Перейти к содержимому

Ислом ва талаботи замона (2)

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Иллати тағйири талаботи замона

إِنَّا عَرَضْنَا الْأَمَانَةَ عَلَى السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَالْجِبَالِ فَأَبَيْنَ أَن يَحْمِلْنَهَا وَأَشْفَقْنَ مِنْهَا وَحَمَلَهَا الْإِنسَانُ إِنَّهُ كَانَ ظَلُومًا جَهُولًا

Мо амонат (-и илоҳӣ ва бори таклиф)-ро бар осмонҳо ва замин ва кӯҳҳо арза кардем, пас, аз бардоштани он сар боз заданд ва аз он ҳароснок шуданд, (вале) инсон онро бардошт. Ба ростӣ ӯ ситамгаре нодон буд.” (Сураи Азоб, ояти 72)

Ин ояти шарифаи Қуръон, ки тиловат шуд, аз оятҳои бисёр пурмаънии Қуръони Карим аст. Ин ки арз мекунам пурмаънӣ аст, бо ин ки ҳамаи оятҳои Қуръон пурмаънӣ мебошад, аз ин назар аст, ки баъзе аз оятҳои Қуръон ба шакле матлабро арза медорад, ки мардумро водор ба тафаккуру таъаммуқ мекунад.

Қуръони Карим зиёд ба тафаккур даъват мекунад, ё ба таври мустақим ва ё ғайримустақим. Даъватҳои мустақими Қуръони Карим ба тафаккур, ҳамон оятҳое аст, ки расман мавзӯи тафаккурро унвон кардааст, бефикриро мазаммату маломат кардааст:

إِنَّ شَرَّ الدَّوَابِّ عِندَ اللّهِ الصُّمُّ الْبُكْمُ الَّذِينَ لاَ يَعْقِلُونَ

Қатъан бадтарини ҷунбандагон назди Худо, карону лолоне ҳастанд, ки ақли худро ба кор намеандозанд.” (Сураи Анфол, ояти 22)

Бадтарин ҷунбандагон дар назари Худо кадоманд? Оё онҳое ҳастанд, ки мо онҳоро наҷисулайн мехонем? Ё бадтарини ҳайвонот онҳое ҳастанд, ки зарбулмасали кавданӣ ҳастанд?

На, бадтарини ҷунбандагон дар назари Худо ва бо миқёси ҳақиқат, иборат аст аз инсонҳое, ки гӯш доранду каранд, забон доранду гунгу лоланд, қувваи ақлу тамйиз ба онҳо дода шудааст, вале онро ба кор намеандозанд ва фикр намекунанд. Назири ин оят, ки даъват ба таъаққул шудааст, дар Қуръон зиёд аст.

Як силсила оятҳое дорем, ки ғайримустақим мардумро ба таъаққул даъват кардааст. Онҳо ҳам чанд дастаанд ва намехоҳем ҳамаи онҳоро арз кунем, чун аз матлабе, ки дар назар гирифтаам дур мемонем. Як даста аз ин оятҳо оятҳое аст, ки матлаберо бо шаклу сурате тарҳ мекунад, ки ақлро ба тафаккур кардан ва таъаммул кардан бармеангезад. Ин худ як равиши хоссе аст, ки барои таҳрики ақлҳо ба кор бурда шудааст. Аз ҷумла ҳамин оят аст. Дар ин оят, ки дар мавзӯи инсон аст, ба шакле матлаб баён шуда, ки инсон вақте ин оятро тиловат мекунад, фавран чанд аломати суол дар ҷилави худаш мебинад.

إِنَّا عَرَضْنَا الْأَمَانَةَ عَلَى السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَالْجِبَالِ فَأَبَيْنَ أَن يَحْمِلْنَهَا وَأَشْفَقْنَ مِنْهَا وَحَمَلَهَا الْإِنسَانُ إِنَّهُ كَانَ ظَلُومًا جَهُولًا

Мо амонатро бар осмонҳо ва замин арза кардем. Ин амонат чист? Кадом амонат аст? Чӣ гуна арза кардем? Бар кӣ арза кардем? Бар осмонҳо ва бар замин ва кӯҳҳо. Чӣ гуна амонатеро мешавад бар осмону замину кӯҳ арза кард? Амонатро мо арза доштем бар осмонҳо, бар замин ва бар кӯҳҳо, аммо онҳо аз ин ки ин амонатро бипазиранд, худдорӣ карданд. Калимаи:

فَأَبَيْنَ أَن يَحْمِلْنَهَا

— яъне худдорӣ карданд аз ин ки ин амонатро ба дӯш бигиранд.

Маълум мешавад навъи амонат, навъе аст, ки ин мавҷудот, ки ин амонат бар онҳо арза шудааст бояд таҳаммул кунанд, ба дӯш бигиранд, на сирфи ин ки бипазиранд. Шумо дар амонатҳои маъмул мегӯед, ки фалонӣ фалон амонатро пазируфт, намегӯед ба дӯш гирифт. Аммо ин ҷо Қуръони Карим мефармояд инҳо худдорӣ карданд аз ин ки ин амонатро ба дӯш бигиранд. Ин “амонат ба дӯш гирифтан” мавзӯе дар адабиёти арабӣ ва форсӣ шудааст. Ҳофиз мегӯяд:

Осмон бори амонат натвонист кашид,

Қуръаи фол ба номи мани девона заданд.

وَحَمَلَهَا الْإِنسَانُ

Аммо инсон ин амонатро ба дӯш гирифт. Фавран ин суол пеш меояд, ки мо ҳамаи инсонҳоро мебинем, вале рӯи дӯши онҳо чизе намебинем. Кадом бор аст, ки бар дӯши инсонҳо гузошта шудааст? Пас, маълум мешавад ин шакли дигаре аст. Як амонати ҷисмонӣ набудааст, ки Худо як ҷисмеро арза бидорад ба замин, бигӯяд: на. Ба кӯҳҳо, бигӯяд: на. Ба осмонҳо, бигӯяд: на. Вале ба инсон бигӯяд ту, инсон бигӯяд: бале, ман ҳозирам. Баъд мефармояд:

إِنَّهُ كَانَ ظَلُومًا جَهُولًا

Инсон, ки танҳо мавҷуде буд, ки ҳозир шуд ин амонатро ба дӯш бигирад, залум аст. “Залум” аз моддаи зулм аст. Зулм яъне ситамгарӣ. “Залум” муболиға дар золим будан аст. Ин мавҷуде, ки ин амонатро ба дӯш гирифт, бисёр ситамгар аст. Ҷаҳл ба маънии нодонӣ ва “ҷаҳулан” муболиға дар нодонӣ аст: “Ва бисёр нодон” ҳам ҳаст. Ин боз як силсила суолҳои дигар ба вуҷуд меоварад: оё Худо, ки ин амонатро арза дошт, арза дошт, ки бипазиранд ва ба дӯш бигиранд, ё арза дошт, ки ба дӯш нагиранд? Мусаллам арза дошт, ки ба дӯш бигиранд. Ҳоло, ки ҳеч махлуқе ба худ иҷоза надодааст ва ҷуръат накардааст, ки ин амонатро ба дӯш бигирад ва танҳо дар миёни саффи махлуқот инсон қадам ҷилав гузошта ва гуфта ман ҳозирам, ҳоло, ки қабул карда, чаро Қуръон ин мавҷудро залуму ҷаҳул хондааст?

Ин қисмати охир яъне мавзӯи “залуму ҷаҳул” будан, баъд аз мавзӯи амонат, аз мушкилтарин мавзӯоте будааст, ки ҳамеша уламои исломӣ, муфассирин, урафо рӯи ин мавзӯъ фикр мекарданд, ки маънии “залуму ҷаҳул” будан чист?

Ин ки арз кардам ин оят як ояти пурмаънӣ мебошад, мақсудам ҳамин буд, ки арз кардам. Яъне ин ояти карима бо забоне матлаберо баён кардааст, ки худ ба худ суолоти зиёдеро эҷод мекунад ва ақли башарро водор ба фикру андеша мекунад.

Албатта аз назари тамоми муфассирин ва аз назари ривоятҳои шиъаву суннӣ ҳеч ҷои тардид нест, ки ин амонат аз навъи умури ҷисмонӣ ва моддӣ набудааст, балки як амри маънавӣ аст. Яъне дар миёни махлуқот як амре аст, ки Худо исми онро амонат гузоштааст. Ҳоло чаро исми онро амонат гузоштааст, бимонад, балки тавфиқе пайдо шуд ва арз кардем. Як мавзӯе буда, ки Худо номи онро амонат гузоштааст ва дар олами таквин бар тамоми махлуқот арза карда, вале онҳо натавонистанд ба дӯш бигиранд, яъне истеъдоди онро надоштанд.

Маънои арза кардан чист? Маънои арза кардан ин аст, ки ҳар камоле ва ҳар файзе аз ноҳияи Худо бар тамоми махлуқот арза мешавад, фақат он ки истеъдод дорад, мепазирад ва он ки истеъдод надорад, намепазирад. Метавонед мисол бизанед ба пайғамбарӣ, ба имомат, ба илм ва ба ҳар чи ки бихоҳед. Оё ин мавҳибат, ки номаш рисолат аст, аз тарафи Худованд ба баъзе аз инсонҳо арза мешавад ва аз баъзе дигар музоиқа мешавад? Яъне пайғамбариро ба Пайғамбар арза карданд, пазируфт, ба ман арза накарданд, агар ба ман ҳам арза мекарданд, мепазируфтам? Ё на, он ҳақиқате, ки номаш ваҳй аст, рисолат аст, нубувват аст, як ҳақиқате аст, ки аз ноҳияи Худованд ҳеч гуна музоиқае дар арзаи он нест. Он ҳақиқат бар ҳамаи махлуқот арза мешавад, ба санг ҳам агар битавонад бипазирад медиҳанд, вале санг наметавонад бипазирад, ҳайвон наметавонад бипазирад, инсонҳо ҳам наметавонанд бипазиранд магар афроди бахусусе.

Он амонат ҳам, ки Худо мефармояд арза доштем, бар тамоми махлуқот арза карданд ва ҳеч кадом аз махлуқот натавонистанд онро бипазиранд магар инсон.

Пас, то ин ҷо мефаҳмем, ки дар инсон як истеъдоде вуҷуд дорад, ки дар мавҷудоти дигар он истеъдод вуҷуд надорад. Инсон чун истеъдоди онро дошт, ба ӯ дода шуд.

* * *

Мақсуд аз “амонат”

Ҳоло он амонат чист? Мо аз худи ҳамин калимаи “яҳмилнаҳо” метавонем бифаҳмем чист. Маълум мешавад як амре аст, ки ба дӯш гирифтанӣ аст. Албатта ҷисмонӣ ва моддӣ нест, вале таҳаммул карданӣ аст. Вақте ба ахбору ривоёт муроҷеа мекунем, мебинем он чизе, ки тафсир мекардаанд, бо ҳамин маънӣ ҷур дармеояд. Он амонат чист? Гуфтанд, таклиф ва вазифа ва қонун. Яъне ин ки зиндагии инсон зиндагие бошад, ки ӯ бояд дар партави таклиф ва вазифа онро сурат бидиҳад. Яъне барои ӯ вазифа муайян кунанд ва ӯ ҳам бори таклиф, бори қонун, бори масъулиятро ба дӯш бигирад. Ва ин ҳамон чизе аст, ки дар ғайри инсон вуҷуд надорад. Яъне ғайри инсон, ҳамаи махлуқоту мавҷудот, вазоиферо, ки анҷом медиҳанд, бидуни таҳаммули масъулият аст, рӯи иҷбору илзом аст. Танҳо инсон аст, ки мешавад барои ӯ қонун тарҳ кард ва ӯро мухтору озод гузошт ва ба ӯ гуфт: агар роҳи саодатро мехоҳӣ тай кунӣ, бояд аз ин ҷо биравӣ, ва агар роҳи бадбахтиро мехоҳӣ биравӣ, аз ин тараф, ва дар ҳар ҳол, ихтиёр бо худат аст, ҳоло ин ту ҳастӣ ва ин роҳ. Ин мавзӯъ номаш “таклиф” аст.

Матлабе, ки то ин ҷо арз кардам, як матлаби муқаддимотӣ буд. Баъд роҷеъ ба он боз ҳам тавзеҳ хоҳам дод.

Бояд аввал арз бикунам, ки дар ин шабҳо роҷеъ ба чӣ мавзӯе мехоҳам сӯҳбат бикунам. Ҳақиқаташ ин аст, ки худам мураддад будам, ва табъи ман ҳам ҳамеша ин ҷур аст, ки мехоҳам мавзӯеро унвон кунам, ки мавриди эҳтиёҷ аст ва шабҳои паёпай дар атрофи ҳамон мавзӯъ сӯҳбат кунам, то онро ҳаллоҷӣ карда ва ҳал кунам. Ва аз тарафи дигар, фикри ман ҳамеша ин аст, ки масоилеро унвон кунам, ки камтар дар бораи онҳо фикру баҳс мешавад.

Дар миёни мавзӯоте, ки ба назарам расид, як мавзӯъ бештар ҷалби таваҷҷӯҳ кард, ки дар бораи он баҳс кунам ва албатта агар бибинам шунавандаҳо ин мавзӯъро намеписанданд ва мавзӯоти дигареро пешниҳод мекунанд, чун шаби аввал аст, монеъе надорад, аз фардошаб мавзӯъро иваз карда ва мавзӯи дигареро матраҳ мекунем.

Он мавзӯе, ки ба назари банда расида масъалаи “муқтазаёти замон” (талаботи замона) аст, ки масъалаи муҳимме аст ва албатта бештар табақаи таҳсилкарда ва дунёдида дар бораи ин матлаб суол мекунанд. Ман худам аз ин ки бештар бо ин табақот тамос дорам ва бархӯрдҳои зиёдтаре дорам, эҳсос мекунам, ки ин як уқдаи руҳии аҷибе аст, ки оё инсон метавонад мусалмон бошад ва дар айни ҳол худашро бо муқтазаёти замон татбиқ диҳад ё на? Гоҳе мепурсанд, асосан бо таваҷҷӯҳ ба ин ки муқтазаёти замон тағйир мекунад, чӣ гуна мешавад инсон диндор бимонад? Чун лозимаи диндорӣ ин аст, ки инсон худашро дар муқобили муқтазаёти замон нигоҳ дорад, ва муқтазаёти замон тағйир мекунад ва чорае нест. Гоҳе аз кайфияташ суол мекунанд, ки чӣ гуна боисте инсон худашро татбиқ бидиҳад? Як идда мегӯянд, интибоқ пайдо кардан, зидди дину мазҳаб аст. Як идда ҳам ин мавзӯъро баҳона қарор дода ва алайҳи дин таблиғ мекунанд; мегӯянд, ба ҳамин далел инсон набояд пойбанд ба дин бошад, чун дин монеъи таҷаддуду навхоҳӣ ва пешравӣ аст ва инсон агар бихоҳад дар ин дунё тараққӣ дошта бошад, бояд тарафдори таҷаддуду навхоҳӣ ва душмани кӯҳна бошад, пас ба ҳамин далел инсон набояд диндор бошад.

Мумкин аст баъзе ба аҳаммияти ин мавзӯъ пай набаранд, аммо бидонанд агар ин масъала барои худашон матраҳ нест, барои баччаҳояшон матраҳ аст, ва агар барои фарзандонашон ҳам имрӯз матраҳ нест, ду рӯзи дигар матраҳ хоҳад шуд. Пас, хуб аст, ки мо ин масъаларо бишкофем ва бибинем, назари ислом роҷеъ ба “муқтазаёти замон” чист? Ва аслан, мантиқ чӣ иқтизо мекунад, ки вақте фардо бо афроде мувоҷеҳ шудем, ки мегӯянд, бояд бо замон пешравӣ кард ва доиман ба руҳониҳо мегӯянд худатонро бо замон татбиқ бидиҳед, оё пешниҳодашон саҳеҳ аст ё на?

Ин мавзӯъ ба назари ман арҷаҳ омад, ки чанд шабе рӯи он баҳс кунем. Албатта, мавзӯоти зиёде дар зимни ин мавзӯъ пеш меояд, ки бояд баҳс кунем. Масалан, як баҳсе аст роҷеъ ба ахлоқ. Як идда мегӯянд, ахлоқ нисбӣ аст, ва ин мавзӯи нисбияти ахлоқ дар навиштаҳо бисёр ба чашм мехӯрад. Мегӯянд, ахлоқи хубу бад ба таври мутлақ надорем. Яъне, ин тавр нест, ки ахлоқи хуб ҳамеша хуб аст, ва ахлоқи бад ҳамеша бад аст; баъзе аз ахлоқиёт барои мардуми муайяне ва дар замони муайяне хуб аст ва барои дигарон бад. Ахлоқ, як амри нисбӣ аст. Ахлоқе вуҷуд надорад, ки барои ҳамаи мардум ва дар ҳамаи замонҳо хуб бошад.

Як масъалаи дигар, ки боз ба ҳамин муносибат бояд рӯи он баҳс кард, баҳсе аст роҷеъ ба зербинои таърих, ва морксисту ғайри морксист дар ин замина назариёте доранд ва мо ночорем дар зимни мабоҳиси худ аз он баҳс кунем.

* * *

Тафовути зиндагии иҷтимоии инсон бо ҳайвоноти иҷтимоӣ

Барои ин ки мафҳуми ин оят равшан бишавад, як матлабро дар назар бигиред: инсон зиндагии иҷтимоӣ дорад, яъне бояд бо иҷтимоъ зиндагонӣ кунад, вагарна мунқариз мешавад. Вале инсон, танҳо мавҷуде нест, ки бояд зиндагии иҷтимоӣ дошта бошад. Дар миёни ҳайвонот ҳам бисёре вуҷуд доранд, ки зиндагии иҷтимоӣ доранд. Мақсуд ин нест, ки онҳо фақат бо ҳам ҳастанд, чун сирфи бо ҳам будан, зиндагии иҷтимоӣ нест. Масалан оҳуҳо бо ҳам ба таври даста ва гала зиндагӣ мекунанд, бо ҳам чаро мекунанд, бо ҳам ҳаракат мекунанд, вале зиндагии иҷтимоӣ надоранд, зеро дар миёни онҳо тақсими кору тақсими масъулият ва ташкилот вуҷуд надорад. Зиндагии иҷтимоӣ яъне зиндагие, ки дар он тақсими кору тақсими масъулият ва назму ташкилот вуҷуд дошта бошад. Баъзе аз ҳайвонот воқеан зиндагии иҷтимоӣ ва ташкилотӣ доранд, дар зиндагии онҳо тақсими кор ҳам вуҷуд дорад. Ҳамин тавр, ки афроди башар корҳоро тақсим кардаанд ва тавлиду тавзеъ доранд яъне мояҳтоҷи худашонро тавлид мекунанд ва баъд рӯи ҳисоби муайяне тақсим мекунанд, онҳо ҳам тавлиду тавзеъ доранд, тавлидҳои фаннӣ мекунанд…

Дар чанд соли пеш китобе мунташир шуд, ки бисёр китоби хубе буд — ва ман дар навиштаҳоям ба он китоб истинод кардаам — ба номи “Рози офариниши инсон” (таълифи Креси Мурисун (Cressy Morrison), ки нависандаи он як донишманди омрикоӣ аст ва ба форсӣ тарҷума шуда. Дар он китоб навиштааст:

Бисёре аз ҳашароти кучак монанди баъзе аз мӯрчагон, кишту домдорӣ доранд. Баъзе аз ҳашарот, ҳашароти дигарро, ки мойеъе назири шир дар пистон доранд, аҳлӣ мекунанд ва дар муқобил аз шири онҳо истифода мекунанд ва ширҳоро дар миёни худашон тақсим мекунанд…

Ҳамин тавр, ки дар миёни афроди башар ташкилот ҳаст, онҳо ҳам ташкилот доранд, фармондеҳ доранд, фармонбар доранд, сарбоз доранд. Китобҳое, ки роҷеъ ба ин навъ ҳашарот навишта шуда қобили мулоҳиза аст. Пас, танҳо мавҷуде, ки зиндагии иҷтимоӣ дорад инсон нест, хеле аз ҳайвонот ҳам ҳастанд.

Вале як тафовути куллӣ вуҷуд дорад. Мутолеоти илмии донишмандон нишон медиҳад, мавҷудоте, ки монанди инсон зиндагии иҷтимоӣ доранд, аз вақте, ки по ба дунё гузоштаанд, ҳамин ташкилотро доштаанд ва то имрӯз ҳам иваз нашудааст. Яъне баръакси таърихи тамаддуни башар, ки давраҳои зиёде дорад — масалан мегӯем, инсони аҳди ҷангал, инсони аҳди ҳаҷар, инсони аҳди оҳан, аҳди бухор ва аҳди атом — ҳайвонот ин ҷур нестанд. Ҳар навъ аз анвоъи ҳайвонот як навъ зиндагӣ дорад. Зиндагии як навъ мутатаввир ва мутакомил намешавад, магар он ки худи навъ иваз шавад ва навъи дигаре ҷои онро бигирад. Ва ба иборати дигар, ҳайвон дар зиндагии худ ибтикору халлоқият надорад, наметавонад вазъу тарзи зиндагии худро иваз кунад ва шакли дигар ва тозатар ба он бидиҳад, бар хилофи инсон, ки дорои чунин қудрати халлоқа ва ибтикорӣ ҳаст. Барои ҳайвон таҷаддуду навхоҳӣ вуҷуд надорад, вале барои инсон вуҷуд дорад. Ҳол чаро? Далелаш:

إِنَّا عَرَضْنَا الْأَمَانَةَ عَلَى السَّمَاوَاتِ

— аст. Далелаш ин аст, ки инсон фарзанди болиғу рашиди хилқат аст. Инсон фарзанде аст, ки хилқат ҳимояту сарпарастии мустақими худро аз рӯи ӯ бардошта ва ӯро аз неъмати озодиву ихтиёр ва ибтикору истеъдоди масъулият бархӯрдор кардааст, паймудани роҳи такомулро бар ӯҳдаи худаш гузоштааст. Инсон ба ҳукми:

وَخُلِقَ الإِنسَانُ ضَعِيفًا

(“Инсон нотавон офарида шудааст.” (Сураи Нисо, ояти 28)), аз лиҳози феълият, аз ҳамаи ҳайвонот нотавонтар по ба ҳастӣ мегузорад, ва аз лиҳози истеъдод ва роҳе, ки метавонад бо қадами озоди худ тай кунад, аз ҳама комилтар ва муҷаҳҳазтар ба дунё меояд. Ба инсон қувваи интихобу кашф ва ибтикору халлоқият дода шудааст. Инсон қодир аст шакли тавлиду тавзеъи мояҳтоҷи худро иваз кунад, абзорҳо ва васоили навтару беҳтар аз пеш ихтироъ намояд, системи зиндагии худро иваз кунад, дар равобити иҷтимоии худ ва дар тарзи тарбияту ахлоқи худ таҷдиди назар намояд, муҳитро ва заминро ва замонро ба нафъи худ тағйир диҳад, шароит ва авзоъу аҳволи иҷтимоъи худро иваз намояд. Ин аст, ки муқтазаёти замон (талаботи замона) барои инсон вазъи мутағайире дорад ва барои ҳайвон вазъи собите дорад.

Аз ҳамин ҷо ин масъала пеш меояд, ки ислом ба унвони як дин ва як ойин ва ба унвони як қонуни зиндагӣ, бо муқтазаёти мутағайири замон чӣ мекунад? Оё назари ислом ин аст, ки бояд бо муқтазаёти замон набард кард ва дар ҳақиқат ҷилави қудрати халлоқа ва нерӯи ибтикори башарро гирифт ва нагузошт муҳиту замину замонро иваз кунад? Ё баръакс, назари ислом ин аст, ки бояд таслими замон ва муқтазаёти замон шуд? Ва ё назари севвуме дар кор аст ва лоақал тавзеҳу тафсиле дар миён аст? Ба ҳар ҳол, масъалаи ислом ва муқтазаёти замон аз ин ҷо оғоз мешавад, ки дар ҷаласаҳои оянда дар бораи онҳо бояд баҳс кунем.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: