Перейти к содержимому

Меъёри ташхиси таҳаммулгар будан ё набудани як мактаб кадом аст?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дирӯз, яке аз дӯстони маҷозиамон, ҷаноби Рустам Азизӣ, дар ёддоште кӯтоҳ дар ҳисоби корбарии худ дар Фейсбук, бо тарҳи пурсише, масъалаеро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд, ки лозим дидам дар бораи он андаке равшанӣ биандозам.

Албатта, пеш аз ҳама, лозим аст ёдоварӣ шавад, ки ҷаноби Рустам Азизӣ, ки ин суолро матраҳ фармудаанд, на ба ин далел аст, ки Худой нокарда қасди тавҳину таҳқир ва ё нияти суе дошта бошанд, балки ҳадафи дигаре доштанд, ки худ дар ҳамон ёддошт мутазаккир шудаанд, зеро то ҷое, ки медонам, эшон на танҳо фарде огоҳ ба маорифи исломӣ, балки мутадайин ва пойбанд ба ислом аст.

Ба ҳар сурат, чун он масъала, як масъалаи муҳим аст, лозим дидам андаке равшанӣ андозам.

Пурсише, ки матраҳ фармудаанд ин аст (албатта эшон ба русӣ овардаанд, ки ман тарҷумаи онро меоварам):

Ман се пурсиши бисёр содда аз касоне дорам, ки эълом мекунанд, мазҳаби ҳанафӣ як мазҳаби бисёр-бисёр тамаҳаммулгар аст:

1) Мавзеъи мазҳаби ҳанафӣ нисбат ба инсоне, ки аз ойини ислом ба як дини дигар гароиш пайдо карда ва ё мулҳид (атеист) шудааст, чист?

2) Мавзеъи мазҳаби ҳанафӣ нисбат ба издивоҷи як зани мусалмон бо як марди ғайримусалмон чист?

3) Мавзеъи мазҳаби ҳанафӣ нисбат ба ақаллиятҳои ҷинсӣ чист?

Ин пурсиш дар меҳвари таҳаммул аст.”

Матлаберо, ки дар ин навиштор хоҳам овард, зери ҳамин ёддошти ҷаноби Азизӣ низ овардаам, аммо ба назарам хеле мухтасар буд.

* * *

Матлабро бо баёни се чаҳор нукта хулоса мекунам:

1) Нуктаи аввал ин ки: ин пурсиш, на танҳо мутаваҷҷеҳи як мазҳаби хосс аз мазоҳиби исломӣ, балки мутаваҷҷеҳи ҳамаи мазоҳиби исломӣ ва аслан кулли ислом аст, зеро дар ин се масъала, ки оварда шуда, байни мазоҳиби исломӣ ихтилофи назаре вуҷуд надорад, ҳама бидуни истино назари воҳид доранд.

2) Нуктаи дигар он ки: дар ин ёддошт, фарзи нависанда зоҳиран ин аст, ки агар мавзеъи мазҳаби ҳанафӣ (ё куллан ислом) нисбат ба ин се маврид (иртидод, ҷоиз набудани издивоҷи як зани мусалмон бо як марди ғайримусалмон ва муҷозоти масалан як ҳамҷинсгаро) хушунатомез бошад, пас наметавон ин мазҳаб (ё мактаб)-ро мактабе таҳаммулгар бидонем. Яъне, вақте як мактаб (ислом дар фарзи мо), ҳукмаш дар мавриди муртад қатл бошад ва барои ҳамҷинсгаро муҷозот қоил ва издивоҷи як зани мусалмон бо як марди ғайримусалмонро ҷоиз нашуморад, пас чӣ гуна метавон он мактабро мактабе таҳаммулгар бихонем?! Ҳол он, ки шумо, мусалмонон ҷор мезанед, ки ойини мо ойине таҳаммулгар аст!

Агар манзури нависандаи мӯҳтарам ҳамин аст, ин посух дорад. Ва он ин ки: ин даст аз шубаҳот, дар бисёр маворид, ношӣ аз тафкик (ҷудоӣ) накардан байни ҷаҳонбинӣ (ақида ва боварҳо)-и як мактаб бо муқаррароти ҳуқуқӣ (фиқҳӣ)-и он аст. Масалан, дар мавриди дини ислом, ин шубҳа барои бисёреҳо матраҳ аст, ки ин дин, дар айни он ки мегӯяд: “Ло икроҳа фид-дин”, аммо ҳукми як муртад (касе, ки аз ислом баргаштааст)-ро қатл қарор додааст! Гӯӣ ин дуро бо ҳам қобили ҷамъ намедонад. Дине, ки мегӯяд: “Дар дин иҷборе вуҷуд надорад”, пас чӣ гуна мусалмонеро, ки аз ислом баргаштааст ҳукмашро қатл қарор медиҳад?!

Аммо ин қобили ҷамъ аст, ба ин сурат, ки: он ҷо, ки ислом мегӯяд: “Ло икроҳа фид-дин”, дар мақоми баёни ҷаҳонбинӣ (ақоид)-и он аст. Яъне, мехоҳад бигӯяд, аз назари ҷаҳонбинии исломӣ, аслан дар гароиш ба дин иҷборе нест. Ва аз қазо, дар шаъни нузули ҳамин оят омада, ки як нафар мусалмони ансорӣ аз Банӣ Солим ибни Авф, ки Ҳасин ном дошт, ду писар дошт, ки ҳар ду масеҳӣ шуда буданд. Он мард хидмати ҳазрати Паёмбар (с) расид ва арз кард: оё метавонам он ду писарро ба қабули ислом маҷбур бикунам, дар сурате, ки худи онҳо тамоюле надоранд? Ин ҷо буд, ки ояти “Ло икроҳа фид-дин” нозил шуд. (Тафсири Ад-дуррул-мансури Суютӣ, 2/164)

Вале он ҷо, ки ислом ҳукми муртадро қатл қарор додааст, баҳс ин ҷо дигар баҳси ҷаҳонбинӣ (ақоид) нест, балки баҳси муқаррароти ҳуқуқӣ (фиқҳӣ) аст. Ҳамчунин аст масъала дар мавриди муҷозоти ҳамҷинсгаро ва ё баҳси ҷоиз набудани издивоҷи зани мусалмон бо як марди ғайримусалмон.

3) Нуктаи севвум ва муҳим он аст, ки: меъёри ташхиси ин ки як мактаб (ҳар мактабе, чӣ ислом бошад ё ғайри он) оё таҳаммулгар аст ё нест, ҳаргиз муқаррароти ҳуқуқӣ ва ба хусус ҷазоии давлате, ки бар мабнои он мактаб ташкил шудааст нест, балки ин ҷаҳонбинии он мактаб аст, ки таъйин мекунад оё таҳаммулгар аст ё на.

Ин ки ислом ба унвони як дин, оё дине таҳаммулгар аст ё нест, ҷаҳонбинӣ ва боварҳояш инро таъйин мекунад, на муқаррароти ҷазоии давлат ва ҳукумате, ки бар асоси боварҳои исломӣ ташкил шудааст. (Фаромӯшамон нашавад, ки ислом ба унвони як мактаби ҷомеъ ва комил, бештари муқаррароти ҳуқуқӣ ва ҷазоияш дар сурате қобили иҷро ҳастанд, ки агар давлате бар асоси ҷаҳонбиниаш ташкил шавад, яъне як давлати ба истилоҳ исломӣ, ва дар ғайри ин сурат, он муқаррарот ҷояш фақат дар китобҳои фиқҳӣ аст.)

Чи басо як мактаб, ба лиҳози ҷаҳонбинӣ ва ақоидаш, аслан мактабе таҳаммулгар набошад ва ғайри мӯътақид ба худро аз ҷиргаи одамизод берун бидонад, вале дар айни ҳол, давлате, ки бар асоси он ҷаҳонбинӣ ташкил шуда, муқаррароташ ва ба хусус муқаррароти ҷазоияш, осонгирона бошад. Ва акси ин ҳам содиқ аст, яъне чи басо як мактаб ба лиҳози ҷаҳонбинӣ ва ақоид, мактабе таҳаммулгар бошад, вале муқаррароти ҷазоияш сахтгирона бошад.

Ба унвони мисол, шумо як давлатеро фарз кунед, ки бар асоси ҷаҳонбинии либерол-демукросӣ ташкил шудааст. Ин давлат, мисли ҳар давлате дигар, як силсила муқаррароти ҳуқуқӣ ва ҷазоӣ дорад. Фарз кунед, яке аз муқаррароти ҷазоӣ дар ин давлат он аст, ки барои ҳар шаҳрванде, ки ба парчами миллиаш иҳонат кунад, ҷазои қатл қарор дода бошад (ин фақат як мисол аст). Ва ё ин ки, ба далоиле (масалан, ба хотири ҳифзи ҳувият) қонуне вазъ карда бошад, ки бар мабнои он, занҳои он кишвар иҷозаи издивоҷ бо мардони ғайри шаҳрванди он кишварро надошта бошанд.

Хуб, ин муқаррарот, чӣ хашин бошанд ё сабук, рабте ба ин надорад, ки мактабе, ки пояҳои фикрии он давлатро ташкил медиҳад, оё таҳаммулгар аст ё нест. Ҳамин ду се рӯз пеш хондам, ки ҳукумати Қазоқистон дар мавриди афроде, ки ба ноболиғҳо таҷовуз мекунанд, сахттарин муҷозотро вазъ карда, яъне олати ҷинсии онҳоро қатъ мекардааст. Хуб, оё метавон аз ин навъ муҷозот чунин хулоса баровард, ки пас, мактабе, ки пояҳои фикрии давлати Қазоқистонро ташкил медиҳад (либерол-демукросӣ), таҳаммулгар набудааст?! Қатъан, на. Зеро асосан милоку меъёрҳое, ки дар вазъи муқаррароти ҷазоӣ дар назар гирифта мешаванд, умуре дигар ҳастанд.

4) Нуктаи чаҳорум ва ахир он ки: бештари муқаррароти ҳуқуқӣ ва ҷазоии исломӣ — чӣ аҳкоми муртад, чӣ аҳкоми марбут ба ҳамҷинсгароён ва ғайра… — дар воқеъ муқаррароти ҷазоии давлате ҳастанд, ки бар асоси идеулужии исломӣ ташкил мешавад. Ба унвони мисол, ҳукми муртад (он ҳам ба шарту шурути муайяне, на ин ки бар ҳар фарде ин ҳукм ҷорӣ шавад) дуруст мисли ин аст, ки масалан як давлате ҷазои ҳар шаҳрванде, ки ба парчами миллиаш иҳонат мекунад, қатл қарор дода бошад. Ва ё муҷозоти “хиёнат ба ватан”-ро қатл қарор дода бошад. (Феълан коре надорам ба ин ки оё чунин ҳукме дуруст аст ё нест, балки арзам ин аст, ки муқаррароти ҷазоӣ, таъйинкунандаи мизони таҳаммулгар будан ё набудани мактаби хоссе нест.)

Аммо аз назари ҷаҳонбинӣ, шиори ислом ин аст: “Ло икроҳа фид-дин”.

Саломат бошед.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: