Перейти к содержимому

Пайдову пинҳони моҷарои женерол (2)

Бахши дуввум

Ҷанбаҳои шахсиятӣ, саргузашт ва ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии женерол Абдуҳалим Назарзода яке аз мавзӯъҳое аст, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон ба сурати яктарафа ва мубҳам матраҳ шудааст. Дар гуфтугӯ бо яке аз дӯстони қадимии вай, ба бозхонии ин маворид пардохтаем.

Моҷароҳои марбут ба женерол Абдуҳалим Назарзода (маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим) ва воқеаҳои рӯйдода бо меҳварияти вай дар сентябри соли 2015, аз дидгоҳи ҳукумати Тоҷикистон дар гузориши пешин мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин бахш аз гузориш, дар бораи ҷанбаҳои шахсиятӣ, хонавода ва атрофиён, саргузашти вай ва навъи бархӯрдаш бо атрофиён сӯҳбат хоҳем кард. Аз ҳамин рӯ, гуфтугӯе бо Эшони Абдусаттор Бобоев, аз дӯстони қадимии Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода тартиб додаем, ки дар идома мехонед.

Эшони Абудсаттор Бобоев аз 21 сол пеш, илова бар ин ки дар зумраи дӯстони Ҳоҷӣ Ҳалим қарор доштааст, ҳамсояи вай низ дар Душанбе буд. Равобити наздики оқои Бобоев бо Ҳоҷӣ Ҳалим, ривоятгари матолибе аст, ки камтар ба он пардохта шуда ва ё ба гунаи дигаре дар расонаҳои наздик ба давлати Тоҷикистон ривоят шудааст.

* * *

Зист дар давраи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ва истиқлоли Тоҷикистон

Эшони Абдусаттор: Ошноии ман бо Абдуҳалим Назарзода ба соли 1997 ва бозгашти ӯ ба Тоҷикистон бармегардад. Абдуҳалим Назарзода мутаваллиди соли 1963 дар шаҳри Душанбе аст. Падараш дар давраи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ронанда буд, ва ёдам аст шахсе хуб ва ба қавли тоҷикҳо, бо нону намак буд. Падари Ҳоҷӣ Ҳалим дар соли 2013 чашм аз дунё пӯшид, аммо модараш ҳанӯз дар қайди ҳаёт аст ва дар Тоҷикистон ҳузур дорад.

Ҳоҷӣ ҳамчунин тайи солҳои 1983 то 1985 низ хидмати сарбозиашро дар артиши Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ гузарондааст. Аз ҳамон даврон Ҳоҷӣ Ҳалим фаъолиятҳои иқтисодии худро оғоз кард. Дар ибтидо дар як корхонаи бузург мудири анбор буд ва баъдтар фаъолиятҳои иқтисодии бештар ва тиҷоратро дар пеш гирифт.

Замоне, ки нахустин иқдомот ва дархостҳои мардум дар Тоҷикистон барои истиқлол дар солҳои 1990 ва 1991 шакл гирифт, Ҳоҷӣ Ҳалим ҳам яке аз он афроде буданд, ки дар он майдоннишиниҳо ва истиқлолхоҳиҳо саҳми муҳим доштанд. То ҷое, ки ман баъдҳо фаҳмидам, Ҳоҷӣ Ҳалим дар он даврон дар заминаи хидмат ба мардум ва таъмини обу ғизои онҳо талошҳои бисёр зиёде мекарданд.

* * *

Сулҳи Тоҷикистон ва вуруд ба артиш

Замоне, ки ҷанги шаҳрвандӣ шурӯъ шуд, Абдуҳалим Назарзода дар Ҷумҳурии Қазоқистон буданд. Замоне, ки сулҳ байни гурӯҳҳои опозисиюн ва намояндагони Фронти халқӣ ба имзо расид, Ҳоҷӣ Ҳалим ҳам ба кишвар баргаштанд. Дар он замон нерӯҳои низомии Иттиҳоди нерӯҳои опозисиюни собиқ (ИНОТ), ки ба артиши Тоҷикистон пайваста буданд, як горди низомӣ ташкил дода буданд, ки дар Тоҷикистон ба ”Баталёни 25″ ё ҳамон гурдони 25 маъруф шуда буд. Женерол Абдуҳалим Назарзода дар он замон ба фармондеҳии он гурдон интихоб шуд. Баъд аз он ҳам то ҳудуди 5 ё 6 сол дар он ҷо буд ва дар ниҳоят ба Вазорати дифоъ мунтақил шуд. Фикр мекунам дар бахши нерӯи заминии Вазорати дифоъ машғул шуда буд. Баъд аз он ҳам риёсати амнияти дохилии Вазорати дифоъро бар ӯҳда дошт ва то соли 2013 ҳам дар ҳамин вазоратхона машғул ба кор буд. То ин ки ба рутбаи “генерал майор” расид ва ба фармони худи раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон, ба унвони муовини вазири дифоъи Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб шуданд.

* * *

Собиқа дар артиш ва ҳифозат аз марзҳои Тоҷикистон

Ман ва Ҳоҷӣ Ҳалим, ҷудои аз ин ки дӯст будем, ба навъе ҳамсоя ҳам будем бо ҳам, ва навъи таъомули эшон бо атрофиёнро ба хубӣ дидаам. Ӯ воқеан ба унвони шахсе ҳалим шинохта мешуд ва номаш бисёр зебанда буд. Бо атрофиён ҳам бисёр меҳрубону хоксор буданд; ба вежа бо ҳамсоягон ва дӯстону ошноён равобити бисёр хубе дошт.

Аммо он чи бештар аз Ҳоҷӣ Ҳалим шинохта мешавад, кишвардӯстӣ ва ватандӯстиаш буд. Ҳатман аз ихтилофоти марзӣ миёни мо ва Ҷумҳурии Қирғизистон иттилоъ доред. Тайи солҳои пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ, нерӯҳои қирғиз чандин бор ба марзҳои мо ҳуҷум оварда ва вориди марзҳои мо мешуданд. Яке аз афроде, ки ҳамеша мерафт ва ҷилави ин пешравиҳо ва таҷовузҳоро мегирифт, Ҳоҷӣ Ҳалим буд. Он гурдони низомӣ, ки гуфтам “Баталёни 25” ҳам ҳамроҳаш буд. Ҳар замоне як нооромӣ дар марзҳои кишвар ба вуҷуд меомад, женерол Назарзода ва афродаш сареъан ба он ҷо мерафтанд ва онҳоро пасмеронданд.

Вақте ки Ҳоҷӣ Ҳалим ба Вазорати дифоъ омад, он “Баталёни 25”-ро мунҳал карданд ва афроди он низ бекор шуданд. Бо ин ҳол он афрод ҳанӯз бо Ҳоҷӣ Ҳалим буданд. Вазири дифоъи вақт ҳам ҳар боре, ки нооромӣ дар марзҳо иттифоқ меафтод, сареъ Ҳоҷӣ Ҳалимро огоҳ мекард ва ӯ низ ҳамон гурӯҳи “Баталёни 25”-ро бо худ ба марз мебурд.

* * *

Нигоҳҳои сиёсӣ

Ҳоҷӣ Ҳалим ҳеч ҳизби сиёсӣ надошт. Чаро ки дар Қонуни асосии Тоҷикистон омада, ки ҳеч шахсияти низомӣ ҳаққи узвият дар ҳеч ҳизби сиёсиро надоранд. Бо ин ҳол аммо ӯ ҳам дар миёни мардуми Тоҷикистон зиндагӣ мекард ва иртибототи зиёде бо мардум дошт ва аз мушкилоти онҳо огоҳ буд. Аз вазъияти исломситезӣ ва маҳдудиятҳое, ки бар мардум таҳмил мешуд ҳам табиӣ буд норозӣ бошад. Табиатан Абдуҳалим Назарзода ҳам аз ин вазъият норозӣ буд. Аммо ба ҳар ҳол ба рағми ин маворид, мулоҳизотро риоят мекард.

* * *

Як рӯз пеш аз ҳодисаи сентябри 2015

Мо бо Ҳоҷӣ Ҳалим тавре наздик будем, ки тақрибан ҳар рӯз бо ҳам дидор мекардем. Иттифоқан ҳамон рӯз ҳам ман бо Ҳоҷӣ Ҳалим будам. Ёдам аст рӯзи панҷшнба буд, ки ман бо эшон тамос гирифтам ва гуфтам куҷо ҳастед, ки эшон гуфтанд, ман дар хона ҳастам ва шумо биёед то ғизоро бо ҳам бихӯрем. Мо соати 15 буд, ки расидем ва хеле оддӣ буд ва сӯҳбатҳои ҳамешагии худамонро доштем. Ҳеч сӯҳбате ҳам аз даргирӣ набуд аслан. Баъд ҳам мо худоҳофизӣ кардем. Агар Абдуҳалим Назарзода ин ниятро (нияти даргирии низомиро) медошт, ҳатман ба ман мегуфт ё ман мутаваҷҷеҳ мешудам.

Илова бар ин, моро ҳам ҳамеша ду нафар аз аъзои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) таҳти таъқиб доштанд ва баъзан низ манро даъват мекарданд ба дафтарашон ва маворидеро мегуфтанд.

Ба ҳар ҳол, дар он рӯз вақте ки ман аз хонаи Ҳоҷӣ Ҳалим баргаштам, риволи оддии зиндагиро доштем. То ин ки ҳамон шахс аз Кумитаи давлатии амнияти миллӣ субҳи рӯзи баъд бо ман тамос гирифт ва аз ман пурсид, шумо хубед? Гуфтам, хубам ва дар хона ҳастам. Аз ман пурсид: дирӯз, ки шумо бо Абдуҳалим Назарзода сӯҳбат кардед, дар чӣ ҳоле буд? Гуфтам, мисли пешин оддӣ буд. Он ҷо буд, ки ба ман гуфт, ки Абдуҳалим Назарзода он шаб хоста кудето кунад. Баъд ҳам гуфт, ки ба дараи Ромит рафтаанд ва қазоёи дигар. Ман инҳоро фардои он рӯз аз ӯ шунидам ва ҳанӯз бовар намекардам.

Ман дар он замон узви Риёсати олии Ҳизби наҳзати исломӣ ҳам будам. Рӯзи баъд, ки ҷаласаи риёсат доштем, ҳамаи аъзо (ки алъон умдатан дар зиндон ба сар мебаранд) аз ман мепурсиданд, ки чӣ хабар шудааст. Ҳеч кадом иттилоъ надоштанд ва ҳама шука шуда буданд. Ба ҳар ҳол аммо баъдтар он иттифоқоте, ки шунидаед-ро барои мардум таъриф карданд ва ҳанӯз ҳам ибҳомоти зиёде дар ин замина вуҷуд дорад.

Сарнавишти хонаводаи женерол Назарзода

Ҳоҷӣ Ҳалим чанд бародар дошт, ки баъзе аз онҳо маъруф буданд. Бародари бузурги Ҳоҷӣ Ҳалим, ба номи Мирзокарим мутаваллиди соли 1959 буданд. Эшон ҳам илова бар ин ки як тоҷири муваффақ дар кишвар маҳсуб мешуданд, шахсияти бисёр хуб ва диндор ҳам буданд. Ин воқеаҳое, ки дар 4 ва 5 сентябр иттифоқ афтод, эшон ҳатто хабар ҳам надошт. Мо то ҳудуде иттилоъ доштем, ки ҳатто бо дидгоҳҳои женерол Назарзода мувофиқ ҳам набуд ва машғули кори худаш буд. Аммо эшонро ҳамон рӯз аз дафтари кораш бурданд ба Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, дар шӯъбаи шашум ва баъди чанд рӯз, ки боздошт шуда буд, ба мардум гуфтанд, ки дар ҳангоми гуфтугӯ бо Абдуҳалим, дар натиҷаи тирандозӣ кушта шудааст.

Бародари дигари Ҳоҷӣ Ҳалим, ки аз вай кучактар буд, Ҳоҷӣ Абдурраҳим буд. Ӯ ҳам ба хотири шароити хосси руҳӣ, ки дошт, аз сиёсат хеле хабар надошт. Эшонро ҳам ҳамон рӯз 5 сентябр ба Вазорати корҳои дохилӣ бурданд ва ба ҳамин минвол гуфтанд, ки дар миёни гуфтугӯҳо дар тирандозӣ кушта шуд.

Бародари дигари вай ҳам Мирзоҳаёт ва маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳаёт буд. Ӯ ҳам дар як корхонаи мурғпарварӣ кор мекард, ки ҳудуди 50-60 километр аз Душанбе дур буд ва баъд аз 3-4 рӯз, аз ин қазоё бохабар шуд. Эшон ҳам баъд аз эҳзор ба Вазорати умури дохилӣ кушта шуданд.

Ҷамолуддин, бародари дигари Ҳоҷӣ Ҳалим ҳам ду моҳ баъд аз воқеаҳои сентябри 2015 ба 10 сол ҳабс маҳкум шуда ва акнун дар зиндон ба сар мебарад.

Ҳоҷӣ Ҳалим худаш ҳам аз замони Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ 2 ҳамсар ва 5 фарзанд дошт. Аз хонуми бузургаш 3 фарзанд ва аз ҳамсари дуввумаш 2 фарзанд дошт. Писари бузургаш, Бахтиёр, алъон ҳудуди 30 сол дорад. Ӯро ҳам давлат барои 22 сол зиндонӣ кардааст. Як писари дигар ҳам Ҳоҷӣ Ҳалим дошт, ки ёдам аст дар 8-9 солагӣ ҳофизи кулли Қуръон буд ва алъон навҷавон аст.

Идома дорад

Tasnimnews

* * *

Бахши аввал

Бахши севвум

Бахши чаҳорум

Бахши панҷум

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: