Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (325)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (68)

* * *

Қабул кардани халифа ҳадяро ва ато фармудан бо камоли бениёзӣ аз он ҳадя ва аз он сабӯ (4)

* * *

Дар ҳикоят гуфтаем эҳсони шоҳ,

Дар ҳақи он бенавои бепаноҳ.

Мо зимни ин ҳикоят, аз эҳсони шоҳ дар ҳаққи он бенавои бепаноҳ сухан гуфтем ва ба он ишора кардаем.

Ҳар чӣ гӯяд марди ошиқ, бӯйи ишқ

Аз даҳонаш меҷаҳад дар кӯйи ишқ.

Марди ошиқ, дар мартибаи ишқ ҳар чи гӯяд, аз даҳонаш бӯи ишқ меҷаҳад.

Нукта: Ҳарчанд ки ошиқ бихоҳад ишқи худро пинҳон созад, билохира бӯи ишқ аз даҳони ӯ ба машом мерасад ва розаш фош мегардад. Ҳамин тавр, вақте, ки ман (Мавлоно) дар байтҳои пешин аз эҳсони ин халифа ба он аъробӣ ҳарф задам, маззаи ишқро аз калимотам донистед. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.843)

Гар бигӯяд фиқҳ, фақр ояд ҳама,

Бӯйи фақр ояд аз он хушдамдама.

Агар фарди ошиқ ва шахси солик дар бораи фиқҳ ҳарф бизанад, боз ранги дарвешӣ ва бӯи фақр аз он намоён мегардад.

Нукта: Фиқҳ, мусталзими пойбандӣ ба одобу аҳкоми зоҳир аст, ва ирфон пойбандӣ ба маъно ва ботин. Вале агар орифи ошиқ, аз фиқҳ ҳарф бизанад, боз ҳамон фиқҳро ба ранги маънавӣ ва бехешӣ дармеоварад ва роиҳаи ишқ аз мабоҳиси фиқҳии ӯ ба машоми шунавандагон мерасад. Чунонки аз қадим бархе аз соҳибони завқ аҳкоми фиқҳиро бо чошнии ирфон баён мекарданд. Чунонки Шайх Солеҳи Марвазӣ (вафотёфтаи соли 517 ҳиҷрӣ) дар китоби арзишманди “Равзатул-фариқайн”, аҳкоми фиқҳиро бо забони ирфонӣ бозгӯ кардааст. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.843)

В-ар бигӯяд куфр, дорад бӯйи дин,

В-ар ба шак гӯяд, шакаш гардад яқин.

Фақири илаллоҳ агар калимоте куфромез бар забон ронад, боз ҳамон калимот бӯи дину имон медиҳад, ва агар суханоне тардидомез бизанад, он суханон мӯҷиби яқин шавад.

Нукта: Ин байт ишора аст ба яке аз истилоҳоти урафо ва сӯфия ба номи “шатаҳиёт”, ки аз решаи “шатҳ”гирифта шуда, ва “шатҳ” ба маънои “ҳаракат” аст. Аз ҳамин лафз, калимаи “шиттаҳ” сохта шудааст, ва ин калимае аст, ки бо он, бузғоларо меронанд ва ба ҳаракат дармеоваранд. Ва низ хонаеро, ки дар он, гандум орд кунанд, “миштоҳ” гӯянд, зеро ки ҳаракат дар он бисёр сурат мегирад. Ин буд маънии лафзии калимаи фавқ.

Аммо дар истилоҳи сӯфиён, сухане аст, ки дар ҳолати “ваҷд”, аз ориф содир мешавад, ки бар ҳасби зоҳир, бӯи куфру инкори дин медиҳад ва зоҳирандешонро ба таъну такфир меангезад. Дар ҳоле, ки он сухан бо ҷавҳари дину имон зиддияте надорад. Шайх Рӯзбаҳони Бақлии Шерозӣ, дар таърифи ин истилоҳ, бо таваҷҷӯҳ ба маънии лафзии он, ки ҳаракат аст, мегӯяд:

Пас, дар сухани сӯфиён шатҳ маъхуз аст аз ҳаракоти асрори дилашон. Чун ваҷд қавӣ шавад ва нури таҷаллӣ дар самими сирри эшон олӣ шавад, ба наъти мубоширату мукошифату истеҳкоми арвоҳ дар анвори илҳом, ки ъуқули эшонро ҳодис шавад барангезонад оташи шавқи эшон ба маъшуқи азалӣ, то бирасанд ба ъаёни саропардаи кибриё, ва дар олами баҳо ҷавалон кунанд. Чун бибинанд назоироти ғайбу музмароти ғайбу асрори азамат, беихтиёр мастӣ дар эшон дарояд, ҷон ба чунбиш дарояд, сирр ба ҷӯшиш дарояд, забон ба гуфтан дарояд. Аз соҳиби ваҷд каломе содир шавад аз талаҳҳуби аҳволу иртифоъи руҳ дар улуми мақомот, ки зоҳири он муташобеҳ бошад ва иборате бошад, он калимотро фиреб ёбанд. Чун ваҷҳаш нашносанд дар русуми зоҳиру мизони он набинанд, ба инкору таън аз қоил мафтун шаванд.” (Шарҳи шатаҳиёт, с.56-57)

Шайх Муҳаммади Лоҳиҷӣ низ гӯяд:

Шатҳ ва томмот дар урфи сӯфияи софидил, иборат аз ҳаракати воҷидон аст вақте, ки ваҷд ва ёфти эшон қавӣ гардад ба ҳайсияте, ки аз тарафи истеъдоди эшон фурӯ резад ва нигоҳ натавонанд дошт ва дар он ҳин, сухане чанд аз эшон содир шавад, ки шунидани онҳо бар арбоби зоҳир сахту нохуш бошад ва мӯҷиби таъну инкор гардад.” (Шарҳи Гулшани роз, с.629-630)

Шайх Рӯзбаҳон дар асари ёдшудаи худ, номҳои шаттоҳон ва навъи шатҳи ононро овардааст, вале дар ин арса мӯътақид аст, ки Мансури Ҳаллоҷ гӯи сибқат аз ҳамагон даррабуда ва дар ин тариқ пешгом будааст.

Албатта, бояд диққат дошт, ки “шатаҳиёт” танҳо вежаи касоне аст, ки ба ҳолати ҷазаба ва истиғроқ ва бехешӣ расидаанд, вагарна афроде, ки бӯё аз ин ҳолоту мақомот набурдаанд ва “кори поконро қиёс аз худ мегиранд” ва калимоте сахифу алфозе заъифро бар ҳам мебофанд ва аз ишқу ҷазаба мелофанд, чизе ҷуз фузулӣ дар кори бузургон нест.

Шатаҳиёт ҳатто дар мартибаи ҳақиқӣ ва муносиби он низ ба қавли Шамси Табрезӣ, аз нақси сулук ношӣ мешавад, то чӣ расад ба тақлиду тазоҳур бад-он, зеро ибороте аз қабили “Субҳонӣ мо аъзама шаънӣ!” ва ё “Инни аналлоҳ!”, нишон медиҳад, ки ҳанӯз нопухтагӣ ва норасидагӣ дар солик вуҷуд дорад, вагарна ҳаргиз дам аз “ман” намезад ва ғайр аз “ҳува” чизеро шуҳуд намекард. (Шарҳи ҷомеи Маснавии манавӣ, ҷ.1, с.844)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: