Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (324)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (67)

* * *

Қабул кардани халифа ҳадяро ва ато фармудан бо камоли бениёзӣ аз он ҳадя ва аз он сабӯ (3)

* * *

На сабӯ пайдо дар ин ҳолат, на об,

Хуш бибин, “валлоҳу аълам бис-савоб”.

Дар ҳолати фано, на сабӯ пайдост ва на об. Гавҳару ҳақиқати ин суханонро хуш бингар, ки Худо ба дурустӣ ва ростӣ донотар аст.

Нукта: Фано ба маънии заволи мутлақ нест, балки муқаддимаи бақо ва ҳастии ҷовидон аст.

Чун дари маънӣ занӣ, бозат кунанд,

Парри фикрат зан, ки шаҳбозат кунанд.

Агар дари маъниро бизанӣ, он дарро ба рӯят бигушоянд. Болу пари андешаатро ба кор гир, то шоҳбози аршнишинат кунанд.

Нукта: Инсон бо пару боли ҳиммату фикрат, ба авҷи осмони маъно парвоз мекунад ва аз олами шаклу суратҳо дармегузарад ва шоҳбози баландпарвози олами маъно мешавад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.841)

Парри фикрат шуд гилолуду гарон,

З-он ки гилхорӣ, туро гил шуд чу нон.

Пару боли андешаву ақли ту ба гили дунё оғушта шуд ва сангин гардид ва аз парвоз фурӯ монд. Зеро ки гилхорӣ барои ту, ба масобаи нонхорӣ шудааст.

Нукта: “Гилхорӣ” навъе беморӣ буда, ки бемор майли фаровоне ба хӯрдани гилҳо дошт. Гил дар ин ҷо тамсили нафсониёт аст. (Ҳамон манбаъ, ҷ.1, с.841)

Нон гил асту гӯшт, камтар хӯр аз ин,

То намонӣ ҳамчу гил андар замин.

Асли нону гӯшт гил аст, аз ин чизҳо камтар бихӯр, то монанди гил дар замин намонӣ.

Чун гурусна мешавӣ, саг мешавӣ,

Тунду бадпайванду бадраг мешавӣ.

Ҳар гоҳ гурусна шавӣ, мисли саг бадхӯву хашмгин хоҳӣ шуд.

Бадпайванд: бадрафтор. Бадраг: носозгор, хашмгин.

Чун шудӣ ту сер, мурдоре шудӣ,

Бехабар, бепо, чу деворе шудӣ.

Ва чун шикамат сер шавад, монанди мурдор хоҳӣ шуд ва ҳамчун девор фоқиди шуъуру сабот хоҳӣ гардид.

Бепо: маҷозан бемағз, бесабот.

Нукта: Барои ҳамин аст, ки анбиёву авлиё суфориш кардаанд, ки шикамро набояд анбошта сохт ва набояд ҳарисона бар таъом юриш овард ва бемулоҳиза хӯрд. Дар китобҳои ирфонӣ ва ахлоқӣ, фасли муфассале дар наҳй аз шикамборагӣ ва пурхӯрӣ омадааст ва муқаррар доштаанд, ки бояд инсон ҳамеша ҳолати эътидолро риоят кунад, на гуруснагии муфрит бикашад ва на ба шикамборагӣ дучор ояд. (Руҷӯъ шавад ба: Кимиёи саодат, ҷ.2, с.37 ба баъд.)

Пас даме мурдору дигар дам сагӣ,

Чун кунӣ дар роҳи шерон хуштагӣ?

Ҳол, ки ту лаҳзае саги тундхӯ ҳастӣ ва даме мурдор, бо ин ҳол чӣ гуна метавонӣ дар тариқи шерони тариқат хуш бидавӣ?

Хуштагӣ: хуб давидан.

Нукта: Пас ту, ки даме мурдорӣ ва даме ҳор, чӣ гуна метавонӣ худро ҳамрадифи авлиёуллоҳ ба шумор оварӣ? (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.842)

Олати ишкори худ ҷуз саг мадон,

Камтарак андоз сагро устухон.

Василаи шикори ту, чизе ҷуз саг нест. Ҳол, ки чунин аст, сагро камтар устухон бидеҳ.

Нукта: Нафси аммора ба масобаи саге аст, ки бояд тӯъмаи дунёро дар ҳадди зарурат барои ақл, сайд кунад ва бояд ҳамеша таҳти муроқибату назорати ақл бошад, то мабод, ки саркашӣ намояд. (Ҳамон манбаъ, ҷ.1, с.842)

З-он ки саг чун сер шуд, саркаш шавад,

Кай сӯйи сайду шикори х(в)аш давад?

Зеро вақте ки саг сер шавад, саркаш мешавад ва дигар барои шикор такопӯ намекунад.

Нукта: Дар Қуръони Карим ба мӯъминон суфориш шудааст, ки дар хӯрдан бояд ҳадди эътидолро муроъот кунанд:

وَكُلُوا وَاشْرَبُوا وَلَا تُسْرِفُوا

Бихӯред ва биёшомед ва исроф накунед!..” (Сураи Аъроф, ояти 31)

Он арабро бенавоӣ мекашид,

То бад-он даргоҳу он давлат расид.

Чунонки он аъробиро ниёзу эҳтиёҷ ба он даргоҳи ҷалолатмаоб ва он давлату иқбол кашонид.

Нукта: Агар солик ҷомаи фақр напӯшад ва кулоҳи масканат бар сар наниҳад, ҳаргиз ба давлату ҳишмати авлиёуллоҳ нахоҳад расид. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.842)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: