Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (322)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (65)

* * *

Ҳикояти моҷарои наҳвӣ ва киштибон (3)

* * *

Он сабӯи об донишҳои мост

В-ин халифа Даҷлаи илми Худост.

Манзур аз сабӯи об, донишҳо ва маорифи мост, ва мақсуд аз он аъробӣ, худи мо ҳастем ва манзур аз халифа, рӯди хурӯшону азими илми илоҳӣ аст.

Мо сабӯҳо пур ба Даҷла мебарем,

Гар на хар донем мо худро, харем.

Мо сабӯҳои пур аз дониши ноқиси худро ба сӯи Даҷлаи дониши илоҳӣ мебарем, ва хаёл мекунем, ки воқеан об дар сабӯ чизе аст. Ва чун сабӯи мо аз оби шӯру ногувори дониши касбӣ пур аст, дигар наметавон аз оби зулоли Даҷлаи дониши илоҳӣ обе баргирифт. Бо ин ҳоле, ки мо дорем, агар худро хару нодон надонем, воқеан хару нодон ҳастем.

Боре, аъробӣ бад-он маъзур буд,

К-ӯ зи Даҷла бехабар буду зи рӯд.

Ба ҳар ҳол, он аъробӣ чун аз вуҷуди Даҷлаи илми илоҳӣ бехабар буд, бар ӯ боке нест, ки он сабӯро барои армуғон ба боргоҳи халифа бибарад.

Гар зи Даҷла бохабар будӣ чу мо,

Ӯ набурдӣ он сабӯро ҷо ба ҷо.

Агар аъробӣ аз рӯди хурӯшони Даҷла бохабар буд, он сабӯро ҳаргиз ба боргоҳи халифа намебурд.

Балки аз Даҷла агар воқиф будӣ,

Он сабӯро бар сари санге задӣ.

Агар аз вуҷуди Даҷла воқиф мебуд, он сабӯро бар сари санге мекӯфт ва онро мешикаст ва ҳаргиз бад-он ҷо намебурд.

Нукта: Балки бо фақри тамом, ба пешгоҳи шоҳи вуҷуд мерафт ва гадои кӯйи ҳазрати воҷибулвуҷуд мешуд.

Натиҷаи ҳикоят бо мазмуни ояти 85 сураи Исро таносуб дорад:

وَمَا أُوتِيتُم مِّن الْعِلْمِ إِلاَّ قَلِيلًا

Ва ба шумо дода нашуд дониш магар андаке.”

* * *

Қабул кардани халифа ҳадяро ва ато фармудан бо камоли бениёзӣ аз он ҳадя ва аз он сабӯ (1)

* * *

Чун халифа диду аҳволаш шунид,

Он сабӯро пур зи зар карду мазид.

Ҳамин ки халифа армуғони он аъробиро дид ва шарҳи ҳоли ӯро шунид, он сабӯро пур аз тило карда ва илова бар он, хилъату мукнат низ ба ӯ эъто кард.

Он арабро кард аз фоқа халос,

Дод бахшишҳову хилъатҳои хос.

Он аъробиро аз фақру фоқа раҳоӣ дод ва бахшишҳо ва хилъатҳои вежа ба ӯ арзонӣ дошт.

Фоқа: ниёзмандӣ ва тиҳидастӣ.

К-ин сабӯ пурзар ба дасти ӯ диҳед,

Чунки вогардад, сӯйи Даҷлаш баред.

Ин сабӯи пур аз тилоро ба он аъробӣ диҳед, ва ҳамин ки хост аз боргоҳи мо бозгардад, ӯро ба самти Даҷла роҳнамоӣ кунед.

Аз раҳи хушк омадасту аз сафар,

Аз раҳи обаш бувад наздиктар.

Чун ки он аъробӣ аз роҳи хушке сафар карда ва ба ин ҷо омада, аз ин рӯ ӯро аз роҳи обӣ бозгардонед, то роҳаш наздиктар шавад.

Чун ба киштӣ дарнишасту Даҷла дид,

Саҷда мекард аз ҳаёву мехамид.

Ҳамин ки он аъробӣ дар киштӣ ҷой гирифт ва Даҷларо дид, аз шарму ҳаё ба хок афтод ва таъзим мекард ва мегуфт:

К-эй аҷаб лутф, ин шаҳи ваҳҳобро!

В-он аҷабтар, к-ӯ ситад он обро.

Ин шоҳи бисёр бахшанда, аҷаб лутфе дорад! Ва шигифттар он, ки ӯ он оби ногуворро низ аз ман қабул кард.

Чун пазируфт аз ман он дарёи ҷуд

Ончунон нақди дағалро зуд-зуд?

Он дарёи бахшишу карам чӣ гуна ба ин зудӣ ва бедиранг он сиккаи тақаллубиро аз ман қабул кард?!

Нақди дағал: сиккаи тақаллубӣ.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: