Перейти к содержимому

Ислом ва талаботи замона (3)

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Ду навъи тағйир дар замон (1)

إِنَّا عَرَضْنَا الْأَمَانَةَ عَلَى السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَالْجِبَالِ فَأَبَيْنَ أَن يَحْمِلْنَهَا وَأَشْفَقْنَ مِنْهَا وَحَمَلَهَا الْإِنسَانُ إِنَّهُ كَانَ ظَلُومًا جَهُولًا

Мо амонат (-и илоҳӣ ва бори таклиф)-ро бар осмонҳо ва замин ва кӯҳҳо арза кардем, пас, аз бардоштани он сар боз заданд ва аз он ҳароснок шуданд, (вале) инсон онро бардошт. Ба ростӣ ӯ ситамгаре нодон буд.” (Сураи Азоб, ояти 72)

Тафовути асосии инсон ва ҳайвоноти иҷтимоӣ

Дар шаби гузашта ин матлабро арз кардам, ки дар миёни ҷондорҳое, ки зиндагии иҷтимоӣ доранд, танҳо инсон аст, ки зиндагии мутаҳаввилу мутакомиле дорад. Яъне Худованд он мавҷудоти дигарро тавре халқ кардааст, ки зиндагии собиту якнавохте доранд; аз аввал, ки по ба дунё гузоштаанд, бо як низомоти хоссе ба вуҷуд омадаанд ва ҳар чӣ ҳам, ки замон бар онҳо гузаштааст, дар низомоту ташкилоти онҳо тағйироте пайдо нашудааст. Масалан, занбӯри асал, ки як ҷондори иҷтимоии аҷибе аст, аз ду ҳазор сол пеш, ки донишмандон дар вазъи зиндагии ӯ китобҳо навиштаанд, то имрӯз, ки дар бораи он мутолеоте сурат гирифтааст, ҳеч нишон намедиҳад, ки ин махлуқ дар вазъи зиндагии худаш тағйироту табдилоте дода бошад. Назм ҳамон назм аст ва ташкилот ҳамон ташкилот. Ва ҳол он, ки аз ду ҳазор сол пеш то кунун, дар зиндагии инсонҳо ҳазорон тағйиру табдил пайдо шудааст.

Аввалан чаро? Чаро онҳо он тавр ҳастанд ва мо ин тавр? Барои ин ки онҳо ба истилоҳ бо ғариза зиндагӣ мекунанд, на бо ақл. Яъне Худованд як қудрати мармузе ҳамроҳи онҳо кардааст, ки ҳақиқати ин қудрат бар илм равшан нашудааст (1), ҷуз ҳамон чизе, ки Қуръон фармудааст:

وَأَوْحَى رَبُّكَ إِلَى النَّحْلِ أَنِ اتَّخِذِي مِنَ الْجِبَالِ بُيُوتًا

Ва парвардигори ту ба занбӯри асал ваҳй кард…” (Сураи Наҳл, ояти 68) Яъне парвардигори ту аз роҳи махфӣ ба занбӯри асал илқо кард. “Ваҳй” ҳамон фаҳмондан аст аз роҳи ниҳонӣ, аз роҳе ғайр аз роҳҳои маъмулӣ. Ҳамон қудрате, ки дар забони илм “ғариза” номида мешавад ва Қуръон онро ба номи “ваҳй” номидааст, ҳамеша ҳамроҳи ин мавҷуд будааст ва ӯст, ки ин мавҷудро ҳидояту раҳбарӣ мекунад. Вале инсон ин тавр нест, он тавр офарида нашудааст. Ба инсон қудрате дода шудааст, ки мо номи онро “ақл” ё “ибтикор” мегузорем. Инсон дорои қувваи ибтикор аст, аммо ҳайвон ибтикор надорад. Ин асоси матлаб аст.

Ибтикор яъне нақшаи тоза халқ кардан, нақшаи ҷадид офаридан. Ҳайвон ҳамон чизеро, ки аз тариқи ваҳй ба ӯ фаҳмонда шудааст медонад, дигар қодир нест аз пеши худ чизе халқ кунад, яъне нақшаеро бо фикри худаш тарҳ бикунад. Вале инсон қодир аст, чун ба инсон якчунин қувваи аҷибе дода шудааст. Ғаризаро аз ӯ гирифтаанд ва ба ӯ гуфтаанд, ту дар партави ин қувва бояд зиндагӣ бикунӣ. Албатта, инсон дорои ваҳй ҳаст ба ин маънӣ, ки барои баъзе аз афроди ӯ — ки пайғамбарон бошанд — дар масоиле, ки пойи ҳиссу ақл ба он ҷо намерасад, ваҳй ба кӯмак меояд, ки инсонро раҳбарӣ кунад. Вале қувваи ибтикорро аз ӯ нагирифтаанд, қувваи ибтикор дорад ва дар ҳудуде, ки аз ин қувва сохтааст, ваҳй коре надорад. Чун инсон дорои якчунин қувва ва қудрате ҳаст, зиндагии ӯ дар хилқат аз сифр бояд шурӯъ бишавад ва аз сифр ҳам шурӯъ шудааст. Баъд бо қувваи ибтикори худаш қадам ба қадам ҷилав меравад ва вазъи зиндагии худашро тағйир медиҳад, аз марҳилае вориди марҳилае дигар мешавад, аз аҳде ба аҳди дигар меравад.

Натиҷа ин аст, ки ба истилоҳ тамаддуни инсон давраҳое дорад ва тамаддуни ҳайвон давраҳое надорад. Ин ки мегӯянд, муқтазаёти замон тағйир мекунад, рост мегӯянд. Иллати тағйир карданаш ҳам, ҳамин ҷиҳат аст, ки бо тарзи хилқати инсон марбут аст. Муқтазаёти замон барои ҳайвон иваз намешавад, вале барои инсон иваз мешавад. Дар ҳайвон ҳисси таҷаддуду навхоҳӣ вуҷуд надорад, дар инсон вуҷуд дорад. Замони ӯ якнавохт аст, вале замони инсон якнавохт нест. Ҳайвон мукаллаф нест, яъне масъулият рӯи дӯши ҳайвон гузошта нашудааст, як мошини худкор аст, вале инсон масъули кори худаш аст.

Таклиф, вазифа ва масъулият, ҳамон чизе аст, ки Қуръон аз он ба номи “амонат” ёд кардааст: “Амонатро бар замину осмонҳову кӯҳҳо (2) арза доштем, ҳеч кадом ҳозир нашуданд, ки онро бипазиранд…” Чун истеъдодашро надоштанд. Танҳо инсон буд, ки ҳозир шуд бори амонати таклифу масъулиятро ба дӯш бигирад. Яъне гуфт: Худоё! Масъулиятро ман ба ӯҳда мегирам, он роҳи камолу саодатро ман бо пойи худам тай мекунам ба ҳукми ин нерӯи аҷибе, ки ба ман додаӣ, ки нерӯи ибтикор аст, нерӯи ақл аст, нерӯи халлоқият аст.

* * *

Имкони суқут ва инҳироф барои инсон

Аз ҳамин ҷо як матлаби дигар ҳам пайдо мешавад, яъне як тафовут пайдо мешавад, ва он ин аст: ҳайвонҳо ҳамон тавре, ки дар зиндагии иҷтимоияшон тараққиву такомул надоранд, инҳироф ҳам надоранд, суқут ҳам надоранд. Ҳамон тавре, ки боло рафтан надоранд, поин омадан ҳам надоранд. Яъне шумо наметавонед масалан дар миёни занбӯрҳои асал, гурӯҳеро пайдо кунед, ки инҳо тадриҷан дучори фасоду инҳироф шуда бошанд, ахлоқашон фосид шуда бошад, низомоти худашонро иваз карда бошанд, хилоф карда бошанд ва дар натиҷаи ин кор аз миён рафта бошанд. Аммо инсон, ин ҳам дар кораш ҳаст, яъне фасоду инҳироф ҳам дар инсон имкон дорад. Ҳамон тавре, ки инсон мумкин аст роҳи пешравиро бипаймояд, мумкин аст ба суқуту табоҳӣ биравад, ҳар ду роҳ ба рӯяш боз аст. Ҳамон тавре, ки мумкин аст дар замон ба воситаи истеъдоди ақлонӣ ва илмии худаш ҷилав биравад, мумкин аст дар асари худхоҳӣ ва ҳавопарастӣ, аз ҷодаи тараққӣ мунҳариф шавад, ба сарошеби суқут ворид гардад.

Имкони суқуту инҳироф барои инсон аз ду роҳ аст: яке, аз роҳи зулму ситамгарӣ ва ҳуқуқи якдигарро поймол кардан ва аз масири адолат хориҷ шудан, ва дигар, аз роҳи ҷаҳолат. Ҷаҳолат яъне чӣ? Яъне иштибоҳ кардан. Ҳайвонҳо ин чизҳоро надоранд. Албатта, гоҳе ба нудрат иттифоқ меафтад, вале на он тавре, ки барои инсон пеш меояд, ки як қавмеро фосид мекунад. Масалан мегӯянд, мумкин аст иштибоҳе барои дастаи коргари занбӯри асал пайдо бишавад. Афроди коргар маъмуранд, ки гулҳои хушбӯ ва латифро пайдо карда ва онҳоро бимаканд ва асал таҳия кунанд. Гоҳе иштибоҳан ба ҷои як гули латифу хушбӯ, як гули бадбӯро мемаканд, аммо ин иштибоҳи бисёр кучак аст ва зуд ҳам ҷуброн мешавад. Маъмуроне дар канду ҳастанд, ки вақте занбӯрҳои коргар ворид мешаванд, даҳони онҳоро бӯ мекунанд, мебинанд вазифаи худашонро хуб анҷом додаанд ё на. Агар диданд, бад анҷом додаанд, фавран як маҳкама аз муҳкамаи саҳроии сареътар ташкил медиҳанд ва бо аслиҳае, ки доранд, ҳамон ҷо онҳоро маъдум мекунанд.

Ин аст, ки дар ояти каримаи Қуръон баъд аз баёни арзи амонат бар махлуқот ва худдории тамоми махлуқот аз пазириши он ва пешқадам шудани инсон, билофосила мефармояд:

إِنَّهُ كَانَ ظَلُومًا جَهُولًا

Яъне инсон мавҷуди бисёр ситамгаре аст, инсон мавҷуди бисёр нодоне аст. Ин ду истеъдод — яъне истеъдоди тараққиву такомул аз як тараф, ва истеъдоду имкони суқуту инҳироф аз тарафи дигар ба воситаи зулм ё ҷаҳл — аз якдигар тафкик намешавад.

Ояти дигаре дар Қуръон, аввали сураи Инсон, ба ҳамин мазмун ҳаст:

هَلْ أَتَى عَلَى الْإِنسَانِ حِينٌ مِّنَ الدَّهْرِ لَمْ يَكُن شَيْئًا مَّذْكُورًا. إِنَّا خَلَقْنَا الْإِنسَانَ مِن نُّطْفَةٍ أَمْشَاجٍ نَّبْتَلِيهِ فَجَعَلْنَاهُ سَمِيعًا بَصِيرًا. إِنَّا هَدَيْنَاهُ السَّبِيلَ إِمَّا شَاكِرًا وَإِمَّا كَفُورًا

Оё бар инсон гузаштааст замоне, ки ҳеч набудааст? Як чизе, ки ном бурда бишавад, набудааст? Мо инсонро аз як нутфа ва моддае офаридаем, ки дар он модда истеъдодҳои гуногун вуҷуд дорад ва ба мӯҷиби ҳамон истеъдодҳо, мо инсонро мавриди озмоиш қарор медиҳем ва озодаш мегузорем…” (Сураи Инсон, оятҳои 1-3)

Озмоиш яъне чӣ? Озмоиш ба чӣ васила? Озмоиш, ба василаи таклифу масъулият. Яъне таклифу масъулият ба ӯҳдаи ӯ қарор медиҳем ва озодаш мегузорем ва мегӯем, худат медонӣ, ин роҳ аст ва ин чоҳ. Агар роҳро рафтӣ, ба саодат мерасӣ, ва агар ба тарафи чоҳ рафтӣ, мунҳариф шудаӣ ва суқут хоҳӣ кард.

فَجَعَلْنَاهُ سَمِيعًا بَصِيرًا

Мо инсонро шунаво ва бино қарор додем…” Самиъу басир қарор додем. Яъне барои инсон чашми бино ва гӯши шунаво қарор додем. Баъд мефармояд:

إِنَّا هَدَيْنَاهُ السَّبِيلَ إِمَّا شَاكِرًا وَإِمَّا كَفُورًا

Роҳро ба ӯ нишон додем, аз ин ҷо дигар бо худи инсон аст: ё шокир аст ё кафур.”

Инсон танҳо мавҷуде аст, ки якчунин хилқати аҷибе дорад, якчунин сиришти мураккабе дорад. Ба мӯҷиби ҳамин сиришти мураккаб аст, ки гоҳе пеш меравад, гоҳе ақиб. Ба иборати дигар, инсон замони худро месозад; гоҳе замони худро хуб мекунад ва гоҳе бад, бар хилофи ҳайвон, ки сохташудаи замон ва маҳкуми замон аст. Инсон то ҳудуде холиқи замони хеш аст ва ҳайвон сад дар сад махлуқи замони хеш аст.

Аз ҳамин ҷо мо ба ин матлаб мерасем, ки тағйироте, ки дар зиндагии башар пайдо мешавад, ду навъ аст: як навъ тағйироти саҳеҳ, ва як навъ тағйироти носаҳеҳ, эътилоӣ ва ғайриэътилоӣ.

Пас, як матлаби дигарро аз ин ҷо натиҷа мегирем, ва он ин аст, ки: агар аз мо бипурсанд оё бо тағйироте, ки дар замон пайдо мешавад, бояд ҳамоҳангӣ кард ё бояд мухолифат кард, бояд ин ҷур ҷавоб бидиҳем, ки: бо тағйироти замон на бояд дарбаст ҳамоҳангӣ кард ва на дарбаст ва сад дар сад мухолифат кард, чун замонро инсон месозад ва инсон мавҷуде аст, ки метавонад замонро дар ҷиҳати хубӣ тағйир бидиҳад ва метавонад замонро дар ҷиҳати бадӣ тағйир бидиҳад. Пас, бо тағйироте, ки дар ҷиҳати хубӣ аст, бояд ҳамоҳангӣ кард, ва бо тағйироте, ки дар ҷиҳати бадӣ аст, на танҳо набояд ҳамоҳангӣ кард, балки бояд мухолифат кард.

* * *

Поварақӣ:

(1) Ин ки арз мекунам равшан нашудааст, яъне аз назари моддӣ қобили тавзеҳ нест.

(2) Албатта инҳо ба унвони намуна зикр шудаанд, манзур тамоми махлуқот аст.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: