Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (323)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (66)

* * *

Қабул кардани халифа ҳадяро ва ато фармудан бо камоли бениёзӣ аз он ҳадя ва аз он сабӯ (2)

* * *

Кулли оламро сабӯ дон, эй писар!

К-ӯ бувад аз илму хубӣ то ба сар.

Эй писар! Ҳамаи ҷаҳонро ба масобаи як сабӯ бидон, ки сабӯ лабрез аст аз донишу некӣ.

Нукта: Дар ин ҷо ҷаҳонро ба сабӯе лабрез аммо кучаку маҳдуд ташбеҳ мекунад. Ин зебоие, ки дар ин кӯза аст, қатраест аз дарёи бекарони ҳастӣ. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.838)

Қатрае аз Даҷлаи хубии ӯст,

К-он намегунҷад зи пуррӣ зери пӯст.

Зебоиҳо ва некиҳое, ки дар ин ҷаҳон аст, қатраест аз Даҷлаи зебоӣ ва раҳмати Худованд. Он раҳмати илоҳӣ аз фарти фузунӣ ва касрат, дар ҳеч зарфе намегунҷад.

Ганҷ махфӣ буд, зи пуррӣ чок кард,

Хокро тобонтар аз афлок кард.

Ӯ ҳамонанди ганҷе ниҳон буд, ки аз шиддати фузунӣ ва пуррӣ, ҳастиро шикофт, ҳамин ҷаҳони хокиро дурахшонтар аз курраҳои нуронии осмон кард.

Нукта: Ин байт мустанад аст ба ҳадисе қудсӣ:

قال داود (ع): يا ربّ لماذا خلقت الخلق؟ قال: كنت كنزا مخفيا فأحببت أن أعرف فخلقت الخلق لكي أعرف

Довуди паёмбар (а) гуфт: парвардигоро! Аз баҳри чӣ офаринишро падид овардӣ? Фармуд: ман ганҷе ниҳон будам, дӯст доштам шинохта шавам, пас офаридам офаридагонро, то шинохта шавам.”

Сӯфия ғолибан бад-ин ҳадис истинод кардаанд ва ҳатто касоне — ҳамчун Ибни Ҳаҷар ва Заркашӣ – ки онро фоқиди санад медонанд, маънии онро саҳеҳ донистаанд.

Урафо бо истинод ба ин ҳадис, аркони баҳси таҷаллиёти ҳазрати Ҳақ ва маротиби зуҳури зоти ӯро дар мазоҳир дарафкандаанд. Онҳо маҷмӯаи оламро — аз воҷибу мумкин — ба панҷ мартиба ва ё панҷ ҳазрат тақсим кардаанд, ки онро “ҳазароти хамс” гӯянд, бад-ин қарор: лоҳут, ҷабарут, малакут, носут ва ҳазрати инсон, ки ҷомеъи ҳамаи маротибу ҳазарот аст. Ба ақидаи урафо, ҳамаи аҷзоъи олам, мазҳари исме аз асмоуллоҳ аст ва ҳақиқати инсон мазҳари ҷамиъи асмоъу сифоти ӯст. (Нақдун-нусус, с.21-22)

Мавлоно гӯяд: “Ҳақ Таъоло ин ниқобҳоро барои маслиҳат офаридааст, ки агар ҷамоли Ҳақ бе ниқоб рӯй намояд, мо тоқати онро надорем ва баҳраманд нашавем, ба воситаи ин ниқобҳо мададу манфиат мегирем. Ин офтобро мебинӣ, ки дар нури ӯ меравем ва мебинем ва некро аз бад тамйиз мекунем ва дар-ӯ гарм мешавем ва дарахтону боғҳо мусмир мешаванд ва меваҳои хому туршу талх дар ҳарорати ӯ пухтаву ширин мегардад, маъодини зару нуқра ва лаълу ёқут аз таъсири ӯ зоҳир мешавад. Агар ин офтоб, ки чандин манфиат медиҳад, ба васоит, агар наздиктар ояд, ҳеч манфиат надиҳад, балки ҷумла оламу халқон бисӯзанд ва намонанд. Ҳақ Таъоло чун бар кӯҳ ба ҳиҷоб таҷаллӣ мекунад, ӯ низ пурдарахту пургулу сабз ороста гардад. Ва чун бе ҳиҷоб таҷаллӣ мекунад, ӯро зеру забар ва зарра-зарра мегардонад.” (Фиҳӣ мо фиҳӣ, с.35-36)

Ганҷи махфӣ буд, зи пуррӣ ҷӯш кард,

Хокро султони атласпӯш кард.

Ҳазрати Ҳақ Таъоло ганҷе ниҳон буд, вале аз фарти авсофи камол, ҷӯшидан гирифт ва хоки бемиқдор (инсон)-ро подшоҳи пуршукӯҳ намуд.

В-ар бидидӣ шохе аз Даҷлай Худо,

Он сабӯро ӯ фано кардӣ, фано.

Он кас, ки сабӯи вуҷудаш аз оби илму маърифати ҷузъӣ пур аст, агар аз Даҷлаи камолу маърифати илоҳӣ шохае медид, мусалламан он шахс сабӯи вуҷудашро дарҳам мешикаст ва фонӣ мекард, зеро барои вуҷуди эътибории худ дар муқобили он вуҷуди ҳақиқӣ, арзише қоил намешуд. (Шарҳи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.839)

Шох: ҷӯйборе, ки аз рӯдхона ё наҳре бузург муншаъиб мешавад.

Он кӣ дидандаш, ҳамеша бехуданд,

Бехудона бар сабӯ санге заданд.

Онон, ки шохае аз Даҷлаи некии Худо дидаанд, ҳамеша масту бехешанд. Яъне ҳар ки шаммае аз ҷамоли илоҳиро бибӯяд, ошиқ мешавад. Ва аз рӯи бехешӣ, санги фақру риёзатро бар сабӯи “ман” мекӯфтанд ва онро мешикастанд. (Ҳамон манбаъ, ҷ.1, с.840)

Эй зи ғайрат бар сабӯ санге зада

В-он сабӯ з-ишкаст комилтар шуда.

Эй он, ки аз рӯи ғайрату ҳиммат санге бар сабӯи вуҷудат задаӣ! Ин сабӯ бар асари ин шикастагӣ комилтар низ шудааст. Яъне рафъи худбинӣ мӯҷиби камоли шахс аст.

Хум шикаста, об аз ӯ норехта,

Сад дурустӣ з-ин шикаст ангехта.

Хум, шикаста ва об аз он нарехтааст, ва бар асари ин шикастагӣ, он хум сад гуна дурустӣ ва камол ёфтааст.

Нукта: Ҳар гоҳ вуҷуди мавҳуму маҷозии шахс дар вуҷуди ҳақиқии ҳазрати вуҷуд фонӣ шавад, бақои ҳақиқӣ ҳосил мешавад. (Ҳамон манбаъ, ҷ.1, с.840)

Ҷузв-ҷузви хум ба рақс асту ба ҳол,

Ақли ҷузвиро намуда ин муҳол.

Ҷузъ-ҷузъи хум дар рақсу ҳол аст, вале ақли ҷузъӣ маҳол аст, ки ба ин ҳол бирасад.

Нукта: Ҳар гоҳ солик хуми вуҷудашро бишканад ва фонӣ шавад, ба оби маъно восил мегардад ва сабӯи руҳашро аз он оби пурмаъно пур месозад. Он вақт аст, ки ҳамаи аҷзоъи вуҷудаш аз шиддати завқ ба рақсу ҳол дармеоянд, вале касоне, ки дар марҳилаи ақли ҷузъии ҳисобгар мондаанд, наметавонанд ба ин ҳол даст ёзанд. (Ҳамон манбаъ, ҷ.1, с.840)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: