Перейти к содержимому

Ислом ва талаботи замона (4)

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Ду навъи тағйир дар замон (2)

Миқёси ташхиси тағйироти хуб аз бад

Акнун суоли дигаре пеш меояд: кадом тағйирот аст, ки бояд онҳоро ба ҳисоби тараққиву эътило бигузорем, ва кадом тағйирот аст, ки бояд онҳоро ба ҳисоби фасоду инҳироф бигузорем? Мо аз куҷо бифаҳмем, ки як тағйири авзоъ хуб аст ва мо бояд ҳамоҳангӣ бикунем, ё бад аст ва бояд мухолифат бикунем? Миқёси он чист?

Ақл барои инсон роҳнамои хубе аст. Ақлро Худованд ба инсон додааст барои ин ки роҳи камолро аз роҳҳои инҳироф ташхис бидиҳад. Вазъи башар нишон медиҳад, ки башар гоҳе ба ҳукми ақл роҳи саҳеҳро тай мекунад, гоҳе ба ҳукми иштибоҳу ҷаҳолату ҳавопарастӣ роҳи инҳирофро тай мекунад.

Як миқёси куллӣ ин аст, ки бибинем, падидаҳое, ки дар замон ба вуҷуд меояд, чӣ омилҳое боиси ба вуҷуд омадани онҳо шудааст ва дар чӣ ҷиҳате ба вуҷуд омадааст, яъне омили падидаи мавриди назар кадом истеъдод аз истеъдодҳои гуногуни инсонӣ аст, ва барои чӣ манзуре ба вуҷуд омада ва чӣ осоре дорад? Бояд бибинем, он чӣ ки дар замон пайдо шуд, оё маҳсули ақлу илми башар аст ё чизи дигаре дахолат кардааст? Шумо ҳар чизеро, ки дидед дар замон пайдо шуд, агар рӯи он ҳисоб бикунед, гоҳе мебинед сад дар сад маҳсули илму ақл аст ва гоҳе мебинед маҳсули илм ҳаст аммо на илми озод, балки илми бечораи асир.

Масалан, илме дар дунё ҳаст ба номи илми физик. Баъзе аз уламо заҳмат кашидаанд ва ин илмро пеш бурдаанд. Яке аз мабоҳиси ин илм баҳси марбут ба нур аст. Мабҳаси нур аз мабоҳисе аст, ки ҳазорон сол аст башар дар бораи он таҳқиқоте дорад, ки ҳақиқати нур чист? Инсон, ки мебинад, чӣ тавр мешавад, ки мебинад? Инъикосу инкисори нур чӣ гуна аст? Нур чӣ қонунҳое дорад? Яке аз уламои исломӣ марде аст ба номи Ибни Ҳайсам, ки як риёзидон ва физикдони фавқулъодае мебошад. Махсусан дар бораи нур мутолеоти аҷибе кардааст, ки урупоиҳо бисёре аз ақоидашон дар бораи нурро ба иқрори худашон, аз ин мард гирифтаанд. Китоби “Алманозир”-и Ибни Ҳайсам акнун дар даст аст. Яке аз акобири донишмандони урупоӣ Роҷер Бекон (Roger Bacon) аст, ки аз машоҳири нобиғаҳои Урупост ва дар ҳудуди қарни 12-уми мелодӣ мезистааст. Ин мард аз ҳавзаи Андалуси исломӣ истифода кардааст ва ҳама чизи худро мадюни Ибни Ҳайсам медонад. Вил Дуронт дар китоби “Таърихи тамаддун” ва ҳамчунин Густов Лебун (Gustave Le Bon) дар “Тамаддуни ислом ва араб” аз қавли худи Роҷер Бекон менависад, ки ин мард бо сароҳат мегӯяд: “Устоди аслии ман дар ин илм, Ибни Ҳайсам аст ва ман аз китобҳои ӯ истифода кардаам.” Албатта баъдҳо мабҳаси нурро хелеҳо пеш бурдаанд.

Дар асари шинохтани нур ва кайфиятҳои нур, башар масъалаи акс ва аксбардорӣ ва филмбардориро омӯхтааст. Ин мавзӯъ кори илм аст. Оё илм дар ин ҷо пешравӣ кард ё на? Албатта, ки пешравӣ кард. Аз ин роҳ чӣ истифодаҳо, ки башар метавонад бибарад.

Илм, кори худашро мекунад, кашфу ихтироъи худашро мекунад. Якдафъа як одами пулпарасти ҳавопараст пайдо мешавад ва онро васила барои холӣ кардани ҷайби мардум ва зимнан фосид кардани ахлоқи мардум қарор медиҳад. Аз ин илме, ки башар пайдо кардааст, филмҳои фосидкунандаи мунҳарифкунанда эҷод мекунад. Яъне илмро ба асорат мебарад, аз ин илм филмҳои фосиде таҳия мекунад, ки натиҷааш хароб кардани ахлоқи мардум аст.

Он вақт оё мо метавонем фалон филми синамоиро қабул бикунем ва бигӯем, падидаи ин қарн аст, маҳсули илм аст? Мегӯем на, ин фақат маҳсули илм нест, маҳсули илм ва чизи дигаре аст. Маҳсули шаҳвати шаҳватпарастон аст, ки илмро дар хидмати худаш гирифтааст ва якчунин чизе ба вуҷуд овардааст.

Мисоли дигаре арз мекунам: илми дигаре дар дунё пешравӣ мекунад ба номи илми шимӣ (химия), илме, ки хоссиятҳои таркиботи ҷисмҳоро нишон медиҳад ва башарро қодир мекунад, ки битавонад аз аносур таркиботи аҷибе бисозад монанди давоҳо. Илм пешрафт мекунад, хоссиятҳои таркиботро тарҳ мекунад. То он ҷо, ки ҳисоби илм аст, тараққӣ ва пешравӣ аст. Оё мо бояд бо ин пешравии илм ҳамоҳангӣ бикунем? Бале, бояд ҳамоҳангӣ бикунем. Аммо ба марҳилае мерасад, ки мебинем илм дар хидмати ҳаваси афроди фосиде қарор гирифт. Афроде таҳсил карданд, мутахассиси шимӣ шуданд ва бо хоссиятҳои таркиби ашё ошно шуданд, илми бечораро василае сохтанд барои сохтани моддае ба номи ҳеруин, ки падарҷадди тарёк аст. Яъне аз ҳар ҷиҳат қудраташ чандин баробари тарёк аст, ҳам аз лиҳози нашъае, ки эҷод мекунад ва ҳам аз лиҳози хуморӣ. Боиффаттарини занҳои дунё агар Худой нохоста мубтало ба ҳеруин бишавад, дар мавқеъи эҳтиёҷ ҳозир аст худро таслим бикунад ва миқдоре аз онро бигирад. Балои башарият аст.

Оё дар сохтани ҳеруин илм дахолат кардааст ё на? Бале, илм дахолат доштааст, вале илм онро насохтааст, шаҳвати башар онро сохтааст, ҳавопарастии башар онро сохтааст. Илм чароғ аст дар дасти башар. Чароғро дар ҳар ҷо бибарӣ ва ба ҳар роҳ бибарӣ, ҳамон ҷо ва ҳамон роҳро равшан мекунад. Умда ин аст, ки он ки чароғро дар даст дорад, ба куҷо ва ба чӣ роҳе биравад. Як дуктури дорусоз бо худаш фикр мекунад, ҳоло, ки ман таҳсилоти олии дорусозиро анҷом додаам, ба ҷои ин ки як дорухона боз кунам, ки даромадам фақат рӯзе 50 то 100 тумон бошад, меоям ҳеруин месозам, ки ба ҷои моҳе се чаҳор ҳазор тумон, битавонам дар моҳ 20-30 ҳазор тумон даромад дошта бошам. Оё мо дар ин ҷо метавонем ҳеруинро маҳсули пешрафти замон бидонем ва бигӯем, ин модда маҳсули қарн аст, ба номи муқтазаёти замон ва пешрафти замон бояд ҳеруин бикашем?!

Дар ин ҷо ин ду истеъдоде, ки Қуръон мегӯяд, яке таҳти унвони:

إِنَّا عَرَضْنَا الْأَمَانَةَ

Мо амонатро арза кардем”, ва дигаре таҳти унвони:

إِنَّهُ كَانَ ظَلُومًا جَهُولًا

Ба ростӣ ӯ (инсон) ситамгаре нодон буд”, бо ҳам омехта шудааст. Истеъдоди ибтикори башар бо истеъдоди зулму ситамгарӣ ва ҷаҳли башар иттиҳод пайдо кардаанд. Яъне қудрати ситамгарии башар қудрати ибтикори башарро дар хидмати худ гумоштааст. Он ҷо, ки қудрати ибтикор дар хидмати қудрати шаҳват қарор мегирад, маҳсули он филмҳои хонумонбарандоз ва ҳеруин аст.

Мисоли дигар арз мекунам: бузургтарин таърифе, ки барои ин қарн мекунанд ин аст, ки мегӯянд, қарни атом аст. Аммо то башар рафт, ки аз нерӯи атом кучактарин истифодаро бикунад, қудратталабҳои дунё уламоро водор карданд, ки аз ин нерӯ бомб бисозанд, ки ин бомб василае дар дасти афроди ҷоҳталаби дунё бошад, то ҳар касе, ки хост нафас бикашад, фавран ӯро таҳдид кунанд. Оё мешавад гуфт, чун ин бомб маҳсули кашфи атом аст ва маҳсули ин қарн аст, салоҳи башарият аст, аз муқтазаёти замон аст? Агар бояд бо тамоми муқтазаёти замон ҳамоҳангӣ кард, пас чаро тамоми башарият нола мекунад аз ин мусобиқаи таслиҳотӣ, ки алъон вуҷуд дорад ва тамоми хайрхоҳони башар мегӯянд, биёед аслиҳасозиро таҳрим кунем, он ҳам ин ҷур аслиҳаро? Пас чаро мегӯянд, биёед бо инҳо мубориза бикунем? Ин, масири илм ҳаст, аммо на илми озод. Дар ин ҷо низ қудрати ибтикори башар дар ихтиёри қудрати ҷоҳталабии башар қарор гирифтааст, яъне ибтикор асири ҷоҳталабии башар шудааст.

Мегӯянд, барои Энштейн дар Омрико ҷашне гирифтанд ва донишмандоне, ки ҳузур доштанд, дар фазоили ин мард доди сухан доданд. Навбат ба худаш расид, гуфт: шумо барои касе доред ҷашн мегиред, ки васила шуд бомби атом дар дунё бисозанд.

Албатта ин шахс, ки ин кашфро кард, ҳеч вақт фикр намекард ва манзураш ин набуд, ки бомби атом бисозанд. Ин кашфро кард, ки ин нерӯ дар роҳи масолеҳи башарият ба кор биафтад. Аммо қабл аз ин ки ӯ такон бихӯрад, Рузвелтҳо, Истолинҳо, Хурӯшчефҳо, Ойзенҳоурҳо, Черчилҳо, ин ҷоҳталабҳои дунё, фавран аз ин қудрат ба нафъи қудратталабии худашон истифода карданд.

Он касе, ки санъати забти савтро ихтироъ кард, ҳадафаш ин буд, ки дарсҳои муфиде дода мешавад, хитобаҳо ва конфронсҳо дода мешавад, хуб аст, ки василае бошад, ки савтро забт кунанд, то он дарсҳо ва хитобаҳо дар ин васила забт бишавад ва мардуми бештар истифода кунанд. Вале ҳанӯз дуто хитоба ва конфронс забт нашуда буд, ҳанӯз дуто дарс забт нашуда буд, ки таснифҳои шаҳватангез, дунёро пур кард. Ин чӣ буд? Нерӯи шаҳватпарастии башар буд, ки дар камин аст, то истифода кунад ва илмро дар хидмати худаш қарор бидиҳад.

* * *

Илми озод ва илми асир

Пас, аз ин ҷо мо мефаҳмем, башар ҳамин ҷур, ки пешравӣ дорад, инҳироф ҳам дорад. Аз қадимулайём ин матлабро муаллимони ахлоқи дунё ба мо гуфтаанд, ки илм дар вуҷуди як фард далел нест, ки ӯ дар тариқи масолеҳи башарият гом бардорад, мумкин аст як нафар олим бошад, вале илмаш дар хидмати шаҳваташ қарор бигирад.

Амирулмӯъминин Алӣ (а) мефармояд: “Ман илми фаровоне дорам, вале афсӯс афродеро пайдо намекунам, ки ба онҳо таълим бидиҳам!” Баъд фармуд:

Бале, афродеро пайдо мекунам; вале баъзе афродро, ки пайдо мекунам, одамҳои салимуннафсе ҳастанд, аммо кавдан мебошанд, намефаҳманд, ивазӣ мефаҳманд. Баъзе дигар, афроди зираке ҳастанд, аммо то маълумотро аз ман фаро мегиранд, онро васила қарор медиҳанд барои манофеъи моддии худашон…” Яъне илмро василаи ҳадафҳои пасту палид худашон қарор медиҳанд. Саноӣ мегӯяд:

Чу илм омӯхтӣ, аз ҳирс онгаҳ тарс к-андар шаб,

Чу дузде бо чароғ ояд гузидатар барад коло.

Ин бисёр ҳарфи дурусте аст. Як фард ҳамин ки олим шуд, кофӣ нест, ки бигӯем ҳар коре, ки ин одам мекунад, дуруст аст. Бояд бибинем, илми ин одам озод аст ё асир? Оё илми ин одам дар роҳҳое, ки ақл тасвиб мекунад, ба кор меафтад, ё дар роҳи ҳадафҳои дигар, ва ба таъбири Амирулмӯъминин (а):

مستعملا آلة الدين للدنيا

Ин дар хусуси як фард аст, то чӣ расад ба иҷтимоъ, ки иддае аз уламо ва донишмандон фаъолият мекунанд, иҷтимоъро ба ҷилав мебаранд ва як идда мардуми судҷӯ дар камин мебошанд, ки аз корҳои инҳо суистифода кунанд.

Пас, ин миқёсе аст, ки мо метавонем ба даст биёварем роҷеъ ба тағйироте, ки дар рӯзгор пайдо мешавад, ки чӣ тағйирот, тағйироти хубе аст ва чӣ тағйирот, тағйироти баде аст. Бо тағйироте, ки дар эҷоди он ҳарчанд илм ҳам дахолате доштааст, аммо илм дар хидмати ҳавову ҳаваси башар қарор гирифта то ин тағйиротро эҷод кардааст, набояд ҳамоҳангӣ намуд. Ҳамоҳангӣ кардан бо инҳо, мусовӣ бо суқут аст.

Агар бигӯед, аср асри илм аст, мегӯем, бале, асри илм аст, аммо оё тамоми сарчашмаҳои вуҷуди башар ғайр аз илм, хушк шудааст? Фақат асри илм аст, башар фақат олим аст, ғайр аз илм нерӯи дигаре дар башар вуҷуд надорад? Чаро, (дорад).

Ин нуктаро таваҷҷӯҳ дошта бошед: дар ҳеч даврае, ба андозаи давраи мо илм асиру барда нашудааст. Исми ин давраро набояд асри илм гузошт, бояд асри бардагии илм гузошт, асри асорати илм, яъне асре, ки илмро озод намегузоранд. Дар тамоми давраҳои гузашта, илм аз ин давра озодтар будааст. Дар ҳеч даврае, илму олим мисли имрӯз бадбахту асиру бечора набудааст.

Шумо агар дуруст диққат карда бошед, медонед, ки агар олиме пайдо бишавад, масалан як мухтареъ ва ё як равоншиноси бисёр моҳир, то пайдо шуд, фавран қудратҳои сиёсӣ ӯро дар ихтиёри худашон қарор медиҳанд, мегӯянд ту биё илми худатро дар хидмати ҳадафҳои мо қарор бидеҳ, ва чорае ҳам надорад. Беҳтарин мисолаш, донишмандони атомшинос ҳастанд. Аз инҳо бечоратар дар дунё вуҷуд надорад. Дар ҳар ҷои дунё, ки як донишманди атомшиноси дараҷаи аввал пайдо шуд, қудратҳои сиёсӣ омаданд ӯро зиндонӣ карданд барои ин ки илмро дар ихтиёри онҳо қарор диҳад ва аҳёнан душман аз он истифода накунад. Як барнома медиҳанд ва мегӯянд, рӯи ин барнома бояд амал бикунӣ ва ҳаққи зиндагӣ ғайр аз инро надорӣ. Донишмандони дараҷаи аввал дар ҳар куҷои дунё бошанд, асроре аз улуми табиӣ медонанд, ки дигарон намедонанд. Мумкин аст дар Шӯравӣ чандин нафар аз ин донишмандон бошанд, ки касе адади онҳоро ҳам намедонад, чун ин гуна афрод ҷузъи асроранд. Ҳамин теъдод ҳам мумкин аст дар Омрико бошад. Барои ҳар як аз инҳо даҳҳо нафар маъмуру муроқиб вуҷуд дорад, ки асрорро ба дигаре таҳвил надиҳанд ё як вақт дигарон инҳоро надузданд. Аз инҳо бечоратар дар дунё вуҷуд надорад. Яъне ин озодӣ, ки мо ва шумо алъон дорем, онҳо надоранд. Ҳатто бо бародари худаш ҳақ надорад тамос бигирад. Чаро? Барои ин ки мумкин аст як вақт ӯ бихоҳад ба бародараш миқдоре аз ин асрорро таҳвил диҳад ва баъд бародари ӯ биравад ин асрорро дар ихтиёри давлати дигар бигузорад ва он давлат аз ин лиҳоз бо ин давлат баробар бишавад.

Пас, ин чӣ асри илме аст? Асри илм ҳаст, аммо на асри озодии илм, балки асри асорату бардагии илм; асри ин ки қудрати дигаре ғайр аз қудрати илм, бар иҷтимоъи башар ҳукумат мекунад ва он қудрат, уламоро ба унвони васила барои ҳадафҳои худаш истихдом кардааст.

* * *

Назарияи “Мадинаи фозила”-и Афлотун

Пас, агар мо бигӯем, бо муқтазаёти замон (талаботи замона) набояд ба таври дарбаст ҳамоҳангӣ кард, ин мухолифат бо илм нест, балки ба воситаи ин нукта аст, ки мо медонем, ҳанӯз даврае, ки дар он давра илм озод бошад, ақл озод бошад, даврае, ки илму ақл бар шаҳватҳои мардум, бар ҷоҳталабиҳои мардум ҳукумат бикунад, наомадааст. Яъне ҳанӯз асре наомадааст, ки Энштейн ҳокиму омир бошад ва Рузвелт мутеъу маъмур, балки акс аст.

Афлотун назарияи маъруфе дорад ба номи назарияи “Мадинаи фозила”. Мегӯяд, дунё он рӯзе ба саодат ноил хоҳад шуд, ки ҳакимон зимомдорон бошанд ва зимомдорон ҳакимон. То вақте, ки ҳакимон табақае ҳастанд ва зимомдорон табақае дигар, дунё рӯи саодат нахоҳад дид. Мо, мусалмонҳо мегӯем, давраи саодати башар он асре аст, ки давраи адли комил аст, яъне асри зуҳури ҳазрати Маҳдӣ, он даврае, ки аввалин мушаххасаш ин аст, ки давраи ҳукумати ақл аст, яъне даврае аст, ки дар он, илм асиру барда нест.

Амирулмӯъминин Алӣ (а) таъбире дар бораи он аср дорад, мефармояд:

يُغبقون كأس الحكمة بعد الصبوح

(Наҳҷул-балоға, хутбаи 148) Яъне дар он аср, мардум субҳгоҳону шомгоҳон ҷоме, ки менӯшанд, ҷоми ҳикмату маърифат аст, ҷуз ҷоми ҳикмату маърифат ҷоми дигаре наменӯшанд.

Дар “Кофӣ” ҳаст, ки дар асри зуҳури ҳазрати Маҳдӣ, Худо дасти худро бар сари афроди башар мегузорад ва ақли мардум зиёд мешавад.

Ман шояд натавонистам ин матлабро он ҷур, ки дилам мехост, тақрир бикунам, вале бидонед, ки ба ғалат мегӯем, аср асри илм аст, ба ғалат мегӯем, аср асри ақл аст, ба ғалат мегӯем, аср асри фикр аст. Барои ин ки дар ин аср, ақл озодӣ надорад, илму фикр озодӣ надорад, ҳанӯз дунё дунёи шаҳват аст, ҳанӯз дунё дунёи ҷоҳталабӣ аст.

Дар моҳи гузашта, ки ба Хузистон рафта будам, дар ҷашне, ки ба муносибати нимаи Шаъбон барқарор шуда буд, гуфтам, агар бихоҳед бифаҳмед аср чӣ асре аст ва бар вуҷуди башар чӣ чизе ҳукумат мекунад, вазъи ин битлҳоро (манзур, гурӯҳи “Битлз” аст) бибинед, чаҳорто одами беарзиш чӣ сару садое дар дунё роҳ андохтаанд! Рӯзномаҳои худамон навиштанд, вақте, ки инҳо ба Омрико рафтанд, тамоми ҷараёнҳои сиёсиро таҳтушшуъо қарор доданд. Ин, ҳикоят мекунад аз руҳияи миллати Омрико. Вилсен, нахуствазири Ангилистон ҳам ворид шуд ва рӯзномаҳои муҳим мисли Ню-йорк Тоймз, хабари вуруди ӯро дар чаҳор сатр навиштанд, аммо сафаҳотеро ихтисос ба битлҳо доданд. Он қадр инҳо дар дунё шӯҳрат касб кардаанд, ки гуфтанд, мо имрӯз аз Исои Масеҳ маъруфтарем. Оё ин мавзӯъ аз ин ҳикоят мекунад, ки аср, асри илму ақл аст? Гуфтам, маълум мешавад, ҳанӯз аср, асри битлҳост, на асри Вилсен! Ва гуфтам, тоза агар асри Вилсен ҳам буд, чӣ буд?

Пас, аз инҳо мо натиҷа мегирем, ки ҳанӯз набояд ҷараёнҳоеро, ки дар дунё вуҷуд дорад, сад дар сад тасдиқ кунем, набояд калимаи “муқтазаёти замон” (талаботи замона) моро фиреб бидиҳад. Ҳанӯз хеле фосила дорад то замон ба ҷое бирасад, ки тамоми тағйироташ саҳеҳ бошад. Дар ҳамин ҷо ба ароизи худам хотима медиҳам.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: