Перейти к содержимому

Муаммои ғайб задани рӯзноманигори саудӣ дар Истонбул // Ҷамол куҷост?

Ҷамол Хошакҷӣ, рӯзноманигори машҳур ва мунтақиди саудӣ ҳамчунон нопадид аст. Ӯ охирин бор барои анҷоми кори идорӣ вориди консулгарии Арабистони Саудӣ дар шаҳри Истонбул шуд ва дигар аз он ҷо хориҷ нашуд.

Ба гузориши Asriran, бо ин ҳол консулгарии саудӣ мегӯяд, ки Ҷамол Хошакҷӣ ин маконро тарк кардааст.

Ӯ ба ҳамроҳи Хадиҷа, номзади аҳли туркияиаш, ба консулгарӣ муроҷеа мекунад, худ вориди сохтмон мешавад, аммо номзадаш ҳамчунон мунтазири хуруҷи ӯст. Хадиҷа барои аввалин бор расонаҳоро аз ин мавзӯъ огоҳ кард ва аз замони ин иттифоқ (зуҳри сешанбе (02.10.2018) то кунун дар муқобили сохтмони консулгарӣ таҳассун кардааст.

Дар муқобил, сухангӯи риёсати ҷумҳурии Туркия гуфтааст, ки Ҷамол Хошакҷӣ ҳамчунон дар консулгарӣ аст ва аз ин макон хориҷ нашудааст.

Сухангӯи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид низ дар бораи вазъияти ин рӯзноманигор ибрози нигаронӣ кард ва гуфт, ки умедвор аст ӯ дар саломат бошад.

Рӯзи сешанбе (02.10.2018) ҳамзамон бо ин иттифоқ, давлати саудӣ дар баёнияи расмӣ эълом кард, ки як фарди таҳти таъқибро аз як кишвари хориҷӣ таҳвил гирифтааст.

Ин хабар боис шуд бархе расонаҳо ин эҳтимолро матраҳ кунанд, ки манзури ин баёния Ҷамол Хошакҷӣ аст, ки пас аз боздошт дар консулгарии саудӣ дар Истонбул, ба ин кишвар мунтақил шудааст.

Мақомоти Туркия гуфтаанд, ки акс ва мушаххасоти Ҷамол Хошакҷиро дар ҳамаи фурудгоҳҳо ва гузаргоҳҳои хуруҷӣ тавзеъ кардаанд, то монеъ аз хориҷ аз кардани вай аз кишвар шаванд.

Ҷамол Хошакҷӣ аз рӯзноманигорони барҷаста, солҳо дар Арабистони Саудӣ мудирияти расонаҳои бузургро бар ӯҳда дошт ва ба хонаводаи ҳоким дар Риёз наздик буд, аммо дар солҳои ахир мунтақиди рафторҳои Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди саудӣ шуд ва кишварро тарк кард ва барои зиндагӣ ба Омрико рафт ва барои рӯзномаи “Вошингтун пост” мақола менавишт.

Ӯ аз бархе тасмимоти Муҳаммад бен Салмон аз ҷумла амалиёти низомӣ дар Яман, интиқод карда буд.

Ҷамол Хошакҷӣ қаблан гуфта буд, ки қабл аз тарки Арабистони Саудӣ ва ба ҳангоми ҳушдор дар бораи матлабе дар бораи интихоби Тромп, аз истифода аз Твиттер манъ шуда буд.

Хошакҷӣ ҳамчунин дар мақолае дар “Вошингтун пост” навишта буд: “Ҳангоме, ки дар бораи тарсу таҳдиду боздоштҳо ва тахриби чеҳраи нухбагон ва руҳониҳое, ки ҷуръат кунанд он чи ки фикр мекунанд ба забон биёваранд, сипас бигӯям, ки ман аз саудӣ ҳастам, оё ғофилгир мешавед?

Asriran

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: