Перейти к содержимому

Инсон ва сарнавишт (10)

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Сатҳи олӣ

Чизе, ки барои як нафар муҳаққиқи ошно ба масоили тавҳид бисёр-бисёр эъҷобовар аст, мантиқи махсусе аст, ки Қуръони Карим ва пас аз он, ривоёти ҳазрати Расули Акрам (с) ва Алӣ (а) ва соири имомони аҳли байт (а) дар масоили тавҳид пеш гирифтаанд. Ин мантиқ аслан ва абадан бо мантиқи он асру замон татбиқ намекунад, балки бо мантиқи қарнҳо баъд, ки калом равнақ гирифт ва мантиқу фалсафа роиҷ шуд низ татбиқ намекунад; басе болотар ва волотар аз онҳост.

Он чи дар масъалаи сарнавишт ва қазо ва қадар ва ҷабру ихтиёр омадааст, намунае аз ин мантиқ аст. Ин худ мерасонад, ки Қуръони Карим аз манбаъ ва маншаи дигаре сарчашма гирифта ва он кас, ки Қуръон бар забони муқаддаси ӯ ҷорӣ шудааст, ҳақоиқи тавҳидиро бо дидаи дигаре медида ва мушоҳида мекардааст. Ва ҳам мерасонад, ки аҳли байти Пайғамбар (с) ошноияшон бо мантиқи Қуръон ва улуми Қуръон бо дигарон мутафовит будааст.

Дар ҷоҳое, ки дигарон ба иқтизои баландии матлаб аз сатҳи оддии афкори башарӣ дучори саргиҷа будаанд, он бузургворон ҳақоиқро бо равшанбинии хоссе баён кардаанд. Ҷои таъаҷҷуб нест агар дида мешавад ҳатто мутакаллимони шиъа қодир набудаанд ин масоилро дуруст ҳазм кунанд, ки инҳирофе барои онҳо даст надиҳад.

Ҳангоме, ки инсон ба калимоти бузургоне монанди Шайх Муфид ва Сайид Муртазо ва Алломаи Ҳиллӣ ва Маҷлисӣ ва амсоли инҳо бархӯрд мекунад ва баёноти ононро дар ин заминаҳо дар китобҳои каломӣ ё дар шарҳи аҳодис мебинад, мутаваҷҷеҳ мешавад, ки ин шахсиятҳои бузург аз қарор гирифтан таҳти таъсири баёноти Мӯътазила ва Ашоъира дар амон намондаанд; тарзи тафаккурашон наздик ба тарзи тафаккури Мӯътазила ё Ашоъира будааст ва ночор будаанд то ҳадди зиёде оятҳо ва ахборро дар ин гуна масоил таъвилу тавҷеҳ кунанд. Бадеҳӣ аст ин нақсе барои он бузургон маҳсуб намешавад. Ҳар каси дигар ҳам, ки дар шароити онҳо мебуд, наметавонист аз он чи онҳо дар амон намондаанд, масун бимонад. Дар ҳамаи шарқу ғарби олам, ин мантиқ мунҳасир аст ба Қуръони Карим ва фаразандон ва парвардагони ин китоби муқаддас, яъне имомони аҳли байт (а).

Дигарон тадриҷан ва қадам ба қадам дар асари ошноии усулӣ бо ин гуна масоил ва таъаммуқу тафаккури зиёд ба ин ҳарим роҳ ёфтаанд.

Баъзе аз донишмандоне, ки дар асри мо зиндагӣ мекардаанд, бо он ки аз лиҳози тарзи тафаккури иҷтимоӣ ва таҷзияву таҳлили он масоил аз худ шоистагӣ нишон медиҳанд, вақте ки ба ин гуна масоил мерасанд, ҳамон андоза дучори саргиҷа мешаванд, ки мутакаллимон мешуданд. Барои намуна, Аҳмад Амини Мисрӣ, соҳиби китобҳои “Фаҷрул-ислом” ва “Зуҳал-ислом” ва “Зуҳрул-ислом” ва “Явмул-ислом”-ро метавон зикр кард.

Аҳмад Амин дар баррасиҳои иҷтимоӣ то ҳадди зиёде аз худ шоистагӣ нишон медиҳад, аммо дар ин гуна масоил ҳамон андоза нотавон аст, ки мутакаллимон нотавон будаанд. Аҳмад Амин дар охири “Фаҷрул-ислом” фасле таҳти унвони “Ҷабру қадар” боз кардааст, аммо маҷмӯан фаҳмида мешавад, ки аз назари ӯ эътиқод ба тақдир бо ақидаи ҷабр мусовӣ аст. Аҳмад Амин бовар намекунад, ки ахбори тақдир сиҳҳате дошта бошад, ҳамон тавре, ки наметавонад бовар кунад “Наҳҷул-балоға” аз Алӣ (а) аст. Албатта ӯ аз ин ҷиҳот гуноҳкор нест; сармояии илмии ӯ ба ӯ иҷозаи қабул намедиҳад. Усулан бояд донист донишманде, ки сармояаш мунҳасир ба улуми иҷтимоӣ аст, чӣ урупоӣ ва чӣ мисрӣ ва чӣ эронӣ, ҳаргиз қодир нест бо он сармоя дар таърихи маорифи исломӣ изҳори назар намояд.

Таърихнависон ва шарқшиносони урупоӣ ҳар вақт дар ин масъала изҳори назар кардаанд, ё расман исломро як дини ҷабрӣ муаррифӣ кардаанд ё муддаӣ шудаанд, ки ақидаи қазо ва қадар дар Қуръон нест ва дар садри ислом ҳам набуда ва баъд мутакаллимон ин ақидаро ибдоъ кардаанд. Масалан, дар таърихи Олбер Мола (Albert Malet) ҷилди севвум, фасли шашум, сафҳаи 99 зимни изҳори назар дар бораи усули дини ислом чунин мегӯяд:

Асли асили дини ислом ин аст: Худо якест, Муҳаммад (с) расули ӯст… Уламо ва мутакаллимони ислом баъдҳо таълим доданд, ки Худованд қаблан сарнавишти ҳар касро муайян мекунад ва машиати ӯ тағйирнопазир аст; инро тариқаи ҷабр гӯянд…”

Густов Лебун (Gustave Le Bon) бо лаҳни дифоъ аз Қуръон, мегӯяд:

Он чи дар Қуръон дар ин замина расидааст, беш аз он чи дар соири китобҳои муқаддас омадааст нест…”

Он гоҳ оятҳое чанд аз Қуръони Карим нақл мекунад ва пас аз як силсила баҳсҳо мегӯяд:

Аммо эътиқод ба тақдир, ки исломро дар ин боб мулзам қарор додаанд, ин илзом ҳам мисли соири илзомот бе появу моя аст. Мо оятҳоеро, ки дар мавзӯи қазо ва қадар аст, собиқан аз назари хонандагон гузаронидем. Он оятҳо беш аз оятҳое нест, ки дар ин хусус дар китоби муқаддаси мо дарҷ аст. Тамоми ҳукамо ва мутакаллимон (-и масеҳӣ) хусусан Лутер қоиланд, ки куллияи ҳаводис ва вақойеъи олам он чи ҳаст ҳама муқаддар шуда ва қобили ҳеч гуна табдилу тағйир нест. Худи Лутер, ки муслиҳи мазҳаби масеҳӣ аст, менависад: дар ин боб шавоҳиде, ки аз китоби муқаддас дар даст мебошад, тамоман мунофӣ ва мухолиф бо масъалаи ихтиёр аст ва ин қароину шавоҳид дар бисёре аз мавориди китоб, мавҷуд, балки тамоми китобҳо пур аст аз ин қабил аморот…

Он гоҳ ба ақидаи тақдир дар миёни қудамои Руму Юнон ишора мекунад, сипас мегӯяд:

Пас маълум шуд ислом беш аз соири адён масъалаи тақдирро аҳаммият надода. Ҳатто ба қадри уламои муосир, ки дар пайравӣ аз ақволи Лоплос ва Лейбнитс аҳаммият ба ин масъала додаанд, ислом ин қадр ҳам онро қобили таваҷҷӯҳ қарор надодааст…“ (Таърихи тамаддуни ислом ва араб, с.141 ва 149)

Густов Лебун қабул мекунад, ки ақида ба тақдир мусталзими ҷабр ва нафйи ихтиёр аст, вале мегӯяд, дар тамоми адён ва бисёре аз системҳои фалсафӣ ин ақида ҳаст; ихтисос ба Қуръон надорад.

Вил Дуронт дар “Таърихи тамаддун” пас аз он ки мазмуни оятҳое аз Қуръонро дар заминаи шумул ва умумияти илму машиати илоҳӣ нақл мекунад, ва низ ба ҳадиси маъруфе, ки дар Саҳеҳи Бухорӣ аст ишора мекунад, мегӯяд:

Ин эътиқод ба қазо ва қадар ҷабригариро аз лавозими тафаккури исломӣ кардааст…“ (Таърихи тамаддун, ҷ.11, с.41)

Хуб аст сухане ҳам аз оқои Думиник Сурдил (Dominique Sourdel) гӯш кунем. Вай дар китобе, ки ба номи “Ислом” навишта ва ҷузъи маҷмӯаи “Чӣ медонам?“ мунташир ва ба форсӣ тарҷума шудааст, мегӯяд:

Аз оғози давраи исломӣ, мусалмонон ба хаёли худ таноқузоте дар он (Қуръон) ёфтанд ва ҳатто мутобиқи ҳадисе, ки дар даст аст, Пайғамбар дар ҷавоби онҳо фармуд: “Ба он чи боиси нороҳатии шумо мешавад, имон дошта бошед.” Баъдҳо мусалмонон, ки намехостанд баъзе усулро сарсарӣ бипазиранд, кӯшиданд баъзе аз иборот ва калимоти Қуръонро тафсир кунанд ва аз ин ҷост, ки илми тафсир ба вуҷуд омад. Нахустин суоле, ки ба назари мусалмонон омад ин буд, ки агар башар натавонад алайҳи амри Худованд (қадар) иқдоме кунад ва бо вуҷуди ин Худованд подоши ӯро ба мӯҷиби аъмоли хубу бади ӯ бидиҳад, оё қудрати худовандӣ ва масъулияти башар мутаноқиз намеояд? Қуръони Карим низ ба ин суол посухе намедиҳад. Дар воқеъ, қудрати комилаи худовандӣ чунон дар саросари Қуръон ба чашм мехӯрад, ки ҷое барои озодии башар боқӣ намегузорад. Ба ин тариқ ҳисси масъулияти башар дар баробари таслим ба амри Худованд вуҷуд надорад…“ (Чӣ медонам? Тарҷумаи дуктур Давлатшоҳӣ, с.55 ва 56)

Китоби оқои Думиник Сурдил пур аст аз ин “таҳқиқоти олӣ”! Ин аст тарзи тафаккур ва истинботи мусташриқон, ва ин аст мизони салоҳияти онҳо дар ин гуна масоил!

Аз он чи гузашт маълум шуд, ки масъалаи сарнавишт ва қазо ва қадар дар худи Қуръони Маҷид мукаррар зикр шуда ва аз ибдоъоти мутакаллимон нест. Ба илова, эътиқод ба сарнавишт ва қазо ва қадари умумӣ он тавр, ки Қуръон таълим медиҳад, бо маслаки ҷабр аз замин то осмон фосила дорад.

Маъмулан мусташриқони урупоӣ Мӯътазиларо ситоиш мекунанд аз он назар, ки Мӯътазила мункири қазо ва қадар мебошанд, зеро ба ақидаи мусташриқон, эътиқод ба сарнавишт айни эътиқод ба ҷабр аст.

Бидуни шак агар Мӯътазиларо бо Ашоъира муқоиса кунем, Мӯътазила аз ҳуррияту истиқлоли фикрии шоистае бархӯрдор будаанд. Иқдоми Мутаввакили Аббосӣ алайҳи Мӯътазила ва ба курсӣ нишондани равиши ашъариро бояд фоҷиаи бузурге барои ҷаҳони ислом шумурд, аммо дар хусуси масъалаи қазо ва қадар ва сарнавишт, инҳироф ва иштибоҳи Мӯътазила аз Ашоъира камтар нест. Мусташриқон, ки бо маорифи исломӣ ошноии амиқе надоранд ва хаёл мекунанд эътиқод ба сарнавишт айни эътиқод ба ҷабр аст, Мӯътазиларо дар ин масъала мавриди ситоиш қарор медиҳанд.

Дар ҷилди аввали “Таърихи адабии Эрон”, таълифи Эдворд Броун, сафҳаи 411 мегӯяд:

Фирқаи Қадария ё Мӯътазила бештар аҳаммият дошт ва тарафдори озодии ирода ё тариқаи тафвизу ихтиёр буд. Ба гуфтаи дуктур Эштойнер: “Беҳтарин тавсифи Мӯътазила ин аст, ки бигӯем, зуҳури ин қабил афкор дар ҳукми эътирозе аст, ки пайваста ақли салими башар бар аҳкоми ҷобирона ва таълимоти муқаррара ва маҳдуда намудааст.” Мӯътазила худро аҳли адлу тавҳид ё тарафдорони адли илоҳӣ ва яктопарастӣ медонистанд. Мегуфтанд, қисмати азалӣ ба ақидаи Ашоъира он аст, ки Худованд сарнавишти ҳар касро қаблан таъйин намояд ва гуноҳонеро кайфар диҳад, ки худ бар башар ба ҷабр таҳмил кардааст ва башарро дар баробари тақдиру сарнавишт, қудрати истиқомат ва пойдорӣ набошад…“

Ин тарзи тафаккури Мӯътазила яъне ин ки сарнавишт мусталзими ҷабр аст, мавриди таъйиди мусташриқон аст.

* * *

Решаи таърихӣ

Яке аз мабоҳиси қобили таваҷҷӯҳ ин аст, ки маншаи пайдоиши ин афкору ақоид ва ин баҳсу ҷадалҳо чист? Чӣ тавр шуд, ки мусалмонон аз нимаи аввали қарни аввал ва ҳаддиаксар аз нимаи дуввуми он қарн, вориди баҳси ҷабру қадар шуданд.

Бидуни шак, иллати вуруди мусалмонон дар ин мабоҳис, оятҳои Қуръон ва калимоти Расули Акрам (с) аст. Масъалаи сарнавишт ва ҳам масъалаи озодӣ ва ихтиёри башар, аз масоиле аст, ки табиатан мавриди алоқаи ҳар касе аст, ва чун ин масъала мукаррар дар китоби осмонии мусалмонон тарҳу унвон шуда ва оятҳое дар камоли сароҳат, сарнавиштро таъйид мекунад ва оятҳои дигар ба ҳамин сароҳат башарро мухтору озод муаррифӣ мекунад, хоҳ нохоҳ онҳоро ба фикру андеша ва баҳсу гуфтугӯ водор мекард.

Аммо мусташриқон ва дунболаравонашон муддаӣ ҳастанд, ки ин афкор решаи дигар дорад. Чунонки қаблан гуфтем, баъзе аз муаррихони урупоиро ақида ин аст, ки масъалаи сарнавишт ва ҷабру ихтиёр баъдҳо дар миёни мутакаллимони исломӣ унвон шуд ва дар ислом сухане аз ин матолиб нест, на аз ҷабр ва на аз ихтиёр. Вале баъзе дигар дар суханони худ чунин вонамуд мекунанд, ки фикри Ашоъира мабнӣ бар ҷабр ва адами озодии башар ҳамон чизе аст, ки ислом таълим додааст, аммо Мӯътазила зери бори ин ҳарфи ислом монанди бисёре аз ҳарфҳои дигари ислом, ки бо ақлу мантиқ мунтабиқ намешуд, нарафтанд ва мавзӯи озодӣ ва ихтиёри башарро Мӯътазила барои аввалин бор дар миёни мусалмонон унвон карданд. Тоза, Мӯътазила низ ин фикрро аз пеши худ ибдоъ накарданд; дар асари муоширату муҷовират бо миллатҳои дигар ва махсусан масеҳиён, мутаваҷҷеҳи ин фикри бикри олӣ шуданд.

Дар “Таърихи адабии Эрон”, таълифи Эдворд Броун, ҷилди аввал, сафҳаи 413 мегӯяд:

Вон Кремер (Von Kremer) мӯътақид аст фикри озодии иродаро Маъбади Ҷуҳанӣ ба тақлид ва пайравӣ аз як эронии мавсум ба Синбавайҳ дар поёни қарни ҳафтум (-и мелодӣ) дар Димишқ тарвиҷ мекард…

Дар сафҳаи 412 мегӯяд:

Ба назари Вон Кремер маҳалли таквин ва такомули мӯътақадоти ин қавм Димишқ буда ва таҳти нуфузи мутааллиҳони Бизонс, ба хусус Яҳёи Димишқӣ ва муриди ӯ Теудур Абуқурра будааст…

Маълум мешавад ба назари Вон Кремер он эронӣ ҳам, ки ба ақидаи ӯ ибтидоан фикри озодӣ ва ихтиёрро ба Маъбади Ҷуҳанӣ талқин кард, аз фуюзоти мутааллиҳони масеҳии румӣ баҳраманд шудааст!

Агар инчунин аст, пас барои баҳс дар масоили тавҳиду маъод ва балки намозу рӯза ҳам бояд инчунин решаи таърихӣ ҷустуҷӯ кунем ва лобуд иллати ин ки мусалмонон мутаваҷҷеҳи баҳс дар тавҳиду маъод ва намозу рӯза шуданд, собиқаҳое аст, ки ин мабоҳис дар ҳавзаҳои масеҳӣ доштааст.

Ҳақиқат ин аст, ки мусташриқон на салоҳияти таҳқиқ дар ақоиду афкори исломиро доро мебошанд ва на ғолибан ҳусни нияти онро. Он ҷо, ки дар мақоми таҷзияву таҳлили афкору ақоиди исломӣ бармеоянд ва масалан вориди масоили марбут ба каломи исломӣ ё ирфону тасаввуф ё фалсафа мешаванд, он қадр мӯҳмалот ба ҳам мебофанд, ки мӯҷиби таъаҷҷуб ва гоҳе музҳик аст. Барои намуна, ба мундараҷоти зайл таваҷҷӯҳ кунед.

Дар ҷилди аввали “Таърихи адабии Эрон”, таълифи Эдворд Броун, сафҳаи 422 аз китоби “Таърихи Ислом”-и Дузӣ (Reinhart Dozy), мусташриқи номии ҳуландӣ дар бораи Мӯътазила чунин нақл мекунад:

Чун дар бораи аҳкоми шаръ ба таъаммулу тафаккур пардохтанд, тарафдори тариқаи ақлу истидлол шуданд. Бад-ин тариқ яке аз матолиби умдаи онҳо ин буд, ки Қуръон дар воқеъ ҳодис аст ва халқшуда ҳарчанд ки ин ҳарф хилофи қавли Пайғамбар бошад. (1) Мегуфтанд лозимаи қадим ва ғайримахлуқ будани Қуръон он аст, ки ду мавҷуди азалӣ ва абадӣ қоил шавем; ҳамин, ки Қуръон яъне каломи Худоро дар зумраи махлуқот ба шумор оварем, дигар наметавон онро мутаъаллиқ ба зоти парвардигор донист, зеро зоти парвардигор лоятағайяр аст. (2) Бад-ин тариқ ба тадриҷ асоси нузули ваҳй мутазалзил гашт ва бисёре аз Мӯътазила аланан изҳор мекарданд, ки навиштани назири Қуръон ва ҳатто беҳтар аз он, ғайримумкин нест. Бинобар ин, нисбат ба ин ки Қуръон китоби осмонӣ аст ва аз мабдаи ваҳй нозил гардидааст, эътироз доштанд. (3) Ақидаи онҳо дар бораи Худо поктару баландтар аз ақидаи муташарреъон ва мутамассикон ба мақбулоти омма ва мавозини шаръия ва Ашоъира буд. Зеро Мӯътазила ба ҳеч наҳв зери бори ин фикр намерафтанд, ки офаридагори ҷаҳон мумкин аст ба сурати ҷисмонӣ зоҳир шавад ва гӯшашон ҳозир ба шунидани ин ҳарф набуд. Дар хабар аст аз Пайғамбари Акрам, ки фармуд: “Ҳамчунон, ки моҳи тамомро дар ҷанги Бадр дидӣ, рӯзе ҳам Худои худро хоҳӣ дид.” (4) Ва чун муташарреъон каломи мазбурро ба мантуқи он талаққӣ мекарданд, аз ин рӯ ин масъала ҳамвора санги роҳи Мӯътазила буд. Бинобар ин, дар мақоми тафсиру тавзеҳ баромаданд ва мегуфтанд: инсон пас аз марг, Худоро ба чашми бинои руҳ яъне ба далели ақл хоҳад дид. Ва низ мункири ин ҳарф шуданд, ки Худованди Карим холиқи кофирон аст…“ (5)

Ин буд намунае, ки хостам дар ин ҷо зикр бикунам. Эдворд Броун, нависандаи китоби “Таърихи адабии Эрон” ин таҳқиқоти “аршӣ”-ро аз ин мусташриқи олиқадр нақл мекунад ва бидуни ҳеч гуна интиқоде мегузарад.

Ман намедонам номи ин чизҳоро ҷаҳолат бигузорам ё ҷиноят! Он чи бештар мӯҷиби таъассуф аст ин аст, ки дунболаравони шарқии ин мусташриқон низ ба ҷои ин ки мустақиман афкору ақоиди шарқӣ ва исломиро мавриди расидагии комил қарор диҳанд, афкору орои инҳоро сармашқ қарор медиҳанд ва бозгӯ мекунанд.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

* * *

Поварақӣ:

(1) Ин мусташриқи “олиқадр” талвеҳан мехоҳад бифаҳмонад, ки Ашоъира ақидаи қадим будани Қуръонро аз каломи Пайғамбар ахз карда буданд ва Мӯътазила бо таваҷҷӯҳ ба ин ки Пайғамбари Акрам чунин сухане фармудааст, чун ин сухан бо ақлу мантиқ татбиқ намекард, онро рад карданд. Дар сафҳаи 418 ҳамин китоб мегӯяд: “Акси ин ақида (ақидаи қобили руъят набудани Худованд) ва ҳамчунин қадим будани Қуръон ва инкори халқи он, аз ақоиди Ашоъира буд, ки дар ҳамаи умур аз насси Қуръон пайравӣ мекарданд ва аз таъвил, ки мавриди таваҷҷӯҳ ва алоқаи душманонашон буд, худдорӣ доштанд…“ Дар сурате, ки кучактарин ишорае дар Қуръон ба қадим будан ва махлуқ набудани он нашудааст ва дар аҳодиси мансуб ба Расули Акрам (с) низ ҳадисе, ки назди Мӯътазила филҷумла эҳтимоли сиҳҳати интисоб ба Расули Акрам (с) дошта бошад, дар кор набудааст.

(2) Мутарҷими мӯҳтарами китоб дар ин ҷо дар зайли сафҳа аз тарафи ҷаноби оқои Фурӯзонфар тазаккур додаанд, ки: “Ақида ба халқи Қуръон иртиботе бо ин матолибу истинбототи беасоси нависандаи фавқ надорад.“

(3) Мӯътазила ба шаҳодати таърих, мудофеъони сарсахту боимони Қуръон буданд ва бо занодиқа ва ақоиди фалосифа сахт мубориза мекарданд, ва агар тибқи назари оқои Дузӣ онҳо Қуръонро аз мабдаи ваҳй намедонистанд, ба чӣ муносибат худро мулзам ба дифоъ медонистанд?!

(4) Манзур, ҳадисе аст, ки дар китобҳо ба ин мазмун нақл шудааст:

انكم سترون ربّكم يوم القيامة كما ترون القمر ليلة البدر

Яъне шумо дар қиёмат Худои худро хоҳед дид он тавр, ки моҳи шаби чаҳордаҳро мебинед. Мусташриқи “номӣ” калимаи “бадр”-ро дар ҷумлаи боло, ки ба маънии моҳи тамом (моҳи шаби чаҳордаҳ) аст, хаёл кардааст, ки ишора ба ҷанги Бадр аст ва он гоҳ барои ин ки маънӣ дуруст биёяд, сиғаи музореъро мозӣ тарҷума кардааст.

Ин ҳадис саргузаште дорад, ки муфассал аст ва то он ҷо, ки қароин нишон медиҳад, як навбат дар дасти баъзе аз ровиёни ҳадис тағйири шакл додааст ва ҳамон тағйири шаклёфта, дубора дар дасти уламои калом масх шуда ва барои севвумин бор дар дасти ин мусташриқи олиқадр ба ин сурати музҳик даромадааст. Дар Қуръони Карим сареҳан руъяти Худованд ба чашм нафй шудааст:

لاَّ تُدْرِكُهُ الأَبْصَارُ وَهُوَ يُدْرِكُ الأَبْصَارَ وَهُوَ اللَّطِيفُ الْخَبِيرُ

(Сураи Анъом, ояти 103). Дар айни ҳол дар Қуръон аз ҳақиқате ба номи “лиқои Ҳақ” мукаррар ёд шудааст…

(5) Ҳатто як нафар мӯътазилӣ дар таърих наметавон ҷуст, ки гуфта бошад Худованд холиқи кофирон нест. Мӯътазила мункири халқи куфр буданд, на халқи кофир. Мегуфтанд, Худованд холиқи куфру зулму маъсият нест. Намегуфтанд, Худованд холиқи кофиру золиму маъсияткор нест.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: