Перейти к содержимому

Инсон ва сарнавишт (11 – бахши поёнӣ)

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Баҳсе ҳадисӣ

Дар миёни ахбору ривоёт аҳёнан мазмунҳое дида мешавад, ки бо он чи гуфта шуд мунофӣ ба назар мерасад, вале бояд донист, ки ин гуна танофиҳо ва таъорузҳо ё дар асари бархе иштибоҳот аст, ки аҳёнан аз бархе ровиёни ҳадис дар нақли мазмуни аҳодис рух додааст ва бо муқоисаи баъзе аҳодис бо баъзе дигар он иштибоҳро метавон кашф кард, ва ё таъоруз ва танофии зоҳирӣ аст ва пас аз таъаммуқ маълум мешавад, ки таъорузе дар кор нест.

Мо барои ҳар ду қисм, намуна нақл мекунем:

1) Дар Саҳеҳи Бухорӣ аз Яҳё ибни Яъмар аз Уммулмуъминин Оиша нақл мекунад, ки гуфт: аз Расули Худо дар бораи тоъун суол кардам, он ҳазрат фармуд:

كان عذابا يبعثه الله على من يشاء فجعله الله رحمة للمؤمنين ما من عبد يكون في بلد يكون فيه ويمكث فيه لا يخرج من البلد صابرا محتسبا يعلم أنه لا يصيبه إلا ما كتب الله له إلا كان له مثل أجر شهيد 

Тоъун азобе буд (аст), ки Худованд бар он касон, ки мехоҳад, мефиристад, вале ӯро барои мӯъминин раҳмат қарор додааст. Ҳеч бандае нест, ки дар шаҳре бошад, ки дар он шаҳр тоъун бошад ва ӯ дар он шаҳр макс кунад ва берун наравад ва барои ризои Худо шикебоӣ кунад ва мӯътақид бошад, ки ҷуз он чи Худованд барояш навиштааст ба ӯ намерасад, магар он ки подоше монанди подоши шаҳид барои ӯ хоҳад буд.”

Акнун ҳадиси дигаре дар ин замина нақл мекунам: Дар Кофӣ ҷилди 8 (Равза) сафҳаи 108 нақл мекунад, ки Убайдуллоҳи Ҳалабӣ аз Имом Содиқ (а) дар бораи вабо суол кард, ки дар як маҳалла аз шаҳре падид меояд ва шахсе худро ба маҳаллаи дигар мунтақил мекунад, ва ё вабо дар шаҳре пайдо мешавад ва он шахс аз он шаҳр ба шаҳри дигар меравад. Оё ин кор ҷоиз аст ё на? Имом фармуд:

لا بأس، إنما نهى رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم عن ذلك لمكان ربيئة كانت بحيال العدو فوقع فيهم الوبا فهربوا منه فقال رسول الله صلى الله عليه وآله: الفارّ منه كالفارّ من الزحف كراهية أن لا يخلو مراكزهم

Монеъе надорад; ҳамоно иллати ин ки Расули Худо (с) дар як ҷараёни бахусусе мардумро аз хуруҷ аз сарзамини вабо манъ кард ин буд, ки мусалмонон дар мавқеъе, ки дар муқобили душман қарор гирифта буданд ва лозим буд маркази худро ҳифз кунанд, ногаҳон вабо пайдо шуд ва онҳо аз он маҳал гурехтанд. Расули Худо (с) фармуд: фирор аз ин вабо мисли фирор аз майдони ҷанг аст ва гуноҳ маҳсуб мешавад. Расули Худо ин ҷумларо гуфт, ки марказро дар муқобили душман тахлия накунанд.”

Гуфтаи Имом Содиқ (а) тавзеҳ медиҳад, ки манзури Расули Худо дар воқеаи хоссе, ки фирор аз вабо ё тоъунро наҳй карда ин буда, ки мусалмонон ба воситаи омадани вабо вазифаеро, ки дар муқобили душман доранд аз ёд набаранд ва худро дучори мухотара ва маҳлакаи бузургтар накунанд, на ин ки Расули Худо (с) як дастури куллӣ барои ҳамеша содир карда бошад, ки ҳар вақт ва ҳар ҷо, ки вабо ё тоъуне пайдо шуд, марди мусалмон, ки муваззаф аст ҷону моли худро аз газанд ҳифз кунад, дар он ҷо дар муқобили ин бемории муҳлик дастҳоро рӯи ҳам бигузорад ва мунтазири сарнавишт биншинад.

Вале даст ба даст шудани сухани Расули Акрам (с) дар миёни ровиён, кам-кам онро ба сурати як дастури куллӣ даровардааст, ки дар Саҳеҳи Бухорӣ дида мешавад. Хушбахтона Имом Содиқ (а) ба мисдоқи “Аҳлул-байти адро би мо фил-байт”, парда аз рӯи ҳақиқат бардошта ва манзури Расули Акрамро баён кардааст.

Мумкин ҳам ҳаст, ки он чи дар ҳадиси Саҳеҳи Бухорӣ омадааст, барои манзури дигаре аст ва мақсуди дигаре дар миён будааст ва он ин ки Расули Акрам дастур додааст, ки ҳангоме, ки тоъун ё вабо дар шаҳре пайдо мешавад ва мардуме хоҳ нохоҳ гирифтори он мегарданд, мардуми он шаҳр аз он шаҳр берун нараванд, барои ин ки ин бемориро ба ҷоҳои дигар мунтақил накунанд, то лоақал ҷони мардуми дигар маҳфуз бимонад. Ва чун дар айёми қадим на василаи муолиҷаи ин беморӣ будааст ва на қарантина дар марзҳо ва ё дарвозаҳои шаҳрҳо буда, ки афрод мавриди баррасӣ қарор гиранд ва пас аз ҳусули итминон аз саломати онҳо парвонаи вуруд дода шавад, беҳтарин роҳ барои ҷилавгирӣ аз шуюъи ин беморӣ ин буда, ки мардуме, ки дар шаҳре ҳастанд, ки дар он шаҳр ин беморӣ ҳаст, аз он шаҳр ба шаҳри дигар ё деҳи дигар нараванд ва василаи интиқоли беморӣ нагарданд.

Ибни Абилҳадид дар шарҳи “Наҳҷул-балоға”, хутбаи 132, зимни нақли ҷараёни мусофирати Умар ибни Хаттоб ба Шом мегӯяд: пас аз он ки Умар иттилоъ пайдо кард, ки дар Шом тоъун аст ва тасмим гирифт вориди шаҳр нашавад ва ба эътирози Абӯубайдаи Ҷарроҳ — ки гуфт: оё мехоҳӣ аз қазо ва қадари илоҳӣ фирор кунӣ? — ҷавоб дод: Абдурраҳмон ибни Авф ривоят кард, ки аз Расули Худо (с) шунидааст: агар дар шаҳре тоъун пайдо шуд ва шумо дар он шаҳр будед, аз он шаҳр хориҷ нашавед, вале агар дар шаҳре пайдо шуд ва шумо дар хориҷи он шаҳр будед, дохили он шаҳр нашавед.

Бинобар ин, ҳадиси Саҳеҳи Бухорӣ ё марбут ба он ҷараёне аст, ки Имом Содиқ дар бораи вабо тавзеҳ додааст ва ё як ҷараёни дигар буда ва ин ҳадис марбут ба ӯ нест, ин ҳадис марбут ба ин аст, ки мардуми мубтало ба тоъун риояти ҳоли мардуми ҷоҳои дигарро бикунанд ва аз шаҳр хориҷ нашаванд ва ба ҷои дигар нараванд. Ба ҳар ҳол, қатъан он чи аз зоҳири ҳадиси Уммулмуъминин Оиша истифода мешавад мақсуд нест ва ноқилони ҳадис дар нақли мазмуни он дучори иштибоҳ шудаанд.

2) Дар Кофӣ ҷилди 2 сафҳаи 58 аз Имом Содиқ (а) ривоят мекунад:

إن أمير المؤمنين عليه السلام جلس الى حائط مائل يقضي بين الناس فقال بعضهم: لا تقعد تحت الحائط فإنه معور فقال أمير المؤمنين عليه السلام: حرس امرءا أجله. فلما قام سقط الحائط. قال: وكان أمير المؤمنين عليه السلام مما يفعل وأشباهه، وهذا اليقين

Алӣ (а) дар пойи девори каҷе нишаста буд ва миёни мардум доварӣ мекард. Шахсе ба он ҳазрат гуфт: ин ҷо манишин, ки мушриф ба суқут аст. Алӣ фармуд: аҷал нигаҳбони мард аст. Ҳамин ки Алӣ (а) бархост, девор хароб шуд. Имом Содиқ (а) фармуд: Алӣ (а) аз ин гуна корҳо мекард ва ин яқин аст.”

Мумкин аст гуфта шавад: ин ҳадис аввалан мунофот дорад бо он чи қаблан аз “Тавҳиди Садуқ” нақл кардем, ки Асбағ ибни Набота гуфт: Алӣ (а) аз пойи девори каҷе ҳаракат кард ва пойи девори дигаре нишаст. Ҳамин ки мавриди эътироз қарор гирифт, ки мехоҳӣ аз қазо ва қадари илоҳӣ фирор кунӣ, ҷавоб дод: аз қазо ва қадаре ба қазо ва қадари дигар фирор мекунам. Чӣ гуна аст он ҷо, ки худи Алӣ (а) аз пойи девори каҷе ҳаракат мекунад ва ҳаракат карданаш мавриди эрод қарор мегирад, мегӯяд: аз қазо ва қадаре ба қазо ва қадаре паноҳ мебарам, ва аммо он ҷо, ки дигаре ба ӯ тазаккур медиҳад, мегӯяд: аҷал нигаҳбон аст?! Ва сониян, дар зери девори мушриф ба суқут нишастан, аз лиҳози қонуни шаръӣ ҳаром ва мамнӯъ аст; чӣ гуна Алӣ (а) таҳти унвони ин ки аҷал нигаҳбон аст, бар ҷойи худ нишаст? Пас ин ҳадис қобили қабул нест.

Аммо ба назар мерасад бо таваҷҷӯҳ ба матолибе, ки дар гузашта гуфтем, битавон ин ҳадисро тафсир кард, ба тавре, ки на бо ҳадиси “Тавҳиди Садуқ” мунофот дошта бошад ва на бо асли мусаллами шаръӣ мабнӣ бар вуҷуби ҳифзи нафс ва ҳурмати илқои нафс дар маҳолик.

Дар фасле, ки таҳти унвони “Омилҳои маънавӣ” эрод кардем, гуфтем, ки омилҳои қазо ва қадар ва риштаҳои иллӣ ва маълулиро набояд ба иллатҳо ва асбоби моддӣ ва дунёӣ маҳдуду маҳсур кард; омилҳои маънавӣ низ ба навбаи худ риштае аз иллатҳо ва асбоби ин ҷаҳонро ташкил медиҳанд. Бинобар ин, гоҳе агар як ҷараёнро танҳо аз даричаи иллатҳои моддӣ ва абъоди ҷисмонӣ бингарем, робитаи иллӣ ва маълулии комиле мебинем, вале агар бо дидаи дигаре ҷараёнҳои пинҳони дигарро мушоҳида кунем, хоҳем дид он чи мо ӯро иллат мепиндоштем, барои вуҷуди маълул кофӣ набуда, зеро як ҷараёни пинҳони дигар буда, ки дар ҷараёни мавриди назари мо дахолат доштааст. Дар он фасл гуфтем, ки садақоту эҳсонҳо ва ниятҳо ва билохира навъи аъмоли башар, ки бо ният ва ҷанбаҳои руҳии башар вобастагӣ дорад, аз худ осоре дар ҷараёни иллатҳо ва асбоби ҷаҳон боқӣ мегузорад ва агар касе ҳиссе илова бар он чи мо дорем дошта бошад ва он ҷараёнҳоро бо он ҳисс идрок кунад, дар мавориди хоссе тарзи қазовати ӯ бо қазовати мо мутафовит хоҳад буд. Дуруст мисли ин аст, ки мо, ки мавҷуди себуъдӣ ҳастем, бо мавҷудоти дубуъдӣ, ки беш аз ду буъдро наметавонанд дарк кунанд, дар як мавзӯъ бихоҳем қазоват кунем. Албатта дар мавзӯоти дубуъдӣ қазовати мо ва онҳо яксон хоҳад буд, вале дар мавзӯоти себуъдӣ қазовати мо ва онҳо қаҳран мутафовит хоҳад буд. Аҳли яқин, яъне онҳое, ки ҳиссе дигар ва дидае дигар доранд ва ҷаҳонро дар кашишу имтидоди дигар ва ҷараёну саялони дигар илова бар он чи мо мебинем мебинанд, дар мавориди хоссе қазовати онҳо бо мо мутафовит хоҳад буд. Он чи мо ӯро масалан иллати марг мебинем, ӯ ба воситаи иҳота бар ҷараёни пинҳон мумкин аст иллати марг набинад. Аз лиҳози ҷараёнҳои маънавӣ чӣ монеъе дорад, ки баъзе чизҳо дар ҳукми тазмини умр ё саломат ё ризқ бошад ва таъсире маънавӣ дар идомаи умр ё саломат ё тавсиъаи ризқ дошта бошад ва аҳли яқин аз он огоҳ бошанд? Ба ҳар ҳол, ин ҳадис қобили тавҷеҳ аст ва ин матлаб доманаи дарозе дорад.

* * *

Илми Худо ҷаҳл буд?!

Дар хотимаи баҳси сарнавишт ва қазо ва қадар, бад нест ба зикри маъруфтарин ишколоти ҷабргароён бипардозем ва онро таҷзияву таҳлил намоем, то посухи он равшан гардад.

Ҷабргароён далелҳо ва шавоҳиди зиёде аз нақлу ақл бар муддаои худ иқома кардаанд. Ҷабргароёни мусалмон оятҳои қазо ва қадари Қуръонро, ки қаблан нақл кардем, мустамсак қарор додаанд ва аҳёнан ба калимоте аз Расули Акрам (с) ё имомони атҳор (а) низ дар ин замина истишҳод шудааст.

Далелҳои ақлӣ, ки аз тарафи ҷабргароён бар ин муддао иқома шуда бисёр аст. Мо дар поварақиҳои ҷилди севвуми “Усули фалсафа” бархе аз онҳоро зикр ва интиқод кардаем. Маъруфтарин шубҳаи ҷабр ҳамон аст, ки бо масъалаи қазо ва қадар ба мафҳуми илоҳӣ, яъне бо масъалаи илми Худованд марбут аст ва он ин аст:

Худованд, аз азал, аз он чи воқеъ мешавад ва он чи воқеъ намешавад огоҳ аст ва ҳеч ҳодисае нест, ки аз илми азалии илоҳӣ пинҳон бошад. Аз тарафе, илми илоҳӣ на тағйирпазир аст ва на хилофпазир. Яъне на мумкин аст иваз шавад ва сурати дигар пайдо кунад, зеро тағйир бо тамомияту камоли зоти воҷибулвуҷуд мунофӣ аст, ва на мумкин аст он чи ӯ аз азал медонад, бо он чи воқеъ мешавад мухолиф ва муғойир бошад, зеро лозим меояд илми ӯ илм набошад, ҷаҳл бошад; ин низ бо тамомияту камоли вуҷуди мутлақ мунофӣ аст.

Пас, ба ҳукми ин ду муқаддима:

а) Худованд аз ҳама чиз огоҳ аст;

б) Илми илоҳӣ на тағйирпазир аст ва на хилофпазир –

— мантиқан бояд чунин натиҷа гирифт: ҳодисаҳо ҷабран ва қаҳран бояд ба наҳве воқеъ шаванд, ки бо илми илоҳӣ мутобиқат дошта бошанд, хусусан агар ин нукта изофа шавад, ки илми илоҳӣ илми феълӣ ва эҷобӣ аст; яъне илме аст, ки маълум аз илм сарчашма мегирад, на илми инфиъолӣ, ки илм аз маълум реша мегирад назири илми инсон ба ҳаводиси ҷаҳон.

Бинобар ин, агар дар азал дар илми илоҳӣ чунин будааст, ки фалон шахс дар фалон соат фалон маъсиятро муртакиб мешавад, ҷабран ва қаҳран он маъсият бояд ба ҳамон кайфият воқеъ шавад; шахси муртакиб қодир нахоҳад буд тавре дигар рафтор кунад, балки ҳеч қудрате қодир нахоҳад буд онро тағйир диҳад, вагарна илми Худо ҷаҳл хоҳад буд. Хайём мегӯяд:

Ман май хӯраму ҳар кӣ чу ман аҳл бувад,

Май хӯрдани ман ба назди ӯ саҳл бувад.

Май хӯрдани ман Ҳақ зи азал медонист,

Гар май нахӯрам, илми Худо ҷаҳл бувад.

Ҷавоби ин шубҳа пас аз дарки саҳеҳи мафҳуми қазо ва қадар осон аст. Ин шубҳа аз он ҷо пайдо шуда, ки барои ҳар як аз илми илоҳӣ ва низоми сабабӣ ва мусаббабии ҷаҳон ҳисоби ҷудогона фарз шудааст. Яъне чунин фарз шуда, ки илми илоҳӣ дар азал ба таври тасодуф ба вуқӯи ҳодисаҳо таъаллуқ гирифтааст; он гоҳ барои ин ки ин илм дуруст аз об дарояд ва хилофаш воқеъ нашавад, лозим аст вақойеъи ҷаҳон контрол шавад ва таҳти муроқибат қарор гирад, то бо тасаввур ва нақшаи қаблӣ мутобиқат кунад.

Ба иборати дигар, чунин фарз шуда, ки илми илоҳӣ мустақил аз низоми сабабӣ ва мусаббабии ҷаҳон ба вуқӯъ ё адами вуқӯъи ҳодисаҳо таъаллуқ гирифтааст ва лозим аст, ки коре сурат гирад, ки ин илм бо маълуми худ мутобиқат кунад; аз ин рӯ бояд низоми сабабӣ ва мусаббабии ҷаҳон контрол гардад. Дар мавориде ҷилави табъи он чи ба ҳукми табъ асар мекунад ва ҷилави ирода ва ихтиёри он, ки бо ирода ва ихтиёр кор мекунад гирифта шавад, то он чи дар илми азалии илоҳӣ гузаштааст, бо он чи воқеъ мешавад мутобиқат кунад ва бо ҳам муғойират надошта бошанд. Аз ин рӯ аз инсон низ бояд ихтиёру озодӣ ва қудрату ирода салб гардад, то аъмолаш комилан таҳти контрол дарояд ва илми Худо ҷаҳл нашавад.

Инчунин тасаввур дар бораи илми илоҳӣ мунтаҳои ҷаҳлу бехабарӣ аст. Магар мумкин аст, ки илми Ҳақ ба таври тасодуф ба вуқӯъ ё адами вуқӯъи ҳодисае таъаллуқ бигирад ва он гоҳ барои ин ки ин илм бо воқеъ мутобиқат кунад, лозим шавад дасте дар низоми мутқану қатъии иллӣ ва маълулӣ бурда шавад, тағйироте дар ин низом дода шавад, аз табиате хоссияте салб гардад ё аз фоили мухторе ихтиёру озодӣ гирифта шавад?

Аз ин рӯ баъид ба назар мерасад, ки рубоии боло аз Хайём, ки лоақал нимафайласуфе аст, буда бошад. Шояд ин рубоӣ ҷузъи ашъоре аст, ки баъд ба Хайём нисбат додаанд, ё аз Хайём аст, вале Хайём нахоста дар ин рубоӣ ба забони ҷидду фалсафа сухан бигӯяд; хоста фақат хаёлеро ба сурате зебо дар либоси назм адо кунад. Бисёре аз аҳли таҳқиқ он ҷо, ки шеър месурудаанд, афкори илмӣ ва фалсафии худро канор гузошта, тахайюлоти латифро ҷомае зебо аз шеър пӯшонидаанд. Ба иборати дигар, ба забони аҳли адаб сухан гуфтаанд, на ба забони аҳли фалсафа, ҳамчунон ки бисёре аз ашъори мансуб ба Хайём аз ин қабил аст. Хайём шӯҳрати ҷаҳонии худро мадюни ин гуна тахайюлот ва ин тарз аз баён аст.

Илми азалии илоҳӣ, аз низоми сабабӣ ва мусаббабии ҷаҳон ҷудо нест. Илми илоҳӣ илм ба низом аст. Он чи илми илоҳӣ эҷобу иқтизо карда ва мекунад, ин ҷаҳон аст бо ҳамин низомоте, ки ҳаст. Илми илоҳӣ ба таври мустақим ва биловосита на ба вуқӯъи ҳодисае таъаллуқ мегирад ва на ба адами вуқӯъи он. Илми илоҳӣ, ки ба вуқӯъи ҳодисае таъаллуқ гирифтааст, ба таври мутлақ ва ғайримарбут ба асбобу иллатҳои он ҳодиса нест, балки таъаллуқ гирифтааст ба судури он ҳодиса аз иллат ва фоили хосси худаш. Иллатҳо ва фоилҳо мутафовит мебошанд; яке иллият ва фоилияташ табиӣ аст ва яке шуъурӣ, яке маҷбур аст ва яке мухтор. Он чи илми азалии илоҳӣ эҷоб мекунад ин аст, ки асари фоили табиӣ аз фоили табиӣ, асари фоили шуъурӣ аз фоили шуъурӣ, асари фоили маҷбур аз фоили маҷбур ва асари фоили мухтор аз фоили мухтор содир шавад. Илми илоҳӣ эҷоб намекунад, ки асари фоили мухтор аз фоил ба иҷбор содир шавад.

Ба иборати дигар, илми азалии илоҳӣ илм ба низом аст. Яъне илм ба судури маълулот аст аз иллатҳои хосси онҳо. Дар низоми айнии хориҷӣ иллатҳо ва фоилҳо мутафовитанд: яке табиӣ аст ва яке шуъурӣ, яке мухтор аст ва яке маҷбур. Дар низоми илмӣ низ амр аз ин қарор аст. Яъне ҳар фоиле ҳамон тавр, ки дар олами айнӣ ҳаст, дар олами илмӣ ҳаст, балки бояд гуфт: он тавр, ки дар олами илмӣ ҳаст, дар олами айнӣ ҳаст. Илми илоҳӣ, ки ба судури асаре аз фоиле таъаллуқ гирифтааст, ба маънии ин аст, ки таъаллуқ гирифта ба судури асари фоили мухтор аз фоили мухтор ва ба судури асари фоили маҷбур аз фоили маҷбур.

Он чи илми илоҳӣ иқтизо дорад ва эҷоб мекунад ин аст, ки феъли фоили мухтор аз фоили мухтор ва феъли фоили маҷбур аз фоили маҷбур содир шавад, на ин ки илми илоҳӣ эҷоб мекунад, ки фоили мухторе маҷбур бишавад ё фоили маҷбуре мухтор гардад.

Инсон дар низоми ҳастӣ, чунонки дар гузашта гуфта шуд, дорои навъе ихтиёру озодӣ аст ва имконоте дар фаъолиятҳои худ дорад, ки он имконот барои мавҷудоти дигар ҳатто барои ҳайвонҳо нест. Ва чун низоми айнӣ аз низоми илмӣ реша мегирад ва сарчашмаи олами киёнӣ олами раббонӣ аст, пас илми азалӣ, ки ба афъолу аъмоли инсон таъаллуқ гирифтааст, ба маънии ин аст, ки ӯ аз азал медонад, ки чӣ касе ба мӯҷиби ихтиёру озодии худ тоат мекунад ва чӣ касе маъсият. Ва он чи он илм эҷоб мекунад ва иқтизо дорад ин аст, ки он ки итоат мекунад, ба ирода ва ихтиёри худ итоат кунад, ва он ки маъсият мекунад, ба ирода ва ихтиёри худ маъсият кунад. Ин аст маънии сухани касоне, ки гуфтаанд: “Инсон мухтори билиҷбор аст.” Яъне наметавонад мухтор набошад. Пас илми азалӣ дахолате надорад дар салби озодӣ ва ихтиёри он ки дар низоми илмӣ ва низоми айнӣ муқаррар аст, ки мухтору озод бошад; дахолате надорад дар салби ихтиёру озодии инсон ба ин ки ӯро ба маъсият ё итоат водор ва маҷбур кунад.

Бинобар ин, ду муқаддимае, ки дар ишкол ба кор бурда шуда, ҳар ду саҳеҳ ва ғайриқобили тардид аст ва ҳам он чи дар зимни нукта изофа шуд, ки илми илоҳӣ, илми феълӣ ва эҷобӣ аст, на илми инфиъолӣ ва табъӣ низ саҳеҳ ва ғайриқобили инкор аст. Аммо лозимаи инҳо ҳама ин нест, ки инсон маҷбур ва маслубулихтиёр бошад ва он гоҳ, ки маъсият мекунад аз тарафи қувва ва нерӯе маҷбур буда бошад, балки он мавҷуде, ки дар низоми таквинӣ озод офарида шуда ва дар низоми илмӣ низ озоду мухтор қарор гирифта, агар кореро ба ҷабр бикунад, “илми Худо ҷаҳл буд”.

Аз ин рӯ, аз ишколкунанда, ки мегӯяд: “Май хӯрдани ман Ҳақ зи азал медонист”, бояд тавзеҳ хост, ки оё он чи Ҳақ зи азал медонист, май хӯрдани ихтиёрӣ ва аз рӯи майлу ирода ва интихоби шахсӣ бидуни икроҳу иҷбор буд, ё май хӯрдани ҷабрӣ ва таҳмилӣ ба василаи як қуввае хориҷ аз вуҷуди инсон, ва ё май хӯрдани мутлақ бидуни таваҷҷӯҳ ба иллатҳо ва асбоб?

Он чи “Ҳақ зи азал медонист” на май хӯрдани иҷборӣ буд ва на май хӯрдани мутлақ, (балки) май хӯрдани ихтиёрӣ буд, ва чун илми азалӣ чунин аст, пас агар май ба ихтиёр нахӯрад ва ба ҷабр бихӯрад, “илми Худо ҷаҳл буд”. Бинобар ин, натиҷаи илми азалӣ ба афъолу аъмоли мавҷудоти соҳибиродаву соҳибихтиёр, ҷабр нест; нуқтаи муқобил ҷабр аст. Лозимаи илми азалӣ ин аст, ки он ки мухтор аст, ҳатман бояд мухтор бошад. Пас, рост гуфта он ки гуфтааст:

Илми азалӣ иллати исён кардан,

Назди уқало зи ғояти ҷаҳл бувад.

Инҳо ҳама дар сурате аст, ки маҳалли баҳсро илми собиқи азалии илоҳӣ қарор диҳем, ки дар Қуръони Карим ба номи “китоб” ва “лавҳи маҳфуз” ва “қалам” ва амсоли инҳо ёд шудааст ва дар ишкол ҳам ҳамин илм зикр шудааст. Аммо бояд донист, гузашта аз ин ки мавҷудоти ҷаҳон ва низоми сабабӣ ва мусаббабӣ, маълуми Ҳақ мебошанд ба илми собиқи азалӣ, худи ҳамин низом, ки маълуми Ҳақ аст, илми Ҳақ низ мебошад. Ин ҷаҳон бо ҳамаи низомоти худ, ҳам илми Борӣ Таъоло аст ва ҳам маълуми ӯ, зеро зоти Ҳақ ба зоти ҳамаи ашё аз азал то абад муҳит аст ва зоти ҳар чизе назди ӯ ҳозир аст. Имкон надорад дар тамоми саросари ҳастӣ мавҷуде аз ӯ пинҳон бимонад. Ӯ ҳама ҷост ва бо ҳама чиз аст:

فَأَيْنَمَا تُوَلُّواْ فَثَمَّ وَجْهُ اللّهِ

وَنَحْنُ أَقْرَبُ إِلَيْهِ مِنْ حَبْلِ الْوَرِيدِ

هُوَ الْأَوَّلُ وَالْآخِرُ وَالظَّاهِرُ وَالْبَاطِنُ وَهُوَ بِكُلِّ شَيْءٍ عَلِيمٌ

Бинобар ин, худи ҷаҳон бо ҳамаи хусусиёт ва низомот, аз маротиби илми Худованд аст. Дар ин мартиба аз илм, илму маълум якест на дуто, то дар он, интибоқу адами интибоқи илм бо маълум фарз шавад ва он гоҳ гуфта шавад, агар чунин шавад, илми Худованд илм ва агар чунон шавад, ҷаҳл хоҳад буд.

* * *

Поёни китоб

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: