Перейти к содержимому

Роҳандозии сомонаи иттилоърасонии Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон, ки ахиран аз сӯи шуморе аз шаҳрвандони тоҷикистонӣ дар хориҷ аз кишвар таъсис шудааст, сомонаи иттилоърасонии худро роҳандозӣ кард.

Вайсиддин Одинаев, сухангӯи ин ниҳоди шаҳрвандӣ, бо эълони ин хабар дар сафҳаи худ дар Фейсбук, навиштааст, Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗТ) тамоми саъю талоши худро ба харҷ хоҳад дод, то мардум ва ҷомеаи Тоҷикистонро бо вазъи зиндониёни сиёсӣ, шиканҷашудаҳо ва низ гаравгонони сиёсӣ огоҳ созад.

Ҳамчунин Муҳаммадиқболи Садруддин, яке аз фаъолони ин ниҳоди шаҳрвандӣ, дар гузорише, ки дар сойти “Ислоҳ” оварда, навиштааст: “Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон сараввал ҳамчун як дафтари дифоъ аз ҳуқуқи кӯдакони асири сиёсӣ, бо ибтикори чанде аз фаолони сиёсии тоҷик санаи 20 июли соли 2018 дар шаҳри Варшави Лаҳистон таъсис ёфта буд. Баъдан, аввали моҳи августи соли 2018 дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ эълон шуд, ки ин дафтар ба Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон ивази ном карда, фаолияти худро густурдатар ба роҳ мондааст. Айни ҳол, фаъоли сиёсии тоҷик Абдусаттор Бобоев роҳбарии ин кумитаро ба дӯш дорад ва Вайсиддин Одинаев сухангӯи ин созмони навташкил мебошад.”

Ӯ дар ин гузориш афзуда: “Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон дар ин муддати фаъолияти камтар аз семоҳааш, чанд баёнияву изҳорот пахш намуда, пикету флешмобҳо ва тазоҳуротҳои густардаро қариб дар 30 кишвари ҷаҳон барпо намудааст. Илова бар ин, Кумита ба муносибати Рӯзи маҳбусони сиёсӣ маҷаллае зери унвони “Тоҷикистон: қурбониёни таъқиби сиёсӣ” ба нашр расонид.”

Нишонии ин сомона: https://zindoniyon.com/

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: