Перейти к содержимому

Фазои иҷтимоии шаҳр ин майдони колхоз нест

Меҳмоншоҳ Шарифов

Мегӯянд, Душанбе дорад Порис мешавад… Бошад, вале Порис пеш аз ҳама руҳи озодӣ, илм, санъат, фалсафа ва будани ҷомеаи шаҳрвандӣ ва орзуву умедҳои зинда шудаи мардум аст.

Оё Душанбе метавонад бошад? Ҳар шаҳр, ба хусус пойтахти мамлакатҳо, ҳувияти худро доранд ва ё дар раванди пайдо кардани ҳувият ва симои аслии худ ҳастанд.

Сохтмони пойтахт ин танҳо сохтмони шаҳр нест. Ин фазо ва ё муҳитест, ки танҳо бо пул, бо фармон ва бо сангу хишт ва ба хусус бо шиорҳо сохта намешавад.

Гузашта аз ин шаҳр — пойтахт танҳо барои як оила, як гурӯҳ, як маҳал ва ё як минтақа сохта намешавад. Ин фазоест, ки инсон, ҷомеа, давлат, миллат ва мамлакат сохта мешавад.

Пойтахт барои миллат ва худ симои миллат аст, ки таҷассуми истиқлол ва қудрати ӯст. Беҳуда дар таърих зиёд давлатҳоро бо номи пойтахтҳояшон ном намебурданд ва намебаранд. Мутассифона, қудрат ва истиқлол дар ин шаҳр ҳанӯз дар шиорҳо, дар воқеъияти гап, дар доираи арзишҳои музофотӣ, маризиҳои таърихӣ ва сарҳадҳои эпистемологии маҳдуд мондаанд…

Шояд ҷои Душанберо бо Ландан ва Порис муқоиса кардан набошад, зеро ҳар ду шаҳрҳое ҳастанд, ки садсолаҳо вуҷуд доранд ва дар таърихи миллатҳои худ ва ҷаҳон нақше доранд. Пойтахтҳои ҷаҳонианд на танҳо аз давлатҳои танҳо.

Вале як чиз қобили муқоиса ҳаст, ки Душанбе ҳам болотар аз як шаҳр аст ва он чи дар ин шаҳр мегузарад, дар тақдири имрӯз ва ояндаи мамлакат таъсиргузор аст. Масалан, дар яке аз кӯчаҳои марказии Ландан аз майдони Трафалгар то истгоҳи Викториё рамзҳои ғурур ва қудрати давраҳои истеъмориро хуб дидан ва ҳис кардан мумкин аст, ки аз гузаштаи империя қисса мекунанд ва имрӯз ҳам руҳи истиқлол дар пойтахт барқарор аст. Он ҷо руҳи вақт ва ҷараёни ҳаётро метавон дидан ва шинохтан, ки зиндагӣ ба куҷо равона аст. Ҳаёти мардум болотар аз ҳама гуна рамзҳо ва идеологияҳост. Имрӯз ҳатто малика ва шоҳзодаҳои Бритониё кӯшиши ба зиндагии мардуми оддӣ наздик буданро доранд ва худро ва тарзи зиндагии худро ба мардум равшантар нишон медиҳанд.

Дар Душанбе бо вуҷуди ин, ки рамзҳои миллӣ бузургтар аз рамзҳои Ландан сохта мешаванд ва ҳатто ба китоби Гиннес дохил шудаанд, ҳанӯз “империяи” як гурӯҳи хурдро мебинем, ки сармояи мардумро на барои миллат балки барои худ сарф мекунанд.

Агар дар Ландан ва дигар пойтахтҳо мардуми ашроф ва нухбагон кӯшиши ба мардум наздик шуданро дошта бошанд, дар Душанбе мардуми ба мансаб расида аз мардум бегона шудаанд ва дигар мардуми оддӣ аз зиндагии ин буржуозии хурд (petty bourgeoisie) ва каммағз хабар надоранд.

Ин танҳо мушкилии мошинҳои сиёҳшиша нест балки умуман зиндагии мардуми бо ном “боло” паси шишаҳои сиёҳ мондааст ва бештари онҳо ҳанӯз шаҳри нашудаанд. Шаҳрӣ, ки нашудаанд чӣ гуна пойтахт месозанд?! Ин қавм шоҳигарӣ доранд вале ҳукмронӣ надоранд Le Roi reigne mail il ne gouverne pas.

Гузашта аз ин, ҳаёти мардум паси шиорҳо ва дар сояи афсонаҳо фаромӯш шуда ва фарҳанги пасте болои фарҳанги миллӣ ва ҷаҳонӣ дорад ҳукмронӣ дорад.

На танҳо ҳаёти мардум, балки ҳаёти ниҳодҳо, донишгоҳҳо ва пажӯҳишгоҳҳо дар асорати фасод, маҳалчигӣ ва шиорҳост. Масалан, вақте аз кӯчаи марказӣ мегузарӣ, пеши донишгоҳҳо ва пажӯҳишгоҳҳоро, ки расмҳои бузурги президентро насб кардаанд. Воқеан донишгоҳҳои дунё ному рамзи ба худ хос доранд ва дар ягон ҷойи дунё ин “фантасмагорияи намоишӣ” (spectacular phantasmagoria) дида намешавад, ки президенти мамлакатро дар пешгоҳ ва инчунин дар ҳама бинову хонаҳои донишгоҳҳо насб карда бошанд.

Ин пеш аз ҳама таҳқири шахсияти президент аст. Барои мардуми дунё, ки аз ин кӯчаи марказии шаҳр — пойтахт зиёд мегузаранд, магар ин кор аҷиб нест? Насб кардани ин суратҳо оё нишони садоқат аст ва сурат чӣ қадар бузург бошад садоқат ҳамон қадар бузургтар аст?

Албатта не, садоқат бояд, ки дар кор бошад ва ниҳодҳо, донишгоҳҳо ва пажӯҳишгоҳҳо бояд дар сатҳу сифати ҷаҳонӣ ба истеҳсоли илм, дониш ва мутахассис машғул бошанд.

Имрӯз, ки Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, ки бо расмҳои президент ва хусаи товусҳо оро дода шуда дар сатҳи Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон ба номи Ленини солҳои Шӯравӣ нест.

Ин ки биноҳои нав сохта мешаванд, гулгаштҳо таъмир ва нав мешаванд, сабзаҳои кӯҳнаро канда сабзаи нав мешинонанд ё гулҳоро бо санг ва сангро бо гул иваз мекунанд, нишонаи сохтани пойтахт нест, балки то ҷое шаҳр сохта мешавад на пойтахт.

Имрӯз агар фурсате ҳаст, дар якҷояги бо сохтани шаҳр бояд сохтани пойтахт ҳам амалӣ шавад. Дар ин раванд мебояд:

Дар пойтахт пеш аз ҳама ҳукумат, ниҳодҳои ҳукуматӣ ва иҷтимоӣ, вазоратхонаҳо, ниҳодҳои илмӣ – таҳқиқотӣ, ниҳодҳои қудратӣ, донишгоҳҳо ва дигар ниҳодҳои сатҳи ҷумҳурӣ аз фасод, маҳалчигӣ ва аз бозичаи идеологии будан халос карда шаванд ва бунёди кори онҳо болои шоистасолорӣ гузошта шавад. Ин ниҳодҳоро дастгирӣ бояд кард, ки зарфияти корӣ дошта бошанд ва ба онҳо озодии амал ё мухторият бояд дод, то тавонанд кори худро дар пойтахт ва дар ҳама гӯшаҳои мамлакат ба сомон расонанд.

Ин кор асли ҷомеаи демукросист ва президенти мамлакатро ҳам аз заҳмати сафарҳои зиёд ба маҳаллҳо ба хотири “буридани лента” халос мекард. Мақсад президент дар ҷои кории худ бошад, вале ҳаракати созанда дар ҳама ҷо, дар ҳама нуқтаҳои Тоҷикистон вуҷуд дошта бошад. Бо будани технологияи имрӯз дар бораи “ноҳияҳои дурдаст” ҳарф задан ба ақл рост намеояд. Корро дар як мамлакат аслан ниҳодҳои соҳибихтиёр, бозарфият ва ба илму таҷруба такякунандаи дар пойтахт ҷойгиршуда ҳал мекунанд.

Пойтахт ин ташкили шароит барои будани фазои иҷтимоист, ки дар он арзишҳо, назарияҳо ва умуман гуфтугӯҳои ақлонӣ, динӣ, ҳунарӣ ва сиёсӣ бо ҳам омехтаанд ва ин ҳаракат шароит ва фазои гуфтугӯи солимро байни Гузашта, Имрӯз ва Оянда ба вуҷуд меорад.

Фазои иҷтимоӣ ин ҷои ба ҳам омадан, баҳс кардан, мушкилиҳои худро баррасӣ кардан аст.

Ин ҷоест, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ шакл мегирад ва инсонҳо ҳамчун махлуқи иҷтимоӣ ташаккул меёбанд.

Мутассифона, бо будани донишгоҳҳо, пажӯҳишгоҳҳо, ниҳодҳои илми таҳқиқотӣ, масҷидҳо, боғҳо ва гулгаштҳо, ки ҷои ташкили гуфту шуниданд, аз як тараф зери фишори шиору идеологияҳои холӣ, ва аз тарафи дигар зери таъсири диктатураи фикру фарҳанги ом қудрати шинохт ва таҳлили мардум кунд шудааст.

Ба мардум имкони фикр кардан ва интихоб бояд дод ва радиоҳо ва баландгӯякҳоро аз гулгаштҳо бояд бардошт ва ҳар ки суруди “пистамазор мерам” ё “зулфота шабушкзадай” — ро дӯст медорад дар хона ё дар гӯшии худ бо садои паст гӯш кунад. Фазои иҷтимоии шаҳр ин майдони колхоз нест.

Шаҳр ба хусус шаҳр – пойтахт фазои кашфҳо, ихтироъ ва эҷоди маъниҳои нав аст. Ин будани фазои маънавӣ – фарҳангӣ ва шахсиятҳост, ки таҷассуми фарҳанги миллӣ ва ҷаҳонианд, ки будани миллат ва давлатро дар ҳастии онҳо ва дар кори онҳо метавон дидан ва ҳис кардан.

Бале, пойтахт ин танҳо барои гузаштагон ҳайкал гузоштан нест, балки ташкили муҳит ва шароитест, ки Рӯдакиҳо, Айниҳо, Қаноат, Шакуриҳо, Масовҳо ва Лоиқҳои нав сабз шаванд.

Пойтахтро бо будани Ҳошим Гадо, Гулрухсор, Тӯраҷонзода, Акбари Турсон, Барзу, Сафар Абдуллоҳ, Баҳманёр, Сиёвуш, Исфандиёр, Сафарбеки Солеҳ, Зайд Саид ва садҳо дигарон ва фаъолияти онҳо, ки имрӯз дар ҳошия мондаанд метавон шинохт.

Фарҳанг, идеяҳо, арзишҳо ва ормонҳо дар ин муҳит, дар ин марказ тавлид мешаванд, асар мешаванд, китоб мешаванд ва аз ин ҷо ба ҳама гӯшаҳои мамлакат паҳн мегарданд.

Ин муҳитест, ки фарҳанги имрӯзаи ҷаҳониро метавонад рӯ ба рӯ шудан, гуфтугӯ кардан, тарҷума ва тафсир кардан. Бешак ҳаёти мардони эҷодкор чизест, ки пойтахтҳо ва миллатҳоро ҷовидона мегардонад.

Душанбе ҳарчанд, ки бо рамзу ҳайкалҳои гузашта оро дода шудааст, махсус бо ҳайкалҳои Шоҳ Исмоил ва Рӯдакӣ, ҳанӯз ҳам пойтахти Ленин ва Айниву Турсунзода аст. Шоҳ Исмоил ва Рӯдакӣ Бухоро доштанд, Шоҳтемур, Ғафуров, Расулов, Айнӣ ва Турсунзода коре карда буданд ва ҳамин Душанберо ҳамчун пойтахт доштанд.

Имрӯз ҳанӯз пойтахте, ки ҷавобгӯи забон, санъат, илм, дониш, ҷаҳонбинии вақт бошад надорем. Ҳанӯз пойтахт надорем. Ҳувияти шаклгирифтаи шаҳрро танҳо бо кандани биноҳо, меъмориҳо, муҷассамаҳо ва рамзҳои кӯҳна наметавон аз байн бурд. Ин ҳувият дар вуҷуди чанд насл аст ва онҳо дар ҷаҳон парокандаанд.

Ин ҷо танҳо масъалаи санъати меъморӣ ва муҷассамаҳо нест, балки масъалаи ҷаҳонбинӣ, идеология ва ҷаҳонсозист. Ин масъалаи доштани ҳастии сиёсӣ, ба сатҳи нави сифати бардоштани ҳаёти мардум, таъмири таркибҳои шикасти ҷомеа ва ба ҳаракати созанда табдил додани фарҳанг аст, ки мутассифона, ҳанӯз ҳам амалӣ нашуданианд.

Манбаъ: Фейсбук

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: