Перейти к содержимому

Пайдову пинҳони моҷарои женерол (1)

Бахши аввал

Женерол Абдуҳалим Назарзода маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалимро метавон яке аз машҳуртарин чеҳраҳои таҳаввулоти сиёсии солҳои ахир дар Тоҷикистон дар назар гирифт.

Қазияҳои марбут ба вай ва нерӯҳои таҳти амраш дар сентябри соли 2015, ки аз сӯи давлати Тоҷикистон ”кудето” ва “иқдоми теруристӣ” номида шудааст, сарманшаи таҳаввулоти баъдии ин кишвар, ба вежа мамнӯияти фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) ва сиёсатҳои сахтгиронаи давлати Эмомалӣ Раҳмон дар қиболи ислом ва исломгароён шудааст.

Дар ҳамин росто, пайдову пинҳони қазияҳои марбут ба ин женероли тоҷикро дар қолаби ривоятҳои мутаноқизу мутафовити давлати Тоҷикистон, гурӯҳҳои мухолифин ва бархе наздикони женерол Назарзода, ба риштаи таҳрир даровардаем.

* * *

Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода кӣ буд?

Абдуҳалим Назарзода дар соли 1964 дар ноҳияи Рӯдакии Тоҷикистон ба дунё омад. Пас аз поёни таҳсилот ва кор дар санойеъи нассоҷии Душанбе, дар соли 1983 барои анҷоми хидмати сарбозӣ ба артиши Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ мепайвандад.

Бо зуҳури нахустин замзамаҳои фурӯпошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ва истиқлоли ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ пас аз кудетои августи 1991 (ГКЧП), вай ва тарафдоронаш нақши вежаеро дар тазоҳурот ва гирдиҳамоиҳои Душанбе дар майдони Шаҳидон ифо карданд. Бо шиддат гирифтани даргириҳо, ҷиноятҳои суратгирифта дар ин кишвар тавассути “Фронти халқӣ”, ки заминасози суқути давлати мусолиҳаи миллӣ ва оғози ҷанги дохилиро фароҳам овард, Ҳоҷӣ Ҳалим низ аслиҳа дар даст гирифт ва ба саффи нерӯҳои муттаҳиди опозисиюн пайваст.

Аммо бо ба натиҷа расидани музокироти сулҳ миёни нерӯҳои муттаҳиди опозисиюн (ИНОТ) ва нерӯҳои таҳти фармони Эмомалӣ Раҳмон, ки давлати Тоҷикистон хонда мешуданд, ҳамзамон бо халъи силоҳи мухолифин ва идғоми бархе аз онҳо дар артиши миллии Тоҷикистон, Абдуҳалим Назарзода низ ба унвони яке аз фармондеҳони артиши кишвар фаъолияти худро идома медиҳад.

Албатта гуфта мешавад вай нақши басазоеро низ дар ба натиҷа расидани музокироти сулҳ миёни тарафайн ифо кард. Ба ҳар тартиб вай тавонист худро бо шароити ҷадид низ татбиқ дода ва дар чорчӯби ҷадид низ ба ҷойгоҳи қобили таваҷҷӯҳе даст ёбад.

Ҳоҷӣ Ҳалим аз соли 2005 то 2007 ба унвони муовини фармондеҳи нерӯҳои заминии Тоҷикистон фаъолият дошт ва дар ҳамон сол низ аз Окодемии улуми низомии федеросиюни Русия фориғуттаҳсил шуд.

Ҳоҷӣ Ҳалим дар соли 2009 низ таҳсилоти худро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба поён расонд.

Вай дар бозаи солҳои 2007 то 2014 дар бисёре аз дастгоҳҳои амниятӣ ва низомии Тоҷикистон фаъолият дошта ва дар ниҳоят дар январи соли 2014 ба унвони муовини вазири дифоъи ин кишвар мансуб мешавад. Ин ҷойгоҳ ба навъе поёнбахши фаъолиятҳои женерол Назарзода дар дастгоҳи давлатии Тоҷикистон буд.

* * *

Ривояти давлати Тоҷикистон аз ҳаводиси сентябри 2015

Рӯзи 4 сентябри соли 2015 нуқтаи оғози таҳаввулоти марбут ба Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода дар назар гирифта мешавад. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар мегӯянд, дар таърихи мазкур, женерол Назарзода ва нерӯҳои таҳти амраш бо ҳамла ба сохтмони Вазорати умури дохила дар пойтахт ва низ яке аз шӯъбаҳои он дар шаҳри Ваҳдат, дар талош барои сурат додани як кудето алайҳи давлат будаанд.

Дар ин ривоят гуфта мешавад, пас аз кушта шудани 9 нафар аз нерӯҳои низомӣ ва коркунони давлатӣ, женерол Назарзода ва нерӯҳои таҳти амраш ба дараи Ромит (минтақае дар 110 километрии шаҳри Душанбе) фирор карданд. Бо вуқӯъи ин амр, Эмомалӣ Раҳмон сареъан Назарзодаро аз симати худ дар муовинати Вазорати дифоъ азл карда ва вайро ба хиёнат муттаҳам кард.

Пас аз ин иттифоқот, нерӯҳои низомии давлати Тоҷикистон барои музокира бо женерол Назарзода ва нерӯҳои таҳти амраш барои таслим шудан, роҳии дараи Ромит шуданд. Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, пас аз он ки Ҳоҷӣ Ҳалим ва нерӯҳои таҳти амраш, ки дар миёни онҳо дигар фармондеҳони низомии тоҷик низ ба чашм мехӯрданд, ҳозир ба таслим дар муқобили нерӯҳои давлатӣ нашуданд, даргирӣ бо онҳо оғоз шуд.

Ин даргириҳо ҳудудан 10 рӯз ба тӯл анҷомид ва ду тараф талафотеро мутаҳаммил шуданд. Гуфта мешавад, дар ин даргириҳо шахси Ҳоҷӣ Ҳалим, сарҳанг Ҷунайдулло Умаров ва 10 нафар аз дигар нерӯҳои вай кушта шуданд. Дар тарафи муқобил низ илова бар фармондеҳи нерӯҳои махсуси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, шуморе аз дигар нерӯҳои низомии тоҷик низ кушта ва захмӣ шуданд. Дар ниҳоят 16 сентябр буд, ки тамоми ин қазияҳо ба поён расид.

* * *

Паёмадҳои сиёсӣ ва амниятии таҳаввулоти сентябри 2015

Албатта бояд ишора кард, ки иттифоқоти марбут ба женерол Назарзода аввалин ва танҳо иқдоми фармондеҳони низомии тоҷик алайҳи давлат набудааст. Пеш аз ин низ 4 фармондеҳи дигар дар нерӯҳои низомии Тоҷикистон аз сӯи давлат ба шӯриши низомӣ муттаҳам шуда буданд, аммо ваҷҳи тамоюзи вақойеъи марбут ба Ҳоҷӣ Ҳалим, паёмадҳои он дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон буд.

Пас аз ором шудани фазои амниятии кишвар ва фурӯкаш кардани шойеъот ва ахбори зидду нақиз дар иртибот бо Ҳоҷӣ Ҳалим ва поён ёфтани мавҷи аввали дастгириҳо дар миёни нерӯҳои низомӣ, чеҳраҳои сиёсӣ ва коркунони давлат, ки ҳар кадом ба наҳве бо женерол Назарзода дар иртибот будаанд, давлати Тоҷикистон ангушти иттиҳомро ба сӯи Ҳизби наҳзати исломӣ, муҳимтарин ҳизб ва ҷараёни сиёсии мухолиф, гирифт.

Давлати Эмомалӣ Раҳмон бо иддаои ин ки женерол Назарзода аз аъзои собиқи Ҳизби наҳзати исломӣ ва фармондеҳони низомӣ дар ҷанги шаҳрвандии даҳаи 1990 дар иттиҳоди нерӯҳои опозисиюн будааст, ҳизби мазкурро ба иртибот бо вай ва созмондиҳии кудето муттаҳам кард. Дар ҳамин росто, ба рағми такзиби ин мавзӯъ аз сӯи Ҳизби наҳзати исломӣ ва изҳори беиттилоӣ аз ин вақойеъ, додгоҳҳои Тоҷикистон бидуни таваҷҷӯҳ ба ин маворид, ҳукми мамнӯияти фаъолияти ин ҳизбро содир карданд. Дар натиҷа тамоми амволу дороиҳои ҳизб мусодира ва раҳбарон ва чеҳраҳои он дастгир шуданд.

Аммо дар буъди сиёсати хориҷӣ низ таҳаввулоти марбут ба Ҳоҷӣ Ҳалим таъсиргузор буд. Бештарин таъсироти ин қазияҳо низ дар иртибот бо Ҷумҳурии Исломии Эрон сурат мегирифт.

Давлати Тоҷикистон дар ҳамин замина Эронро муттаҳам ба ҳимоят аз нерӯҳои иттиҳоди опозисиюн дар даҳаи 1990 (ки Ҳоҷӣ Ҳалим низ дар он ҳузур дошт) карда ва аз ҳамин рӯ Теҳронро муттаҳам ба ҳимоят аз теруризм кард.

Иртибот бо Ҳизби наҳзати исломӣ ва ҳимоят аз он, дигар мавриде буд, ки давлати Тоҷикистон дар ин росто ба он ишора кард. Дар ҳамин росто мустанадҳои телевизиюнӣ ва ҷараёноти расонаии густурдае бо ҳимояти давлати Тоҷикистон ва бархе шарикони минтақаӣ дар ин кишвар алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба роҳ афтод, ки мӯҷиби ҳоким шудани сардии бесобиқае бар равобити ду кишвар шуд.

Ривоятҳои дигар аз таҳаввулоти сентябри 2015 ва қазияҳои марбут ба Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода ба зудӣ мунташир хоҳад шуд.

Идома дорад

Tasnimnews

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: