Перейти к содержимому

Ислом ва талаботи замона (1)

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Муқаддима

Барои равшанфикрони мусалмон дар асри мо, ки аз назари кайфият зубдатарини табақоти иҷтимоӣ мебошанд ва аз назари камийят хушбахтона қишри қобили таваҷҷӯҳе ба шумор мераванд, муҳимтарин масъалаи иҷтимоӣ, “ислом ва муқтазаёти замон (талаботи замона)” аст.

Ду зарурати фаврӣ, масъулияте сангин ва рисолате душвор бар дӯши ин табақа мегузорад: яке, зарурати шинохти саҳеҳи исломи воқеӣ ба унвони як фалсафаи иҷтимоӣ ва як идеулужии илоҳӣ ва як дастгоҳи созандаи фикрӣ ва эътиқодии ҳамаҷониба ва саодатбахш. Ва дигар, зарурати шинохти шароит ва муқтазаёти замон (талаботи замона) ва тафкики воқеятҳои ношӣ аз такомули илму санъат аз падидаҳои инҳирофӣ ва омилҳои фасоду суқут.

Барои як киштӣ, ки мехоҳад уқёнусҳоро тай кунад ва аз қоррае ба қорраи дигар биравад, вуҷуди қутбнамо барои ҷиҳатёбӣ ва ҳам лангари муҳкам барои маҳфуз мондан ва ғарқ нашудан ва зери по гузоштани ҷазру маддҳо зарурӣ аст, ҳамчунон ки шинохти вазъу мавқеияти ҷуғрофиёии дарё дар ҳар лаҳза амре ҳатмӣ аст. Мо бояд аз тарафе, исломро ба унвони як роҳнамои сафар ва як лангари муҳкам ва нигаҳдоранда аз ғарқ шудан дар ҷазру маддҳо, ва ҳам шароити хосси замонро ба унвони манотиқу манозили байни роҳ, ки бояд мураттабан ба онҳо расиду гузашт, комилан бишносем, то битавонем дар уқёнуси муталотими зиндагӣ, ба сарманзили мақсуд бирасем.

Аз назари гурӯҳи номбурда, дар ин ҷо мушкили лоянҳалле вуҷуд надорад. Фақат ошно набудан бо ҳақоиқи ислом ва ё тамйиз надодан миёни омилҳои тавсиъа ва пешравии замон ва миёни ҷараёнҳо ва падидаҳои инҳирофӣ, ки лозимаи табиати башарӣ аст, мумкин аст масъаларо ба сурати муаммо ҷилва диҳад.

Вале афрод ва табақоте ҳастанд, ки ин масъаларо воқеан ба сурати як муаммои лоянҳал ва ба сурати як тазодди оштинопазир менигаранд ва мӯътақиданд “ислом” ва “муқтазаёти замон” (талаботи замона) ду падидаи ғайримутавофиқ ва носозгоранд ва аз ин ду ҳатман якеро бояд интихоб кард: ё бояд ба ислом ва таълимоти исломӣ гардан ниҳод ва аз ҳар гуна навҷӯӣ ва навгароӣ парҳез кард ва замонро аз ҳаракат боздошт, ва ё бояд таслими муқтазаёти (талаботи) тағйирёбандаи замон шуд ва исломро ба унвони падидае мутаъаллиқ ба гузашта, ба бойгонии таърих супурд. Рӯи сухан дар ин мақола бо ин гуна афрод аст.

Истидлоли ин гурӯҳ ин аст, ки ислом ба ҳукми ин ки дин аст — ба вежа, ки дини хотам аст ва дастуроташ ҷанбаи ҷовидонагӣ дорад ва бояд ҳамон тавр, ки рӯзи аввал буда барои ҳамеша боқӣ бимонад — як падидаи собит ва лоятағайяр аст. Ва аммо замон дар табъи худ мутағайир аст. Табиати замон иқтизои дигаргунӣ дорад ва ҳар рӯз авзоъу аҳволу шароити ҷадиде халқ мекунад муғойир бо шароити пешин. Чӣ гуна мумкин аст чизе, ки дар зоти худ собит ва лоятағайяр аст, бо чизе, ки дар зоти хеш мутағайиру сайёл аст, тавофуқ ва ҳамоҳангӣ дошта бошанд? Оё мумкин аст тирҳои барқу телефон, ки дар минтақаи муайяне дар канори ҷодаҳо насб мешаванд, бо мошинҳое, ки мураттабан аз ҷодаҳо убур мекунанд ва дар ду лаҳза дар як нуқта нестанд, тавофуқ ва ҳамоҳангӣ дошта бошанд? Оё мумкин аст ҷомае, ки барои як кӯдаки 2-сола дӯхта мешавад, то 20-солагии ӯ мавриди истифода қарор гирад, дар ҳоле, ки ҷома дар тӯли 20 сол ҳамон аст, ки буда ва тани кӯдак моҳ ба моҳ ва сол ба сол рушд мекунад ва бар абъодаш афзуда мегардад?

Бояд эътироф кард, ки мушкил аст ва ироаи роҳи ҳалли саҳеҳи он чандон осон нест. Ин мушкил одамиро ба ёди мушкиле меандозад, ки фалосифаи илоҳӣ таҳти унвони “рабти мутағайир ба собит” ва “рабти ҳодис ба қадим” тарҳ карда ва роҳи ҳалли онро ироа кардаанд. Мушкили фалосифа аз он ҷо пайдо мешавад, ки иллати мутағайир бояд мутағайир ва иллати собит бояд собит бошад ва ҳамчунин иллати ҳодис бояд ҳодис ва иллати қадим бояд қадим бошад, пас чӣ гуна аст, ки ҳамаи мутағайирҳо ва ҳодисҳои ҷаҳон дар ниҳояти амр ба як иллати азалии ғайриқобили тағйир мунтаҳӣ мегардад? Фалосифа “робите” кашф кардаанд, ки аз виҷҳае собит ва азалӣ аст ва аз виҷҳае мутағайир ва ҳодис, ва мӯътақиданд, ки ӯст пайванддиҳандаи мутағайирҳо ва ҳодисҳо ба зоти қадиму комили азалӣ.

Ин ҷо табъан ин пурсиш дар зеҳн матраҳ мешавад, ки оё дар масъалаи “ислом ва муқтазаёти замон” низ, ки як масъалаи иҷтимоӣ аст, пойи як “робит” дар миён аст? Агар чунин аст, он робит чист ва аз чӣ мақулае аст?

Ҳақиқат ин аст, ки дар истидлоли фавқ дар бораи адами имкони тавофуқ миёни ислом ва муқтазаёти замон, навъе муғолата ба кор рафтааст, ҳам дар ноҳияи ислом ва ҳам дар ноҳияи муқтазаёти замон.

Аммо аз ноҳияи ислом аз он назар, ки ҷовидонагии қонунҳои ислом ва насхнопазирии он, ки амре қатъӣ ва аз заруриёти ислом аст, бо қобилияти инъитоф, ки амрест марбут ба системи қонунгузории ислом ва худи ислом худ ба худ бо механизми махсус, ки аз мухтассоти системи қонунгузории ислом аст ба вуҷуд меоварад, яке фарз шудааст ва ҳол ин ки ин ду то комилан аз якдигар ҷудо ҳастанд. Қудрати шигарфи ҷавобгӯии фиқҳи исломӣ ба масоили ҷадиди ҳар даврае, нуктае аст, ки эъҷоби ҷаҳониёнро барангехтааст. Танҳо дар замони мо масоили ҷадид рух нанамудааст; аз оғози тулӯъи ислом то қарни ҳафтуму ҳаштум (қарнҳои 12 ва 13 мелодӣ), ки тамаддуни исломӣ дар ҳоли тавсиъа буд ва ҳар рӯз масоили ҷадид халқ мекард, фиқҳи исломӣ бидуни истимдод аз ҳеч манбаъи дигар вазифаи хешро анҷом додааст. Дар қарнҳои ахир бетаваҷҷӯҳии масъулони умури исломӣ аз як тараф ва даҳшатзадагӣ дар муқобили ғарб аз тарафи дигар, мӯҷиб шуд, ки ин таваҳҳум пеш ояд, ки қонунҳои исломӣ барои асри ҷадид норасост.

Аммо аз ноҳияи муқтазаёти замон (талаботи замона): муғолатае, ки аз ин ноҳия ба кор рафта аз он ҷиҳат аст, ки чунин фарз шуда, ки хоссияти замон ин аст, ки ҳама чиз ҳатто ҳақоиқи ҷаҳонро низ фарсуда ва кӯҳна намояд ва ҳол он ки он чи дар замон кӯҳна ва нав мешавад, модда ва таркиботи моддӣ аст. Як сохтмон, як гиёҳ, як ҳайвон, як инсон маҳкум ба кӯҳнагӣ ва завол аст, аммо ҳақоиқи ҷаҳон собит ва лоятағайяр аст. Оё ҷадвали Фисоғурес (Пифагор) ба ҳукми ин ки беш аз ду ҳазор сол аз умраш мегузарад, кӯҳна шудааст? Оё гуфтаи Саъдӣ: “Банӣ Одам аъзои як пайкаранд” чун ҳафтсад сол аз умраш мегузарад, мансух ва ғайриқобили амал аст? Оё ба далели ин ки адолат, мурувват, вафо ва некӣ чандин ҳазор сол аст, ки даҳон ба даҳон мегардад, мундарас шудааст? Балки гуфтани ин ки ҷадвали Фисоғурес умри чандҳазорсола дорад ва гуфтаи Саъдӣ умри ҳафтсадсола, ғалат аст. Муҳтавои ҷадвали Фисоғурес ва шеъри Саъдӣ ҳақоиқи азалӣ ва абадӣ мебошанд ва онон бозгӯкунандаи он ҳақоиқанду бас.

Мегӯянд, қонунҳои асри барқу ҳавопаймо наметавонад айнан ҳамон қонунҳои асри чароғи нафтӣ ва асбу қотиру улоғ бошад. Ҷавоб ин аст, ки шак нест, ки дар асри барқу ҳавопаймо масоили ҷадиде рух менамояд, ки бояд посухи худашро бозёбад, вале ҳеч зарурате эҷоб намекунад, ки илзоман чун барқ ба ҷои чароғи нафтӣ ва ҳавопаймо ба ҷои улоғ омадааст, бояд масоили ҳуқуқии марбут ба инҳо аз қабили хариду фурӯш ва ғасбу замон (замонат) ва ваколату раҳн ҳам яксара тағйир кунад. Ва ё чун волидайну фаразандону завҷайни асрҳои гузашта улоғсавор будаанд ва падарону модарону фаразандон ва шавҳарону занони асри мо ҳавопаймосаворанд, пас илзоман бояд ҳуқуқи волидайн бар авлод ва ҳуқуқи авлод бар волидайн ва ҳуқуқи завҷайн бар якдигар, дар асри мо ба куллӣ дигаргун шавад.

Ислом роҳ аст, на манзил ва таваққуфгоҳ. Худи ислом аз худ ба унвони роҳ (сироти мустақим) ёд мекунад. Ғалат аст, ки бигӯем чун манзилҳо иваз шавад, роҳ ҳам бояд иваз шавад. Дар ҳар ҳаракати муназзам ду унсури асосӣ вуҷуд дорад: унсури тағйири мавозеъ, ки пай дар пай сурат мегирад, ва унсури саботи роҳ ва мадори ҳаракат.

Сониян, оё танҳо ислом аст, ки ба унвони як идеулужӣ ва як фалсафаи иҷтимоӣ ва як роҳнамои сафар ва ҳаракату такомул муддаии ҷовидонагӣ аст? Оё мактабҳои иҷтимоии дигар, ки худ беш аз ҳама санги асли тағйирро ба сина мезананд ва ҳар падидаеро нопойдор медонанд, худи он мактабро низ мутағайир ва нопойдор медонанд? Медонем, ки ҷаҳонбинии морксизм бар асли тағйир ва адами саботи табиат бино шудааст, вале ҳаргиз морксистҳои асил, морксизмро ба унвони падидае кӯҳна ва мутаъаллиқ ба қарни гузашта талаққӣ намекунанд; ҳаргиз намегӯянд, ба далели ин ки шахси Корл Моркс даврони ҷавониро пушти сар гузошт, пир шуд ва сипас мурд, морксизм ҳам маҳкум ба пирӣ ва марг аст. Баръакс, аз морксизм ба унвони усуле пӯлодин ва халалнопазир ёд мекунанд. Ленин дар бораи морксизм мегӯяд:

Шумо наметавонед ҳатто яке аз фарзиёти асосӣ ё як ҷузъи зотӣ аз фалсафаи морксизмро ҳазф кунед бидуни он ки тарки ҳақиқати воқеӣ карда бошед ва бидуни он ки дар оғӯши дурӯғҳои иртиҷоиюни буржуо қарор гирифта бошед. Моркс монанди як қитъаи муҳками пӯлод аст.” (Беъсат ва идеулужӣ, сафҳаи 42, ба нақл аз китоби “Моддият ва интиқоди таҷрибӣ”)

Чаро? Оё истисное дар ҷаҳон рух додааст? Ё хайр, морксизм аз он ҷиҳат ин иддаоро дорад, ки як фалсафа аст, на як падида, ва ба илова фалсафае аст, ки ба ҳасби иддаои худ, қонунҳои воқеии зиндагии башарро шинохтааст.

Бадеҳӣ аст, ки морксизм наметавонад ин иддаоро дар инҳисори худ қарор диҳад. Ҳар фалсафаи иҷтимоӣ метавонад ин иддаоро изҳор кунад ва далели худро ироа диҳад. Ҳеҷ мактаби иҷтимоиро ба далели шиноснома ва таърихи таваллуд наметавон маҳкум ба заволу фано донист.

Аз ин рӯ, мо агар бихоҳем дар бораи ислом ва муқтазаёти замон қазоват кунем, танҳо роҳ ин аст, ки бо маорифи исломӣ ошно шавем ва руҳи қонунҳои исломиро дарк кунем ва системи хосси қонунгузории исломиро бишносем, то равшан шавад, ки оё ислом ранги як қарни муайян ва асри мушаххас дорад ва ё аз мофавқи қарнҳо ва асрҳо вазифаи раҳбарӣ ва ҳидоят ва савқ додани башарро ба сӯи такомул бар ӯҳда гирифтааст?

Албатта, таваҷҷӯҳ дорем, ки назарияе дар бораи таърих вуҷуд дорад, ки метавонем онро “моддияти таърих” биномем. Яъне ин ки таърих аз назари моҳият, як мавҷуди сад дар сад моддӣ аст, нерӯе, ки мотори таърихро ба ҳаракат меоварад, равобити иқтисодии ҷомеаи башарӣ аст ва соири шуъуни ҳаётӣ — аъам аз фарҳангӣ ва динӣ ва қазоӣ ва ахлоқӣ — тобеъҳои мутағайире аст аз равобити иқтисодӣ, ва рӯсозиҳое аст бар рӯи ин зерсозиҳо. Ва табъан бо дигаргунии равобити тавлидӣ ва иқтисодӣ, ҳамаи шуъуни зиндагӣ дигаргун мегардад. Агар ин назария дуруст бошад, ҷабран ва илзоман бо такомули абзори тавлидӣ ва равобити иқтисодӣ ҳама чиз бояд тағйир кунад.

Акнун маҷоли нақди ин назария — ки ниёзманд ба тафсили зиёдтаре аст — нест. Ҳамин қадр мегӯем, ин назария натавонистааст тавҷеҳи дурусте аз таърих биёбад ва ҳам натавониста таъйиде аз соҳибназарони мустақиллулфикр ва ғайримуқаллид ба даст оварад. Таърих, сохтаи инсон ва равобити инсонҳост.

Дар инсон ва дар равобити инсонӣ, аносури пойдори зиёде вуҷуд дорад, ки саботу бақои худро алорағми тағйироти равобити иқтисодӣ, ҳифз кардааст.

Акнун навбати он аст, ки дар мухтассоти системи қонунгузории ислом баҳсе ба амал оварем; ҳамон мухтассоте, ки сабаб шуда бидуни он ки иҷоза бидиҳад насху табдил дар асли қонунҳои ислом рух диҳад ва бидуни он ки бигузорад кучактарин осебе ба ҷовидонагии он бирасад, онро нарм ва қобили инъитоф ва интибоқ бо суратҳои мутағайири зиндагӣ сохтааст.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: