Перейти к содержимому

Фатҳулло Комилов, эшони зиндониёни тоҷик озод шуд

Фатҳулло Комилов, маъруф ба «Эшон» ва бародари Ҷаннатулло Комилов, ки соли 2000 ба 18 сол зиндон мақкум шуда буд, пас аз поён ёфтани мӯҳлати ҷазояш ба озодӣ баромад. Ӯ дирӯз аз зиндон хориҷ шуд ва ҳоло дар хонааш, назди фарзандон қарор дорад.

Ҷаннатуллои Комил, бародари Фатҳулло ва яке аз фаъолони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки феълан дар муҳоҷират ба сар мебарад.

Ба гузориши сойти Паём, Фатҳулло Комилов, аз размандагони собиқи ИНОТ, ки баъди сулҳ дар як воҳиди низомӣ хидмат мекард, бо иттиҳомоти сохтаи кӯшиши табаддулоти давлатӣ, хиёнат ба ватан ва убури ғайриқонунии марз, соли 2000 ба қатл маҳкум шуд. Аммо бино бар лағви ҳукми қатл аз тарафи Тоҷикистон, ин ҳукм ба 25 сол зиндон тағйир ёфт. Баъди шикояти касатсионӣ, зинаи дуввуми додгоҳ ҳукми ӯро ба 18 сол поён бурд.

Комилов замони боздошташ 35 сол дошт ва соҳиби 5 фарзанд буд, ки калонияш 12 ва хурдияш 4-сола буданд. Ӯ дар синни 53-солагӣ аз зиндон раҳо шуд ва фарзанди хурдиаш ҳам 22 сола шудааст.

Чанд моҳ қабл бародари калонии Фатҳуллову Ҷаннатуллоҳ — Раҷабалӣ низ боздошт ва ба иттиҳомоти сохта, ки яке аз онҳо убури ғайриқонунии марз дар соли 1997 мебошад, ба 10 соли зиндон маҳкум шуд.

Оилаи Комиловҳо, ки дар Себистони Данғара зиндагӣ мекунанд, яке аз ранҷдидатарин оилаҳо аз дасти Фронти халқӣ ва режими Эмомалӣ Раҳмон аст. Сойти Паём қиссаи ин хонаводаро нашр карда буд.

Як сол қабл модари онҳо Саймо Қулова бар асари шиканҷаҳои шадиди равонӣ аз тарафи мақомоти амниятии Тоҷикистон ҷаҳонро падруд гуфт.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: