Перейти к содержимому

Ҷоизаи сулҳи Нубели 2018 ба Денис Мугвеге ва Нодия Мурод таъаллуқ гирифт

Ҷоизаи сулҳи Нубели соли 2018 ба Денис Муквеге, аз Ҷумҳурии демукротики Кунгу (Конго) ва Нодия Мурод, аз фаъолони ақаллияти эзадии Ироқ таъаллуқ гирифт.

Ба гузориши Euronews, Муквеге пизишки 63-сола ва мутахассиси занон аст, ва Нодия фаъоли 25-сола, ки худ қурбонии хушунатҳои ҷинсӣ аст ва ба унвони сухангӯ ва пешгоми мубориза дар ин арса вориди майдон шудааст.

Денис Муквеге, пизишки аҳли Конго, ки борҳо ба далели талош барои кӯмак ба занони қурбонии хушунатҳои ҷинсӣ дар маҷомеъи ҷаҳонӣ мавриди таҳсину тақдир қарор гирифта буд, ҷоизаи арзишманди сулҳи Нубели соли ҷориро низ аз они худ кард.

Вай пештар дар соли 2014 низ муфтахар ба дарёфти ҷоизаи ҳуқуқи башари “Сахаров” аз порлумони Урупо ва низ ҷоизаи “Улоф Полме” шуда буд.

Нодия Мурод, зани 25-солаи ақаллияти эзадиёни Ироқ, дигар барандаи ҷоизаи сулҳи Нубели 2018 аст. Ӯ ба далели муборизот ва ифшогариҳои таҳсинбарангезе, ки парда аз ҷиноятҳои теруристҳои ДОЪИШ бар зидди ҳамкешонаш бардошт, муфтахар ба дарёфти ин ҷоиза шудааст.

Нодия Мурод ба унвони мудофеъи ҳуқуқи ҷомеаи эзадиён ва фарде, ки худ мавриди озору таҷовузи теруристҳои ДОЪИШ қарор гирифтааст, соли 2016 ба ҳамроҳи Ломё Ҳоҷӣ Башшор, дигар зани эзадӣ, ҷоизаи ҳуқуқи башари “Сахаров”-ро ба сурати муштарак дарёфт карда буд.

Раиси Кумитаи нурвежии ҷоизаи сулҳи Нубел имрӯз ҳангоми хондани раъйи ниҳоии ин кумита хотирнишон кард: “Ҳар ду баранда барои талошҳои фаровон ҷиҳати поён додан ба истифода аз хушунатҳои ҷинсӣ шоистаи дарёфти ҷоиза шинохта шуданд.”

Дуктур Муквеге иқдом ба дармон ва мудовои беш аз 50 ҳазор қурбонии хушунатҳои ҷинсӣ дар бемористоне карда, ки худ дар соли 1999 онро дар шарқи Ҷумҳурии демукротики Кунгу таъсис карда буд.

Интихоби ду баранда аз миёни фаъолони мубориза бо хушунатҳои ҷинсӣ барои дарёфти ҷоизаи сулҳи Нубел дар ҳоле сурат мегирад, ки мавориди мутаъаддиди озору таҷовузи ҷинсӣ суномивор тайи ду соли гузашта арсаҳои мухталифе чун ҳунар, сиёсат ва варзишро дар ҷомеаҳои инсонӣ дарбар гирифт ва сабаб шуд, то мавҷе аз инзиҷор таҳти кампини #MeToo ба сурати ҳамоҳанг ва саросарӣ афкори умумии ҷаҳонро таҳти таъсири худ қарор диҳад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: