киштибону наҳвӣ фурсате даст медиҳад, то Мавлоно ба ғуруру худбинии олимони зоҳирбин битозад, ва аз он миён наҳвиёни мағрурро мисол меоварад, ки инон ба дониши муқаддимотии наҳв он ҳама меболанду мелофанд, ва ба маҳзи он ки касе эъроби калимаеро ғалат бихонад, бар ӯ метозанду бесаводу нодонаш мехонанд; дар ҳоле, ки забон, танҳо мифтоҳе аст, ки моро омода месозад, то бо улуму маорифе ошно шавем, ва забон дар ҳадди зоти худ наметавонад илм (ба маънии ҳақиқии калима) бошад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.835-836)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: