Перейти к содержимому

Барҳам Солеҳ ва Одил Абдулмаҳдӣ даврони ҷадиди Ироқро оғоз мекунанд

Таҳлиле дар пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии Middle East Online

Барҳам Солеҳ, сиёсатмадори маъруфи курдӣ, ба унвони раисиҷумҳури ҷадиди Ироқ интихоб шуд, ҳамзамон бо интихоби ӯ, Одил Абдулмаҳдӣ низ бо мувофиқати ҳамаи шахсиятҳои сиёсии ироқӣ ба симати нахуствазирӣ расид, то фурсати муҳимме барои расидани Ироқ ба субот баъд аз солҳо даргириҳои тоифаӣ ва ҷангу танишҳои иқтисодӣ, фароҳам шавад.

Барҳам Солеҳи 58-сола мавриди эҳтироми Иёлоти Муттаҳидаи Омрико ва Эрон, ду кишвари рақиб ва мутахосим бо якдигар низ ҳаст. Ду кишваре, ки ҳар кадом ба навъе барои эъмоли нуфузи бештар дар Ироқ рақобат мекунанд.

Сафорати Омрико дар Бағдод ва Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, рӯзи чаҳоршанбе интихоби Барҳам Солеҳ ба симати риёсати ҷумҳурии Ироқро табрик гуфтанд; ду иттифоқи муборак, ки метавонад вайро ба бозигаре фаъол дар иртиботи Теҳрон ва Вошингтун табдил кунад, то он чиро манофеъи Ироқ эҷоб мекунад таҳаққуқ бахшад.

Рибвор Тоҳо, намояндаи барҷастаи Ҳизби иттиҳоди меҳании Курдистони Ироқ, дар ин бора мегӯяд: “Барҳам Солеҳ шахсияти қудратманде аст, ки аз эҳтироми болое назди ғарб ва кишварҳои минтақаӣ, муҳимтарини онҳо Эрон бархӯрдор аст.”

Одил Абдулмаҳдии 76-сола низ баъд аз чанд моҳи кашмакаш миёни гурӯҳҳои аслии сиёсӣ, ба симати нахуствазирии Ироқ расид. Бо интихоби ӯ, даврони садороти Ҳизбуддаъва, ки наздик ба 15 сол ҳукумати Ироқро дар даст дошт низ ба поён расид.

Бархе намояндагони ироқӣ бар ин эътиқоданд, ки Абдулмаҳдӣ замоне гузинаи бартар шуд, ки Муқтадо Садр, раҳбари қудратманди ироқӣ, бо қудрат дар баробари Ҳизбуддаъва истод. Садр ва Ҳайдар Ибодӣ, нахуствазири собиқ, яке аз ду фроксиюнҳои аслиро раҳбарӣ мекунанд, дар ҳоле, ки рақиби онҳо, Ҳоди Омирӣ ва Нури Моликӣ, нахуствазири асбақ, фроксиюнеро раҳбарӣ мекунанд, ки мавриди ҳимояти Эрон аст.

Омирӣ ва Моликӣ ду муттаҳиди аслии Эрон дар Ироқ ҳастанд. Ҳайдар Ибодӣ номзаде буд, ки омрикоиҳо бар дигарон ӯро тарҷеҳ медоданд, дар ҳоле, ки ин гуна тасаввур мешавад, ки Садр худро сиёсатмадори миллӣ медонад, ки ҳар гуна эъмоли нуфузи Омрико ва Эронро рад мекунад.

Ҳоло се раҳбари ҷадид ва мутафовит аз гузашта, бар болотарин маносиби Ироқ такя задаанд, онҳо баъд аз чанд моҳ кашмакаши сиёсӣ дар пайи интихоботи маҷлис (порлумон) мераванд, то кобинаи ҷадиди Ироқро ташкил диҳанд; интихоботе, ки бо истиқболи умумӣ бархӯрдор набуд ва нисбат ба интихоботи гузашта шоҳиди коҳиши ҳузури мардум дар пойи сандуқҳои раъй буд.

Ин интихобҳо замоне анҷом мешаванд, ки чанд ҳафта аз тазоҳуроти эътирозӣ дар шаҳри нафтхези Басра гузаштааст; минтақае, ки дар ҷануби Ироқ воқеъ шуда ва умуман шаҳрвандони онро шиъаён ташкил медиҳанд. Тазоҳуроте, ки суботи Ироқро ба ларза даровард. Нотавонии давлат дар маҳори эътирозҳо ва таъмини хостаҳои мардум, ки умуман ироаи хадамот буд, сабаб шуд, то тарафдорони Садр дар ин шаҳр аз ӯ бихоҳанд, то ҳимояти худро аз Ҳайдар Ибодӣ, нахуствазири Ироқ бардорад.

Як манбаъи мавриди эъмоди Муқтадо Садр дар ин бора мегӯяд: “Баъд аз тазоҳурот дар Басра, Муқтадо ба ин бовар расид, ки нахуствазире, ки натавониста оби солим барои мардумаш таъмин кунад, қатъан дар таъмини субот дар кишвар нотавон хоҳад буд.”

Вай дар идома меафзояд: “Ҳамин кофӣ буд, то Сайид Муқтадо бо Ҳодӣ Омирӣ биншинад ва як номзади тавофуқиро бипазирад, он фард Одил Абдулмаҳдӣ буд.”

Барҳам Солеҳ нахустин фарде маҳсуб мешавад, ки бидуни тавофуқи гурӯҳҳои сиёсӣ, ҳамонанди собиқ, ба болотарин симат дар Ироқ мерасад, ки ин нишон медиҳад то чӣ андоза намояндагон ва гурӯҳҳои сиёсӣ ба дунболи манофеъи сиёсӣ ба ҷои бароварда кардани ниёзҳои мардумӣ ҳастанд.

Дар ин миён, Эрон ва Омрико низ барои эъмоли нуфузи бештар дар Ироқ талош мекарданд ва ин масъала бар раванди рақобатҳо таъсиргузор будааст.

Билол Ваҳаб, пажӯҳишгар дар Маркази мутолеоти сиёсии Ховари наздик дар Вошингтун, ки дар ҳоли ҳозир дар Бағдод ба сар мебарад, дар ин бора мегӯяд: “Натиҷа аз қабл мушаххас нашуда буд. Бо вуҷуди ин ки Омрико ва Эрон ҳар кадом талош мекарданд ба навъе эъмоли нуфуз кунанд, аммо фароянди сиёсӣ, ки шоҳид будем, истисноӣ буд. Фароянди сиёсии воқеӣ буд. Аммо иттифоқи шоззе рӯй дод.”

Барҳам Солеҳ танҳо ду соат баъд аз интихобаш ба симати риёсати ҷумҳурӣ, Одил Абдулмаҳдиро ба симати нахуствазирӣ интихоб кард. Абдулмаҳдӣ ҳатто қабл аз ин ки фароянди интихоби раисиҷумҳур тамом шавад, вориди мақарри порлумон шуд, ки нишон медиҳад замина барои интихоби ӯ ба ин симат фароҳам шуда буд.

Одил Абдулмаҳдӣ вежагиҳои сиёсии муносибе дорад. Ӯ исломгарост аммо вобаста ба Ҳизбуддаъва нест. Бисёре ӯро фарде текнукрот медонанд, ки собиқаи шоистаи тақдир аз худ дар даврони ҳузураш дар ҳукумат Ироқ доштааст.

Яке аз омилҳои аслие, ки сабаб шуд Садр бо нахуствазирии ӯ мувофиқат кунад, ҳимояти мардуми Ироқ аз ӯ ба хусус табақаи коргар ва корманд буд, ки косаи сабрашон аз амалкарди нухбагони сиёсӣ ба раҳбарии Ҳизбуддаъва лабрез шуда буд. Ҳамчунин истиқболи зиёди Оятуллоҳ Систонӣ, болотарин марҷаъи Ироқ, аз нахуствазирии ӯ нақши муассире дар интихоби ӯ дошт. Шояд битавон гуфт, ки Оятуллоҳ Систонӣ бештарин нуфузро дар кишвар дорад ва муддатҳои тӯлонӣ аст ба дунболи канор рафтани чеҳраҳои феълӣ ва фароҳам шудани фурсате барои рӯи кор омадани насли ҷадиде аз текнукротҳо барои бозсозии Ироқ аст.

Middle East Online

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: